Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2007№ 650
тасдиқ шудааст
Низомномаи бакалавриат
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
1. Қоидаҳои умумӣ
Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ таҳия шудааст.
1. Бакалавриат зинаи аввали (заминавии) таҳсилоти олии касбӣ буда, бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо мутахассисони баландихтисос таъсис дода мешавад.
2. Бакалавриат таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити мусоид муҳайё месозад ва баробарарзишии онҳоро таъмин менамояд.
3. Мӯҳлати таҳсил барои дарёфти дараҷаи бакалавр дар шӯъбаи рӯзона на камтар аз чор сол ва дар шӯъбаи ғоибона на камтар аз панҷ сол муқаррар карда мешавад.
2. Қабул ба бакалавриат
4. Ба бакалавриат дар асоси озмун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошанд, тибқи Қоидаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ қабул карда мешаванд.
5. Шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрвандӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бакалавриат дар асоси шартнома, инчунин мувофиқи созишномаҳои байнидавлатӣ қабул карда мешаванд.
6. Ба гурӯҳи шартномавии бакалавриат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, ки дорои ҳуҷҷати баробарэътирофи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошанд, қабул карда мешаванд.
7. Миқдори ҷойҳои буҷетии қабули донишҷӯён барои таҳсил аз рӯйи барномаҳои бакалавриат, ки дар асоси замимаи иҷозатнома дар бораи пешбурди фаъолияти таълимӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дода шудааст, бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди маблағҳои ҷудошуда муайян карда мешавад .
8. Довталабон барои дохил шудан ба бакалавриат ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- ариза ба номи ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
- ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ (намунаи давлатӣ, ё нусхаи асли дипломи эътирофкардашуда;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 086/У);
- 6 адад сурат (андозаи 3x4);
- шиноснома ё шаҳодатнома дар бораи таваллуд;
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
- тавсифнома.
9. Шаҳрвандони хориҷӣ ба бакалавриат дар асоси талаботи зерин қабул карда мешаванд:
- мутобиқи созишномаҳои байнидавлатӣ;
- дар ҳудуди бурсияҳои муқарраршуда бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- мувофиқи шартномаи дутарафа бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ризоияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи меъёри нишондодҳои теъдоди донишҷӯён ва риояи талаботи Низомномаи мазкур .
3. Ташкили ҷараёни таълим
10. Таҳсил дар бакалавриат аз 1 сентябр оғоз мегардад.
11. Таҳсил дар бакалавриат дар асоси нақша ва барномаҳои таълимии таҳиянамудаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки мутобиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудаанд ва аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, ба роҳ монда мешавад .
12. Сарбории умумии ихтисоси "бакалавриат" дар як ҳафта бояд аз 54-60 соат зиёд набошад. Сарбории фаъоли аудиторӣ (машғулиятҳои амалӣ, назариявӣ ва таҷрибавие, ки аз ҷониби омӯзгор гузаронида мешаванд) дар як ҳафта аз 27 то 30 соат муқаррар карда мешавад.
13. Шаклҳои назорати иҷрои нақшаи таълимӣ дар бакалавриатимтиҳон, санҷиш, рейтинг, санҷиши тафриқавӣ ва тест муқаррар карда мешавад.
14. Қисмати таълимии барномаи бакалавриат силсилаи фанҳои гуманитарӣ, табиатшиносию риёзӣ ва фанҳои тахассусиро дар бар мегирад.
4. Таҷрибаомӯзӣ дар бакалавриат
15. Таҷрибаомӯзӣ дар бакалавриат тибқи нақшаи таълимии ихтисос ба роҳ монда мешавад.
16. Мақсади асосии таҷрибаомӯзи мустаҳкам кардани донишҳои назариявӣ ва амалӣ, баланд бардоштани сатҳи қобилияти касбӣ, сайқал додани малака, маҳорат ва истеъдоди касбии бакалавр аст, ки барои татбиқи пурраи донишҳои назариявӣ дар амал мусоидат менамояд.
17. Таҷрибаомӯзӣ барои ташаккули қобилияти касбӣ, маданияти пешбурди мустақилонаи фаъолияти истеҳсолӣ, амалӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ, илмӣ-озмоишӣ, омӯзгорӣ ва техникӣ-технологии бакалавр мусоидат мекунад.
