×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 № 357 "Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2008, № 1, қ. 2, мод. 12)

(Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770, аз 23.12.2021 № 1849)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ дар мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, асосҳои ҳуқуқӣ, тартиби таъсис, барҳамдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва амали фаъолияти онро ба танзим медарорад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Худфаъолияти ҷамъиятӣ

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон худфаъолияти ҷамъиятӣ эътироф карда шуда, аз тарафи аҳолии ҳудуди муайян масъалаҳои аҳамияти маҳалладошта ҳал карда мешаванд.

2. Худфаъолияти ҷамъиятӣ аз тарафи аҳолии маҳал, ки ҳудуди муайянро дар бар мегирад, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

Қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ", Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770).

Моддаи 3. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

1. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ иттиҳодияи ҷамъиятии ихтиёрии беузвияти шаҳрвандон буда, мақсади он ҳал намудани масъалаҳои гуногуни иҷтимоиест, ки дар ҷои зисти шаҳрвандон пайдо мешаванд.

2. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳудуди кӯча, гузаргоҳ ва деҳа (минбаъд маҳалла) бо ташаббуси аксарияти сокинони онҳо, ки ба синни ҳаждаҳ расидаанд, таъсис дода мешавад ва барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти иҷтимоии гурӯҳи аҳолӣ нигаронида шудааст, ки манфиатҳои он барои ноил гардидан ба мақсадҳои оинномавӣ ва татбиқи барномаҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, алоқаманданд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770).

3. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ мақомот ё ташкилоти болоии худро надорад ва чун қоида "шӯрои маҳалла", "кумитаи маҳалла", "кумитаи манзил" ва ба ин монанд номгузорӣ мешаванд.

4. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот ҷой гирифтааст, дар Ҷамоати шаҳрак ва деҳот аз қайди баҳисобгирӣ мегузарад ва дар ин хусус дар оинномаи он сабт карда мешавад. Дар ҳудуди маъмурие, ки шаҳрак ва деҳот надорад, қайди баҳисобгирӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаронида мешавад  (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770).

Дар ҳудуди марзиву маъмурие, ки шаҳрак ва деҳа (ҷамоат) надорад, қайди баҳисобгирӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаронида мешавад.

5. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ метавонад ҳисоби бонкӣ, мӯҳр ва бланкаҳои худро дошта бошад.

6. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва бо ташкилотҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, оид ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ метавонад ҳамкорӣ намояд.

7. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ метавонад Шӯрои машваратӣ таъсис диҳад. Шӯрои машваратӣ дар ҳудуди на кам аз ду Шӯрои маҳалла таъсис дода мешавад. Ба ҳайати Шӯрои машваратӣ чун қоида мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ шомил шуда метавонанд.

Моддаи 4. Муносибати мақомоти давлатӣ бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

1. Мақомоти давлатӣ барои ташкилу фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ шароитҳои зарурии ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва дигар шароитҳоро муҳайё ва ба ахолӣ дар амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо дар худфаъолияти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.

2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҳуқуқи дахолат карданро надоранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИС, БАРМДИХӢ, АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА СОХТОРИ МАҚОМОТИ ХУДФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ

Моддаи 5. Сохтори мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва тартиби таъсиси он

Сохтори мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ аз инҳо иборат мебошад:

-Маҷлиси умумии маҳалла - мақоми олии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки шаҳрвандон ба таври ихтиёрӣ дар он иштирок мекунанд. Маҷлиси умумии маҳалла ҳамон вақт гузаронида мешавад, ки дар он аксарияти шумораи умумии иштирокчиён ҳозир бошанд;

-Шӯрои маҳалла (кумитаи маҳалла, кумитаи манзил ва ба ин монандминбаъд - Шӯрои маҳалла) - мақоми иҷроияи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ буда, ба он раис роҳбарӣ менамояд. Аъзои Шӯрои маҳалла аз тарафи Маҷлиси умумии маҳалла аз ҳисоби иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ бо аксарияти овози иштирокчиёни Маҷлиси умумии маҳалла интихоб ва озод карда мешаванд. Тартиби таъсис ва мӯҳлати ваколати Шӯрои маҳалла мутобиқи Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муайян карда мешавад;

