Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.11.2015 № 1238 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТУХМИПАРВАРӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 октябри соли 2015, № 187

қабул гардидааст.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 ноябри соли 2015, № 125

ҷониборӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 "Дар бораи тухмипарварӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №1, қ.2, мод.20) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати даҳуми моддаи 2, қисми дуюми моддаи 7, қисми дуюми моддаи 27 калимаҳои "Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ" ба калимаҳои "Феҳристи давлатии навъҳо" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 2:

- сархати ҳабдаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- Феҳристи давлатии навъҳо - рӯйхате, ки ба он навъҳо ва дурагаҳои растании аз санҷиши расмӣ гузаронидашуда дохил карда мешавад;";

- аломати нуқта дар охири сархати ҳабдаҳум ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад.

- сархати ҳаждаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо - рӯйхате, ки ба он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба истеҳсоли тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо машғулбуда дохил карда мешаванд.".

3. Дар қисми дуюми моддаи 6, қисми сеюми моддаи 7, қисми дуюми моддаи 8, қисми дуюми моддаи 9, қисми дуюми моддаи 10, қисми дуюми моддаи 11, қисмҳои чорум ва панҷуми моддаи 16, моддаи 17, қисми якуми моддаи 18, қисми дуюми моддаи 21, қисми сеюми моддаи 22, қисми сеюми моддаи 23, қисмҳои якум ва чоруми моддаи 24, қисми якуми моддаи 25, қисми панҷуми моддаи 26, қисмҳои ҳафтум ва ҳаштуми моддаи 27 калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ" иваз карда шаванд.

4. Моддаи 14 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 14. Феҳристи давлатии навъҳо

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, фурӯш ва истифодаи тухмии растаниҳое иҷозат дода мешавад, ки ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил карда шудаанд.

Ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил ва хориҷ кардани навъҳоро мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо амалӣ менамояд.

Мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо маълумотро оид ба дохил ва хориҷ кардани навъҳо ба Феҳристи давлатии навъҳо дар нашрияи расмии мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ нашр ва ба шабакаи интернет дохил мекунад.

Тартиби дохил ва хориҷ кардани навъҳоро ба Феҳристи давлатии навъҳо, инчунин пешбурди онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.".

5. Ба Қонун моддаҳои 14(1) ва 14(2) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Моддаи 14(1). Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо

Ба Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо маълумот оид ба ном ва суроғаи шахси ҳуқуқӣ, инчунин насаб, ном, номи падар ва суроғаи маҳалли зисти шахси воқеӣ, номгӯи растанӣ ва навъҳои истеҳсолшавандаи тухмии аслӣ ва элитаи растаниҳо дохил карда мешавад.

Истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо ӯҳдадор мебошанд, ки на дертар аз як моҳи оғозшавии фаъолият оид ба истеҳсоли тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо ба мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо, ки онро ба Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо дохил менамояд, маълумот пешниҳод намоянд.

Истеҳсолкунандагони тухмии гуруҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо ӯҳдадоранд дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ ба мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо оид ба зарурати ворид намудани тағйирот ба маълумоти дар қисми дуюми моддаи мазкур пешбинигардида, барои дохил намудан ба Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо маълумот пешниҳод намоянд.

Мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо маълумоти дар Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо мавҷудбударо ба шабакаи интернет дохил мекунад.

Тартиби пешбурди Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳоро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ муқаррар менамояд.

Моддаи 14(2). Истифодаи навъи растаниҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо вориднашуда

Тухмии растаниҳое, ки мансубияти навъӣ доранд ва ба Феҳристи давлатии навъҳо ворид карда нашудаанд, барои корҳои зерин истифода бурда мешавад:

- гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, санҷиши давлатии навъҳо ва намоиш;

- барои истеҳсол ва фурӯш берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- кишт дар ҳолатҳои талафёбӣ ё осебёбии кишт (ниҳолҳои кӯчатшуда)-и растаниҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ё мавҷуд набудани тухми дар Фонди суғуртавии тухмии растаниҳо дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ.

Тухмии растаниҳои мансубияти навъидошта, ки аз Феҳристи давлатии навъҳо хориҷ карда шудаанд, танҳо дар давоми ду соли баъди хориҷкунӣ истифода бурда мешаванд.".

6. Дар моддаи 19:

- қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Фонди давлатии тухмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ ташкил дода шуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ гардида, моликияти ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб меравад.";

- қисмҳои чорум, панҷум ва шашум хориҷ карда шаванд.".

