Қарори Ҳукумати Ҷумҳурми Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2004, № 182 "Дар бораи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 03.06.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРМИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.06с. № 266)

Бо мақсади сари вақт ва босифат иҷро намудани Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёна ва калон, реструктуризатсияи субъектҳои монополияҳои табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2007, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 № 486 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома ва нақшаи идораи замимашудаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.06с. № 266).

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, мувофиқи замима тасдиқ карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.06с. № 266).

Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 86 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 66 воҳид ва Нозироти истифодаи амволи давлатӣ ба миқдори 20 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.06с. № 266).

2. Ба Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини Раис, аз он ҷумла як муовини аввал, ҳайати мушовара дар ҳайати 7 нафар дошта бошад ва меъёри нигоҳдории мошинҳои хизматии сабукрав ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 1997 № 385 "Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 30 апрели соли 2004 № 182

ш. Душанбе