×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 № 355 "Дар бораи тухмипарварӣ"

Санаи амалкуни: 03.01.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тухмипарварӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №1, қ.2, мод.20)

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029)

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолият оид ба истеҳсол ё такрористеҳсол, коркард, сертификатсия, фурӯши тухмӣ, ниҳол ва растаниҳо, инчунин ташкил ва бақайдгирии навъҳо ва назорати тухмиро муқаррар мекунад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- тухмипарварӣ - фаъолият оид ба истеҳсол ё такрористеҳсол, коркард, сертификатсия, фурӯши тухмии растаниҳо, инчунин оид ба бақайдгирии навъҳо ва назорати тухмӣ;

- тухмӣ - қисмҳои растанӣ (тухмӣ, дона, мева, лӯндамева, бехмева, пиёзак, қаламча, ниҳол, кӯчат ва ғайра), ки барои такрористеҳсоли навъҳои растаниҳо истифода мешаванд;

- аломатҳои навъӣ - маҷмӯи аломатҳое, ки мансубияти растаниро ба навъи муайян ва тозагии тухмиро дар асоси санҷишҳои саҳроӣ ва лабораторӣ исбот мекунад;

- ҳар як маҷмӯи тухмӣ - миқдори муайяни тухмиҳои аз рӯи пайдоиш ва сифаташон якхела;

- навъ - гурӯҳи ботаникии растаниҳо, ки як воҳиди муайянро ташкил дода, хусусиятҳои фарқкунандагӣ, якшаклӣ ва устувории аломатҳоро доранд;

- назорати кишти тухмӣ дар саҳро - таҳқиқи кишти тухмӣ бо мақсади муқаррар намудани мансубияти онҳо ба навъи муайян, муқаррар намудани тозагии навъӣ ва якшаклии навъ, мавҷуд будани алафҳои бегона ва муайянкунии осеби ба растанӣ ва тухмӣ расонидаи намудҳои касаливу ҳашаротҳои зарраррасони зироатҳои кишоварзӣ;

- назорати навъӣ - чорабиниҳо оид ба муайян кардани тозагии навъ, муқаррар кардани мансубияти растанӣ ва тухмӣ ба навъи муайян тавассути анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лабораторӣ;

- назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ - муқаррар кардани мансубияти растанӣ ва тухмӣ ба навъи муайян ва муқаррар кардани тозагии навъи растанӣ бо роҳи кишти тухмӣ дар қитъаҳои махсус ва омӯзиши минбаъдаи аломатҳои растанӣ;

- назорати тухмӣ - чорабиниҳо оид ба муайян кардани сифати тухмӣ, назорати риояи талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;

- сертификатсияи тухмӣ - системаи таъмини сифати тухмӣ, ки назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лаборатории тухмии навъҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо дохилшударо дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238);

- сифати тухмӣ - маҷмӯи аломатҳое, ки шомил будани тухмиро ба навъи муайяни растанӣ ва киштбоб будани онро тавсиф медиҳанд (ба монанди тозагӣ, қобилияти сабзиш ва солимии тухмӣ);

- ташхиси лабораторӣ - муқаррар кардани нишондиҳандаҳои сифати тухмӣ бо роҳи анҷом додани ташхиси лабораторӣ;

- тухмии гибридӣ - тухмии насли якум, ки дар натиҷаи дурагакунии намудҳои авлодӣ истеҳсол шудааст;

- тухмии муқаррарии растаниҳои ҷангалӣ - тухмие, ки аз растаниҳои ҷангалӣ ҷамъ оварда шудааст;

- тухмии беҳтаргардонидашудаи растаниҳои ҷангалӣ - тухмие, ки аз намунаҳои беҳтарини растаниҳои ҷангалии интихобшуда ва парваришӣ истеҳсол карда мешавад;

- тухмии навъи растаниҳои ҷангалӣ - тухмие, ки аз навъҳои парваришии растаниҳои ҷангалӣ истеҳсол карда мешавад;

- Феҳристи давлатии навъҳо - рӯйхате, ки ба он навъҳо ва дурагаҳои растании аз санҷиши расмӣ гузаронидашуда дохил карда мешавад  (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238);

- Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо - рӯйхате, ки ба он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба истеҳсоли тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо машғулбуда дохил карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).

Моддаи 4. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим менамояд

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки ба амалсозии фаъолияти истеҳсол, такрористеҳсол, коркард, пешниҳоди тухмӣ ба фурӯш, воридот ва содироти навъҳои тухмӣ алоқаманданд, инчунин ҳангоми ташкил ва анҷом додани назорати навъӣ ва тухмӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.

Моддаи 5. Маблағгузорӣ дар соҳаи тухмипарварӣ

Маблағгузорӣ дар соҳаи тухмипарварӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ, инчунин бо роҳи ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ва ватанӣ амалӣ гардонида мешавад.

БОБИ 2. ГУРӯҲҲОИ ТУХМӢ

Моддаи 6. Гурӯҳҳои тухмӣ

Вобаста ба усулҳои сертификатсияи намудҳои гуногуни растанӣ гурӯҳҳои зерини тухмӣ муайян карда мешаванд:

- аслӣ;

- элита;

- репродуксионӣ (тухмии репродуксияҳои якум ва минбаъда, инчунин тухмии гибридии насли якум).

Усулҳои истеҳсоли тухмии гурӯҳҳои дахлдорро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).

Моддаи 7. Тухмии аслӣ

Тухмии аслӣ тухмие мебошад, ки аз тарафи селексионери навъ ё шахси ваколатдоршудаи ӯ истеҳсол карда мешавад.

Селексионери навъ шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки навъи растаниро ба вуҷуд овардааст, нигоҳдории навъ ва ҳифзи маълумоти навъро, ки ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил шудааст, таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Дастурамали бақайдгирии навъро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).

Моддаи 8. Тухмии элита

Тухмии элита тухмиест, ки аз тухмиҳои аслӣ ҳосил шуда, ба талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ мувофиқат мекунад.

Шумораи наслҳои тухмии элитаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029).

Тухмии элита барои истеҳсоли тухмии репродуксионӣ истифода мешавад.

Моддаи 9. Тухмии репродуксионӣ

Тухмии репродуксионӣ тухмии наслҳои минбаъдаи аз тухмии элита рӯёнидашуда мебошад.

Шумораи наслҳои тухмии репродуксиониро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029).