7. Моддаи 20 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 20. Фонди суғуртавии тухмии растаниҳо

Фонди суғуртавии тухмии растаниҳо аз захираҳои тухмии навъҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо воридшуда иборат буда, барои дар ҳолатҳои талафёбӣ ё осебёбии кишти (ниҳолҳои кӯчатшуда) растаниҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулодда барои расонидани кӯмаки бозгашт ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ таъсис дода мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсоли тухмии растаниҳо машғуланд, тибқи меъёрҳои муайянгардидаи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ фонди захиравиро ташкил менамоянд.".

8. Қисми панҷуми моддаи 21 хориҷ карда шавад.

9. Ба Қонун моддаҳои 21(1) ва 21(2) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Моддаи 21(1). Муайян намудани сифати навъи тухмӣ

Сифати навъи тухмӣ дар асоси талаботи стандартҳои давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ барои ҳар як гурӯҳи тухмӣ ва намудҳои растанӣ муқаррар карда мешавад.

Тозагии навъ ё мансубияти растанӣ, ки ба Феҳристи давлатии навъҳо ворид карда мешавад, пеш аз ба фурӯш баровардан барои муқаррар намудани сифати навъ бояд ҳатман зери таҳқиқи саҳроӣ, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси лаборатории сифатии навъ қарор гирад.

Сифати навъи тухмии растаниҳо дар асоси гузаронидани таҳқиқи саҳроии кишти растаниҳо, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси лаборатории сифати навъи киштшуда муайян карда мешавад.

Тартиби гузаронидани таҳқиқи саҳроии кишти растаниҳо, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси лаборатории сифати навъи киштшударо мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ муқаррар менамояд.

Моддаи 21(2). Санҷиши давлатии навъҳо

Санҷиши давлатии навъҳо бо мақсади муайян кардани аломатҳои монанд, навин, фарқкунанда ва устувории навъҳо, арзишнокии иқтисодӣ ва биологии онҳо аз тарафи мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.".

10. Аз қисми дуюм моддаи 23, қисми сеюми моддаи 24, қисми дуюми моддаи 25 ва матни моддаи 30 калимаи "ваколатдори" хориҷ карда шавад.

11. Номи Боби 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"БОБИ 7. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ТУХМИПАРВАРӢ"

12. Моддаи 29 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 29. Мақомоти танзими давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ

Танзими давлатӣ дар соҳаи тухмипарвариро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонанд.".

13. Ба Қонун моддаҳои 29(1), 29(2) ва 29(3) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Моддаи 29(1). Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тухмипарварӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тухмипарварӣ дохил мешаванд:

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;

- муайян намудани самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;

- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба танзим ва рушди соҳаи тухмипарварӣ;

- амалӣ намудани дигар салоҳият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 29(2). Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба тухмипарварӣ

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба тухмипарварӣ дохил мешаванд:

- таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди соҳаи тухмипарварӣ;

- тасдиқи нақшаи истеҳсоли тухмии растаниҳо;

- муқаррар намудани тартиби истифодаи борҷомаю воситаҳои борбандӣ, тамға, нигоҳдорӣ ва интиқоли тухмии растаниҳо;

- муайян намудани тартиби пешбурди Феҳристи давлатии навъҳо ва Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо;

- тасдиқ намудани шакли Шаҳодатнома оид ба сифати тухмӣ;

- таъсис додани Фонди давлатии тухмӣ ва Фонди суғуртавии тухмӣ;

- баррасии тартиби истифодаи тухмии растаниҳое, ки ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил карда нашудаанд;

- тасдиқ намудани номгӯи тухмии растаниҳои барои фурӯш пешбинишуда, ки анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси лаборатории сифати навъи тухмии онҳо ҳатмӣ мебошад;

- амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 29(3). Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ тадбирҳои зеринро амалӣ менамоянд:

- таҳияи барномаҳо, нақшаи чорабиниҳои минтақавӣ дар соҳаи тухмипарварӣ, пешниҳоди онҳо барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (ноҳия) ва назорати иҷрои онҳо;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

23 ноябри соли 2015 № 1238

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О СЕМЕНОВОДСТВЕ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 21 октября 2015 года,№ 187

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 12 ноября 2015 года,№ 125

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 5 января 2008 года "О семеноводстве" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №1, ч. 2, ст. 20) следующие изменения и дополнения:

1. В абзаце десятом статьи 2, части второй статьи 7, части второй статьи 27 слова "Реестр коммерческих сортов" заменить словами "Государственный реестр сортов".

