Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2007 № 650
тасдиқ шудааст
Низомномаи мутахассис
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
1. Қоидаҳои умумӣ
Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.
1. Дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тахассуси "мутахассис" зинаи мустақили таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ мебошад.
2. Мӯҳлати таҳсил дар асоси барномаҳои таълимӣ барои тахассуси "мутахассис" дар шӯъбаи рӯзона то 5 сол ва дар шӯъбаи ғоибона то 6 сол муайян карда мешавад.
3. Ба шаҳрванди дорои тахассуси "мутахассис" дипломи мутахассис аз рӯи ихтисосҳои самти техникӣ, технологӣ ва тиббӣ дода мешавад.
2. Тайёр намудани мутахассис
4. Мутахассис - шахсест, ки соҳиби таҳсилоти олии касбӣ буда, доир ба назария ва амалияи ихтисоси худ донишу малака ва маҳорати касбӣ дошта, инчунин дорои қобилияти навиштани кори илмӣ мебошад.
5. Барои дарёфти тахассуси "мутахассис" ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шахсоне, ки шаҳодатномаи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, дипломи намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доранд, қабул карда мешаванд.
6. Ба гурӯҳи шартномавии тахассуси "мутахассис" шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, ки ҳуҷҷати баробарэътирофи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбиро доранд, қабул карда мешаванд.
7. Миқдори ҷойҳои қабули донишҷӯён барои таҳсил аз рӯйи барномаи "мутахассис", ки дар асоси замимаи иҷозатнома (литсензия) дар бораи пешбурди фаъолияти таълимии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҷудо шудааст, бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди маблағҳои буҷетии ҷудошуда муайян карда мешавад .
8. Довталабон барои дохил шудан ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти тахассуси "мутахассис" ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- ариза ба номи ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
- ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ (намунаи давлатӣ, ё нусхаи асли дипломи эътирофкардашуда);
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 086/У);
- 6 адад расм (андозаи 3x4);
- шиноснома ё шаҳодатнома дар бораи таваллуд;
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи қайдии даъватшаванда;
- тавсифнома.
9. Барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи касбии риштаи марбута бо қарори Шӯрои илмии муассисаи олии таълимӣ дарёфти таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи барномаи маҳдуд ё суръатноки мутахассис дода мешавад.
10. Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ барои соҳиб шудан ба тахассуси "мутахассис" дар асоси талаботи зерин қабул карда мешаванд:
- мутобиқи созишномаҳои байнидавлатӣ;
- дар ҳудуди бурсияҳои ҷудогардида бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- мувофиқи шартномаи дутарафа бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ризоияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи замимаи литсензия оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ бо пардохти ҳаққи таҳсил ва бо назардошти риояи Низомномаи мазкур .
3. Ташкили ҷараёни таълим
11. Таҳсил дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти тахассуси "мутахассис" дар асоси нақшаҳои таълимии таҳиянамудаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки мутобиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда мешавад .
12. Таҳсил аз 1 сентябр оғоз меебад.
13. Сарбории умумии тахассуси "мутахассис" дар як ҳафта набояд аз 54-60 соат зиёд бошад. Сарбории фаъоли аудиторӣ (машғулиятҳои амалӣ, назариявӣ ва таҷрибавие, ки аз ҷониби омӯзгор гузаронида мешаванд) бояд дар як ҳафта аз 27 то 30 соат муқаррар карда мешавад.
14. Шаклҳои назорати иҷрои нақшаи таълимӣ барои тайёр намудани тахассуси "мутахассис": имтиҳон, санҷиш, рейтинг, санҷиши тафриқавӣ ва тест муқаррар карда мешавад.
15. Ҷараёни таҳсил барои дарёфти тахассуси "мутахассис" дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи нақшаи таълимӣ ва барномаи тайёр кардани мутахассис ба роҳ монда мешавад.
16. Барномаи тайёр кардани мутахассис силсилаи фанҳои умумиҷумҳуриявӣ, фанҳои умумисоҳавӣ ва фанҳои тахассусиро ташкил мекунад.
4. Таҷрибаомӯзӣ
17. Таҷрибаомӯзӣ барои дарёфти тахассуси "мутахассис" тибқи нақшаи таълимии ихтисосҳо гузаронида мешавад.
18. Мақсади асосии таҷрибаомӯзӣ мустаҳкам кардани донишҳои назариявӣ ва амалӣ, баланд бардоштани сатҳи қобилияти касбӣ, сайқал додани малака, маҳорат ва истеъдоди касбии таҷрибаомӯз буда, татбиқи пурраи он айнияту омӯзиши назария ва амалияро ба вуҷуд меорад.