-Раис - роҳбари мақомоти иҷроияи худфаъолияти ҷамъиятӣ буда, аз тарафи Маҷлиси умумии маҳалла ба мӯҳлати муайян интихоб карда мешавад. Раиси маҳалла шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, забони давлатиро донад, дар ҳудуди ҳамон маҳалла на камтар аз 5 соли охир истиқомат карда, қобилияти ташкилотчигӣ дошта бошад. Шаҳрванде, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ дорад, барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ё бо асосҳои ғайрисафедкунанда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардидааст, раиси маҳалла интихоб шуда наметавонад. Барои маҳаллаҳои навтаъсис талаботи 5 соли охир истиқомат доштан паҳн намегардад. Тартиби интихоб, озод кардан ва мӯҳлати ваколати раисро Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муайян менамояд. Раис дар назди Маҷлиси умумии маҳалла ҳисоботдиҳанда мебошад ва ӯ метавонад бо ҷонибдории аксарияти шумораи умумии иштирокчиёни Маҷлиси умумии маҳалла пеш аз мӯҳлат бозхонда шавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1849);

-Комиссияи назорати молиявӣ - мақоми назоратии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ буда, ҳайати он аз шумораи иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ интихоб карда мешаванд ва дар назди Маҷлиси умумӣ ҳисоботдиҳанда мебошад. Тартиби таъсис ва мӯҳлати ваколати онро Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муайян менамояд.

Моддаи 6. Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ба тарики овоздиҳӣ қабул карда мешавад.

Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҳамон вақт қабулгардида ҳисобида мешавад, ки ба ҷонибдории он аксарияти иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ овоз дода бошанд.

Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ба ғайр аз маълумоте, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" пешбинӣ менамояд, бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:

-номи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва салоҳиятҳои он;

-ҳайат ва ҳудуди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-самтҳои фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-ҳуқуқ ва ӯҳдориҳои иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-тартиби қабул шудан ва баромадан (хориҷ шудан) аз ҳайати иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-тартиби интихоб ва озод кардани роҳбари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-ваколат ва вазифаҳои роҳбари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи мақомот;

-тартиби таъсису барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-мӯҳлати ваколати мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-тартиби қабули қарор дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ аз тарафи иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-маълумот оид ба асосҳои молиявии амалӣ намудани фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ихтиёрдории моликияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-тартиби таҳия ва иҷрои сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-дигар маълумотҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.

Моддаи 7. Салоҳияти Маҷлиси умумии маҳалла

Ба салоҳияти Маҷлиси умумии маҳалла дохил мешавад:

-қабули Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он;

-интихоб ва озод кардани роҳбари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣраис;

-интихоби аъзои Шӯрои маҳалла ва қатъ кардани ваколатҳои он (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770);

-интихоби ҳайати Комиссияи назорати молиявӣ ва пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои он (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770);

-таъсису барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-тасдиқ ва тағйири сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва назорати иҷрои он;

-шунидани ҳисоботи Шӯрои маҳалла оид ба фаъолияти он ва иҷрои сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ на камтар аз як маротиба дар як сол;

-қабули қарор оид ба маблағгузории ихтиёрии иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-тасдиқи андозаи маблағҳо, ки бо тартиби маблағгузории ихтиёрӣ аз тарафи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муқаррар карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770);

-додани розигӣ ба ихтиёрдории моликияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-амалӣ намудани салоҳиятҳои дигаре, ки дар Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муқаррар гардидаанд.