18.Таҷрибаомӯзӣ масъулияти бакалаврро нисбат ба кор баланд бардошта, муносибати шахсии ӯро ба касби интихобкардааш қавӣ мегардонад.
19.Таҷрибаомӯзии бакалавр дар доираи талаботи асноди меъёрии ҳуқуқии системаи маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда мешавад.
20.Бакалавр дар асоси роҳхати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисае фиристода мешавад, ки ба касби интихобкардааш мувофиқ аст. Рӯзнома, роҳхат, тавсифнома оид ба фаъолияти таҷрибаомӯзии касбӣ ва маълумотнома ҳуҷҷатҳои асосии таҷрибаомӯзии бакалавр мебошанд.
5. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои бакалавр
21. Бакалавр шахсест, қи соҳиби таҳсилоти олии касбии (заминавӣ) буда, доир ба назария ва амалияи ихтисоси худ донишу малака ва маҳорати касбӣ дошта, дорои қобилияти навиштани кори илмӣ мебошад.
22. Бакалавр ҳуқуқ дорад:
-дар таҳлили мазмуни барномаҳои таълимии таҳсилоти худ аз рӯи риояи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ иштирок намояд;
-фанҳои факултативӣ (барои самти таълим) ва ҳатмиро, ки аз ҷониби факулта ва кафедраи дахлдор пешниҳод мегардад, интихоб намояд;
-дар баробари фанҳои асосии соҳаи интихобшуда, фанҳои таълимии ихтисосҳои дигарро, ки дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таълим дода мешаванд, аз худ намояд;
-корҳои курсӣ, лабораторӣ, реферативӣ, маърӯзаҳои илмӣ-тадкиқотиро таҳия карда, онҳоро дар кафедра баррасӣ намояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисоси ҳарбӣ гирад;
-тибқи ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шакли таълими ғайриройгон ба шакли таълимии ройгон гузарад;
-дар муҳокима ва ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла ба воситаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатии идораи маориф ширкат варзад;
-ба таври ройгон аз фонди китобхонаҳо, фондҳои иттилоотии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, хизматрасонии бахшҳои таълимӣ, илмӣ, табобатӣ ва бахшҳои дигари муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки Оинномаи муассисаи мазкур нишон дода шудаанд, истифода барад;
-дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, конференсияву симпозиумҳо ва маҳфилу созмонҳо иштирок намояд;
-асарҳои таълифнамудаи худро барои муҳокима ва чоп ба Шӯрои илмии муассисаи таълимӣ пешниҳод намояд;
-оид ба амру фармонҳои маъмурияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кунад.
23. Бакалавр ҳуқуқ дорад стипендияи таъинкардаи шахсони вокеӣ ва ё ҳуқуқиро, ки вайро барои таҳсил фиристодааст ва ҳамчунин стипендияҳои номиро дар асоси Низомномаи таъин ва пардохти стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гардад.
24. Бакалавре, ки дар шӯъбаҳои рӯзона аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ таҳсил мекунад, ба андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стипендия мегирад.
25. Бакалавре, ки дар гурӯҳҳои шартномавии шӯъбаҳои рӯзона бо баҳои аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил мекунад, аз ҳисоби захираҳои дохилии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стипендия мегирад.
26. Ба бакалавр мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида рухсатии академӣ дода мешавад.
27. Бакалавр ҳуқуқ дорад, ки аз хизмати китобхонаҳои давлатӣ ба таври ройгон истифода барад.
28. Барои бакалаври шӯъбаи рӯзона ва шабонаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар як соли таҳсил на камтар аз ду маротиба таътил муқаррар карда мешавад.
29. Бакалаври эҳтиёҷманд ба манзил ҳуқуқ дорад, ки аз хобгоҳҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ истифода барад. Ба ҳар як бакалаври сокини хобгоҳ маъмурияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шартнома мебандад. Намунаи шартномаро мақомоти давлатии идораи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
30. Бакалавр дар мавридҳои зерин аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ карда мешавад:
- бинобар вазъи саломатӣ дар асоси ҳуҷҷати комиссияи тиббию машваратӣ (КТМ);
- бо сабаби гузаштан ба муассисаи олии таълимии дигар;
- барои давомоти нокифоя ;
- барои қарздории академӣ;
- ба таълим шурӯъ накардани донишҷӯ баъд аз рухсатии академӣ;
- дар сурати саривақт напардохтани маблағи таҳсил мувофиқи шартнома;
- дар ҳолати дар мӯҳлат насупоридани се ва зиёда аз он санҷишу имтиҳонҳо;
- барои содир кардани ҷиноят;
- ҳангоми фавтидани донишчӯ;
- барои вайрон кардани интизоми таълим, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва Оинномаи муассисаи олии таълимӣ.
