Низомномаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2007, № 355

Санаи амалкуни: 15.07.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

 

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "15" июли соли 2019, № 1282

тасдиқ шудааст

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "15" июли соли 2019, № 1282

тасдиқ шудааст

 

Таҳрири нав (Фармони Президенти ҶТ аз 15.07.2019 № 1282)

Таҳрири нав (Фармони Президенти ҶТ аз 15.07.2019 № 1282)

НИЗОМНОМАИ ШӯРОИ МИЛЛИИ РУШДИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Фармони Президенти ҶТ аз 15.07.2019 № 1282)

(Фармони Президенти ҶТ аз 15.07.2019 № 1282)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Шӯро) мақоми машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаҳои амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳадафҳои рушди устувор таъсис дода шудааст.

2. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамин низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

...

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 декабри соли 2007 № 355

тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Шӯро) мақоми машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 (минбаъдСМР) ва Стратегияҳои миёнамӯҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз он бармеоянд (минбаъд - СПКСК) таъсис дода шудааст.

2. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

Вазифаҳо ва функсияҳои асосии Шӯро

3. Вазифаҳои асосии Шӯро инҳо мебошанд:

- муҳокимаи ҷараёни татбиқи ислоҳоти идораи давлатӣ, бахши иҷтимою иқтисодӣ ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба беҳтар намудани онҳо;

- баррасӣ намудани ҳисоботҳо оид ба рафти татбиқи СМР/СПКСК;

- муҳокима ва таҳия намудани тавсияҳо оид ба тасдиқи лоиҳаҳои стратегияҳои рушди кишвар;

- муҳокима ва таҳия намудани тавсияҳо оид ба тасҳеҳи мақсад ва вазифаҳое, ки дар СМР/СПКСК муайян гардидаанд.

4. Мутобиқи вазифаҳои асосӣ Шӯро функсияҳои зеринро иҷро менамояд:

- таҳлил ва таъмини шаффофияти ҷараёни татбиқи ислоҳоти идораи давлатӣ ва бахши иҷтимоӣ - иқтисодӣ;

- арзёбии рафти татбиқи СМР/СПКСК, чораҳои ба он вобастабуда ва натиҷаҳои бадастомадаро;

- пешниҳоди тавсияҳо оид ба ворид намудани ислоҳот ба мақсад, вазифа ва параметрҳои кӯтоҳмӯҳлат ва миёнамӯҳлати рушд, механизмҳо ва такмили усулҳои ноил гардидан ба мақсадҳои СМР/СПКСК;

- манзур намудани пешниҳод ва тавсияҳо оид ба лоиҳаи барномаҳои миёнамӯҳлати соҳавӣ ва минтақавии рушд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- манзур намудани тавсия ва пешниҳодҳо оид ба такмили минбаъдаи рафти татбиқи чорабиниҳои СМР/СПКСК ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шунидани ҳисоботи аъзои Шӯро, намояндагони мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо оид ба татбиқи СМР/СПКСК;

- пешниҳоди тавсияҳо оид ба гузаронидани конфронсҳо ва семинарҳо ҷиҳати баррасии масъалаҳои вобаста ба татбиқи СМР/СПКСК.

Ҳайати Шӯро ва тартиби ташаккули он

5. Ба ҳайати Шӯро намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки дар татбиқ ва мониторинги СПКСК иштирок менамоянд, инчунин намояндагони бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил мегарданд.

6. Раиси Шӯро аз рӯи вазифа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

7. Ҳайати шахсии Шӯро ва Котиботи Шӯроро Раиси Шӯро таъсис ва тасдиқ менамояд.

8. Аъзои Шӯро ҳуқуқ надоранд ваколатҳои худро ба ашхоси дигар вогузор намоянд.

Тартиби кории Шӯро

9. Ба кори Шӯро Раиси он роҳбарӣ менамояд.

10. Шаклҳои асосии фаъолияти Шӯро ҷаласаҳои Шӯро мебошанд. Ҷаласаҳои Шӯро мунтазам, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ доир гардида, дар холати иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзоёни Шӯро хукми қонунӣ пайдо менамоянд ва дар шакли протокол ба расмият дароварда мешаванд. Дар мавриди зарурат ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯро метавонанд доир карда шаванд.