Моддаи 8. Ваколати Шӯрои маҳалла

Шӯрои маҳалла:

-сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятиро таҳия ва ба Маҷлиси умумии маҳалла пешниҳод менамояд;

-ба Маҷлиси умумии маҳалла оид ба сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҳисобот медиҳад;

-ба Маҷлиси умумии маҳалла нақшаи идоракунии маҳалла, хароҷоти маъмурии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятро таҳия ва пешниҳод менамояд;

-ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба истифодаи маблағҳое, ки аз буҷети он гирифтааст, ҳисобот медиҳад;

-дар мувофиқа бо Маҷлиси умумии маҳалла оид ба ихтиёрдории молу мулки мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва таъсис додани ташкилотҳои тиҷоратие, ки фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ", Қонуни мазкур ва Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар доираи ваколати Шӯрои маҳалла амалӣ карда мешавад, қарор қабул менамояд;

- оид ба ҳифзи муҳити зист, нигоҳдорӣ, ободонӣ ва беҳдошти ҳолатҳои санитарӣ-гигиении ҷойҳои истироҳатии маҳалла ва ҷойҳои истифодаи умум (боғҳо, гулгаштҳо, гардишгоҳҳо, обанборҳо, минтақаҳои истироҳатӣ ва дигар объектҳо) корҳоро ташкил менамояд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770);

-назоратро оид ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ, газ, оби нӯшокӣ, оби полезӣ ва дигар намудҳои хизмати маишӣ ташкил ва амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770);

-ба таъминоти моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ, инчунин муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ саҳм мегирад ва мусоидат менамояд;

-ба аҳолӣ оид ба таъмини хизматрасонии наклиётӣ мусоидат мекунад;

-дар ҳимоя ва дастгирии шаҳрвандони аз назари иҷтимоӣ эҳтиёҷманд, ки дар ҳудуди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ истиқомат мекунанд, саҳм мегирад;

-ҷои гузаронидани чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва маросими миллиро дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770);

-ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҷудо кардани қитъаи замин барои ҷои ҷамъиятии маҳалла муроҷиат менамояд;

-барои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони ҷойҳои ҷамъиятӣ аз иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар асоси сметаи муайян маблағ ҷамъ мекунад;

-ба мақсади маблағгузорӣ барои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони ҷойҳои ҷамъиятӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муроҷиат менамояд;

-оид ба имтиёзҳо барои ҷойҳои ҷамъиятӣ, ба монанди озод намудан аз пардохти андози замин ва дигар намудҳои андоз, истифода аз хизматҳои коммуналӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ муроҷиат менамояд;

-иҷрои маросими диниву мазҳабиро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" ва дигар санадҳои меъёрии хуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770);

-расму оинҳои миллиро дар байни сокинони маҳалла тарғиб менамояд;

-идоракунии молу мулки мақомоти худфаъолияти ҷамъиятиро амалӣ менамояд;

-оид ба рушди соҳибкорӣ дар ҳудуди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770);

-оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ истиқомат мекунанд, мусоидат менамояд;

-ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар халли масъалаҳои хусусияти иҷтимоидоштаи маҳалли зист ёрӣ мерасонад.

Моддаи 9. Ваколати раиси маҳалла

Раиси маҳалла:

-ҷаласаҳои Маҷлиси умумӣ ва Шӯрои маҳалларо раисӣ мекунад;

-дар ташкил ва гузаронидани ҷашну маъракаҳо, чорабиниҳои фароғатию фарҳангӣ саҳм мегирад, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770);

-вохӯриву суҳбатҳоро бо ходимони сиёсию давлатӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, олимону адибон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр ва ноҳия ташкил менамояд;

-нақшаи маҳфилҳои ҳунарӣ, шабнишиниҳо ва озмунҳоро тартиб медиҳад ва амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770);

-нақшаи мусобикаҳои оммавӣ - варзиширо тартиб медиҳад ва амалӣ менамояд;

-вохӯрии омузгорону мураббиёнро бо падару модарон ташкил менамояд;

-маросими даъват ва гусели даъватшудагони маҳалларо барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;

-барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба ташхису сироятнопазир кардани чорвою паранда, тадбирҳои карантинию фитосанитарӣ, корҳои санитарию эпидемиологӣ ва мониторинги экологӣ дар ҳудуди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд  (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770);

-дигар ваколатҳоеро, ки Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муайян намудааст, амалӣ мекунад.

