Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2007 № 650
тасдиқ шудааст
Низомномаи магистратура
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
1.Қоидаҳои умумӣ
Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ таҳия шудааст.
1. Магистратура зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Таъсис додани магистратура таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стандарти байналмилалии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад.
2. Магистратура бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар донишкада, академия ва донишгоҳҳое, ки шӯъбаи аспирантура ва докторантура, инчунин имконияти илмию методӣ, заминаи хуби моддӣ, техникӣ ва таълимӣ доранд, таъсис дода мешавад. Мӯҳлати таҳсил дар шакли рӯзонаи магистратура ду сол ва дар шакли ғоибона се сол муқаррар карда шудааст.
Шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд дар равия ва ихтисоси ба дипломашон мувофиқ дар магистратура таҳсил намоянд.
2. Қабул ба магистратура
3. Ба магистратура шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё мутахассис доранд, қабул карда мешаванд. Довталабон аз рӯи тахассуси интихобнамудаашон реферат пешниҳод намуда, ба тариқи сӯҳбат аз озмун мегузаранд.
Барои шахсоне, ки дипломҳои онҳо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат намекунад, аз рӯи талаботи муайяннамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсил дар магистратура имтиҳонҳои ҳатмӣ муқаррар карда мешавад .
4. Агар дохилшавии довталаб ба магистратура ба вақти мактаби олиро хатм кардани ӯ рост ояд, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии хатми муассисаи олии таълимӣ аз рӯи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте, ки баҳои имтиҳони ҷамъбастии ихтисос аз бахои "хуб" паст набошад). Агар дохилшавӣ ба магистратура пас аз як соли хатм сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи аъло довталабон имтиҳон месупоранд.
Ба магистратура то 20 % хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия мешаванд.
5. Аз рӯи натиҷаи сӯҳбат ва имтиҳони дохилшавӣ ба довталаб баҳо дода мешавад. Холи миёна аз рӯи замимаи дипломи таҳсилоти олӣ муқаррар карда мешавад. Низоми баҳодиҳиро комиссияи қабул аз руи пешниҳоди факултетҳои марбута муқаррар менамояд.
6. Шахсоне, ки ба магистратура дохил мешаванд, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
-аризаи шахсӣ ба номи ректор бо нишон додани равияи магистратура ва ихтисоси он;
-дипломи таҳсилоти олии касбӣ ва замимаи он;
-тавсияномаи комиссияи аттестатсионии давлатӣ барои дохилшавӣ ба магистратура;
-дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пешрафти корҳои илмӣ, таълимию методӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, малакаи кор дар компютер, нусхаи мақолаҳои илмӣ ва ғайра.
3. Ташкили ҷараёни таълим дар магистратура
7. Таҳсил дар магистратура аз 1 сентябр тибқи фармони ректор оғоз мегардад, ки дар он равияи магистратура, ихтисос ва роҳбари илмии тасдиқгардида нишон дода мешавад.
8. Таҳсил дар магистратура дар асоси нақшаи таълимии таҳиянамудаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки мутобики Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумхурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ва ҳамчунин нақшаи инфиродии магистрант ба роҳ монда мешавад .
9. Сарбории ниҳоии аудитории магистр дар шӯъбаи рӯзона дар як ҳафта 14 соатр ташкил медиҳад. Барои назорати иҷрои нақшаи инфиродӣ аттестатсияи ҷорӣ аз рӯи ҳамаи фанҳо дар шакли имтиҳон, санҷиш, рейтинг, санҷиши тафриқавӣ ва тест пешбинӣ карда мешавад. Миқдори умумии имтиҳон дар давраи таҳсил вобаста ба барномаи интихобнамуда на камтар аз 6 муқаррар карда мешавад.
10. Таҳсили магистрант дар магистратура мувофиқи нақшаи кории инфиродӣ, ки дар асоси нақша ва барномаи таълимии магистратура таҳия шудааст, ташкил карда мешавад. Нақшаи кории инфиродии магистрант аз рӯи нақшаи намунавӣ аз тарафи роҳбари илмии магистрант бо иштироки роҳбари магистратура ва мудири кафедраи марбут таҳия шуда, бо қарори кафедра тасдиқ ва дар кафедра муҳокима мегардад.
