ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Масъалаҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони Президенти ЧТ аз 29.01.2008 № 408, аз 26.01.2010 № 777, аз 8.03.2011 № 1043, аз 20.07.2011 № 1089)
Мутобиқи моддаии 130 Қонуни конститугсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" фармон медиҳам:
1. Сохтор ва нақшаи идораи Дастгоҳи марказии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Шумораи умумии кормандони Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳо, шӯъбаҳо, бахшҳо ва судҳои ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, судҳои иқтисодии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ба миқдори 1122 воҳид (бе дарназардошти ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад, аз ҷумла ():
Дастгоҳи марказӣ 40 воҳид
Раёсат ва шӯъбаҳои вилоятӣ 12 воҳид
Судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони
Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе 181 воҳид
()
Судҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо 706 воҳид
()
Судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони
Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе 54 воҳид
Судҳои ҳарбӣ 52 воҳид
()
Маркази таълимии судяҳо 7 воҳид
3. Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
5. Барои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 33 воҳид, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ 6 воҳид муқаррар карда шавад.
6. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2000 № УП-84 "Дар бораи масъалаҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
7. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
12 майи соли 2006 № 1746
ш. Душанбе
Замимаи 1
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 майи соли 2006 № 1746
тасдиқ шудааст
Сохтори Дастгоҳи Марказии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Котибот
Раёсати судҳо
Раёсати банақшагирӣ ва молия
Шӯъбаи кадрҳо
Шӯъбаи коргузорӣ ва корҳои махсус
Бахши робитаҳои байналмилалӣ ва систематизатсияи қонунгузорӣ.
Замимаи 2
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 майи соли 2006 № 1746
тасдиқ шудааст
Нақшаи идораи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Раёсат ва шӯъбаҳои вилоятӣ
Судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе
Судҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо
Судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе
Судҳои ҳарбӣ
Маркази таълимии судяҳо.