Моддаи 10. Ваколати Комиссияи назорати молиявӣ

Комиссияи назорати молиявӣ санҷишҳои зеринро амалӣ менамояд:

- фаъолияти молиявии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

- ихтиёрдорӣ ва истифодаи моликияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои иҷрои мақсадҳои оинномавӣ;

- иҷрои мақсадноки сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

- хароҷоти маъмурии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ  (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770).

Моддаи 11. Асосҳои қатъ гардидани фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

Фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

-қабули қарори Маҷлиси умумии маҳалла оид ба барҳамдиҳии ихтиёрии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ба тарики овоздиҳии ошкоро;

-қабули қарори суд оид ба ғайриқонунӣ донистани фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

-тағйир ёфтани вазъи ҳуқуқии маъмурию ҳудудии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770).

-амалӣ намудани фаъолияте, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф аст.

Моддаи 12. Асосҳои қатъ гардидани ваколати Шӯрои маҳалла

Ваколати Шӯрои маҳалла дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

-риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-анҷом ёфтани мӯҳлати ваколат;

-қабули қарори Маҷлиси умумии маҳалла оид ба қатъ гардидани ваколати Шӯрои маҳалла;

-ҳолатҳои дигаре, ки Қонуни мазкур ва Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муқаррар намудааст.

Моддаи 13. Асосҳои қатъ гардидани ваколати раис

1. Ваколати раис ҳамчун роҳбари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

-азнавинтихобкунӣ;

-мунтазам иҷро накардани ваколатҳои ба зиммаи ӯ вогузошташуда;

-нисбати ӯ мавриди амал қарор гирифтани ҳукми айбдоркунии судӣ;

-аризаи шахсӣ оид ба истеъфо;

-анҷом ёфтани мӯҳлати ваколат;

-вафот, эътироф шудани корношоямӣ, инчунин бо қарори суд бедарак ғоиб эътироф гардидани ӯ;

-иваз намудани ҷои истиқомати доимӣ (берун аз ҳудуди маҳалла), даъват ба хизмати ҳарбӣ, интихоб гардидан ба вазифаи интихобӣ, фаъолият дар хизмати давлатӣ.

2. Маҷлиси умумии маҳалла ҳангоми қатъ гардидани ваколати раис дар мӯҳлати понздаҳ рӯз раиси навро интихоб менамояд.

Моддаи 14. Азнавташкилдиҳии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

Азнавташкилдиҳии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ бо қарори Маҷлиси умумии маҳалла амалӣ карда мешавад. Тартиби қабули қарорро Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ муайян менамояд.

Моддаи 15. Санадҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

1. Маҷлиси умумии маҳалла дар доираи салоҳияти худ қарор қабул менамояд.

2. Шӯрои маҳалла дар доираи ваколатҳои худ қарор қабул менамояд.

3. Раис дар доираи ваколатҳои худ фармон медиҳад.

4. Санадҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки берун аз доираи салоҳият ё ваколатҳои онҳо қабул карда шудаанд, бо эътирози прокурор боздошта мешаванд.

Моддаи 16. Назорат ба фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

Назорат ба фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

БОБИ 3. МОЛИКИЯТИ МАҚОМОТИ ХУДФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ

Моддаи 17. Моликияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар моликияташ биноҳо, иморатҳо, таҷҳизот, асбобу анҷом, маблағ ва дигар молу мулк дошта метавонад, ки барои таъминоти моддии фаъолияти оинномавии ин мақомот заруранд.

Моддаи 18. Манбаъҳои маблағгузории мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

1. Манбаъҳои маблағгузории мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ инҳо мебошанд:

-воситаҳое, ки аз маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода шудаанд;

-даромадҳое, ки аз ҳисоби таъсис додани ташкилотҳои тиҷоратӣ гирифта мешаванд;

-маблағе, ки аз  ҳисоббаробаркунии ихтиёрии иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ гирифта мешавад  (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770);

-хайрияҳо ва ҳадяҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

-манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

2. Сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ҳисоботи солонаи он аз тарафи Маҷлиси умумии маҳалла тасдиқ карда мешавад ва ба маълумоти иштирокчиёни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ расонида мешавад.

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд  (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1770).