Тухмии гибридии насли якум тухмии репродуксионӣ ба ҳисоб меравад.

Моддаи 10. Гурӯҳҳои тухмии растаниҳои ҷангалӣ

Вобаста ба хусусиятҳои ирсиашон гурӯҳҳои зайли тухмии растаниҳои ҷангалӣ муайян карда мешаванд: муқаррарӣ, беҳтаргардонидашуда, навъӣ.

Ба гурӯҳҳои номбаршуда ҷудо кардани тухмии растаниҳои ҷангалиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238, аз 03.01.2024 № 2029).

БОБИ 3. ТАШКИЛИ ТУХМИПАРВАРӢ

Моддаи 11. Системаи тухмипарварӣ

Системаи тухмипарварӣ маҷмӯи фаъолияти якҷояи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аз ҷиҳати кор ба ҳам алоқамандро ифода мекунад, ки фаъолияти истеҳсоли тухмиро амалӣ менамоянд.

Тартиби амали системаи тухмипарвариро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029).

Моддаи 12. Дастгирии давлатии соҳаи тухмипарварӣ

Дастгирии давлатии соҳаи тухмипарварӣ тавассути чорабиниҳои зерин сурат мегирад;

- ҷудо кардани маблағҳои давлатӣ;

- ҷуброни хароҷот барои истеҳсоли тухмиҳои аслӣ ва элита;

- додани қарзҳои имтиёзнок;

- истифодаи дигар чораҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ.

Моддаи 13. Таъминоти илмии тухмипарварӣ

Таъминоти илмии тухмипарвариро ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, ташкилотҳои илмӣ ва шахсони воқеии бо тадқиқоти илмии соҳаи тухмипарварӣ машғулбуда ба ҷо меоранд.

Моддаи 14. Феҳристи давлатии навъҳо

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, фурӯш ва истифодаи тухмии растаниҳое иҷозат дода мешавад, ки ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).

Ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил ва хориҷ кардани навъҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).

Мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо маълумотро оид ба дохил ва хориҷ кардани навъҳо ба Феҳристи давлатии навъҳо дар нашрия ва сомонаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ нашр ва дохил мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).

Тартиби дохил ва хориҷ кардани навъҳоро ба Феҳристи давлатии навъҳо, инчунин пешбурди онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 14(1). Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Ба Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо маълумот оид ба ном ва суроғаи шахси ҳуқуқӣ, инчунин насаб, ном, номи падар ва суроғаи маҳалли зисти шахси воқеӣ, номгӯи растанӣ ва навъҳои истеҳсолшавандаи тухмии аслӣ ва элитаи растаниҳо дохил карда мешавад.

Истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо ӯҳдадор мебошанд, ки на дертар аз як моҳи оғозшавии фаъолият оид ба истеҳсоли тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ки онро ба Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо дохил менамояд, маълумот пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).

Истеҳсолкунандагони тухмии гуруҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо ӯҳдадоранд дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба зарурати ворид намудани тағйирот ба маълумоти дар қисми дуюми моддаи мазкур пешбинигардида, барои дохил намудан ба Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо маълумот пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ маълумоти дар Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо мавҷудбударо ба сомонаи расмӣ дохил мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).

Тартиби пешбурди Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029).

Моддаи 14(2). Истифодаи навъи растаниҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо вориднашуда

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Тухмии растаниҳое, ки мансубияти навъӣ доранд ва ба Феҳристи давлатии навъҳо ворид карда нашудаанд, барои корҳои зерин истифода бурда мешавад:

- гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, санҷиши давлатии навъҳо ва намоиш;

- барои истеҳсол ва фурӯш берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029);

- кишт дар ҳолатҳои талафёбӣ ё осебёбии кишт (ниҳолҳои кӯчатшуда)-и растаниҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ё мавҷуд набудани тухми дар Фонди суғуртавии тухмии растаниҳо дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).

Тухмии растаниҳои мансубияти навъидошта, ки аз Феҳристи давлатии навъҳо хориҷ карда шудаанд, танҳо дар давоми ду соли баъди хориҷкунӣ истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

БОБИ 4. ИСТЕҲСОЛ ВА КОРКАРДИ ТУХМӢ

Моддаи 15. Талабот нисбати истеҳсоли тухмӣ

Барои истеҳсоли тухмӣ бояд тухмие истифода шавад, ки сифатҳои навъӣ ва гурӯҳҳои он ба талаботи стандарти давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ ҷавобгӯ бошанд.

Бо мақсади истеҳсоли тухмӣ кишт намудани тухмие, ки бо тухми алафҳои бегонаи карантинӣ омехта ва ё бо зараррасонҳо ва касалиҳои карантинии растанӣ сироятнок шудааст, манъ аст.

Моддаи 16. Хусусиятҳои хоси истеҳсоли гурӯҳҳои алоҳидаи тухмӣ

Тухмии аслиро селексионери навъ ё шахси ваколатдори ӯ истеҳсол мекунад.

Тухмии элита ва репродуксиониро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳамчун истеҳсолкунандагони гурӯҳҳои алоҳидаи тухмӣ ба қайд гирифта шудаанд, истеҳсол менамоянд.

Бақайдгирӣ барои истеҳсоли тухмиҳои элита ва репродуксионӣ бо мақсади фурӯши онҳо мутобиқи санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ номгӯи истеҳсолкунандагон, ворид ва содиркунандагони тухмиро тартиб дода, ба низом медарорад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029).

Тухмиҳои гурӯҳҳои алоҳидаи растаниҳои ҷангалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ истеҳсол карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029).

Моддаи 17. Минтақаҳо ва хоҷагиҳои махсуси истеҳсоли тухмӣ

Бо мақсади бо тухмии хушсифат таъмин намудани истеҳсолот ва қонеъ гардонидани талаботи хоҷагиҳои ҷумҳурӣ, ба вуҷуд овардани шароити мусоиди фитосанитарӣ ва технологӣ ҳангоми истеҳсоли тухмии дорои сифати баланди навъӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарвариро, қатъи назар аз шакли моликияташон, муайян мекунад. Дар ин минтақаҳо ва хоҷагиҳо тартиб, талабот ва шароити махсуси истеҳсоли тухмӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029).

Моддаи 18. Истеҳсол ва коркарди тухмӣ

Тартиби истеҳсол ва коркарди тухмӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029).

