Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002, № 100 "Дар бораи таъсис додани шӯъбаи илм, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус дар сохтори дастгоҳи раиси вилояти Суғд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011с. № 115 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсис додани шӯъбаи илм, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус дар сохтори дастгоҳи раиси вилояти Суғд

Мутобиқи моддаи 32 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар доираи меъёри (лимити) шумораи умумии кормандони мақомоти ҳокимияти иҷроияи вилояти Суғд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2001 № 586 "Дар бораи лимити шумораи умумии кормандони мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) дар соли 2002" муқаррар шудааст, дар сохтори дастгоҳи раиси вилояти Суғд шӯъбаи илм, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус таъсис дода шавад.

2. Ба сохори дастгоҳи раиси вилояти Суғд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 1995 № 104 "Дар бораи сохтор ва штатҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо" тасдиқ шудааст (замимаи №2), баъди "Шӯъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандон" сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Шӯъбаи илм, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 4 марти соли 2002 № 100

ш. Душанбе