Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2007 № 656
тасдиқ шудааст
Низомномаи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок
I. Қоидаҳои умумӣ
1. Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок (минбаъд - КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар асоси моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 617 "Дар бораи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар назди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
2. КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҷумҳуриявӣ буда, барои баҳисобгирии беэътимоди давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок, кондитсияҳои ашёи минералӣ , дурустии маълумоти геологиро оид ба миқдор ва сифати захираҳои дар қаъри замин иктишофшудаи ашёи минералӣ ва қитъаҳои қаъри замин, ки ба истихроҷи канданиҳои фоиданок вобаста нестанд, экспертизаи давлатӣ менамояд.
3. Кондитсияҳои ашёи минералӣ ва захираҳои иктишофшудаи конҳои канданиҳои фоиданоки аз тарафи КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда барои баҳисобгирӣ дар баланси давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок, ҳамчунин барои коркарди саноатӣ ва таҳияи барномаҳои дурнамои рушди саноати куҳӣ асос мебошанд.
4. Иҷрои қарорҳо, нишондодҳо ва дастурамалҳои КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои дар доираи салоҳияташ буда, танҳо дар сурати бақайдгирии давлатӣ дар феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии истифодабарандаи қаъри замин ҳатмӣ мебошанд ва онҳоро танҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда метавонад.
5. КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Низомнома ба роҳ мемонад.
6. КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои асоснок будани кондитсияҳои муваққатӣ ва доимии ашёи минералӣ ва дурустии ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданоки тасдиқшуда ҷавобгӯ аст.
II. Ваколатҳо
7. Ваколатҳои асосии КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз инҳо иборатанд:
- экспертиза ва тасдиқ намудани асосноккунии техникию иқтисодӣ кондитсияҳои муваққатӣ ва доимии ашёи минералӣ, ки барои ҳисобкунии захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок дар қаъри замин заруранд;
- муайян намудани дараҷаи тайёр будани кони кандании фоиданок барои истихроҷи саноатӣ;
- экспертиза ва тасдиқ намудани ҳисоби захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок, ки аз тарафи Шӯроҳои илмӣ-техникии муассисаҳои геологӣ ва истихроҷи маъдан оид ба конҳо ва зуҳурот қабулшуда, ки дар онҳо гузаронидани корҳои дақиқи геологӣ-иктишофӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба нақша гирифта нашудааст;
- ҷорӣ иамудани сиёсати ягонаи методӣ дар муайян намудани принсипҳои ҳисобкунии захираҳои иктишофшудаи канданиҳои фоиданок;
- ҷорӣ намудани сиёсати геологӣ-иқтисодӣ ва нархгузорӣ дар мавриди баҳодиҳӣ ба конҳои канданиҳои фоиданок ва қитъаҳои қаъри замин.
8. КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ӯҳдадориҳои ба зимааш вогузоршуда, вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- маводҳои ҳисобкунии захираҳои канданиҳои фоиданок, сифат ва самаранокии корҳои геологӣ-иктишофии гузаронидашуда, корҳо оид ба омӯзиши нишондиҳандаҳои сифатии ашёи минералӣ, гидрогеологӣ, муҳандисӣ-геологӣ, технологӣ ва дигар тадқиқоти махсусро таҳлил намуда, ба онҳо баҳо медиҳад. Барои бартараф намудани камбудиҳои корҳои гузаронидашуда ва зарурияти гузаронидани корҳои иловагӣ тавсия медиҳад;
- экспертизаи ҳисоби техникӣ-иқтисодии ба асосноккунии кондитсияҳои муваққатӣ ва доимии ашёи минералӣ вобаста бударо ташкил менамояд, бо иштироки корхона ва ташкилотҳои манфиатдор лоиҳаҳои кондитсияҳоро баррасӣ ва тасдиқ менамояд;