Истифодаи тухмиҳое, ки моликияти зеҳнӣ мебошанд, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 19. Фонди давлатии тухмӣ

Фонди давлатии тухмӣ аз захираҳои тухмӣ иборат буда, барои минтақаҳое пешбинӣ мешавад, ки дар он ҷо истеҳсоли тухмӣ ба роҳ монда нашудааст ё дар истеҳсоли он имконият маҳдуд аст, инчунин барои кӯмак расонидан ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғулбуда ё дар хоҷагии ҷангал коркунанда ҳангоми ҳолатҳои офати табиӣ ё дигар ҳолатҳои фавқулодда ташкил дода мешаванд.

Барои фонди давлатии тухмӣ тухмиҳое тайёр карда мешаванд, ки дорои сертификати сифати навъӣ ва киштбобӣ мебошанд.

Фонди давлатии тухмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ташкил дода шуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ гардида, моликияти ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029).

Моддаи 20. Фонди суғуртавии тухмии растаниҳо

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Фонди суғуртавии тухмии растаниҳо аз захираҳои тухмии навъҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо воридшуда иборат буда, барои дар ҳолатҳои талафёбӣ ё осебёбии кишти (ниҳолҳои кӯчатшуда) растаниҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулодда барои расонидани кӯмаки бозгашт ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ таъсис дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсоли тухмии растаниҳо машғуланд, тибқи меъёрҳои муайянгардидаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ фонди захиравиро ташкил менамоянд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029).

БОБИ 5. ТАРТИБИ АНҶОМДИҲИИ НАЗОРАТИ НАВЪӢ ВА ТУХМӢ

Моддаи 21. Талаботи умумӣ барои назорати навъӣ ва тухмӣ

Тартиби ташкил ва фаъолияти назорати навъӣ ва тухмиро Қонуни мазкур муайян менамояд.

Назорати навъӣ ва тухмӣ бо мақсади таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ ва санадҳои дар асоси он қабулнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ, инчунин талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи тухмипарварӣ амалкунанда анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029).

Сертификатсияи тухмӣ ва назорати тухмӣ нисбати киштҳо ва тухмии мансуби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие анҷом дода мешавад, ки дар соҳаи тухмипарварӣ фаъолият доранд.

Тухмӣ ва ё ниҳолҳо бояд аз назорати навъӣ ва тухмӣ гузаронида шаванд.

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Сифати тухмӣ дар асоси талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ муайян карда мешавад. Нишондиҳандаҳои сифат барои ҳар як гурӯҳи тухмӣ ва намудҳои растаниҳо муайян карда мешаванд.

Моддаи 21(1). Муайян намудани сифати навъи тухмӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Сифати навъи тухмӣ дар асоси талаботи стандартҳои давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ барои ҳар як гурӯҳи тухмӣ ва намудҳои растанӣ муқаррар карда мешавад.

Тозагии навъ ё мансубияти растанӣ, ки ба Феҳристи давлатии навъҳо ворид карда мешавад, пеш аз ба фурӯш баровардан барои муқаррар намудани сифати навъ бояд ҳатман зери таҳқиқи саҳроӣ, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси лаборатории сифатии навъ қарор гирад.

Сифати навъи тухмии растаниҳо дар асоси гузаронидани таҳқиқи саҳроии кишти растаниҳо, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси лаборатории сифати навъи киштшуда муайян карда мешавад.

Тартиби гузаронидани таҳқиқи саҳроии кишти растаниҳо, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси лаборатории сифати навъи киштшударо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029).

Моддаи 21(2). Санҷиши давлатии навъҳо

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Санҷиши давлатии навъҳо бо мақсади муайян кардани аломатҳои монанд, навин, фарқкунанда ва устувории навъҳо, арзишнокии иқтисодӣ ва биологии онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).

Моддаи 22. Назорати навъӣ

Назорати навъии тухмӣ маҷмӯи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки он аз назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лабораторӣ иборат мебошад.

Барои навъҳои ба фурӯш пешбинишуда дар ҳолати истифодаи нақшаи назорат анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро ҳатмӣ мебошад.

Тартиби анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лабораторӣ, инчунин бақайдгирии киштҳои тухмӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029).

Моддаи 23. Назорати тухмӣ

Назорати сифати тухмӣ бо роҳи интихоб ва ташхиси намунаи тухмӣ амалӣ мегардад.

Интихоб ва ташхиси намунаи тухмӣ аз маҷмӯи тухмии барои фурӯш пешниҳодшуда аз тарафи мақоми давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ ва ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аккредитатсияшуда анҷом дода мешавад.

Тартиби аккредитатсияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои ҳуқуқи интихоби намунаи тухмӣ ва муайян кардани сифати киштбобии тухмии растанӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029).

Интихоби намунаи тухмӣ аз ҳар як маҷмӯи тухмии барои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда ва ташхиси он мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ анҷом дода мешавад.

Моддаи 24. Сертификатсияи тухмӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029)

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ нақшаи сертификатсияи тухмиро барои намудҳои растаниҳои сертификатсияшаванда муайян менамояд.

Ҳар як маҷмчи тухмӣ, ки барои фурчш пешбинӣ шудааст, бояд сертификатсия карда шавад.

Сертификатҳои тасдиқкунандаи навъ ва сифати тухмӣ барои ҳар як маҷмчи тухмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).

Моддаи 25. Шаҳодатномаи навъ ва сифати тухмӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029)

Шаҳодатномаи навъ ва сифат ба тухмии аслӣ, элита ва репродуксионӣ дар асоси ташхиси лабораторӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).

БОБИ 6. МАРКЕТИНГИ ҲАР ЯК МАҶМӯИ ТУХМӢ

Моддаи 26. Фурӯши ҳар як маҷмӯи тухмӣ

Фурӯши ҳар як маҷмӯи тухмӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ амалӣ гардонида мешавад.

Ҳар як маҷмӯи тухмӣ ҳангоми фурӯш бояд дар борҷома ҷойгир шуда бошад ва борҷомаю воситаҳои борбандии он тамғаи муқарраршуда дошта бошанд.

Ҳар як маҷмӯи тухмие, ки бо маводи кимиёвӣ ё биологӣ коркард шудааст, бояд дар борҷома ҷой карда шавад. Борҷома ва воситаҳои борбандии ин гуна тухмиҳо бояд навиштаҷоти дахлдор ва ҳуҷҷатҳои бо он ҳамроҳ фиристодашаванда дошта бошанд, ки дар онҳо тартиби истифодаи чунин тухмӣ ва маълумот дар бораи эҳтимоли таъсири манфии он ба саломатии инсон ва муҳити зист зикр карда шавад.

