Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, № 662 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба баъзе қарорҳои ҳукУмати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 16.07.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Банди 1 бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.07.2012 № 367 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.07.2012 № 367)

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади танзими гардиши молу маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ тавассути қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини бехатарии ҳаракати роҳ, Ҳукумати Ҷумҳурин Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қисми воридоти Номгӯи маҳсулот, корҳо ва хизматрасониҳое, ки содирот, воридот ва транзити онҳо бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 1997, № 111 "Дар бораи тадбирҳои такмили фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, банди нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост таҳти низомҳои гумрукии "иҷозат барои муомилоти озод, ва "воридоти муваққатӣ" (Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.07.2012 № 367 аз эътибор соқит дониста шуд). 

2. Ба Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 441 "Дар бораи тасдиқи Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо" тасдиқ карда шудааст, иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

Дар банди 11:

дар зербанди "а)" баъд аз калимаҳои "оварда шудаанд" калимаҳои "ба истиснои воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост таҳти низоми гумрукии "иҷозат барои муомилоти озод" ва "воридоти муваққатӣ" илова карда шаванд;

дар зербанди "д)" баъди калимаҳои "аломатҳои транзитӣ" калимаҳои ", ки аз Раёсати БДА- и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шӯъбаҳои БДА-и вилоятҳо дастрас карда мешаванд," илова карда шаванд.

Ба сархати якуми банди 16 баъд аз калимаи "троллейбусҳо" калимаҳои "воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост" илова карда шаванд.

Ба зербанди "а" банди 17 баъд аз калимаҳои "воситаҳои нақлиётро" калимаҳои "ба истиснои воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост" илова карда шаванд.

Ба банди 63 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Иваз кардани ҷойгиршавии маҷмӯи идоракунии воситаҳои нақлиёт аз рост ба чап дар асоси хулосаи комиссияи техникии назди Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад".

3. Қарори мазкур пас аз як моҳи интишор шуданаш мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон              Э.Раҳмонов

аз 30 декабри соли 2007 № 662

ш.Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади танзими гардиши молу маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ тавассути қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини бехатарии ҳаракати роҳ, Ҳукумати Ҷумҳурин Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қисми воридоти Номгӯи маҳсулот, корҳо ва хизматрасониҳое, ки содирот, воридот ва транзити онҳо бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 1997, № 111 "Дар бораи тадбирҳои такмили фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, банди нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост таҳти низомҳои гумрукии "иҷозат барои муомилоти озод, ва "воридоти муваққатӣ".