2. В статье 2:

- абзац семнадцатый изложить в следующей редакции:

" - Государственный реестр сортов - список, в который вносятся сорта и гибриды растений, прошедших официальное испытание.";

- знак точки в конце абзаца семнадцатого заменить знаком точки с запятой ";";

- дополнить абзацем восемнадцатым следующего содержания:

"- Реестр производителей семян растений оригинальных и элитных категорий - список, в который включаются физические и юридические лица, занимающиеся производством семян растений оригинальных и элитных категорий.".

3. В части второй статьи 6, части третьей статьи 7, части второй статьи 8, части второй статьи 9, части второй статьи 10, части второй статьи 11, частях четвертой и пятой статьи 16, статье 17, части первой статьи 18, части второй статьи 21, части третьей статьи 22, части третьей статьи 23, частях первой и четвертой статьи 24, части первой статьи 25, части пятой статьи 26, частях седьмой и восьмой статьи 27 слова "уполномоченный государственный орган управления сельским и лесным хозяйством", "уполномоченным государственным органом управления сельским и лесным хозяйством", "Уполномоченный государственный орган управления сельским и лесным хозяйством", "уполномоченного государственного органа управления сельским и лесным хозяйством" соответственно заменить словами "уполномоченный государственный орган управления в области сельского хозяйства", "уполномоченным государственным органом управления в области сельского хозяйства", "Уполномоченный государственный орган управления в области сельского хозяйства", "уполномоченного государственного органа управления в области сельского хозяйства".

4. Статью 14 изложить в следующей редакции:

"Статья 14. Государственный реестр сортов

На территории Республики Таджикистан разрешается производство, реализация и использование семян растений, занесённых в Государственный реестр сортов.

Включение в Государственный реестр сортов и исключение из реестра сортов - осуществляется государственным органом по проверке и регистрации сортов.

Государственный орган по проверке и регистрации сортов печатает сведения о включении сортов в Государственный реестр сортов и исключению из реестра в официальном издании уполномоченного государственного органа управления в области сельского хозяйства и размешает эти сведения в сети интернет.

Порядок включения сортов в Государственный реестр сортов, исключения из реестра,  а" также его ведения устанавливает Правительство Республики Таджикистан.".

5. Закон дополнить статьями 14(1) и 14(2) следующего содержания:

"Статья 14(1). Реестр производителей семян растений оригинальных и элитных категорий

В Реестр производителей семян растений оригинальных и элитных категорий вносится информация о названии, адресе юридического лица, а также фамилии, имени, отчестве и адресе места проживания физического лица, перечне растений и производимых сортов оригинальных и элитных семян растений.

Производители семян растений оригинальных и элитных категорий обязаны представить сведения в срок, не позднее одного месяца с начала осуществления деятельности по производству семян растений, оригинальных и элитных категорий в государственный орган по проверке и регистрации сортов для внесения в Реестр производителей семян растений оригинальных и элитных категорий.

Производители семян растений оригинальных и элитных категорий обязаны в течение 10 календарных дней представить информацию в государственный орган по проверке и регистрации сортов о необходимости внесения изменений в сведения, предусмотренные в части второй настоящей статьи, для внесения в Реестр производителей семян растений оригинальных и элитных категорий.

Государственный орган по проверке и регистрации сортов размещает сведения, указанные в Реестре производителей семян растений оригинальных и элитных категорий, в сети интернет.

Порядок ведения Реестра производителей семян растений оригинальных и элитных категорий устанавливается уполномоченным государственным органом управления в области сельского хозяйства.

Статья 14(2). Использование сортов растений, не включенных в Государственный реестр сортов

Семена растений, обладающих сортовой принадлежностью и не включенных в Государственный реестр сортов, используются при:

- проведении научно - исследовательских работ, государственной проверки сортов и показа;

- производстве и реализации за пределами Республики Таджикистан;

- посеве в случаях гибели или уничтожения посевов (саженцев) растений и иных чрезвычайных ситуациях или отсутствии семян в Страховом фонде семян растений на основании разрешения уполномоченного государственного органа управления в области сельского хозяйства.

Семена растений, обладающих сортовой принадлежностью, исключенных из Государственного реестра сортов, используются только в течение двух лет после их исключения.".

6. В статье 19:

- часть третью изложить в следующей редакции:

"Государственный фонд семян формируется уполномоченным государственным органом управления в области сельского хозяйства и финансируется за счет средств республиканского бюджета и иных источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан, в порядке, установленном Правительством Республики Таджикистан, и является республиканской собственностью.";

- части четвёртую, пятую и шестую исключить.".

