Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 179
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 3 апрели соли 2007, № 179 "Дар бораи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- банди 2 қарор дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Шумораи кормандони дастгоҳи марказии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон (ба ғайр аз ҳайати хизматрасон) ба теъдоди 10 воҳид муқаррар карда шавад";
- дар банди 3 баъд аз калимаи "Маблағгузории" калимаҳои "Дастгоҳи марказии" илова карда шаванд;
2. Ба Низомномаи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 179 тасдиқ карда шудааст тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
а) оид ба банди 5
- дар сархати якум пеш аз калимаи "гузаронидани" калимаҳои "роҳбарӣ ва назорат ба" илова карда шаванд:
- сархати даҳум дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"- тафтишу тасдиқи хулосаҳои экспертӣ ва ба Корхонаи воҳиди давлатии "Ташхисгар" баргардонидани онҳо барои ирсоли минбаъда ба фармоишгарон (инвесторҳо);
б) оид ба банди 8
- сархати якум ва дуюм якҷоя карда шуда, дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"- дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, Ҷадвали штатии Дастгоҳи марказии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон ва Корхонаи воҳиди давлатии "Ташхисгар"- ро тасдиқ карда, кормандони Дастгоҳи марказии Раёсатро ба кор таъин ва аз кор озод менамояд, ба кор таъин ва аз кор озод намудани роҳбари корҳонаи "Ташхисгар" бо мувофиқаи Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад";
- сархати панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- низомномаи воҳидҳои сохтории Раёсат, филиалу намояндагиҳои Корхонаи воҳиди давлатии "Ташхисгар" ва корхонаҳои тобеъи онро тасдиқ мекунад".
З.Номгӯи корхонаҳои системаи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон ҳамчун замимаи 3 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 179 дар таҳрири замимашуда тасдиқ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 30 декабри соли 2007 № 660
ш. Душанбе
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2007 № 660
Номгӯи корхонаҳои системаи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон
Корхонаи воҳиди давлатии "Ташхисгар"