19. Таҷрибаомӯзӣ қобилияти касбӣ, маданияти пешбурди мустақилонаи фаъолияти истехсолӣ, амалӣ, иҷтимоию сиёсӣ, илмӣ- озмоишӣ, педагогӣ ва техникию технологии мутахассиси ояндаро ташаккул медиҳад.
20. Таҷрибаомӯзӣ масъулият ва муносибати шахсии таҷрибаомӯзро нисбат ба кор ва касби интихобкардааш мустаҳкам мегардонад.
21. Таҷрибаомӯзӣ дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии системаи маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва ба роҳ монда мешавад.
22. Таҷрибаомӯз дар асоси роҳхат ба муассисае фиристода мешавад, ки ба ихтисоси интихобкардааш мувофиқ мебошад. Рӯзнома, роҳхат, тавсифнома оид ба фаъолияти таҷрибаомӯзии касбӣ ва маълумотнома ҳуҷҷатҳои асосии таҷрибаомӯзии мутахассис мебошад.
5. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо
23. Ҳар як шаҳрванд метавонад дар асоси тартиби муқарраршуда барои дарёфти тахассуси "мутахассис" ба шӯъбаҳои рӯзона, шабона ё ғоибонаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ қабул гардад.
24. Ба шаҳрванде, ки барои дарёфти тахассуси "мутахассис" дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таҳсил менамояд, шаҳодатнома ва дафтарчаи имтиҳонии намунаи муқаррарӣ дода мешавад.
25. Мутахассис ҳуқуқ дорад:
-дар таҳлил намудани мундариҷаи таҳсилоти худ аз рӯи риояи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ иштирок намояд;
-хонишҳои факултативӣ ва хатмиро, ки аз ҷониби факулта ва кафедраи дахлдор пешниҳод мегардад, интихоб намояд;
-ғайр аз фанҳои таълимии соҳаи интихобшуда метавонад фанҳои дигарро, ки дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таълим дода мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи он аз худ намояд;
-аз рӯйи тахассуси ҳарбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таълим гирад;
-тибқи ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гурӯҳи ғайриройгон ба гурӯҳи ройгон гузарад;
- метавонад дар муҳокима ва ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла ба воситаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатии идораи маориф ширкат варзад;
- ба таври ройгон аз фонди китобхонаҳо, фондҳои иттилоотии Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, хизматрасонии бахшҳои таълимӣ, илмӣ, табобатӣ ва бахшҳои дигари муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки дар Оинномаи муассисаи мазкур нишон дода шудааст, истифода барад;
- корҳои курсӣ, лабораторӣ, реферативӣ, маърӯзаҳои илмӣтадқиқотиро таҳия карда, онҳоро дар кафедра баррасӣ намояд;
- дар корҳои илмию тадқиқотӣ, конференсияву симпозиумҳо ва маҳфилу созмонҳо иштирок намояд;
- асарҳои таълифнамудаи худро барои муҳокима ва чоп ба Шӯрои илмии муассисаи таълимӣ пешниҳод намояд;
- оид ба амру фармонҳои маъмурияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кунад;
- стипендияи таъинкардаи шахсони вокеӣ ва ё ҳуқуқиро, ки онҳоро барои таҳсил фиристодаанд ва ҳамчунин стипендияҳои номиро дар асоси "Низомномаи таъин ва пардохти стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" соҳиб гардад;
- аз хизмати китобхонаҳои давлатӣ ба таври ройгон истифода барад;
- аз хобгоҳҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ истифода барад. Бо ҳар сокини хобгоҳ маъмурияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шартнома мебандад (намунаи шартномаро мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад);
- мувофиқи зарурат тибқи муқаррароти мавҷуда рухсатии академӣ гирад.
- мувофиқи тартиби муқаррарнамуда бемамоният ба дигар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ гузарад.
Дар мавриди гузаштан аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар тамоми ҳуқуқҳое, ки барои донишҷӯён дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудаанд, нигоҳ дошта мешавад.
26. Донишҷӯёне, ки дар шӯъбаҳои рӯзона аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд, ба андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стипендия мегиранд.
27. Донишҷӯёне, ки дар гурӯҳҳои шартномавии шӯъбаҳои рӯзона бо баҳои аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил мекунанд, аз ҳисоби захираҳои дохилии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стипендия мегиранд.
28. Барои донишҷӯёне, ки дар шӯъбаи рӯзона ва шабонаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, дар як соли таҳсил на камтар аз ду маротиба таътил муқаррар карда мешавад.