11. Нақшаи кории инфиродии магистрантро шӯъбаи таълими муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ карда, он дар кафедраи магистратура (асл) ва нусхаи он дар дасти магистрант нигоҳ дошта мешавад.
12. Нақшаи инфиродӣ мазмун ва ҳаҷми машғулиятҳоро барои тайёр кардани магистрант бо назардошти тахассуси касбӣ ва илмии он муайян менамояд. Қисми таълимии нақшаи инфиродӣ номгӯи пурраи фанҳои таълимии тамоми силсилаҳоро бо нишон додани соатҳои умумӣ барои ҳар як фан, миқдори соатҳои аудиторӣ ва ҳамчунин намуд ва мӯҳлатҳои аттестатсияи фосилавиро дар бар мегирад. Номгӯи фанҳои равия бояд ба нақшаи магистратура пурра мувофиқат кунад.
13. Машғулиятҳои таълимӣ аз тарафи шӯъбаҳо ва кафедраҳои заминавӣ, ки барои таълим масъуланд, гузаронида мешаванд. Барои ташкили таълим шаклҳои зерини машғулиятҳо истифода бурда мешаванд:
-машғулият дар шӯъбаҳои магистратура ва омӯзиши фанҳое, ки барои ҳамаи ихтисосҳо ҳатмианд;
-машғулият дар бахшҳо аз рӯи самтҳо барои омӯзиши фанҳое, ки танҳо барои магистрантҳои ҳамин равия ҳатмиянд;
-машғулияти инфиродӣ бо магистрант, омӯзиши мустақилонаи фанҳои таълимӣ ва асарҳои илмӣ.
4. Роҳбарии кори магистрант
14. Рохбарии илмиро роҳбари магистратура амалӣ менамояд. ӯ роҳбарии қисми умумии таълимӣ ва илмии барномаи магистратураро таъмин менамояд ва иҷрои нақшаи таълимии инфиродии магистрантҳоро назорат мекунад. Роҳбари барномаи магистратура бояд профессори штатӣ, доктори илми соҳаи марбут бошад. Тибқи қарори Шӯрои илмии донишгоҳи заминавӣ роҳбарии барномаи магистратураро метавонад дотсенте, ки таҷрибаи кории на камтар аз 5 сола дорад, ба ӯҳда гирад.
15. Роҳбарии бевоситаи барномаи магистрантро роҳбари илмӣ амалӣ мегардонад ва дар таҳияи нақшаи инфиродии таълимии магистрант иштирок намуда, назорат ва иҷрои онро таъмин месозад.
Роҳбари илмӣ бо пешниҳод ва қарори кафедра дар Шӯрои илмии факултет аз ҷумлаи мутахассисони баландихтисос, ки аз рӯи мавзӯи барномаи магистратура тадқиқоти илмӣ мебарад ва чун қоида дар муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд, таъин карда мешавад.
Шумораи рисолаҳои магистирант, ки таҳти роҳбарии як омӯзгор иҷро мешаванд ба тариқи зайл муайян карда мешавад:
- номзади илм, саромӯзгор; номзади илм дотсент то 3 нафар;
- доктори илм, профессор то 4 нафар;
- мудири кафедра, профессор то 3 нафар;
- мудири кафедра, дотсент 2 нафар.
16. Роҳбари илмӣ корҳои омодагиро зери назорати умумии мудири кафедра ва роҳбари магистратура ба роҳ мемонад ва аз натиҷаи корҳои ба сомон расонидашуда ҳар се моҳ як маротиба ба кафедра ва роҳбари магистратураи муассисаи таълимӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.
5. Талаботи умумӣ ба барномаи магистратура
17. Барномаи таълимии магистрант аз ду қисми таркибӣ - таҳсилотӣ ва тадқиқотӣ иборат мебошад.
18. Қисми таълимии барномаи магистратура силсилаи фанҳои равиявӣ ва фанҳои ихтисосиро дар бар мегирад. Силсилаи фанҳои равиявӣ аз қисмати фанҳои ихтисосӣ ва фанҳои интихобӣ иборат мебошад. Силсилаи фанҳои махсус аз фанҳои махсуси барномаи омодасозии магистр (аз рӯи равияи додашуда) ва барномаи мушаххаси магистратура, ки барои амалӣ намудани он талаботи махсус пешбинӣ шудааст, иборат аст. Таркиб ва мазмуни силсилаи фанҳои махсус аз рӯи талаботи тахассуси магистрант ҳангоми амалисозии барномаи мушаххаси магистратура муайян мегардад.