Ҳангоми фурӯши ҳар як маҷмӯи тухмӣ дар борҷома ва воситаҳои борбандии он, тамға, ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ фиристодашаванда зикр кардани маълумоти ба навъи растанӣ, пайдоиш ва сифати тухмӣ аслан номувофиқ, инчунин паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи ҳар як маҷмӯи тухмӣ дар воситаҳои ахбори омма манъ аст.

Тартиби фурӯши ҳар як маҷмӯи тухмиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо назардошти талабот нисбати тухмӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029).

Моддаи 27. Воридот ва содироти ҳар як маҷмӯи тухмӣ

Ба воридоти ҳар як маҷмӯи тухмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мавҷуд будани сертификати сифати навъию киштбобӣ, иҷозати воридотии карантинӣ ва ҷавобгӯ будани ҳар як маҷмӯи тухмии мазкур ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).

Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани ҳар як маҷмӯи тухмӣ дар ҳолати рехта (бе борҷома), инчунин ҳар як маҷмӯи тухмие, ки навъи онҳо ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил нашудаанд, ба истиснои ҳар як маҷмӯи тухмие, ки барои таҳқиқоти илмӣ, санҷишҳои давлатӣ, истеҳсоли тухмии барои содирот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Ҳар як маҷмӯи тухмии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда бояд таҳти назорати сифати тухмӣ ва фитосанитарӣ қарор гирад.

Ҳар як маҷмӯи тухмӣ, ки барои содирот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, бояд дорои сертификати сифати навъӣ ва киштбобии тухмӣ ва сертификати фитосанитарӣ мутобиқ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бошад.

Воридот ва содироти ҳар як маҷмӯи тухмӣ дар мавридҳои хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

Сертификати фитосанитарӣ ва иҷозати воридотии карантинӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).

Тартиби додани сертификати фитосанитарӣ ва иҷозати воридотии карантиниро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029).

Назорати воридот ва содироти ҳар як маҷмӯи тухмиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029).

Тартиби воридот ва содироти ҳар як маҷмӯи тухмиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 28. Кафолати сифати тухмӣ

Шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии фурӯшандаи ҳар як маҷмӯи тухмӣ кафолат медиҳанд, ки навъ ва сифати ҳар як маҷмӯи тухмии фурӯхташаванда ба маълумоти дар сертификати дахлдор нишондодашуда мутобиқ мебошанд.

Дар сурати ба сертификати дахлдор мувофиқат накардани навъ ва сифати ҳар як маҷмӯи тухмии фурӯхташаванда шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба фурӯши чунин тухмӣ машғуланд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

БОБИ 7. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ТУХМИПАРВАРӢ

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Моддаи 29. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029)

Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва бехатарии озуқаворӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).

Моддаи 29(1). Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тухмипарварӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тухмипарварӣ дохил мешаванд:

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;

- тасдиқ намудани барномаҳои рушди соҳаи тухмипарварӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029);

- муайян намудани самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;

- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба танзим ва рушди соҳаи тухмипарварӣ;

- амалӣ намудани дигар салоҳият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 29(2). Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар самти тухмипарварӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029)

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар самти тухмипарварӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;

- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани барномаҳои рушди соҳаи тухмипарварӣ;

- тасдиқи нақшаи истеҳсоли тухмии растаниҳо;

- таҳия ва тасдиқи тартиби фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ;

- таъмини тасвиби расмии дастовардҳои нави селексионӣ дар соҳаи тухмипарварӣ, баҳисобгирии истеҳсоли тухмии растаниҳо;

- таҳлил ва мониторинги фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар самти истеҳсоли тухмӣ;

- муайян намудани тартиби истифодаи навъҳои тухмии растаниҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил карданашуда;

- бо тартиби муқарраргардида амалӣ намудани содирот ва воридоти тухмии растаниҳо;

- амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тухмипарварӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).

Моддаи 29(3). Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дар самти тухмипарварӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029)

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дар самти тухмипарварӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- амалӣ намудани назорат ва танзими фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ;

- сертификатсияи тухмии ба фурчш пешниҳодшуда, назорати кишти навъи тухмӣ дар саҳро ва қитъаҳои санҷишӣ, ташхиси лаборатории сифати навъӣ ва киштбобии тухмӣ;

- амалӣ намудани фаъолияти ташкилию методӣ, назорати таъмини риояи стандартҳои давлатӣ ва қоидаҳои байналмилалӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;

- назорати содирот ва воридоти тухмии растаниҳо;

- муқаррар намудани меъёрҳои илман асоснокшудаи сифати тухмӣ ва таҷҳизоти техникии ташхиси сифати тухмӣ;

- муқаррар намудани тартиби истифодаи борҷомаю воситаҳои борбандӣ, тамға, нигоҳдорӣ ва интиқоли тухмии растаниҳо;

- амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ оид ба назорати фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).

Моддаи 29(4). Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029)

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ тадбирҳои зеринро амалӣ менамоянд:

- таҳияи барномаҳо, нақшаи чорабиниҳои минтақавӣ дар соҳаи тухмипарварӣ, пешниҳоди онҳо барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (ноҳия) ва назорати иҷрои онҳо;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 30. Ташкилотҳое, ки бақайдгирии навъҳо ва назорати навъию тухмиро амалӣ менамоянд

Бақайдгирии навъҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029).

Назорати навъӣ ва тухмиро нисбати кишти тухмӣ ва сифати ҳар як маҷмӯи тухмӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238аз 03.01.2024 № 2029).

Моддаи 31. Назорати давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029)

Роҳбарон ва кормандони дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ фаъолияти худро дар самти тухмипарварӣ тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).

Моддаи 31(1). Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи тухмипарварӣ

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029)

Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи тухмипарварӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2029).

Моддаи 32. Пешниҳоди хизматрасонии пулакӣ

Ташкилотҳое, ки барои анҷом додани санҷиш ва бақайдгирии навъҳо, назорати кишти тухмӣ, назорати сифати тухмӣ ва додани сертификатҳои гуногун ва тамғаҳо барои борҷомаҳои тухмӣ мутасаддӣ мебошанд, ҳуқуқ доранд аз тарафҳои манфиатдор дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои расонидашуда ҳаққи пардохт талаб намоянд ва истифодаи минбаъдаи ин маблағро тибқи қонунгузорӣ амалӣ гардонанд.