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 5 январи соли 2008 № 347

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ОБ ОРГАНАХ ОБЩЕСТВЕННОЙ САМОДЕЯТЕЛЬНОСТИ

(в редакции Закона РТ от 29.01.2021Г.№1770, от 23.12.2021г.№1849)

Настоящий Закон регулирует общественные отношения по реализации гражданских прав на объединение в органы общественной самодеятельности, правовые основы, порядок создания, ликвидации, реорганизации и осуществления их деятельности.

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Общественная самодеятельность

1. В Республике Таджикистан признается общественная самодеятельность, и населением определенной территории решаются вопросы местного значения.

2. Общественная самодеятельность осуществляется населением местности, охватывающей определенные территории.

Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан об органах общественной самодеятельности

Законодательство Республики Таджикистан об органах общественной самодеятельности основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из Закона Республики Таджикистан "Об общественных объединениях", настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан и международных правовых актов, признанных Таджикистаном.

Статья 3. Орган общественной самодеятельности

1. Орган общественной самодеятельности является общественным добровольным, без членства, объединением граждан, целью которого является решение различных социальных вопросов, возникающих по месту жительства граждан.

2. Орган общественной самодеятельности организуется по инициативе большинства населения, достигшего восемнадцатилетнего возраста, в пределах улиц, кварталов и сел (далее махалла) и предусматривает удовлетворение социальных потребностей группы населения, интересы которой связаны с достижением уставных целей и претворением программ органа общественной самодеятельности (в редакции Закона РТ от 29.01.2021Г.№1770).

3. Орган общественной самодеятельности не имеет вышестоящих органов или организаций и, как правило, называется "махаллинский совет", "махаллинский комитет", "жилищный комитет" и т.п.

4. Орган общественной самодеятельности, расположенный на территории поселка или села, проходит учетную регистрацию в Джамоате поселка и села, о чем вносится запись в его устав. На административной территории, где отсутствуют поселки и села, учетная запись производится в местном исполнительном органе государственной власти (в редакции Закона РТ от 29.01.2021Г.№1770).

5. Орган общественной самодеятельности может иметь свой банковский счет, печать и бланки, свободно распространять информацию о своей деятельности (в редакции Закона РТ от 29.01.2021Г.№1770).

6. Орган общественной самодеятельности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан для решения социальных вопросов может сотрудничать с государственными, негосударственными организациями и международными организациями, действующими в Таджикистане.

7. Орган общественной самодеятельности может создавать Консультативный совет. Консультативный совет образуется в пределах не менее двух Махаллинских советов. В состав Консультативного совета, как правило, могут входить органы общественной самодеятельности, другие общественные объединения, юридические лица и государственные органы.

Статья 4. Взаимоотношения государственных органов с органами общественной самодеятельности

1. Государственные органы создают необходимые правовые, организационные и иные условия для организации деятельности органов общественной самодеятельности, оказывают содействие населению в реализации права на общественную самодеятельность.

2. Местные исполнительные органы государственной власти и их должностные лица не вправе вмешиваться в деятельность органов общественной самодеятельности за исключением случаев, установленных нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

ГЛАВА 2. ПОРЯДОК ОБРАЗОВАНИЯ, ЛИКВИДАЦИИ, РЕОРГАНИЗАЦИИ И СТРУКТУРА ОРГАНОВ ОБЩЕСТВЕННОЙ САМОДЕЯТЕЛЬНОСТИ

Статья 5. Структура органов общественной самодеятельности и порядок ее образования

Структуру органов общественной самодеятельности составляют:

- Общемахаллинское собрание - высший орган общественной самодеятельности, где участвуют граждане на добровольной основе. Общемахаллинское собрание проводится при участии абсолютного большинства участников;

- Махаллинский совет (махаллинский комитет, жилищный комитет и т.п. - далее Махаллинский совет) - исполнительный орган общественной самодеятельности, возглавляемый председателем. Члены Махаллинского совета избираются и освобождаются большинством голосов участников Общемахаллинского собрания. Порядок организации и срок полномочий Махаллинского совета определяется Уставом органов общественной самодеятельности;

