ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН
Дар бораи таъсиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 14.03.2003с. № 1033, аз 28.09.2012 № 1355)
Бо мақсади таҳкими ислоҳоти суди, баланд бардоштани мақоми ҳокимияти суди дар мамлакат ва дар асоси моддаҳои 69 ва 70 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1.Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 7 (ҳафт) нафар мувофиқи мансаб таъсис дода шавад
Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини аввали Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Раис - Котиби Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо;
Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷyмҳуpии Тоҷикистон
2. Беэътибор дониста шуд .
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-масъалаи маблағгузори, таъмини бино ва дигар масъалаҳои таъминоти моддию техникии Шӯрои адлияро дар мӯҳлати як моҳ ҳал намояд;
-шумораи штатии кормандон ва сохторҳои таркибии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти ташкилии фаъолияти судҳо ба дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.
4. Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти судҳо ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ таклифҳо пешниҳод намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 14 декабри соли 1999 № 48 ш. Душанбе
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 декабри соли 1999 № 48
тасдиқ шудааст
Сохтори Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Муовини аввали Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Муовини Раис - Котиби Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4. Роҳбари Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6. Раёсатҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо;
7. Комиссияи имтиҳони;
8. Коллегияи тахассуси ва интизоми;
9. Маркази таълимии судяҳо
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 декабри соли 1999 № 48
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идораҳо Шумораи кормандон
1. Роҳбарият 4
2. Ёрдамчии Раис - котиби матбуот 1
3. Раёсати судҳо: 1
- Шӯъбаи таъминоти ташкилии
фаъолияти судҳо 6
- бахши судҳои ҳарби 2
- бахши судҳои иқтисоди 2
- Шӯъбаи омор ва ҷамъбасти амалияи суди 5
4. Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус 3
- бахши корҳои махсус 2
5. Раёсати банақшагири ва молияви 4
6. Шӯъбаи робитаҳои байналмилали ва таснифи қонунгузори 3
7. Шӯъбаи умуми 3
- бахши таъмини компютери 1
8. Шӯъбаи хоҷаги 9
9. Маркази таълимии судяҳо 2
Ҳамаги 48
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 декабри соли 1999 № 48
тасдиқ шудааст
Низомномаи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 14.03.2003с. № 1033)
1. Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳокимияти давлати буда, татбиқи сиёсати давлатиро оид ба ҳокимияти суди ба амал мебарорад ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
2. Ҳайат ва сохтори Шӯрои адлияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян, тасдиқ ва озод мекунад. Аъзоёни Шӯрои адлия ба истиснои Раис, котиби Шӯро ва муовинони Раиси Шӯрои адлия ваколатҳои худро дар Шӯрои адлия дар асоси ҷамъияти иҷро мекунанд.
3. Шӯрои адлия ва дастгоҳи он дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои конститутсиони, қонунҳо, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбари мегирад.
4. Шӯрои адлия аз 7 нафар иборат буда, ба он мувофиқи мансаб инҳо дохил мешаванд:
Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини аввали Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Раис - Котиби Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо;
Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Ҷаласаҳои Шӯрои адлия аз рӯи зарурат, вале на дертар аз як маротиба дар се моҳ даъват мешаванд.
Шӯрои адлия дар ҳолати ҳузур доштани аз се ду ҳиссаи аъзоёни Шӯро ваколатдор ҳисобида мешавад.