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 33. Ҳалли баҳсҳо ҳангоми фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ

Баҳсҳое, ки ҳангоми фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ ба амал меоянд, аз тарафи суд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

Моддаи 34. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқукӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" аз 2 декабри соли 2002 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, №11, мод. 693, соли 2005, № 12, мод. 636, соли 2007, №6, мод. 439) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 36. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                          Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 5 январи соли 2008 № 355

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                С. Хайруллоев

ш. Душанбе 

 28 ноябри соли 2007 № 802

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи тухмипарварӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе 

 19 декабри соли 2007 № 434

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тухмипарварӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №1, қ.2, мод.20)

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолият оид ба истеҳсол ё такрористеҳсол, коркард, сертификатсия, фурӯши тухмӣ, ниҳол ва растаниҳо, инчунин ташкил ва бақайдгирии навъҳо ва назорати тухмиро муқаррар мекунад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- тухмипарварӣ - фаъолият оид ба истеҳсол ё такрористеҳсол, коркард, сертификатсия, фурӯши тухмии растаниҳо, инчунин оид ба бақайдгирии навъҳо ва назорати тухмӣ;

- тухмӣ - қисмҳои растанӣ (тухмӣ, дона, мева, лӯндамева, бехмева, пиёзак, қаламча, ниҳол, кӯчат ва ғайра), ки барои такрористеҳсоли навъҳои растаниҳо истифода мешаванд;

- аломатҳои навъӣ - маҷмӯи аломатҳое, ки мансубияти растаниро ба навъи муайян ва тозагии тухмиро дар асоси санҷишҳои саҳроӣ ва лабораторӣ исбот мекунад;

- ҳар як маҷмӯи тухмӣ - миқдори муайяни тухмиҳои аз рӯи пайдоиш ва сифаташон якхела;

- навъ - гурӯҳи ботаникии растаниҳо, ки як воҳиди муайянро ташкил дода, хусусиятҳои фарқкунандагӣ, якшаклӣ ва устувории аломатҳоро доранд;

- назорати кишти тухмӣ дар саҳро - таҳқиқи кишти тухмӣ бо мақсади муқаррар намудани мансубияти онҳо ба навъи муайян, муқаррар намудани тозагии навъӣ ва якшаклии навъ, мавҷуд будани алафҳои бегона ва муайянкунии осеби ба растанӣ ва тухмӣ расонидаи намудҳои касаливу ҳашаротҳои зарраррасони зироатҳои кишоварзӣ;

- назорати навъӣ - чорабиниҳо оид ба муайян кардани тозагии навъ, муқаррар кардани мансубияти растанӣ ва тухмӣ ба навъи муайян тавассути анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лабораторӣ;

- назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ - муқаррар кардани мансубияти растанӣ ва тухмӣ ба навъи муайян ва муқаррар кардани тозагии навъи растанӣ бо роҳи кишти тухмӣ дар қитъаҳои махсус ва омӯзиши минбаъдаи аломатҳои растанӣ;

- назорати тухмӣ - чорабиниҳо оид ба муайян кардани сифати тухмӣ, назорати риояи талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;

- сертификатсияи тухмӣ - системаи таъмини сифати тухмӣ, ки назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лаборатории тухмии навъҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо дохилшударо дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238);

- сифати тухмӣ - маҷмӯи аломатҳое, ки шомил будани тухмиро ба навъи муайяни растанӣ ва киштбоб будани онро тавсиф медиҳанд (ба монанди тозагӣ, қобилияти сабзиш ва солимии тухмӣ);

- ташхиси лабораторӣ - муқаррар кардани нишондиҳандаҳои сифати тухмӣ бо роҳи анҷом додани ташхиси лабораторӣ;

- тухмии гибридӣ - тухмии насли якум, ки дар натиҷаи дурагакунии намудҳои авлодӣ истеҳсол шудааст;

- тухмии муқаррарии растаниҳои ҷангалӣ - тухмие, ки аз растаниҳои ҷангалӣ ҷамъ оварда шудааст;

- тухмии беҳтаргардонидашудаи растаниҳои ҷангалӣ - тухмие, ки аз намунаҳои беҳтарини растаниҳои ҷангалии интихобшуда ва парваришӣ истеҳсол карда мешавад;

- тухмии навъи растаниҳои ҷангалӣ - тухмие, ки аз навъҳои парваришии растаниҳои ҷангалӣ истеҳсол карда мешавад;

- Феҳристи давлатии навъҳо - рӯйхате, ки ба он навъҳо ва дурагаҳои растании аз санҷиши расмӣ гузаронидашуда дохил карда мешавад  (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238);

- Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо - рӯйхате, ки ба он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба истеҳсоли тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо машғулбуда дохил карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим менамояд

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки ба амалсозии фаъолияти истеҳсол, такрористеҳсол, коркард, пешниҳоди тухмӣ ба фурӯш, воридот ва содироти навъҳои тухмӣ алоқаманданд, инчунин ҳангоми ташкил ва анҷом додани назорати навъӣ ва тухмӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.

Моддаи 5. Маблағгузорӣ дар соҳаи тухмипарварӣ

Маблағгузорӣ дар соҳаи тухмипарварӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ, инчунин бо роҳи ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ва ватанӣ амалӣ гардонида мешавад.

БОБИ 2. ГУРӯҲҲОИ ТУХМӢ

Моддаи 6. Гурӯҳҳои тухмӣ

Вобаста ба усулҳои сертификатсияи намудҳои гуногуни растанӣ гурӯҳҳои зерини тухмӣ муайян карда мешаванд:

- аслӣ;

- элита;

- репродуксионӣ (тухмии репродуксияҳои якум ва минбаъда, инчунин тухмии гибридии насли якум).

Усулҳои истеҳсоли тухмии гурӯҳҳои дахлдорро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 7. Тухмии аслӣ

Тухмии аслӣ тухмие мебошад, ки аз тарафи селексионери навъ ё шахси ваколатдоршудаи ӯ истеҳсол карда мешавад.

Селексионери навъ шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки навъи растаниро ба вуҷуд овардааст, нигоҳдории навъ ва ҳифзи маълумоти навъро, ки ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил шудааст, таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Дастурамали бақайдгирии навъро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 8. Тухмии элита

Тухмии элита тухмиест, ки аз тухмиҳои аслӣ ҳосил шуда, ба талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ мувофиқат мекунад.