19. Қисми илмию тадқиқотии барномаи магиструра аз кори илмию тадқиқотӣ ва методӣ иборат мебошад, ки барои омодасозии рисолаи магистрант истифода мешавад.
20. Барномаҳои илмию тадқиқотӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси барномаи мушаххаси магистратура таҳия карда мешавад. Талабот ба қисми илмию тадқиқотии барномаи магистратура бояд бо Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ мувофиқат кунад. Мазмуни кори илмию тадқиқотӣ дар нақшаи кории инфиродии магистрант дарҷ мегардад;
21. Нақшаи таълимии магистратура иборат аст, аз:
- фанҳо аз рӯи равияҳои махсусгардонидашудаи тайёр кардани магистрҳо;
- фанҳои махсуси тайёр кардани магистрҳо;
- кори илмию тадқиқотӣ ва илмию омӯзгории магистрант;
- аттестатсияи ҷамъбастии давлатии магистрант.
22. Сохтор ва ташкили ҷараёни тайёр намуданн магистрҳо бо нақшаҳои таълимии барномаҳои магистрӣ ва нақшаҳои кории инфиродии магистрантҳо ба тартиб дароварда мешавад.
6. Аттестатсияи ҷамъбастӣ дар магистратура
23. Марҳилаи хотимавии таҳсил дар магистратура аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ мебошад, ки аз ҳимояи рисолаи магистрӣ ва супоридани имтиҳони давлатӣ иборат аст.
24. Аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ аз рӯи барномаи магистрӣ мувофиқи талаботи комиссияи аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
25. Рисолаи магистрӣ бевосита дар кафедра таҳти роҳбарии роҳбари илмии магистрант иҷро карда мешавад. Агар рисола характери байнифаннӣ дошта бошад, ба кафедраи марбут ҳуқуқ дода мешавад, ки аз рӯи бобҳои алоҳидаи рисола (дар доираи соатҳое, ки барои роҳбарии рисолаи магистрӣ ҷудо шудааст) мушовирони илмиро даъват намояд.
26. Ба хатмкунандае, ки имтиҳони магистратураро аз ҳамаи фанҳои барномаи таълимӣ бо баҳои "аъло" (на кам аз 75%), аз фанҳои дигар бошад, бо баҳои "хуб" ва ҳамаи намудҳои санҷиши ҷамъбастии аттестатсиониро бо баҳои "аъло" тамом кардааст, "Дипломи аъло" дода мешавад.
27. Ҳангоми таҳсил дар магистратура магистрантҳо ҳуқуқ доранд, ки имтиҳонҳои номзадиро супоранд.
28. Ба шахсоне, ки нақшаи инфиродиашонро аз рӯи барномаи таҳсилоти магистр пурра иҷро намуда, рисолаи магистриро бомуваффақият ҳимоя карда, имтиҳони хатмкуниро супоридаанд, дараҷаи тахассусии "Магистр" дода мешавад. Намунаи давлатии дипломи магистр аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад .
29. Ба хатмкардагонии магистратура замимаи диплом бо нишон додани мавзӯи рисолаи магистрӣ дода мешавад. Дар тарафи дигари замимаи дипломи магистр фанҳои дар давоми ду сол омӯхташуда дарҷ карда мешавад.
7. Таҷрибаомӯзии илмию тадқиқотӣ (истеҳсолӣ)
30. Таҷрибаомӯзии илмию тадқиқотӣ (истеҳсолӣ) ҳангоми таҳсил дар магистратура ба роҳ монда шуда, ҳар сол 8 ҳафтаи таълимиро дар ҳаҷми 112 соат фаро мегирад.
31. Таҷрибаомӯзии омӯзгории дохили муассисаи таҳсилоти олӣ бояд на камтар аз 60 соат машғулиятро бо донишҷӯёне, ки дар бакалавриат таҳсил менамоянд, дар бар гирад. Таҷрибаомӯзӣ мувофиқи нақшаи инфиродии магистрант дар ҷараёни соли таҳсил гузаронида мешавад.
32. Ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ роҳбари илмӣ сарварӣ намуда, ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзӣ дар кафедраи тахассусӣ нигоҳ дошта мешавад.