29. Донишҷӯ дар ҳолатҳои зерин аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ карда мешавад:
-барои вазъи саломатӣ дар асоси ҳуҷҷати комиссияи тиббию машваратӣ (КТМ);
-бо сабаби гузаштан ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар;
-барои давомоти нокифоя ба дарсҳо (зиёда аз 36 соат дар як нимсола);
-барои қарздории академӣ;
-барои ба таълим шурӯъ накардан баъд аз рухсатии академӣ;
-дар сурати саривақт напардохтани маблағи таҳсил мувофиқи шартнома;
-барои дар мӯҳлати муайяншуда насупоридани се ва зиёда аз он санҷишу имтиҳонҳо;
-барои содир кардани ҷиноят;
-барои вайрон кардани қоидаҳои донишҷӯй ва тартиботи дохилӣ;
-дар сурати фавт;
-барои риоя накардани Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.
6. Вазифаҳои мансабӣ
30. Ҳангоми ба кор қабул намудани мутахассис ба ӯ ҳуқуқи ишғоли вазифаҳое дода мешавад, ки мутобиқи талаботи давлатӣ ба тахассуси "мутахассис" пешбинӣ гардидааст.
31. Мутахассис дар истеҳсолот: дар бораи асосҳои лоиҳакашии объектҳои технологӣ, воситаҳои замонавии лоиҳакашии объектҳои технологӣ, воситаҳои замонавии графикаи мошинӣ, дар бораи вазифаҳо ва принсипҳои созмон додани системаи идоракунии автоматикунонидашуда, дар бораи асосҳои илмӣ ва ташкилии усулҳои бартараф намудани садамаҳо, фалокатҳо, офатҳо ва дигар вазъиятҳои истеҳсолӣ тасаввурот дорад, дар бораи асосҳои муносибатҳои истеҳсолӣ, принсипҳои идоракунӣ бо назардошти омилҳои техникӣ, молиявӣ ва инсонӣ тасаввурот дорад.
32. Мутахассис дар соҳаи иҷтимоиёт: бо давраҳои муҳими инкишофи донишҳои гуманитарӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, равияҳои асосии илм, равандҳо, консепсияҳо, сарчашмаҳои илмҳои гуманитарӣ ва кор кардан бо одамон шинос мебошад. Шаклҳо ва усулҳои фаъолияти педагогиро медонад, асосҳои таҳлили сотсиологиро аз худ намудааст; тадқиқоти амалии вазъи иҷтимоию иқтисодиро дар шаклҳои мушаххаси идоракунӣ ташкил карда метавонад.
33. Мутахассис дар соҳаи илм: оид ба фаслҳои алоҳидаи мавзӯи фаъолияти илмиаш тадқиқот ва санҷишҳо мегузаронад.
Корҳои доир ба тайёр намудани ҳисоботи зарурӣ ва ҳаллу фасл намудани лоиҳаҳои на он қадар мураккабро ба сомон мерасонад. Дар бораи зинаҳои алоҳидаи фаъолияташ нақшаҳои корӣ ва барномаҳо месозад. Маводи иттилоотии барои фаъолияти касбиаш заруриро дар компютер ҷамъ карда, мураттаб ва ҳифз менамояд ва онро дар кор мавриди истифода қарор медиҳад. Адабиёти махсус ва дигар ахбори илмию техникӣ, таҷрибаи ватанӣ ва ҷаҳониро оид ба мавзӯи тадқиқотиаш меомӯзад. Ҳисоботи давравиро дар вақти муқарраршуда таҳия месозад. Дар кори амалӣ намудани натиҷаҳои тадқиқот ва санҷишҳояш иштирок менамояд. Дар семинару конференсияҳо ширкат меварзад.
7. Аттестатсияи ҷамъбастии мутахассис
34. Марҳилаи хотимавии таҳсил барои дарёфти тахассуси "мутахассис" аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ мебошад, ки аз ҳимояи кори хатмкунии тахассусӣ (рисолаи дипломӣ, лоиҳаи дипломӣ) ва супоридани имтиҳонҳои давлатӣ иборат аст.
35. Аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ аз рӯйи барномаи тайёр кардани мутахассис мувофиқи талаботи комиссияи имтиҳони давлатии муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
36. Кори дипломӣ бевосита дар кафедра таҳти назорати роҳбари илмии мутахассис иҷро карда мешавад. Агар кори дипломӣ характери байнифаннӣ дошта бошад, ба кафедраи марбута ҳуқуқ дода мешавад, ки аз рӯйи бобҳои алоҳидаи рисола (дар доираи соатҳое, ки барои роҳбарии рисолаи дипломӣ ҷудо шудааст) мушовирони илмиро даъват намояд.