Шумораи наслҳои тухмии элитаро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Тухмии элита барои истеҳсоли тухмии репродуксионӣ истифода мешавад.

Моддаи 9. Тухмии репродуксионӣ

Тухмии репродуксионӣ тухмии наслҳои минбаъдаи аз тухмии элита рӯёнидашуда мебошад.

Шумораи наслҳои тухмии репродуксиониро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Тухмии гибридии насли якум тухмии репродуксионӣ ба ҳисоб меравад.

Моддаи 10. Гурӯҳҳои тухмии растаниҳои ҷангалӣ

Вобаста ба хусусиятҳои ирсиашон гурӯҳҳои зайли тухмии растаниҳои ҷангалӣ муайян карда мешаванд: муқаррарӣ, беҳтаргардонидашуда, навъӣ.

Ба гурӯҳҳои номбаршуда ҷудо кардани тухмии растаниҳои ҷангалиро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

БОБИ 3. ТАШКИЛИ ТУХМИПАРВАРӢ

Моддаи 11. Системаи тухмипарварӣ

Системаи тухмипарварӣ маҷмӯи фаъолияти якҷояи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аз ҷиҳати кор ба ҳам алоқамандро ифода мекунад, ки фаъолияти истеҳсоли тухмиро амалӣ менамоянд.

Тартиби амали системаи тухмипарвариро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 12. Дастгирии давлатии соҳаи тухмипарварӣ

Дастгирии давлатии соҳаи тухмипарварӣ тавассути чорабиниҳои зерин сурат мегирад;

- ҷудо кардани маблағҳои давлатӣ;

- ҷуброни хароҷот барои истеҳсоли тухмиҳои аслӣ ва элита;

- додани қарзҳои имтиёзнок;

- истифодаи дигар чораҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ.

Моддаи 13. Таъминоти илмии тухмипарварӣ

Таъминоти илмии тухмипарвариро ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, ташкилотҳои илмӣ ва шахсони воқеии бо тадқиқоти илмии соҳаи тухмипарварӣ машғулбуда ба ҷо меоранд.

Моддаи 14. Феҳристи давлатии навъҳо

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, фурӯш ва истифодаи тухмии растаниҳое иҷозат дода мешавад, ки ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил карда шудаанд.

Ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил ва хориҷ кардани навъҳоро мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо амалӣ менамояд.

Мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо маълумотро оид ба дохил ва хориҷ кардани навъҳо ба Феҳристи давлатии навъҳо дар нашрияи расмии мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ нашр ва ба шабакаи интернет дохил мекунад.

Тартиби дохил ва хориҷ кардани навъҳоро ба Феҳристи давлатии навъҳо, инчунин пешбурди онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 14(1). Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Ба Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо маълумот оид ба ном ва суроғаи шахси ҳуқуқӣ, инчунин насаб, ном, номи падар ва суроғаи маҳалли зисти шахси воқеӣ, номгӯи растанӣ ва навъҳои истеҳсолшавандаи тухмии аслӣ ва элитаи растаниҳо дохил карда мешавад.

Истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо ӯҳдадор мебошанд, ки на дертар аз як моҳи оғозшавии фаъолият оид ба истеҳсоли тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо ба мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо, ки онро ба Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо дохил менамояд, маълумот пешниҳод намоянд.

Истеҳсолкунандагони тухмии гуруҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо ӯҳдадоранд дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ ба мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо оид ба зарурати ворид намудани тағйирот ба маълумоти дар қисми дуюми моддаи мазкур пешбинигардида, барои дохил намудан ба Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо маълумот пешниҳод намоянд.

Мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо маълумоти дар Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо мавҷудбударо ба шабакаи интернет дохил мекунад.

Тартиби пешбурди Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳоро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 14(2). Истифодаи навъи растаниҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо вориднашуда

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Тухмии растаниҳое, ки мансубияти навъӣ доранд ва ба Феҳристи давлатии навъҳо ворид карда нашудаанд, барои корҳои зерин истифода бурда мешавад:

- гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, санҷиши давлатии навъҳо ва намоиш;

- барои истеҳсол ва фурӯш берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- кишт дар ҳолатҳои талафёбӣ ё осебёбии кишт (ниҳолҳои кӯчатшуда)-и растаниҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ё мавҷуд набудани тухми дар Фонди суғуртавии тухмии растаниҳо дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ.

Тухмии растаниҳои мансубияти навъидошта, ки аз Феҳристи давлатии навъҳо хориҷ карда шудаанд, танҳо дар давоми ду соли баъди хориҷкунӣ истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

БОБИ 4. ИСТЕҲСОЛ ВА КОРКАРДИ ТУХМӢ

Моддаи 15. Талабот нисбати истеҳсоли тухмӣ

Барои истеҳсоли тухмӣ бояд тухмие истифода шавад, ки сифатҳои навъӣ ва гурӯҳҳои он ба талаботи стандарти давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ ҷавобгӯ бошанд.

Бо мақсади истеҳсоли тухмӣ кишт намудани тухмие, ки бо тухми алафҳои бегонаи карантинӣ омехта ва ё бо зараррасонҳо ва касалиҳои карантинии растанӣ сироятнок шудааст, манъ аст.

Моддаи 16. Хусусиятҳои хоси истеҳсоли гурӯҳҳои алоҳидаи тухмӣ

Тухмии аслиро селексионери навъ ё шахси ваколатдори ӯ истеҳсол мекунад.

Тухмии элита ва репродуксиониро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳамчун истеҳсолкунандагони гурӯҳҳои алоҳидаи тухмӣ ба қайд гирифта шудаанд, истеҳсол менамоянд.

