Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, № 1770 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 ноябри соли 2020, № 255

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 январи соли 2021, № 130

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ" аз 5 январи соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2008, № 1, қ. 2, мод. 12) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Дар моддаи 3:

- дар қисми 2 калимаҳои "эҳтиёҷоти гурӯҳи аҳолӣ нигаронида шудааст, ки манфиати онҳо бо расидан ба мақсадҳои оинномавӣ ва татбиқи барномаҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ алоқаманд аст" ба калимаҳои "эҳтиёҷоти иҷтимоии гурӯҳи аҳолӣ нигаронида шудааст, ки манфиатҳои он барои ноил гардидан ба мақсадҳои оинномавӣ ва татбиқи барномаҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, алоқаманданд" иваз карда шаванд;

- қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"4. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот ҷой гирифтааст, дар Ҷамоати шаҳрак ва деҳот аз қайди баҳисобгирӣ мегузарад ва дар ин хусус дар оинномаи он сабт карда мешавад. Дар ҳудуди маъмурие, ки шаҳрак ва деҳот надорад, қайди баҳисобгирӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаронида мешавад.";

- дар қисми 5 калимаҳои "ҳисоби" ва "бошад" мувофиқан ба калимаҳои "суратҳисоби" ва "бошад ва дар бораи фаъолияти худ озодона ахбор паҳн намояд" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 7:

- ба сархати сеюм пас аз калимаи "маҳалла" калимаҳои "ва қатъ кардани ваколатҳои он" илова карда шаванд;

- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- интихоби ҳайати Комиссияи назорати молиявӣ ва пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои он";

- дар сархати нуҳум калимаи "миқдори" ба калимаи "андозаи" иваз карда шавад.

4. Дар моддаи 8:

- дар сархати шашум калимаҳои "оид ба нигоҳдорӣ, ободонӣ ва" ба калимаҳои "оид ба ҳифзи муҳити зист, нигоҳдорӣ, ободонӣ ва беҳдошти" иваз карда шаванд;

- ба сархати ҳафтум пас аз калимаи "нӯшокӣ" калимаҳои ",оби полезӣ" илова карда шаванд;

- дар сархати ёздаҳум калимаи "маросимҳои" ба калимаи "маросими" иваз карда шавад;

- дар сархати шонздаҳум калимаҳои "маросимҳои" ва "Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ" мувофиқан ба калимаҳои "маросими" ва "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" иваз карда шаванд;

- дар сархати нуздаҳум калимаи "инкишофи" ба калимаи "рушди" иваз карда шавад.

5. Дар моддаи 9:

- дар сархати дуюм калимаи "маросимҳо" ба калимаи "маросим" иваз карда шавад;

- дар сархати чорум калимаҳои "маҳфилу шабнишиниҳои ҳунарӣ" ба калимаҳои "маҳфилҳои ҳунарӣ, шабнишиниҳо" иваз карда шаванд;

- сархати ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба ташхису сироятнопазир кардани чорвою паранда, тадбирҳои карантинию фитосанитарӣ, корҳои санитарию эпидемиологӣ ва мониторинги экологӣ дар ҳудуди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд;".

6. Матни моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Комиссияи назорати молиявӣ санҷишҳои зеринро амалӣ менамояд:

- фаъолияти молиявии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

- ихтиёрдорӣ ва истифодаи моликияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои иҷрои мақсадҳои оинномавӣ;

- иҷрои мақсадноки сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

- хароҷоти маъмурии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ.".

7. Сархати сеюми моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- тағйир ёфтани вазъи ҳуқуқии маъмурию ҳудудии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;".

8. Дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 18 калимаҳои "ҳисоби байнихудии" ба калимаи "ҳисоббаробаркунии" иваз карда шаванд.

9. Моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

29 январи соли 2021, № 1770

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОРГАНАХ ОБЩЕСТВЕННОЙ САМОДЕЯТЕЛЬНОСТИ"

Принят постановлением МН МОРТ

от 25 ноября 2020 года, №255

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 25 января 2021 года, №130

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "Об органах общественной самодеятельности" от 5 января 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., № 1, ч. 2, ст. 12) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 3:

- часть 2 после слова "удовлетворение" дополнить словом "социальных";

- часть 4 изложить в следующей редакции:

"4. Орган общественной самодеятельности, расположенный на территории поселка или села, проходит учетную регистрацию в Джамоате поселка и села, о чем вносится запись в его устав. На административной территории, где отсутствуют поселки и села, учетная запись производится в местном исполнительном органе государственной власти.";

- часть 5 после слова "бланки" дополнить словами ", свободно распространять информацию о своей деятельности".

2. В статье 7:

- абзац третий после слова "совета" дополнить словами "и прекращение их полномочий";

- абзац четвертый изложить в следующей редакции:

"- выборы состава Комиссии финансового контроля и досрочное прекращение ее полномочий;"

3. В статье 8:

- в абзаце шестом слова "по содержанию, благоустройству и по поддержанию" заменить словами "по охране окружающей среды, содержанию, благоустройству и улучшению";

- абзац седьмой после слова "водой" дополнить словами ", поливной водой";

- в абзаце шестнадцатом слова "О религии и религиозных организациях" заменить словами "О свободе совести и религиозных объединениях".

4. Абзац восьмой статьи 9 изложить в следующей редакции:

"- содействует проведению мероприятий по диагностике и иммунопрофилактике животных и птиц, карантинно-фитосанитарных мероприятий, санитарно-эпидемиологических работ и экологического мониторинга на территории органа общественной самодеятельности;".

5. Текст статьи 10 изложить в следующей редакции:

"Комиссия финансового контроля проводит проверку: финансовой деятельности органов общественной самодеятельности;

- распоряжения и использования имущества органов общественной самодеятельности для выполнения уставных целей;

- целевого исполнения сметы доходов и расходов органов общественной самодеятельности; административных расходов органов общественной самодеятельности.".

6. В абзаце третьем статьи 11 слова "административного правового статуса территории" заменить словами "правового статуса административно-территориального".

7. Статью 19 изложить в следующей редакции:

"Статья 19. Ответственность за несоблюдение требований настоящего Закона

Физические и юридические лица за несоблюдение требований настоящего Закона привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 29 января 2021 года, №1770