31. Тибқи қонунҳои амалкунанда ба бакалавр кафолати интиқол аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар дода мешавад. Дар мавриди интиқол аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар тамоми ҳуқуқҳои бакалавр нигоҳ дошта мешавад.
6. Вазифаҳои мансабии бакалавр
32. Ҳангоми ба кор қабул намудани бакалавр ба ӯ ҳуқуқи ишғоли вазифаҳое дода мешавад, ки мутобиқи талаботи Таснифоти давлатии равияҳо ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тахассуси "мутахассис" пешбинӣ гардидааст.
33. Бакалавр дар соҳаи илм: оид ба фаслҳои алоҳидаи мавзӯъ тадқиқот ва санҷишҳо мегузаронад; корҳои доир ба тайёр намудани ҳисоботи зарурӣ ва ҳаллу фасл намудани лоиҳаҳои на он қадар мураккабро ба сомон мерасонад.
Дар бораи зинаҳои алоҳидаи кор нақшаҳои корӣ ва барномаҳо месозад. Кори худро дар асосҳои илмӣ ба роҳ монда, бо усули компютерӣ ҷамъ кардан, ба тартиб овардан ва ҳифз намудани маводи иттилоотиро ба ҷо меорад. Адабиёти махсус ва дигар ахбороти илмӣ-техникӣ, таҷрибаи ватанӣ ва ҷаҳониро оид ба мавзӯи тадқиқотиаш меомӯзад. Ҳисоботи давриро дар вақти муқарраршуда таҳия месозад. Дар кори амалӣ намудани натиҷаҳои тадқиқот ва таҷрибаҳояш иштирок менамояд. Дар семинару конференсияҳо ширкат меварзад. Барои ба чоп омода намудани корҳои илмӣ ширкат меварзад.
34. Бакалавр дар истеҳсолот: дар бораи асосҳои лоиҳакашии объектҳои технологӣ, воситаҳои замонавии лоиҳакашии объектҳои технологӣ, воситаҳои замонавии графикаи мошинӣ, дар бораи вазифаҳо ва принсипҳои созмон додани системаи идоракунии автоматикунонидашуда, дар бораи асосҳои илмӣ ва ташкилии усулҳои бартараф намудани садамаҳо, фалокатҳо, офатҳо ва дигар вазъиятҳои истеҳсолӣ тасаввурот дорад, асосҳои муносибатҳои истеҳсолӣ, принсипҳои идоракунро бо назардошти омилҳои техникӣ, молиявӣ ва инсонӣ медонад.
35. Бакалавр дар соҳаи иҷтимоиёт: бо давраҳои муҳими инкишофи донишҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ, равияҳои асосии илм, равандҳо, консепсияҳо, сарчашмаҳои илмҳои гуманитарӣ ва кор кардан бо одамон ошност; шаклҳо ва усулҳои фаъолияти педагогиро медонад, асосҳои таҳлили сотсиологиро аз худ намудааст; тадқикоти амалии вазъи иҷтимоӣ-иқтисодиро дар шаклҳои мушаххаси идоракунӣ ташкил карда метавонад.
7. Аттестатсияи ҷамъбастии бакалавр
36. Марҳилаи хотимавии таҳсил дар бакалавриат аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ мебошад, ки аз ҳимояи кори дипломӣ ва супоридани имтиҳонҳои давлатӣ иборат аст.
37. Аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ аз рӯи барномаи бакалавриат мувофиқи талаботи комиссияи аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
38. Кори дипломии бакалавр бевосита дар кафедра таҳти назорати роҳбари илмии бакалавр иҷро карда мешавад. Агар кори дипломӣ характери байнифаннӣ дошта бошад, ба кафедраи марбута ҳуқуқ дода мешавад, ки аз рӯйи бобҳои алоҳидаи рисола (дар доираи соатҳое, ки барои роҳбарии кори дипломӣ ҷудо шудааст) мушовирони илмиро даъват намояд.