Бақайдгирӣ барои истеҳсоли тухмиҳои элита ва репродуксионӣ бо мақсади фурӯши онҳо мутобиқи санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ номгӯи истеҳсолкунандагон, ворид ва содиркунандагони тухмиро тартиб дода, ба низом медарорад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Тухмиҳои гурӯҳҳои алоҳидаи растаниҳои ҷангалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ истеҳсол карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 17. Минтақаҳо ва хоҷагиҳои махсуси истеҳсоли тухмӣ

Бо мақсади бо тухмии хушсифат таъмин намудани истеҳсолот ва қонеъ гардонидани талаботи хоҷагиҳои ҷумҳурӣ, ба вуҷуд овардани шароити мусоиди фитосанитарӣ ва технологӣ ҳангоми истеҳсоли тухмии дорои сифати баланди навъӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарвариро, қатъи назар аз шакли моликияташон, муайян мекунад. Дар ин минтақаҳо ва хоҷагиҳо тартиб, талабот ва шароити махсуси истеҳсоли тухмӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 18. Истеҳсол ва коркарди тухмӣ

Тартиби истеҳсол ва коркарди тухмӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Истифодаи тухмиҳое, ки моликияти зеҳнӣ мебошанд, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 19. Фонди давлатии тухмӣ

Фонди давлатии тухмӣ аз захираҳои тухмӣ иборат буда, барои минтақаҳое пешбинӣ мешавад, ки дар он ҷо истеҳсоли тухмӣ ба роҳ монда нашудааст ё дар истеҳсоли он имконият маҳдуд аст, инчунин барои кӯмак расонидан ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғулбуда ё дар хоҷагии ҷангал коркунанда ҳангоми ҳолатҳои офати табиӣ ё дигар ҳолатҳои фавқулодда ташкил дода мешаванд.

Барои фонди давлатии тухмӣ тухмиҳое тайёр карда мешаванд, ки дорои сертификати сифати навъӣ ва киштбобӣ мебошанд.

Фонди давлатии тухмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ ташкил дода шуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ гардида, моликияти ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 20. Фонди суғуртавии тухмии растаниҳо

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Фонди суғуртавии тухмии растаниҳо аз захираҳои тухмии навъҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо воридшуда иборат буда, барои дар ҳолатҳои талафёбӣ ё осебёбии кишти (ниҳолҳои кӯчатшуда) растаниҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулодда барои расонидани кӯмаки бозгашт ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ таъсис дода мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсоли тухмии растаниҳо машғуланд, тибқи меъёрҳои муайянгардидаи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ фонди захиравиро ташкил менамоянд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

БОБИ 5. ТАРТИБИ АНҶОМДИҲИИ НАЗОРАТИ НАВЪӢ ВА ТУХМӢ

Моддаи 21. Талаботи умумӣ барои назорати навъӣ ва тухмӣ

Тартиби ташкил ва фаъолияти назорати навъӣ ва тухмиро Қонуни мазкур муайян менамояд.

Назорати навъӣ ва тухмӣ бо мақсади таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ ва санадҳои дар асоси он қабулнамудаи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ, инчунин талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи тухмипарварӣ амалкунанда анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Сертификатсияи тухмӣ ва назорати тухмӣ нисбати киштҳо ва тухмии мансуби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие анҷом дода мешавад, ки дар соҳаи тухмипарварӣ фаъолият доранд.

Тухмӣ ва ё ниҳолҳо бояд аз назорати навъӣ ва тухмӣ гузаронида шаванд.

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Сифати тухмӣ дар асоси талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ муайян карда мешавад. Нишондиҳандаҳои сифат барои ҳар як гурӯҳи тухмӣ ва намудҳои растаниҳо муайян карда мешаванд.

Моддаи 21(1). Муайян намудани сифати навъи тухмӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Сифати навъи тухмӣ дар асоси талаботи стандартҳои давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ барои ҳар як гурӯҳи тухмӣ ва намудҳои растанӣ муқаррар карда мешавад.

Тозагии навъ ё мансубияти растанӣ, ки ба Феҳристи давлатии навъҳо ворид карда мешавад, пеш аз ба фурӯш баровардан барои муқаррар намудани сифати навъ бояд ҳатман зери таҳқиқи саҳроӣ, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси лаборатории сифатии навъ қарор гирад.

Сифати навъи тухмии растаниҳо дар асоси гузаронидани таҳқиқи саҳроии кишти растаниҳо, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси лаборатории сифати навъи киштшуда муайян карда мешавад.

Тартиби гузаронидани таҳқиқи саҳроии кишти растаниҳо, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси лаборатории сифати навъи киштшударо мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 21(2). Санҷиши давлатии навъҳо

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Санҷиши давлатии навъҳо бо мақсади муайян кардани аломатҳои монанд, навин, фарқкунанда ва устувории навъҳо, арзишнокии иқтисодӣ ва биологии онҳо аз тарафи мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Моддаи 22. Назорати навъӣ

Назорати навъии тухмӣ маҷмӯи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки он аз назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лабораторӣ иборат мебошад.

Барои навъҳои ба фурӯш пешбинишуда дар ҳолати истифодаи нақшаи назорат анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро ҳатмӣ мебошад.

Тартиби анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лабораторӣ, инчунин бақайдгирии киштҳои тухмӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 23. Назорати тухмӣ

Назорати сифати тухмӣ бо роҳи интихоб ва ташхиси намунаи тухмӣ амалӣ мегардад.

Интихоб ва ташхиси намунаи тухмӣ аз маҷмӯи тухмии барои фурӯш пешниҳодшуда аз тарафи мақоми давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ ва ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аккредитатсияшуда анҷом дода мешавад.

Тартиби аккредитатсияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои ҳуқуқи интихоби намунаи тухмӣ ва муайян кардани сифати киштбобии тухмии растанӣ мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Интихоби намунаи тухмӣ аз ҳар як маҷмӯи тухмии барои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда ва ташхиси он мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ анҷом дода мешавад.

Моддаи 24. Сертификатсияи тухмӣ

Мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ нақшаи сертификатсияи тухмиро барои намудҳои растаниҳои сертификатсияшаванда муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Ҳар як маҷмӯи тухмӣ, ки барои фурӯш пешбинӣ шудааст, бояд сертификатсия шавад.

Сертификатҳои тасдиқкунандаи навъ ва сифати тухмӣ аз ҷониби мақоми давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Тартиби сертификатсияи тухмӣ, додани сертификатҳои тасдиқкунандаи навъ ва сифати тухмиро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 25. Шаҳодатномаи сифати тухмӣ

Шаҳодатномаи сифати тухмиро мақоми ваколатдори давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ медиҳад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Мақоми давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ ба тухмии аслӣ, элита ва репродуксионӣ метавонад дар асоси ташхиси лабораторӣ шаҳодатномаи тозагии навъ диҳад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

БОБИ 6. МАРКЕТИНГИ ҲАР ЯК МАҶМӯИ ТУХМӢ

Моддаи 26. Фурӯши ҳар як маҷмӯи тухмӣ

Фурӯши ҳар як маҷмӯи тухмӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ амалӣ гардонида мешавад.