- Председателем махалли может быть избрано лицо, имеющее только гражданство Республики Таджикистан, владеющее государственным языком, проживающее в той же махалле не менее 5 последних лет, имеющее организаторские способности. Председателем махалли не может быть избран гражданин, имеющий судимость за преступления, совершенные по неосторожности, привлеченный к уголовной ответственности за совершение умышленных преступлений или освобожденный по нереабилитирующим основаниям от уголовной ответственности. Для новообразованных махаллей требования проживания последние 5 лет не распространяются (в редакции Закона РТ от 23.12.2021г.№1849);

- Комиссия финансового контроля - контрольный орган органов общественной самодеятельности, который избирается из числа участников органа общественной самодеятельности и является подотчетным Общему собранию. Порядок образования и срок полномочий комиссии определяются Уставом органа общественной самодеятельности.

Статья 6. Устав органа общественной самодеятельности

Устав органа общественной самодеятельности принимается путем голосования.

Устав органа общественной самодеятельности считается принятым, если за него проголосовало большинство участников органа общественной самодеятельности.

Устав органа общественной самодеятельности, кроме сведений, предусмотренных в Законе Республики Таджикистан "Об общественных объединениях", должен содержать:

- наименование органа общественной самодеятельности и его компетенции;

- сведения о составе и территории органа общественной самодеятельности;

- направления деятельности органа общественной самодеятельности;

- права и обязанности участников органа общественной самодеятельности;

- порядок принятия и выхода (исключения) из состава участников органа общественной самодеятельности;

- порядок избрания и освобождения руководителя органа общественной самодеятельности;

- полномочия и задачи руководителя органа общественной самодеятельности;

- порядок внесения изменений и дополнений в Устав органа;

- порядок образования, реорганизации и ликвидации органа общественной самодеятельности;

- срок полномочий органа общественной самодеятельности;

- порядок принятия решений о досрочном прекращении полномочий органа общественной самодеятельности участниками органа общественной самодеятельности;

- сведения о финансовых основах осуществления деятельности органа общественной самодеятельности и распоряжении собственностью органа общественной самодеятельности;

- порядок разработки и исполнения сметы доходов и расходов органа общественной самодеятельности;

- другие сведения, не противоречащие законодательству Республики Таджикистан.

Статья 7. Компетенция Общемахаллинского собрания

К компетенции Общемахаллинского собрания относятся:

- принятие Устава органа общественной самодеятельности и внесение изменений и дополнений в него;

- выборы и освобождение руководителя органа общественной самодеятельности - председателя;

- выборы членов Махаллинского совета и прекращение их полномочий (в редакции Закона РТ от 29.01.2021Г.№1770);

- выборы состава Комиссии финансового контроля и досрочное прекращение ее полномочий (в редакции Закона РТ от 29.01.2021Г.№1770);

- образование, реорганизация и ликвидация органа общественной самодеятельности;

- утверждение и изменение сметы доходов и расходов органа общественной самодеятельности и контроль за ее исполнением;

- заслушивание отчетов Махаллинского совета о деятельности и об исполнении сметы доходов и расходов органа общественной самодеятельности не реже одного раза в год;

- принятие решения о добровольных взносах членов органа общественной самодеятельности;

- утверждение размеров взносов, установленных органом общественной самодеятельности в порядке добровольного финансирования;

- дача согласия на распоряжение имуществом органа общественной самодеятельности;

- осуществление иных полномочий, установленных настоящим Законом, другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан и Уставом органа общественной самодеятельности.