8. Вазифа ва ӯҳдадориҳои магистр
33. Магистр бояд:
- муҳимтарин ғояҳои таърихи фалсафаи ҷаҳониро донад;
- роҷеъ ба пайдоиш, сарчашма ва самти ташаккули фарҳангу тамаддуни муосир маълумот дошта бошад;
- тамоюли муҳими ташаккули ҷомеа ва соҳаи асосии муносибатҳои ҷамъиятӣ аз ҷумла сиёсат ва фарҳангро аз худ намояд;
- оид ба таърих ва тамоюли ташаккули ихтисоси худ маълумот дошта бошад;
- вобаста ба ихтисос малакаи такмилёфтаи муносибати шахсӣ, роҳбарӣ ва истеъдоди гуфтугӯиро дошта бошад;
-тағйир додани сохтори мазмуну ҷараёни таълим, наздик шудан ба пешрафти назарияи илмӣ, такя ба назария, системаи дониш, ҷанбаи илмию методӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва гузаштан ба системаи нави дидактикиро дарк намояд;
-Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ватани азизи худро дӯст дорад;
-рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром намояд;
-забони давлатӣ - забони адабии тоҷикиро донад, пок нигоҳ дорад ва баҳри рушду нумӯи он кӯшиш намояд;
-на камтар аз ду забони байналмилалиро аз бар намуда, бо яке аз онҳо мақола ва тадқиқоти илмӣ навишта тавонад ва андешаашро хаттиву шифоҳӣ дар сатҳи соҳибзабон ифода намояд.
-таъриху фарҳанги халқи тоҷикро омӯзад ва ба ҳаводиси он баҳои дуруст дода тавонад;
-миллати худро дӯст дорад, баҳри ваҳдат, якпорчагӣ ва осудагии кишвари худ кӯшиш ба харҷ диҳад ва миллатҳои дигарро эҳтиром намояд;
-комёбиҳои илму техникаи замони муосир ва технологияи иттилоотиро аз бар намуда, барои такмили пешрафти илму техника кӯшиш намояд;
-бояд бо компютер ва интернет кор карда тавонад.
9. Вазифаҳои мансабии магистр
34. Магистр дар соҳаи илм: зери роҳбарии иҷрокунандаи масъул (роҳбар) тадқиқоти илмӣ-амалиро оид ба фаслҳои (даврҳо, супоришҳо) мавзӯъ мутобиқан ба методикаи муқарраршуда ба сомон мерасонад. Дар гузаронидани таҷрибаҳо ширкат меварзад, назорат ва санҷишҳо гузаронида, дар асоси онҳо хулосаҳо медиҳад. Дар тадқиқотҳои илмии худ аз муваффақиятҳои навини илм ва техникаи ватанӣ ва ҷаҳонӣ истифода менамояд. Дар кори амалан ҷорӣ намудани натиҷаҳои тадқиқот ва кори конференсияҳо ва семинарҳо, чопи корҳои илмӣ иштирок мекунад.
35. Магистр дар соҳаи истеҳсолот: фаъолияти худро дар асоси истифодаи васеи техника ва технологияи навтарин, шаклҳои пешқадами идоракунӣ ва ташкили меҳнат, меъёрҳои дар чорчӯбаи илман асоснокшудаи маблағгузорӣ ва сарфи меҳнат, омӯзиши талаботи бозор ва таҷрибаи пешқадам (ватаниву хориҷӣ) ба роҳ мемонад. Дастовардҳои иқтисодиёти ватанӣ ва хориҷиро омӯхта, ҳамаи восита ва имкониятҳоро барои баланд бардоштани дараҷаи таҷҳизонии техникии истеҳсолот ва сифати маҳсулот (хизматрасонӣ), самаранокии истеҳсолот, окилона истифода бурдани захираҳои истеҳсолӣ истифода мекунад.
36. Магистр дар соҳаҳои иҷтимоӣ: дар корҳои истифодаи технологияи нави иттилоотӣ иштирок менамояд, корхона ва кормандони алоҳидаи онро бо ахбори тоза, дастовардҳои ватаниву хориҷии илмӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва таҷрибаи пешқадами истеҳсолӣ таъмин мекунад, бо мақсади баланд бардоштани донишҳои илмӣ-техникии кормандон, созмон додани фазои хуби иттилоотии корхона семинарҳо ва конференсияҳо созмон медиҳад, ба чопи корҳои илмӣ мусоидат менамояд. Магистр дар кори ҷорӣ намудани воситаҳои технологияи компютерӣ дар фаъолияти хадамоти сотсиологӣ ва пурқувват гардонидани пояи иттилоотии он фаъолона ширкат меварзад. Тарзу усулҳои фаъолияти омӯзгориро васеъ истифода мебарад.
