Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 октябри соли 2001 № 456
тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Низомномаи мазкур тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрию ҳуҳуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Точикистон "Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ" санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ инҳоянд: Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои ҷумҳуриявӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст.
2. Санадҳои меъёрию ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳрасти давлатии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дароварда мешаванд. Феҳрасти давлатӣ қисми таркибии системаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар қаламрави давлат расонидани ахбори ҳуқукиро ба амал мебарорад ва манбаи маълумоти ахбори хуқуқӣ мебошад.
Феҳрасти давлатии санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебарад.
3. Ба Феҳрасти давлатии санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрию ҳуқуқии зерин, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз 9 сентябри соли 1991 қабул шудаанд, дохил карда мешаванд:
- Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумхурии Тоҷикистон;
- Қонунҳои конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон;
- Қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон;
- қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон; қарорҳои Маҷлиси миллии Мачлиси Олии Ҷумхурии Точнкистон; қарорҳои Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурин Тоҷикистон;
- фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумхурии Точикистон;
- қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон;
- фармонҳои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аснодҳои меъёрию ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки характери умумиҳатмӣ доранд;
- санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст.
4. Феҳрасти давлатии санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти иттилоотӣ дорад. Бақайдгирии санадҳои меъёрию хуқуқӣ дар Феҳрасти давлатии санадҳои меъерию хуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон ба қувваи юридикии санадҳо таъсир намерасонад. Санадҳои меъерию ҳуқуқии идоравӣ дар асос ва иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумхурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд.
5. Санади меъерию ҳуқуқӣ, ки ба Феҳрасти давлатии санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад, бояд маълумоти зерин дошта бошад:
- номи мақоме, ки санадро қабул кардааст;
- навъи санад;
- таърихи қабул ва рақами санад;
- номгӯи санад;
- матни санад;
- таърихи эътибор пайдо намудани санад;
- маълумот дар бораи интишори санад дар нашрияҳои расмӣ;
- маълумот дар бораи тағйирот ва ё аз эътибор соқит шудани санад.
6. Бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрию ҳуқуқии идоравӣ ҳолатҳои зеринро дар бар мегирад:
- санҷиши ҳуқукии ин санад оид ба мутобиқати он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қабули қарор дар бораи зарурати бақайдгирии давлатии ин санад (баровардани хулоса);
- додани коди бақайдгирӣ;
- ба Феҳрасти давлатии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дохил намудани санад.
7. Санадҳои идоравии меъёрию ҳуқуқӣ новобаста аз мӯҳлати амал ва хусусияти маълумоташон (аз он ҷумла санадҳои дорои муҳрҳои "барои истифодаи хизматӣ", "на барои интишор" ва "махфӣ") барои бақайдгирии давлатӣ равона карда мешаванд, яъне онҳо ба Феҳрасти давлатии санадҳои меъерию ҳуқуқии идоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарте дохил карда мешаванд, ки меъёрҳои (меъёрӣ) дар он мавҷудбуда:
- ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, маданӣ ва дигар ҳуқуқҳо, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон кафолати баамалбарории онҳо, ки дар Конститутсия ва санадҳои қонунгузории Ҷумхурии Точикистон таҳким ёфтаанд, дахл дошта бошанд. Инчунин механизми ташкилӣ-ҳуқуқии татбиқи ин ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии дар лаҳзаи пешниҳоди санад барои бақайдгирӣ амалкунандаро аз нав муқаррар менамоянд, тағйир медиҳанд, илова дохил менамоянд ё бекор менамоянд;
- хусусияти байниидоравӣ дошта бошанд, яъне барои дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, инчунин барои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое ҳатмӣ мебошанд, ки ба системаи он вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳое, ки санадро тасдиқ кардаанд, дохил намешаванд.
8. Санадҳои меъёрию ҳукуқии идоравӣ, ки мувофиқи банди 7 ҳамин Низомнома бояд аз қайди давлатӣ гузаранд, баъди имзои роҳбари мақоми идоракунии давлатӣ, дар ду нусха (матни аслӣ ва нусхаи тасдиқшуда) ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Дар сурати зарурат матни рӯсии санадҳо низ дар ду нусха пешниҳод карда мешавад. Дар баробари ин матни электронии онҳо низ пешниҳод карда мешавад.
Барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳод намудани санади идоравии меъёрию хуқуқӣ, ки якҷоя аз тарафи якчанд мақомоти давлатӣ қабул карда шудааст, ба зиммаи мақоме гузошта мешавад, ки дар қатори ашхоси имзо кардаи (тасдиқ кардаи) санад ташаббускорӣ он мебошад.
9. Бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрию хуқуқии идоравӣ аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ аз вақти гирифтани санади меъёрию ҳуқуқӣ ба ҷо оварда мешавад. Дар мавридҳои истисноӣ мӯҳлати бақайдгирӣ аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин мӯҳлат дароз карда мешавад.
10. Бақайдгирии санади меъёрию ҳуқуқии идоравӣ рад карда шуда метавонад, агар санади меъёрию ҳуқуқии пешниҳодшуда:
- ба қонунгузории амалкунанда мухолифат кунад;
- ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, маҳдуд созад ё ба зиммаи онҳо ӯҳдадориҳои пешбининакардаи қонунгузориро гузорад;
- аз доираи ваколати мақомоте, ки онро тасдиқ кардааст, барояд.
11. Санадҳои меъёрию ҳуқуқии идоравие, ки бақайдгирии давлатии онҳо рад шудааст, ба мақомоте, ки онро тасдиқ кардааст, бо нишон додани мухолифати он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида мешаванд. Дар айни ҳол як нусхаи он дар Вазорати адлия боқӣ мемонад.
Санадҳои меъёрию ҳуқуқии идоравӣ метавонанд ба мақомоте, ки онро тасдиқ кардааст, бе қайд баргардонида шаванд, агар тартиби пешниҳоди санад, ки Низомномаи мазкур муқаррар кардааст, вайрон карда шуда бошад.
12. Дар ҳолати рад намудани бақайдгирии санади меъёрию ҳуқукӣ аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорат, кумитаи давлатӣ ва идорае, ки ин санадро нашр кардааст, метавонад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят пешниҳод намояд.
13. Ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон, ки ба Феҳрасти давлатии санадҳои меъёрию хуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд, код дода мешавад.
Баъд аз бақайдгирии давлатии санади меъёрию хуқуқии идоравӣ як нусхаи он (матни аслӣ) бо коди додашудаи бақайдгирии давлатӣ ба мақоми идоракунии давлатӣ дахлдор фиристонида мешавад. Нусхаи дуюми санад дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
14. Санадҳои меъёрию ҳуқуқии идоравӣ (ғайр аз санадҳое, ки сирри давлатиро ё дигар сирреро, ки қонун ҳифз менамояд, дар бар мегиранд), дар нашрияҳои расмии кушода интишор карда мешаванд ва онҳо бо шарте эътибор пайдо мекунанд, ки дар ин нашрияҳо чоп шаванд.
15. Баъд аз бақайдгирии давлатии санади меъёрию ҳуқуқии идоравӣ на дертар аз 7 рӯз, мақомоте, ки санади меъёрию ҳуқуқиро тасдиқ кардааст, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотро дар бораи сарчашмаи интишори ин санад пешниҳод менамояд (дар шакли нусхаи чопшудаи санади меъёрию ҳукуқии идоравӣ).
Ҳангоми интишори санади меъёрию ҳуқуқии идоравӣ нишон додани код ва таърихи бақайдгирии давлатӣ ҳатмист.
16. Маълумот аз Феҳрасти давлатии асноди меъёрию ҳуқуқии Ҷумхурии Точикистон дар асоси шартномаҳо ва тарифҳои (нархномаҳои) махсуси хизматрасонӣ пешниҳод карда мешавад.
Тартиб ва андозаи муздро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда, бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатин сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа менамояд.
Маблағҳое, ки ба сифати музд барои додани маълумот аз Феҳрасти давлатии асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.
17. Тағйироту иловаҳо ба асноди меъёрию ҳуқуқие, ки аз қайди давлатӣ гузаштааст, дохил карда мешаванд, бо тартиби умумӣ ба қайд гирифта шуда, онҳо ба коди санади меъёрию ҳуқуқии асосӣ замима мегарданд.