Статья 8. Полномочия Махаллинского совета

Махаллинский совет:

- разрабатывает и представляет Общемахаллинскому собранию смету доходов и расходов органа общественной самодеятельности;

- представляет Общемахаллинскому собранию отчет об исполнении сметы доходов и расходов органа общественной самодеятельности;

- разрабатывает и представляет Общемахаллинскому собранию план управления махаллой, административные расходы органа общественной самодеятельности;

- представляет в местный исполнительный орган государственной власти отчет об использовании средств, полученных из его бюджета;

- с согласия Общемахаллинского собрания принимает решения о распоряжении имуществом органа общественной самодеятельности, о создании коммерческих организаций, осуществляющих свою деятельность на основе Закона Республики Таджикистан "Об общественных объединениях", настоящего Закона и Устава органа общественной самодеятельности, в рамках полномочий Махаллинского совета;

- организует работы по охране окружающей среды, содержанию, благоустройству и улучшению  санитарно-гигиенического состояния мест отдыха махалли и мест общего пользования (парков, скверов, бульваров, водоемов, зон отдыха и других объектов) (в редакции Закона РТ от 29.01.2021Г.№1770);

- организует и осуществляет контроль за обеспечением населения электроэнергией, газом, питьевой водой, поливной водой  и другими видами бытового обслуживания  (в редакции Закона РТ от 29.01.2021Г.№1770);

- поддерживает и оказывает содействие в материально-техническом обеспечении учреждений дошкольного, общего среднего и профессионального образования, а также учреждений социально-культурной сферы;

- содействует организации транспортного обслуживания населения;

- участвует в защите и оказании помощи социально уязвимым гражданам, проживающим на территории органа общественной самодеятельности;

- с согласия местных исполнительных органов государственной власти определяет место проведения общественных мероприятий и национальных обрядов;

- обращается в местные исполнительные органы государственной власти по вопросу выделения земельного участка для общественных мест в махалле;

- для проектирования и строительства общественных мест на основе определенной сметы собирает средства с участников органа общественной самодеятельности;

- обращается в местные исполнительные органы государственной власти, к юридическим и физическим лицам по вопросу финансирования работ по проектированию и строительству общественных мест в махалле;

- обращается в компетентные органы с целью определения льгот для общественных мест, в частности, освобождения от налога на землю и других видов налога, а также за использование коммунальными услугами;

- обеспечивает отправление религиозных обрядов и ритуалов в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О свободе совести и религиозных объединениях"  и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан  (в редакции Закона РТ от 29.01.2021Г.№1770);

- пропагандирует среди жителей махалли национальные обряды и традиции;

- осуществляет управление имуществом органа общественной самодеятельности;

- содействует развитию предпринимательства на территории органа общественной самодеятельности;

- содействует оказанию правовой помощи гражданам, проживающим на территории органа общественной самодеятельности;

- оказывает содействие местному исполнительному органу государственной власти в решении социальных вопросов по месту жительства.

Статья 9. Полномочия председателя махаллы

Председатель махаллы:

- председательствует на общих собраниях и заседаниях Махаллинского совета;

- содействует организации и проведению торжеств, поминок, культурно-просветительских мероприятий, обеспечивает соблюдение Закона Республики Таджикистан "Об упорядочении традиций, торжеств и обрядов в Республике Таджикистан";

- организует встречи и беседы с политическими и государственными деятелями, ветеранами войны и труда, учеными, поэтами и писателями, членами Маджлиси милли и депутатами Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, депутатами областного, городского и районного маджлисов народных депутатов;

- разрабатывает и осуществляет планы творческих кружков, вечеров и конкурсов;

- разрабатывает и осуществляет план спортивно-массовых мероприятий;

- организовывает встречи воспитателей и учителей с родителями;

- организовывает призыв и проводы призывников махаллы на службу в Вооруженные Силы Республики Таджикистан;

- содействует проведению мероприятий по диагностике и иммунопрофилактике животных и птиц, карантинно-фитосанитарных мероприятий, санитарно-эпидемиологических работ и экологического мониторинга на территории органа общественной самодеятельности (в редакции Закона РТ от 29.01.2021Г.№1770);

- осуществляет другие полномочия, предусмотренные Уставом органа общественной самодеятельности.

Статья 10. Полномочия Комиссии финансового контроля

Комиссия финансового контроля проводит проверку: финансовой деятельности органов общественной самодеятельности;

- распоряжения и использования имущества органов общественной самодеятельности для выполнения уставных целей;

- целевого исполнения сметы доходов и расходов органов общественной самодеятельности;

- административных расходов органов общественной самодеятельности  (в редакции Закона РТ от 29.01.2021Г.№1770).