10. Таҳияи рисолаи магистрӣ
37. Таҳияи рисолаи магистрӣ дар тӯли тамоми давраи таҳсил дар магистратура идома меёбад. Тибқи нақшаи инфиродӣ ва мӯҳлатҳои дар он муқарраргардида магистрант бояд оид ба рафти иҷрои кор дар назди роҳбари илмӣ, роҳбари магистратура ва кафедраи марбут ҳисобот диҳад.
Рисолаи магистрӣ дар охири семестри хотимавӣ дар ҷаласаи комиссияи аттестатсионии давлатӣ (КАД) дифоъ карда мешавад.
38. Шахсоне, ки магистратураро бо дипломи аъло хатм мекунанд, дар асоси қарори комиссияи давлатии аттестатсионӣ ба аспирантура ва барои ба даст оварданн дараҷаи илмии доктори илм (DPhd) ба муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ тавсия карда мешаванд.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2007 № 650
тасдиқ шудааст
Низомномаи магистратура
1.Қоидаҳои умумӣ
Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ таҳия шудааст.
1. Магистратура зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Таъсис додани магистратура таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стандарти байналмилалии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад.
2. Магистратура бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар донишкада, академия ва донишгоҳҳое, ки шӯъбаи аспирантура ва докторантура, инчунин имконияти илмию методӣ, заминаи хуби моддӣ, техникӣ ва таълимӣ доранд, таъсис дода мешавад. Мӯҳлати таҳсил дар шакли рӯзонаи магистратура ду сол ва дар шакли ғоибона се сол муқаррар карда шудааст.
Шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд дар равия ва ихтисоси ба дипломашон мувофиқ дар магистратура таҳсил намоянд.
2. Қабул ба магистратура
3. Ба магистратура шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё мутахассис доранд, қабул карда мешаванд. Довталабон аз рӯи тахассуси интихобнамудаашон реферат пешниҳод намуда, ба тариқи сӯҳбат аз озмун мегузаранд.
Барои шахсоне, ки дипломҳои онҳо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат намекунад, аз рӯи талаботи муайяннамудаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсил дар магистратура имтиҳонҳои ҳатмӣ муқаррар карда мешавад.
4. Агар дохилшавии довталаб ба магистратура ба вақти мактаби олиро хатм кардани ӯ рост ояд, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии хатми муассисаи олии таълимӣ аз рӯи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте, ки баҳои имтиҳони ҷамъбастии ихтисос аз бахои "хуб" паст набошад). Агар дохилшавӣ ба магистратура пас аз як соли хатм сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи аъло довталабон имтиҳон месупоранд.
Ба магистратура то 20 % хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия мешаванд.
5. Аз рӯи натиҷаи сӯҳбат ва имтиҳони дохилшавӣ ба довталаб баҳо дода мешавад. Холи миёна аз рӯи замимаи дипломи таҳсилоти олӣ муқаррар карда мешавад. Низоми баҳодиҳиро комиссияи қабул аз руи пешниҳоди факултетҳои марбута муқаррар менамояд.
6. Шахсоне, ки ба магистратура дохил мешаванд, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
-аризаи шахсӣ ба номи ректор бо нишон додани равияи магистратура ва ихтисоси он;
-дипломи таҳсилоти олии касбӣ ва замимаи он;
-тавсияномаи комиссияи аттестатсионии давлатӣ барои дохилшавӣ ба магистратура;
-дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пешрафти корҳои илмӣ, таълимию методӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, малакаи кор дар компютер, нусхаи мақолаҳои илмӣ ва ғайра.
3. Ташкили ҷараёни таълим дар магистратура
7. Таҳсил дар магистратура аз 1 сентябр тибқи фармони ректор оғоз мегардад, ки дар он равияи магистратура, ихтисос ва роҳбари илмии тасдиқгардида нишон дода мешавад.
8. Таҳсил дар магистратура дар асоси нақшаи таълимии таҳиянамудаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки мутобики Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумхурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ва ҳамчунин нақшаи инфиродии магистрант ба роҳ монда мешавад.