- экспертизаи маводҳои ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданоки қаъри заминро ташкил менамояд, бо иштироки корхона ва ташкилотҳои манфиатдор ин маводҳоро муҳокима менамояд, захираҳои иктишофшударо дар асоси таснифи амалкунандаи захираҳои канданиҳои фоиданок тасдиқ менамояд;
- бо дархости корхонаҳо, ташкилот ва истифодабарандагони қаъри замин маводҳои ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданоки конҳои калонтаринро дар асоси натиҷаҳои иктишофи пешакӣ баррасӣ ва экспертиза менамояд, ҳамчунин бо мақсади барои корҳои минбаъдаи кориҷрокунандагон расонидани кӯмаки методӣ маводҳои кории иктишофи дақиқи (бозиктишофкунии) конҳои аз нигоҳи геологӣ мураккабро пешакӣ муҳокима менамояд;
- натиҷаҳои кори КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муҳокимаи масъалаҳои ҳисоби захираҳои намудҳои гуногуни ашёи минералии қаъри замин ҷамъбаст ва таҳлил менамояд, оид ба баланд бардоштани сифат ва самаранокии корҳои геологӣ-иктишофӣ, кам кардани мӯҳлати иктишоф, коркарди комплексии ашёи минералӣ дар даираи азхудкунии саноатӣ тавсияҳо пешниҳод менамояд;
- маводҳоро оид ба имконият доштани таҳияи лоиҳаи коркард ва омодакунин конҳои нафт ва нафту газро дар асоси захираҳои оперативӣ дида мебарояд ва хулосаи зарурӣ медиҳад;
- бо иштироки корхонаҳо ва ташкилотҳои манфиатдор таснифи захираҳои канданиҳои фоиданокро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- дастуруламалҳоро оид ба татбиқи таснифи захираҳои конҳои канданиҳои фоиданоки намудҳои гуногуни ашёи минералӣ, оид ба мазмун, омодакунӣ ва тартиби барои баррасӣ ба КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани маводҳое, ки кондитсияҳои доимии ашёи минералӣ ва захираҳои ҳисоб мешударо дар каъри замин асоснок менамоянд ва дигар дастурҳои хусусияти методӣ доштаро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- доир ба нақшаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии ташкилотҳое, ки дар соҳаи такмил додани усулҳои гузаронидани корҳои геологӣ-иктишофӣ, ҳисоби захираҳо дар каъри замин, гузаронидани тадқиқоти технологӣ ва ташхиси ашёи минералӣ, омӯзиши шароити кӯҳӣ-геологии коркарди конҳои канданиҳои фоиданок мебаранд, тавсияҳо медиҳад;
- баланси давлатии захираҳои канданиҳои фоиданокро таҳлил намуда, агар зарур бошад, аз рӯи натиҷаи корҳои геологӣ - иктишофӣ ва истихроҷӣ, тағйирёбии кондитсияҳои ашёи минералӣ ва сабабҳои дигар, онҳоро таҳрир менамояд.
9. КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташ ҳуқуқ дорад:
- бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ барои гузаронидани экспертизаи давлатии маводи ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок, асосноккуниҳои техникию иқтисодии параметрҳои ҳисобкунии кондитсияҳо ва коэффитсиентҳои гирифтани нафт, газ ва конденсатҳо, ҳамчунин барои маслиҳат додан, шартномаҳо бандад;
- дар асоси шартнома мутахассисони ташкилотҳои гуногунро барои гузаронидани экспертизаи лоиҳаҳои кондитсияҳои ашёи минералӣ ва маводҳои ҳисоби канданиҳои фоиданоки қаъри замин ҷалб намояд;
- дар доираи салоҳияташ дастурамалҳо, санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ва методӣ таҳия ва нашр намояд;
- аз вазоратҳо ва идораҳо, шахсони ҳуқуқию воқеӣ бо тартиби муқарраргардида пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зеринро талаб намояд;
а) лоиҳаи кондитсияҳои ашёи минералӣ ва маводи ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданоки барои тасдиқи КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон заруриро;
б) маводҳоро оид ба ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданоки конҳои иктишофшудаю истихроҷшудаистода, ки арзиши онҳо баъди тасдиқи ҳисоби захираҳои пешина, дар натиҷаи гузаронидани корҳои геологӣ - иктишофӣ, корҳои иктишофӣ, дигаршавии кондитсияҳои ашёи минералӣ ва дигар сабабҳо ҷиддӣ тағйир ёфтааст.