Ҳар як маҷмӯи тухмӣ ҳангоми фурӯш бояд дар борҷома ҷойгир шуда бошад ва борҷомаю воситаҳои борбандии он тамғаи муқарраршуда дошта бошанд.

Ҳар як маҷмӯи тухмие, ки бо маводи кимиёвӣ ё биологӣ коркард шудааст, бояд дар борҷома ҷой карда шавад. Борҷома ва воситаҳои борбандии ин гуна тухмиҳо бояд навиштаҷоти дахлдор ва ҳуҷҷатҳои бо он ҳамроҳ фиристодашаванда дошта бошанд, ки дар онҳо тартиби истифодаи чунин тухмӣ ва маълумот дар бораи эҳтимоли таъсири манфии он ба саломатии инсон ва муҳити зист зикр карда шавад.

Ҳангоми фурӯши ҳар як маҷмӯи тухмӣ дар борҷома ва воситаҳои борбандии он, тамға, ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ фиристодашаванда зикр кардани маълумоти ба навъи растанӣ, пайдоиш ва сифати тухмӣ аслан номувофиқ, инчунин паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи ҳар як маҷмӯи тухмӣ дар воситаҳои ахбори омма манъ аст.

Тартиби фурӯши ҳар як маҷмӯи тухмиро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо назардошти талабот нисбати тухмӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 27. Воридот ва содироти ҳар як маҷмӯи тухмӣ

Ба воридоти ҳар як маҷмӯи тухмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мавҷуд будани сертификати сифати навъию киштбобӣ, иҷозатномаи воридотии карантинӣ ва ҷавобгӯ будани ҳар як маҷмӯи тухмии мазкур ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ иҷозат дода мешавад.

Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани ҳар як маҷмӯи тухмӣ дар ҳолати рехта (бе борҷома), инчунин ҳар як маҷмӯи тухмие, ки навъи онҳо ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил нашудаанд, ба истиснои ҳар як маҷмӯи тухмие, ки барои таҳқиқоти илмӣ, санҷишҳои давлатӣ, истеҳсоли тухмии барои содирот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Ҳар як маҷмӯи тухмии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда бояд таҳти назорати сифати тухмӣ ва фитосанитарӣ қарор гирад.

Ҳар як маҷмӯи тухмӣ, ки барои содирот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, бояд дорои сертификати сифати навъӣ ва киштбобии тухмӣ ва сертификати фитосанитарӣ мутобиқ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бошад.

Воридот ва содироти ҳар як маҷмӯи тухмӣ дар мавридҳои хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

Сертификати фитосанитарӣ ва иҷозатномаи воридотии карантинӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии карантини растаниҳо дода мешавад.

Тартиби додани сертификати фитосанитарӣ ва иҷозатномаи воридотии карантиниро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Назорати воридот ва содироти ҳар як маҷмӯи тухмиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Тартиби воридот ва содироти ҳар як маҷмӯи тухмиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 28. Кафолати сифати тухмӣ

Шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии фурӯшандаи ҳар як маҷмӯи тухмӣ кафолат медиҳанд, ки навъ ва сифати ҳар як маҷмӯи тухмии фурӯхташаванда ба маълумоти дар сертификати дахлдор нишондодашуда мутобиқ мебошанд.

Дар сурати ба сертификати дахлдор мувофиқат накардани навъ ва сифати ҳар як маҷмӯи тухмии фурӯхташаванда шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба фурӯши чунин тухмӣ машғуланд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

БОБИ 7. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ТУХМИПАРВАРӢ

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Моддаи 29. Мақомоти танзими давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Танзими давлатӣ дар соҳаи тухмипарвариро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонанд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 29(1). Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тухмипарварӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тухмипарварӣ дохил мешаванд:

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;

- муайян намудани самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;

- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба танзим ва рушди соҳаи тухмипарварӣ;

- амалӣ намудани дигар салоҳият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 29(2). Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кшповарзӣ оид ба тухмипарварӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба тухмипарварӣ дохил мешаванд:

- таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди соҳаи тухмипарварӣ;

- тасдиқи нақшаи истеҳсоли тухмии растаниҳо;

- муқаррар намудани тартиби истифодаи борҷомаю воситаҳои борбандӣ, тамға, нигоҳдорӣ ва интиқоли тухмии растаниҳо;

- муайян намудани тартиби пешбурди Феҳристи давлатии навъҳо ва Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо;

- тасдиқ намудани шакли Шаҳодатнома оид ба сифати тухмӣ;

- таъсис додани Фонди давлатии тухмӣ ва Фонди суғуртавии тухмӣ;

- баррасии тартиби истифодаи тухмии растаниҳое, ки ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил карда нашудаанд;

- тасдиқ намудани номгӯи тухмии растаниҳои барои фурӯш пешбинишуда, ки анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси лаборатории сифати навъи тухмии онҳо ҳатмӣ мебошад;

- амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 29(3). Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238)

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ тадбирҳои зеринро амалӣ менамоянд:

- таҳияи барномаҳо, нақшаи чорабиниҳои минтақавӣ дар соҳаи тухмипарварӣ, пешниҳоди онҳо барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (ноҳия) ва назорати иҷрои онҳо;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 30. Ташкилотҳое, ки бақайдгирии навъҳо ва назорати навъию тухмиро амалӣ менамоянд

Бақайдгирии навъҳоро мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Назорати навъӣ ва тухмиро нисбати кишти тухмӣ ва сифати ҳар як маҷмӯи тухмӣ мақоми давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1238).

Моддаи 31. Нозирони давлатии тухмӣ дар соҳаи тухмипарварӣ

Нозирони давлатии тухмӣ дар соҳаи тухмипарварӣ дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд:

- тибқи тартиби муқарраргардидаи қонун ба назди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти тухмипарварӣ машғуланд, рафта, аз шахсони номбаршуда ба таври ройгон маълумоти зарурӣ гиранд;

- ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои вайрон гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ фурӯш ё истифодаи тухмиро боздоранд ва оиди манъи фурӯш ё истифодаи он ба суд даъво пешниҳод намоянд;

- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар соҳаи тухмипарварӣ фаъолият менамоянд, оиди бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ҷиҳати риоя нагардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ дастур пешниҳод намоянд;

- дигар ваколатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ гардонанд.