9. Сарбории ниҳоии аудитории магистр дар шӯъбаи рӯзона дар як ҳафта 14 соатр ташкил медиҳад. Барои назорати иҷрои нақшаи инфиродӣ аттестатсияи ҷорӣ аз рӯи ҳамаи фанҳо дар шакли имтиҳон, санҷиш, рейтинг, санҷиши тафриқавӣ ва тест пешбинӣ карда мешавад. Миқдори умумии имтиҳон дар давраи таҳсил вобаста ба барномаи интихобнамуда на камтар аз 6 муқаррар карда мешавад.
10. Таҳсили магистрант дар магистратура мувофиқи нақшаи кории инфиродӣ, ки дар асоси нақша ва барномаи таълимии магистратура таҳия шудааст, ташкил карда мешавад. Нақшаи кории инфиродии магистрант аз рӯи нақшаи намунавӣ аз тарафи роҳбари илмии магистрант бо иштироки роҳбари магистратура ва мудири кафедраи марбут таҳия шуда, бо қарори кафедра тасдиқ ва дар кафедра муҳокима мегардад.
11. Нақшаи кории инфиродии магистрантро шӯъбаи таълими муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ карда, он дар кафедраи магистратура (асл) ва нусхаи он дар дасти магистрант нигоҳ дошта мешавад.
12. Нақшаи инфиродӣ мазмун ва ҳаҷми машғулиятҳоро барои тайёр кардани магистрант бо назардошти тахассуси касбӣ ва илмии он муайян менамояд. Қисми таълимии нақшаи инфиродӣ номгӯи пурраи фанҳои таълимии тамоми силсилаҳоро бо нишон додани соатҳои умумӣ барои ҳар як фан, миқдори соатҳои аудиторӣ ва ҳамчунин намуд ва мӯҳлатҳои аттестатсияи фосилавиро дар бар мегирад. Номгӯи фанҳои равия бояд ба нақшаи магистратура пурра мувофиқат кунад.
13. Машғулиятҳои таълимӣ аз тарафи шӯъбаҳо ва кафедраҳои заминавӣ, ки барои таълим масъуланд, гузаронида мешаванд. Барои ташкили таълим шаклҳои зерини машғулиятҳо истифода бурда мешаванд:
-машғулият дар шӯъбаҳои магистратура ва омӯзиши фанҳое, ки барои ҳамаи ихтисосҳо ҳатмианд;
-машғулият дар бахшҳо аз рӯи самтҳо барои омӯзиши фанҳое, ки танҳо барои магистрантҳои ҳамин равия ҳатмиянд;
-машғулияти инфиродӣ бо магистрант, омӯзиши мустақилонаи фанҳои таълимӣ ва асарҳои илмӣ.
4. Роҳбарии кори магистрант
14. Рохбарии илмиро роҳбари магистратура амалӣ менамояд. ӯ роҳбарии қисми умумии таълимӣ ва илмии барномаи магистратураро таъмин менамояд ва иҷрои нақшаи таълимии инфиродии магистрантҳоро назорат мекунад. Роҳбари барномаи магистратура бояд профессори штатӣ, доктори илми соҳаи марбут бошад. Тибқи қарори Шӯрои илмии донишгоҳи заминавӣ роҳбарии барномаи магистратураро метавонад дотсенте, ки таҷрибаи кории на камтар аз 5 сола дорад, ба ӯҳда гирад.
15. Роҳбарии бевоситаи барномаи магистрантро роҳбари илмӣ амалӣ мегардонад ва дар таҳияи нақшаи инфиродии таълимии магистрант иштирок намуда, назорат ва иҷрои онро таъмин месозад.
Роҳбари илмӣ бо пешниҳод ва қарори кафедра дар Шӯрои илмии факултет аз ҷумлаи мутахассисони баландихтисос, ки аз рӯи мавзӯи барномаи магистратура тадқиқоти илмӣ мебарад ва чун қоида дар муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд, таъин карда мешавад.
Шумораи рисолаҳои магистирант, ки таҳти роҳбарии як омӯзгор иҷро мешаванд ба тариқи зайл муайян карда мешавад:
- номзади илм, саромӯзгор; номзади илм дотсент то 3 нафар;
- доктори илм, профессор то 4 нафар;
- мудири кафедра, профессор то 3 нафар;
- мудири кафедра, дотсент 2 нафар.