в) нақшаҳои (ҷадвали) солонаи ба КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаҳои кондитсияҳои ашёи минералӣ ва маводҳои ҳисоби конҳои нав иктишоф ва истихроҷ мешударо;
г) маводҳои геологӣ ва дигар маводҳоеро, ки барои экспертизаи асосноккунии техникию-иқтисодии кондитсияҳои ашёи минералӣ, коэффитсиенти нафту конденсатгирӣ ва захираҳои ҳисобшудаи канданиҳои фоиданоки каъри замин заруранд;
- мӯҳлати гузаронидани экспертизаҳоро, тартиби пешниҳод ва муҳокимаи онҳоро дар комиссияҳои корӣ ва ҷаласаҳои васеи КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намояд;
- захираҳои конҳои аз ҷиҳати миқёс хурду аз ҷиҳати сохти геологӣ соддаи конҳои канданиҳои фоиданокро дар ҷаласаи кории комиссияи экспертӣ-машваратии КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ намояд. Дар ин сурат дараҷаи эътимоднокии маводҳои ҳисобу китоби захираҳо ва кондитсияҳои барои тасдиқ пешниҳодшуда ба эътибор гирифта мешавад;
- дар сурати зарурӣ масъалаҳои тасдиқи кондитсияҳо ва ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданокро дар ҷаласаҳои сайёри худ дар объектҳои корӣ ё ташкилотҳо муҳокима намояд;
- дар ҳолатҳои фавқулодда оид ба зарурияти истихроҷи саноатии коне, ки захираҳояш ҳоло дар КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ нашудааст, хулосаҳо диҳад;
- бо ҷалби намояндагони вазоратҳо, идораҳо, шахсони ҳуқуқию воқеии манфиатдор оид ба муҳокимаи масъалаҳои баландбардории сифат ва самаранокии корҳои геологӣ-иктишофӣ, мазмун ва тартиб додани ҳисоботҳо семинарҳо гузаронад;
- оид ба масъалаҳои ба фаъолияти КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут конфронсҳо, семинарҳо, ҷаласаҳо ташкил намояд ва дар кори онҳо ширкат варзад;
- ба сохторҳои давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот диҳад.
III. Ташкили фаъолият
10. КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раис сарварӣ менамояд, ки ӯ бо пешниҳоди Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Раиси КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои ваколатҳои ба КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон вобасташуда масъулияти шахсӣ дорад.
Раис як муовин ва котиби масъул дорад, ки онҳоро Раиси КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод мекунад.
Раиси КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Раиси КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси яккасардорӣ фаъолият мекунад;
- вазифаҳои муовин, котиби масъул ва аъзоёни комиссияро муайян мекунад;
- ҷадвали штатии кормандони КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, музди меҳнат ва шумораи коргарон, сметаи хароҷотро дар ҳудуди тасдиқшудаи маблағгузории Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
Қарорҳо мебарорад ва санадҳои меъёрии ба ваколати КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлдоштаро тасдиқ менамояд.
11. Мӯҳлати баррасӣ ва тасдиқи кондитсияҳо ва ҳисобот оид ба ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок на бояд аз се моҳ зиёд, пас аз ворид шудани маводҳо бошад.
12. Бо мақсади тасдиқ намудани кондитсияҳои ашёи минералӣ ва ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис мегузаронад.
13. Маҷлисҳои КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар сурате ороста шаванд, ки дар онҳо беш аз 2/3 аъзоёни комиссия иштирок дошта бошанд.
14. Қарорҳои КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии аксарияти аъзоёни дар маҷлис иштирокдошта қабул карда мешавад. Овоздиҳӣ ба тариқи кушода гузаронида мешавад. Фикру ақидаҳои мухолиф ва махсус дар протоколи маҷлисҳо сабт карда мешаванд.
15. Қарори КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар протокол сабт карда мешавад ва он аз тарафи Раис ва котиби масъул имзо карда мешавад. Пас аз тасдиқ шудани протокол як нусхаи он дар муддати на беш аз 10 рӯз ба Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, як нусхааш ба шахси воқеӣ ва ҳуқуқии маводҳоро пешниҳоднамуда, фиристода мешавад.
16. Дар сурати баҳои манфӣ гирифтани кондитсияҳои пешниҳод шуда ва ё ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи маводҳоро бо протоколи маҷлис ва тақризи экспертҳо ба ташкилоти пешниҳоднамуда бармегардонад.
17. Дар сурати мухолифати байни КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоте, ки маводҳоро барои муҳокимаи кондитсияҳо ва ҳисоби захираҳои ашёи минералӣ пешниҳод намудааст, ташкилот ҳуқуқ дорад маводҳоро ба экспертизаи иловагии бетараф пешниҳод намояд. Муҳокимаи такрории маводҳои дар КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаи нав сурат мегирад.
18. Иҷрои корҳо оид ба дида баромадани лоиҳаи кондитсияҳои ашёи минералӣ ва маводҳо оид ба ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданоки қаъри замин дар асоси шартномаҳо сурат мегиранд.
19. КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон нархномаи корҳои шартномавиро бо пешниҳоди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳад.
20. КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ, дорои баланси мустақил, мӯҳр бо инъикоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад, суратҳисобҳо дорад, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳо кушода шудаанд.
21. Маҳали ҷойгиршавии КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 25 мебошад.