6. Дар ҷаласаҳои Шӯрои адлия Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси мекунад. Дар вақти набудани Раис вазифаҳояшро муовини аввали Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад
7. Шӯрои адлия нисбати судҳои ҷумҳури ба истиснои Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чунин ваколатҳо мебошад:
-доир ба масъалаҳои ташкили судҳои ҷумҳури бо тартиби муқарраркардаи қонун таклифҳо таҳия ва пешниҳод менамояд;
-ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадҳоро ба мансаби судяи судҳои ҳарби, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, ш. Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ш. Душанбе барои таъин ва озод кардан, пешниҳод менамояд:
-комиссияи имтиҳони ва коллегияи тахассусии Шӯрои адлияро мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонун таъсис дода, ҳайати онро тасдиқ менамояд ва низомномаҳоро оид ба фаъолияти онҳо таҳия намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
-ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори судҳо, шумораи судяҳо, машваратчиёни халқи ва шумораи кормандони дастгоҳи судҳо таклиф пешниҳод менамояд;
- фаъолияти ташкилии судҳоро таҳия ва тасдық менамояд;
- таҳлили эҳсоияи судиро ба амал мебарорад;
- ҳисоботҳои ҳарсолаи Раиси Шӯроро қабул менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукофотонидани судяҳо таклифҳо пешниҳод менамояд:
- барои додани дараҷаи тахассуси ба судяҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- дар бораи ҷори намудани ислоҳоти судию ҳуқуқи ва таҳкими мустақилияти судҳо тадбирҳо меандешад ва амали мегардонад;
- регламенти кории Шӯрои адлияро қабул менамояд;
- дигар ваколатҳоро мувофиқи қонунҳо ва Низомномаи мазкур анҷом медиҳад.
8. Шӯрои адлия оид ба амали намудани ваколатҳои худ бо роҳи овоздиҳии кушод қарор қабул менамояд. Қарорҳои Шӯрои адлия дар ҳамон ҳолат қабулшуда ҳисобида мешаванд, ки агар ба тарафдории онҳо аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзоёни Шӯро овоз диҳанд.
9. Фаъолияти Раиси Шӯрои адлия доимиамалкунанда ва касби буда, ваколатҳои зайлро иҷро менамояд:
-фаъолияти ташкилии Шӯроро таъмин менамояд;
-сохтори дастгоҳи Шӯрои адлияро барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- кормандони дастгоҳи Шӯрои адлияро таъин ва озод менамояд;
-дастурамалҳои мансабии кормандони бахшҳои таркибии дастгоҳро тасдиқ менамояд;
-ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии раисон ва муовинони раисони судҳои ҳарби, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, ш. Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ш.Душанберо барои таъин ва озод кардан пешниҳод менамояд;
-иҷрочиёни суд ва приставҳои судии судҳои ҳарби, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ёрдамчиёни раисони ин судҳоро таъин ва озод менамояд;
-дар доираи салоҳияти худ фармон ва фармоишҳо қабул менамояд ва ба аснодҳои хизмати имзо мегузорад;
-ба Шӯрои адлия ҳисоботи дастгоҳи Шӯрои адлияро пешниҳод мекунад;
-дар ҳудуди шумораи муқарраршудаи коркунон ва фонди музди меҳнат рӯйхати штатии дастгоҳи Шӯрои адлия, инчунин дар ҳудуди маблағҳои ҷудошуда харҷномаи нигоҳдории онро тасдиқ менамояд;
-мутобиқи қонун ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани рутбаҳои дараҷави ба кормандони дастгоҳи Шӯрои адлия таклиф пешниҳод менамояд;
-мутобиқи қонун ба кормандони дастгоҳи Шӯрои адлия рутбаҳои дараҷави медиҳад;
-ҷаласаҳои Шӯрои адлияро омода месозад;
-дигар ваколатҳоро мувофиқи қонунҳо анҷом медиҳад.