16. Роҳбари илмӣ корҳои омодагиро зери назорати умумии мудири кафедра ва роҳбари магистратура ба роҳ мемонад ва аз натиҷаи корҳои ба сомон расонидашуда ҳар се моҳ як маротиба ба кафедра ва роҳбари магистратураи муассисаи таълимӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.
5. Талаботи умумӣ ба барномаи магистратура
17. Барномаи таълимии магистрант аз ду қисми таркибӣ - таҳсилотӣ ва тадқиқотӣ иборат мебошад.
18. Қисми таълимии барномаи магистратура силсилаи фанҳои равиявӣ ва фанҳои ихтисосиро дар бар мегирад. Силсилаи фанҳои равиявӣ аз қисмати фанҳои ихтисосӣ ва фанҳои интихобӣ иборат мебошад. Силсилаи фанҳои махсус аз фанҳои махсуси барномаи омодасозии магистр (аз рӯи равияи додашуда) ва барномаи мушаххаси магистратура, ки барои амалӣ намудани он талаботи махсус пешбинӣ шудааст, иборат аст. Таркиб ва мазмуни силсилаи фанҳои махсус аз рӯи талаботи тахассуси магистрант ҳангоми амалисозии барномаи мушаххаси магистратура муайян мегардад.
19. Қисми илмию тадқиқотии барномаи магиструра аз кори илмию тадқиқотӣ ва методӣ иборат мебошад, ки барои омодасозии рисолаи магистрант истифода мешавад.
20. Барномаҳои илмию тадқиқотӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси барномаи мушаххаси магистратура таҳия карда мешавад. Талабот ба қисми илмию тадқиқотии барномаи магистратура бояд бо Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ мувофиқат кунад. Мазмуни кори илмию тадқиқотӣ дар нақшаи кории инфиродии магистрант дарҷ мегардад;
21. Нақшаи таълимии магистратура иборат аст, аз:
- фанҳо аз рӯи равияҳои махсусгардонидашудаи тайёр кардани магистрҳо;
- фанҳои махсуси тайёр кардани магистрҳо;
- кори илмию тадқиқотӣ ва илмию омӯзгории магистрант;
- аттестатсияи ҷамъбастии давлатии магистрант.
22. Сохтор ва ташкили ҷараёни тайёр намуданн магистрҳо бо нақшаҳои таълимии барномаҳои магистрӣ ва нақшаҳои кории инфиродии магистрантҳо ба тартиб дароварда мешавад.
6. Аттестатсияи ҷамъбастӣ дар магистратура
23. Марҳилаи хотимавии таҳсил дар магистратура аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ мебошад, ки аз ҳимояи рисолаи магистрӣ ва супоридани имтиҳони давлатӣ иборат аст.
24. Аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ аз рӯи барномаи магистрӣ мувофиқи талаботи комиссияи аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
25. Рисолаи магистрӣ бевосита дар кафедра таҳти роҳбарии роҳбари илмии магистрант иҷро карда мешавад. Агар рисола характери байнифаннӣ дошта бошад, ба кафедраи марбут ҳуқуқ дода мешавад, ки аз рӯи бобҳои алоҳидаи рисола (дар доираи соатҳое, ки барои роҳбарии рисолаи магистрӣ ҷудо шудааст) мушовирони илмиро даъват намояд.
26. Ба хатмкунандае, ки имтиҳони магистратураро аз ҳамаи фанҳои барномаи таълимӣ бо баҳои "аъло" (на кам аз 75%), аз фанҳои дигар бошад, бо баҳои "хуб" ва ҳамаи намудҳои санҷиши ҷамъбастии аттестатсиониро бо баҳои "аъло" тамом кардааст, "Дипломи аъло" дода мешавад.
27. Ҳангоми таҳсил дар магистратура магистрантҳо ҳуқуқ доранд, ки имтиҳонҳои номзадиро супоранд.
28. Ба шахсоне, ки нақшаи инфиродиашонро аз рӯи барномаи таҳсилоти магистр пурра иҷро намуда, рисолаи магистриро бомуваффақият ҳимоя карда, имтиҳони хатмкуниро супоридаанд, дараҷаи тахассусии "Магистр" дода мешавад. Намунаи давлатии дипломи магистр аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.