Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999, № 48 "Дар бораи таъсиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 28.09.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Фармони Президенти ҶТ аз 9.06.2016 № 698 аз эътибор соқит дониста шуд.

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОН

Дар бораи таъсиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 14.03.2003с. № 1033, аз 28.09.2012 № 1355)

Бо мақсади таҳкими ислоҳоти суди, баланд бардоштани мақоми ҳокимияти суди дар мамлакат ва дар асоси моддаҳои 69 ва 70 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 7 (ҳафт) нафар мувофиқи мансаб таъсис дода шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 14.03.2003с. № 1033):

Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини аввали Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раис - Котиби Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо;

Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷyмҳуpии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 14.03.2003с. № 1033).

2. Беэътибор дониста шуд (Фармони Президенти ҶТ 28.09.2012 № 1355).

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-масъалаи маблағгузори, таъмини бино ва дигар масъалаҳои таъминоти моддию техникии Шӯрои адлияро дар мӯҳлати як моҳ ҳал намояд;

-шумораи штатии кормандон ва сохторҳои таркибии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти ташкилии фаъолияти судҳо ба дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.

4. Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти судҳо ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ таклифҳо пешниҳод намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

аз 14 декабри соли 1999 № 48 ш. Душанбе

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 декабри соли 1999 № 48

тасдиқ шудааст

Сохтори Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2. Муовини аввали Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3. Муовини Раис - Котиби Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4. Роҳбари Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5. Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6. Раёсатҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо;

7. Комиссияи имтиҳони;

8. Коллегияи тахассуси ва интизоми;

9. Маркази таълимии судяҳо (Фармони Президенти ҶТ аз 14.03.2003с. № 1033).

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 декабри соли 1999 № 48

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идораҳо Шумораи кормандон

1. Роҳбарият 4

2. Ёрдамчии Раис - котиби матбуот 1

3. Раёсати судҳо: 1

- Шӯъбаи таъминоти ташкилии

фаъолияти судҳо 6

- бахши судҳои ҳарби 2

- бахши судҳои иқтисоди 2

- Шӯъбаи омор ва ҷамъбасти амалияи суди 5

4. Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус 3

- бахши корҳои махсус 2

5. Раёсати банақшагири ва молияви 4

6. Шӯъбаи робитаҳои байналмилали ва таснифи қонунгузори 3

7. Шӯъбаи умуми 3

- бахши таъмини компютери 1

8. Шӯъбаи хоҷаги 9

9. Маркази таълимии судяҳо 2

Ҳамаги 48

Утратило силу в Указе Президента РТ от 09.06.2016г.№ 698

ПРЕЗИДЕНТ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

УКАЗ

"О СОЗДАНИИ СОВЕТА ЮСТИЦИИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

(в редакции Указ Президента РТ от 14.03.2003г.№1033)

В целях укрепления судебной реформы, повышения роли судебной власти в стране и в соответствии со статьями 69 и 70 Конституции (Основного закона) Республики Таджикистан постановляю:

1. Создать Совет юстиции Республики Таджикистан в составе 7 (семь) человек по должности:

Председатель Совета юстиции Республики Таджикистан

Первый заместитель Председателя Совета юстиции Республики Таджикистан

Заместитель Председателя - Секретарь Совета юстиции Республики Таджикистан

Председатель Верховного Суда Республики Таджикистан

Государственный советник Президента Республики Таджикистан по кадровой политике

Представитель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан

Представитель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан. (в редакции Указ Президента РТ от 14.03.2003г.№1033)

2. утратило силу в Указе Президента РТ от 28.09.2012г. № 1355

3. Правительству Республики Таджикистан:

- в месячный срок решить вопросы финансирования, обеспечения помещением и другие вопросы материально-технического обеспечения Совета юстиции;

- передать аппарату Совета юстиции Республики Таджикистан штаты работников и структурные подразделения Министерства юстиции по организационному обеспечению деятельности судов.

4. Председателю Совета юстиции Республики Таджикистан в двухмесячный срок представить предложения по внесению изменений и дополнений в законы Республики Таджикистан о деятельности судов и Совета юстиции.

Президент

Республики Таджикистан Э.Рахмонов

г.Душанбе,

14 декабря 1999 года № 48

Утвержден

Указом Президента

Республики Таджикистан

от 14 декабря 1999г. № 48

СТРУКТУРА СОВЕТА ЮСТИЦИИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

1. Председатель Совета юстиции Республики Таджикистан

2. Первый заместитель Председателя Совета юстиции Республики Таджикистан

3. Заместитель Председателя - Секретарь Совета юстиции Республики Таджикистан

4. Руководитель аппарата Совета юстиции Республики Таджикистан

5. Аппарат Совета юстиции Республики Таджикистан

6. Управление Совета юстиции Республики Таджикистан по Горно-Бадахшанской Автономной Области, областей

7. Экзаменационная комиссия

8. Квалификационная и дисциплинарная коллегия

9. Учебный центр судей. (в редакции Указа Президента РТ от 14.03.2003г.№1033)

Утвержден

Указом Президента

Республики Таджикистан

от 14 декабря 1999г. № 48

СТРУКТУРА АППАРАТА СОВЕТА ЮСТИЦИИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Подразделения Количество

1. Руководство 4

2. Помощник Председателя -пресс-секретарь 1

3. Управление судов: 1

Отдел по организации обеспечения деятельности судов 6

сектор военных судов 2

сектор экономических судов 2

Отдел статистики и обобщения судебной практики 5

4. Управление кадров и спецработы 3

сектор спецработы 2

5. Управление планирования и финансов 4

6. Отдел международных связей и систематизации законодательства 3

7. Общий отдел 3

сектор компьютерного обеспечения 1

8. Хозяйственный отдел 9

9. Учебный центр судей 2

Всего: 48 (в редакции Указа Президента РТ от 14.03.2003г.№1033)