37. Ба хатмкунандае, ки имтиҳонҳоро аз ҳамаи фанҳои барномаи таълимии мутахассис бо баҳои "аъло" (на кам аз 75%), аз фанҳои дигар бошад, бо баҳои "хуб" ва ҳамаи намудҳои санҷиши ҷамъбастии аттестатсиониро бо баҳои "аъло" хатм кардааст, "Дипломи аъло" дода мешавад.
38. Ба хатмкардаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ диплом, замимаи диплом, нусха аз варақаи имтиҳонӣ бо нишондоди мавзӯи рисолаи дипломӣ дода мешавад. Дар замимаи диплом номгӯи ҳамаи фанҳое, ки мутахассис дар тӯли таҳсил аз худ намудааст, бо нишондоди шакли назорати барномаи тайёр кардани мутахассис (санҷиш, имтиҳон ва имтиҳони давлатӣ) ифода карда мешавад.
8. Иҷрои кори дипломӣ
39. Таҳияи рисолаи дипломӣ дар соли охири таҳсил ба нақша гирифта мешавад. . Тибқи нақшаи инфиродӣ ва мӯҳлатҳои дар он муқарраргардида мутахассис оид ба рафти иҷрои кор дар назди роҳбари рисолаи дипломӣ ҳисобот медиҳад.
40. Рисолаи дипломӣ дар охири семестри хотимавӣ дар ҷаласаи Комиссияи аттестатсионии давлатӣ дифоъ карда мешавад.
41. Мутахассисе, ки муассисаи таҳсилоти олиро бо дипломи аъло хатм мекунад, аз рӯи равия ва ихтисос (ё интихобан) ба магистратура тавсия карда мешавад. Инчунин у метавонад дар аспирантура таҳсилро идома диҳад.
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2007 № 650
тасдиқ шудааст
Низомномаи мутахассис
1. Қоидаҳои умумӣ
Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.
1. Дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тахассуси "мутахассис" зинаи мустақили таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ мебошад.
2. Мӯҳлати таҳсил дар асоси барномаҳои таълимӣ барои тахассуси "мутахассис" дар шӯъбаи рӯзона то 5 сол ва дар шӯъбаи ғоибона то 6 сол муайян карда мешавад.
3. Ба шаҳрванди дорои тахассуси "мутахассис" дипломи мутахассис аз рӯи ихтисосҳои самти техникӣ, технологӣ ва тиббӣ дода мешавад.
2. Тайёр намудани мутахассис
4. Мутахассис - шахсест, ки соҳиби таҳсилоти олии касбӣ буда, доир ба назария ва амалияи ихтисоси худ донишу малака ва маҳорати касбӣ дошта, инчунин дорои қобилияти навиштани кори илмӣ мебошад.
5. Барои дарёфти тахассуси "мутахассис" ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шахсоне, ки шаҳодатномаи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, дипломи намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доранд, қабул карда мешаванд.
6. Ба гурӯҳи шартномавии тахассуси "мутахассис" шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, ки ҳуҷҷати баробарэътирофи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбиро доранд, қабул карда мешаванд.
7. Миқдори ҷойҳои қабули донишҷӯён барои таҳсил аз рӯйи барномаи "мутахассис", ки дар асоси замимаи иҷозатнома (литсензия) дар бораи пешбурди фаъолияти таълимии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҷудо шудааст, бо пешниҳоди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди маблағҳои буҷетии ҷудошуда муайян карда мешавад.
8. Довталабон барои дохил шудан ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти тахассуси "мутахассис" ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- ариза ба номи ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
- ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ (намунаи давлатӣ, ё нусхаи асли дипломи эътирофкардашуда);
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 086/У);
- 6 адад расм (андозаи 3x4);
- шиноснома ё шаҳодатнома дар бораи таваллуд;
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи қайдии даъватшаванда;
- тавсифнома.
9. Барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи касбии риштаи марбута бо қарори Шӯрои илмии муассисаи олии таълимӣ дарёфти таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи барномаи маҳдуд ё суръатноки мутахассис дода мешавад.
10. Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ барои соҳиб шудан ба тахассуси "мутахассис" дар асоси талаботи зерин қабул карда мешаванд:
- мутобиқи созишномаҳои байнидавлатӣ;
- дар ҳудуди бурсияҳои ҷудогардида бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мувофиқи шартномаи дутарафа бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ризоияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи замимаи литсензия оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ бо пардохти ҳаққи таҳсил ва бо назардошти риояи Низомномаи мазкур.
3. Ташкили ҷараёни таълим
11. Таҳсил дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти тахассуси "мутахассис" дар асоси нақшаҳои таълимии таҳиянамудаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки мутобиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда мешавад.