10. Муовини аввали Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раис - Котиби Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод карда мешаванд
11. Барои таъмини фаъолияти Шӯрои адлия таъминоти ташкили ва моддию техникии фаъолияти судҳо дастгоҳи Шӯрои адлия таъсис дода мешавад, ки сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи онро бо пешниҳоди Раиси Шӯрои адлия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
12. Маоши Раис, муовини Раис ва кормандони Дастгоҳи Шӯрои адлияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
13. Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро бо риояи қатъии принсипи мустақилияти судяҳо ва танҳо ба қонун итоат намудани онҳо амали гардонида, нисбати судҳои ҳарби, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилояти, суди шаҳри Душанбе, судҳои шаҳрию ноҳияви, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе:
-доир ба масъалаҳои ташкили судҳои ҷумҳури бо тартиби муқарраркардаи қонун таклифҳо таҳия намуда, ба Шӯрои адлия пешниҳод мекунад;
-дар бораи ҷори намудани ислоҳоти судию ҳуқуқи ба Шӯрои адлия таклифҳо пешниҳод менамояд;
- маводҳоро оид ба хостагири ва ҷобаҷогузории номзадҳо ба мансаби судя, раис ва муовини раиси суд на озод намудани онҳоро ба Шӯрои адлия пешниҳод менамояд;
-такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони судҳоро ба амал мебарорад;
-корҳои таъмини моддию техникии судҳо ва муҳайё сохтани шароити дурусти фаъолияти онҳоро оид ба амал баровардани адолати суди ташкил мекунад;
-барои мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонун таъсис додани Комиссияи имтиҳони ва Коллегияи тахассусии Шӯрои адлия, таҳияи ннзомномаҳо ва тасдиқи ҳайати онҳо ба Шӯрои адлия таклифҳо пешниҳод менамояд;
-мутобиқи қонунгурзори ҳисоботи эҳсоияи судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул, коркард ва таҳлил менамояд;
-мутобиқи қонунгузори таҳия намудани шаклҳои эҳсоияи суди, ҷамъ намудан, омӯхтан ва таҳлил намудани маълумотҳои эҳсоияи суди ва дар асоси онҳо баҳри пешрафти фаъолияти судҳо тайёр намудани таклифҳо;
-омӯзиш ва ҷамъбаст намудани таҷрибаи судиро дар ҳамкори бо Суди Оли ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали менамояд;
-шароитро барои иҷро намудани санадҳои суди ва ба амал баровардани назорат оид ба масъалаи иҷрои санадҳои суди муҳайё месозад;
-арзу шикоятҳоро вобаста ба фаъолияти ташкилии судҳо ва иҷрои санадҳои суди барраси менамояд;
-Дастурамал дар бораи коргузори дар судҳоро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Шӯрои адлия пешниҳод менамояд;
-мувофиқи қонунгузории ҷори дигар вазифаҳоро амали мекунад.
14. Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Роҳбари Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари мекунад, ки бо фармони Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод карда мешавад
15. Роҳбари дастгоҳ ба соҳаи фаъолияти ба ӯ супурдашуда роҳбари мекунад ва ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаи дастгоҳ гузошташуда шахсан масъул буда, дараҷаи ҷавобгарии, Сардорони Раёсатҳо, шӯъбаҳо ва дигар воҳидҳои онро муайян менамояд
16. Маблағтаъминкунии дастгоҳи Шӯрои адлия аз ҳисоби буҷети ҷумҳури ба амал бароварда шуда, дар он бо сатри алоҳида нишон дода мешавад. Раиси Шӯрои адлия ҳар сол дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маблағгузории Шӯрои адлия, Дастгоҳи он ва судҳои ҷумҳури, комиссияи имтиҳони ва коллегияи тахассуси барои соли ояндаи молияви дар мутобиқат бо Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳури таклифҳоро пешниҳод менамояд.
Раиси Шӯро бояд дар доираи салоҳияти худ, ҳангоми аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардидани лоиҳаи буҷети ҷумҳури оид ба масъалаҳои дастгоҳи Шӯрои адлия, барои соли оянда иштирок намояд.
17. Дастгоҳи Шӯрои адлия шахси ҳуқуқӣ буда, мӯҳри худро дорад, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ва номи дастгоҳи Шӯрои адлия сабт гардидааст ва дар бонкҳо суратҳисоби махсус (аз ҷумла арзи) дорад.