Статья 11. Основания для прекращения деятельности органа общественной самодеятельности

Деятельность органа общественной самодеятельности прекращается в случаях:

- принятия решения Общемахаллинского собрания о добровольной ликвидации органа общественной самодеятельности путем открытого голосования;

- принятия судом решения о признании незаконной деятельности органа общественной самодеятельности;

- изменения правового статуса административно-территориального  органа общественной самодеятельности (в редакции Закона РТ от 29.01.2021Г.№1770);

- осуществления деятельности, противоречащей законодательству Республики Таджикистан.

Статья 12. Основания для прекращения полномочий Махаллинского совета

Полномочия Махаллинского совета прекращаются в случаях:

- несоблюдения законодательства Республики Таджикистан;

- завершения срока полномочий;

- принятия решения Общемахаллинского собрания о прекращении полномочий Махаллинского совета;

- в иных случаях, определенных настоящим Законом и Уставом органа общественной самодеятельности.

Статья 13. Основания для прекращения полномочий председателя

1. Полномочия председателя, как руководителя органа общественной самодеятельности, прекращаются в случаях:

- переизбрания;

- систематического невыполнения возложенных на него полномочий;

- вступления в отношении его в законную силу обвинительного приговора суда;

- личного заявления об отставке;

- истечения срока полномочий;

- смерти, признания недееспособным, а также безвестно отсутствующим по решению суда;

- изменения постоянного места жительства (выезд за переделы махалли), призыва на военную службу, избрания на выборную должность, поступления на государственную службу.

2. Общемахаллинский маджлис в случае прекращения полномочий председателя в пятнадцатидневный срок избирает нового председателя.

Статья 14. Реорганизация органа общественной самодеятельности

Реорганизация органа общественной самодеятельности осуществляется по решению Общемахаллинского собрания. Порядок принятия решения определяет Устав органа общественной самодеятельности.

Статья 15. Акты органа общественной самодеятельности

1. Общемахаллинское собрание в пределах своей компетенции принимает решения.

2. Махаллинский совет в пределах своих полномочий принимает решения.

3. Председатель в пределах своих полномочий издает приказы.

4. Акты органа общественной самодеятельности, принятые вне полномочий, приостанавливаются по протесту прокурора.

Статья 16. Контроль за деятельностью органов общественной самодеятельности

Контроль за деятельностью органов общественной самодеятельности осуществляется уполномоченным государственным органом в пределах полномочий, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.

ГЛАВА 3. ИМУЩЕСТВО ОРГАНОВ ОБЩЕСТВЕННОЙ САМОДЕЯТЕЛЬНОСТИ

Статья 17. Собственность органа общественной самодеятельности

Орган общественной самодеятельности в своей собственности может иметь здания, строения, оборудование, инструменты, средства и другое имущество, необходимые для материального обеспечения уставной деятельности этого органа.

Статья 18. Источники финансирования органов общественной самодеятельности

1. Источниками финансирования органов общественной самодеятельности являются:

- средства, выделяемые из бюджета местного исполнительного органа государственной власти;

- доходы, получаемые от созданных коммерческих организаций;

- средства, полученные в результате добровольных взаиморасчетов участников органов общественной самодеятельности;

- добровольные пожертвования и подарки юридических и физических лиц;

- иные источники, не запрещённые законодательством Республики Таджикистан.

2. Смета доходов и расходов органа общественной самодеятельности и годовой отчет об ее исполнении утверждается Общемахаллинским собранием соответствующего органа общественной самодеятельности и доводятся до сведения участников органа общественной самодеятельности.

ГЛАВА 4. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 19. Ответственность за несоблюдение требований настоящего Закона

(в редакции Закона РТ от 29.01.2021Г.№1770)

Физические и юридические лица за несоблюдение требований настоящего Закона привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан (в редакции Закона РТ от 29.01.2021Г.№1770).

Статья 20. Порядок введения в действие настоящего Закона

Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                                         Э. Рахмонов

г. Душанбе,

 5 января 2008 года №347