39. Ба хатмкунандае, ки имтиҳони бакалавриатро аз ҳамаи фанҳои барномаи таълимии бакалавриат бо баҳои "аъло" (на кам аз 75%), аз фанҳои дигар бошад, бо баҳои "хуб" ва ҳамаи намудҳои санҷиши ҷамъбастии аттестатсиониро бо баҳои "аъло" хатм кардааст, "Дипломи аъло" дода мешавад.
40. Ба хатмкардаи бакалавриат диплом, замимаи диплом, нусха аз варақаи имтиҳонӣ бо ифодаи мавзӯи кори дипломии бакалавр дода мешавад. Дар замимаи диплом баҳои ҳамаи фанҳое, ки бакалавр дар тӯли таҳсил аз худ намудааст, бо ифодаи шакли назорат (санҷиш, имтиҳон ва аттестатсияи давлатӣ) нишон дода мешавад.
8. Иҷрои кори дипломии бакалавр
41. Таҳияи кори дипломии бакалавр дар соли охири таҳсил ба нақша гирифта мешавад. Тибқи нақшаи инфиродӣ ва мӯҳлатҳои дар он муқарраргардида бакалавр оид ба рафти иҷрои кор дар назди роҳбари кори дипломӣ ҳисобот медиҳад.
42. Кори дипломии бакалавр дар охири семестри хотимавӣ дар ҷаласаи Комиссияи аттестатсионии давлатӣ дифоъ карда мешавад.
43. Бакалавре, ки муассисаи таҳсилоти олии касбиро бо дипломи аъло хатм мекунад, аз рӯи равия ва ихтисос (ё интихобан) ба магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар барои таҳсил тавсия карда мешавад.
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2007№ 650
тасдиқ шудааст
Низомномаи бакалавриат
1. Қоидаҳои умумӣ
Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ таҳия шудааст.
1. Бакалавриат зинаи аввали (заминавии) таҳсилоти олии касбӣ буда, бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо мутахассисони баландихтисос таъсис дода мешавад.
2. Бакалавриат таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити мусоид муҳайё месозад ва баробарарзишии онҳоро таъмин менамояд.
3. Мӯҳлати таҳсил барои дарёфти дараҷаи бакалавр дар шӯъбаи рӯзона на камтар аз чор сол ва дар шӯъбаи ғоибона на камтар аз панҷ сол муқаррар карда мешавад.
2. Қабул ба бакалавриат
4. Ба бакалавриат дар асоси озмун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошанд, тибқи Қоидаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ қабул карда мешаванд.
5. Шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрвандӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бакалавриат дар асоси шартнома, инчунин мувофиқи созишномаҳои байнидавлатӣ қабул карда мешаванд.
6. Ба гурӯҳи шартномавии бакалавриат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, ки дорои ҳуҷҷати баробарэътирофи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошанд, қабул карда мешаванд.
7. Миқдори ҷойҳои буҷетии қабули донишҷӯён барои таҳсил аз рӯйи барномаҳои бакалавриат, ки дар асоси замимаи иҷозатнома дар бораи пешбурди фаъолияти таълимӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дода шудааст, бо пешниҳоди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди маблағҳои ҷудошуда муайян карда мешавад.
8. Довталабон барои дохил шудан ба бакалавриат ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- ариза ба номи ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
- ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ (намунаи давлатӣ, ё нусхаи асли дипломи эътирофкардашуда;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 086/У);
- 6 адад сурат (андозаи 3x4);
- шиноснома ё шаҳодатнома дар бораи таваллуд;
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
- тавсифнома.
9. Шаҳрвандони хориҷӣ ба бакалавриат дар асоси талаботи зерин қабул карда мешаванд:
- мутобиқи созишномаҳои байнидавлатӣ;
- дар ҳудуди бурсияҳои муқарраршуда бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мувофиқи шартномаи дутарафа бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ризоияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи меъёри нишондодҳои теъдоди донишҷӯён ва риояи талаботи Низомномаи мазкур.
3. Ташкили ҷараёни таълим
10. Таҳсил дар бакалавриат аз 1 сентябр оғоз мегардад.
11. Таҳсил дар бакалавриат дар асоси нақша ва барномаҳои таълимии таҳиянамудаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки мутобиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудаанд ва аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, ба роҳ монда мешавад.