7. Статью 20 изложить в следующей редакции:

"Статья 20. Страховой фонд семян растений

Страховой фонд семян растений состоит из запасов семян сортов, включенных в Государственный реестр сортов, и формируется в порядке, установленном Правительством Республики Таджикистан, уполномоченным государственным органом управления в области сельского хозяйства с целью оказания обратной помощи физическим и юридическим лицам, занимающимся производством сельскохозяйственной продукции, в случаях гибели или уничтожения посевов (саженцев) растений и иных чрезвычайных ситуациях.

Физические и юридические лица, занимающиеся производством семян растений, формируют ресурсный фонд согласно нормам, определенным уполномоченным государственным органом управления в области сельского хозяйства.".

8.Часть пятую статьи 21 исключить.

9. Закон дополнить статьями 21(1) и 21(2) следующего содержания:

"Статья 21(1) Определение сортовых качеств семян

Качество семян устанавливается на основании требований государственного стандарта в области семеноводства для каждой категории семян и видов растений.

Сортовая чистота или принадлежность растений, которые подлежат внесению в Государственный, реестр сортов, до реализации должны быть в подвержены полевым испытаниям, контролю сорта на испытательных участках и (или) лабораторному анализу сортового качества.

Сортовые качества семян растений определяются на основе проведения полевых испытаний, контроля сорта на испытательных участках и (или) лабораторного анализа качества посевных сортов.

Порядок проведения полевых испытаний посева растений, контроля сорта на испытательных участках и (или) лабораторного анализа качества посевных сортов устанавливается уполномоченным государственным органом управления в области сельского хозяйства.

Статья 21(2). Государственная сортовая проверка

Государственная сортовая проверка осуществляется государственным органом проверки и регистрации сортов с целью определения признаков сходства, новизны, отличия, устойчивости сортов, их экономической и биологической ценности в порядке, установленном Правительством Республики Таджикистан.".

10. Исключить из части, второй статьи 23, части третьей статьи 24, части второй статьи 25 и текста статьи 30 слово "уполномоченный".

11. Название Главы 7 изложить в следующей редакции:

"ГЛАВА 7. ГОСУДАРСТВЕННОЕ РЕГУЛИРОВАНИЕ СЕМЕНОВОДСТВА"

12. Статью 29 изложить в следующей редакции:

"Статья 29. Органы государственного регулирования в области семеноводства

Государственное регулирование в области семеноводства осуществляется Правительством Республики Таджикистан, уполномоченным государственным органом управления в области сельского хозяйства и местными исполнительными органами государственной власти.".

13. Закон дополнить статьями 29(1), 29(2) и 29(3) следующего содержания:

"Статья 29(1). Компетенция Правительства Республики Таджикистан в области семеноводства

К компетенции Правительства Республики Таджикистан в области семеноводства отнесено:

- реализация государственной политиков области семеноводства;

- определение уполномоченного государственного органа в области семеноводства;

- определение основных направлений международного сотрудничества в сфере семеноводства;

- разработка и принятие нормативных правовых актов по регулированию и развитию семеноводческой отрасли;

- осуществление иной компетенции, установленной законодательством Республики Таджикистан.

Статья 29(2). Полномочия уполномоченного государственного органа управления в области сельского хозяйства по семеноводству

В полномочия уполномоченного государственного органа управления в области сельского хозяйства по семеноводству входит:

- разработка и реализация программ по развитию семеноводческой отрасли;

- утверждение плана производства семян растений;

- установление порядка использования упаковок и средств упаковки, маркировки, хранения и транспортировки семян растений;

- определение порядка ведения Государственного реестра сортов и Реестра производителей семян растений оригинальных и элитных категорий;

- утверждение формы Удостоверения качества семян;

- создание Государственного фонда семян и Страхового фонда семян;

- рассмотрение порядка использования семян растений, не включенных в Государственный реестр сортов;

- утверждение перечня семян растений, предусмотренных для реализации, осуществление контроля повеса семян на поле, сорта испытательных участках и (или) лабораторное сортовое испытание семян которых является обязательным;

- осуществление международного сотрудничества в области семеноводства;

- осуществление других полномочий в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

Статья 29(3). Полномочия местных исполнительных органов государственной власти в области семеноводства

Местные исполнительные органы государственной власти в области семеноводства осуществляют выполнение следующих мер:

- разработка программ, планов региональных мероприятий в области семеноводства и представление их для утверждения в городской (районный) Маджлис народных депутатов и контроль их исполнения;

- осуществление других полномочий в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 23 ноября 2015 года, № 1238