11. Рӯзномаи чаласа ва тартиби баррасии масъалаҳоро дар ҷаласаҳои Шӯро Раиси Шӯро бо пешниҳоди Котиботи Шӯро муайян менамояд.

12. Маводҳоро ҷиҳати ворид намудан ба баррасии Шӯро, Котиботи Шӯро дар асоси маводҳои пешниҳодгардида омода менамояд ва на дертар аз се рӯз то оғози ҷаласа ба аъзоёни Шӯро ирсол менамояд.

13. Шӯро дар доираи салоҳияти худ дар ҷаласаҳо вобаста ба масьалаҳои муҳокимашаванда қарор ва тавсияҳо қабул менамояд, ки онҳо бо овоздиҳии аксарияти аъзоёни Шӯро қабул карда мешаванд.

14. Ба ҷаласаҳои Шӯро намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, кишварҳои кӯмакрасон ва ширкатҳои хориҷӣ ба ҳайси нозир даъват шуда метавонанд.

15. Намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, кишварҳои кӯмакрасон ва ширкатҳои хориҷӣ метавонанд таклифҳои худро оид ба масъалаҳои вобаста ба татбиқи СМР/СПКСК, ислоҳоти иқтисодӣ ба баррасии Шӯро пешниҳод намоянд.

Ваколатҳои Котиботи Шӯро

16. Котиботи Шӯро мақоми кории Шӯро буда, таъмини иттилоотӣтаҳлилӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ - техникии фаъолияти онро анҷом медиҳад.

Вазифаҳои Котиботи Шӯро бо мусоидати шӯъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро расонида мешавад.

Роҳбарии умумии фаъолияти Котиботи Шӯро аз ҷониби Котиби Шӯро, ки бевосита ба Раиси Шӯро итоат мекунад, ба амал бароварда мешавад.

17. Котиботи Шӯро:

- лоиҳаи нақшаҳои кории Шӯро ва рӯзномаи ҷаласаи онро бо назардошти пешниҳодҳои аъзои Шӯро таъмин менамояд;

- омода намудани маводҳои заруриро оид ба баргузории ҷаласа ва қабули қарорҳои Шӯро таъмин менамояд;

- ташаккул ва кори комиссияҳои байниидоравӣ ва гурӯҳҳои кории онро таъмин менамояд;

- ба Раиси Шӯро оид ба муайян намудани таърихи ҷаласаи навбатӣ ва рӯзномаи ҷаласа таклиф пешниҳод менамояд;

- даъват намудани ҷаласаҳои навбатӣ ва ғайринавбатии Шӯроро дар таърихи муайяннамудаи Раиси Шӯро таъмин менамояд;

- иҷрои қарорҳои Шӯроро назорат менамояд.

Комиссияҳои байниидоравӣ ва гурӯҳҳои кории Шӯро

18. Шӯро мутобиқи самтҳо ва вазифаҳои асосии худ комиссияҳои байниидоравӣ ё гурӯҳҳои кориеро таъсис медиҳад, ки вобаста ба вазифаҳои гузошташаванда метавонанд дар асоси доимӣ ё мувакқатӣ аз рӯи аломати умумивазифавӣ ва соҳаҳои алоҳидаи фаъолият ташкил карда шаванд.

19. Масъалаи ташкил, вазифаҳо ва ҳайати шахсии комиссияҳои байниидоравӣ ё гурӯҳҳои кориро Шӯро бо пешниҳоди Котиботи Шӯро ҳал менамояд. Ҳангоми зарурат аз ҷониби аъзои Шӯро метавонанд тағйирот ва тасҳеҳот ворид карда шаванд.

Тартиби кори комиссияҳои байниидоравӣ ва гурӯҳҳои корӣ аз ҷониби Шӯро муайян карда мешавад.

20. Таъминоти иттилоотию таҳлилӣ ва ташкилию техникии фаъолияти комиссияҳои байниидоравӣ ва гурӯҳҳои кории Шӯроро вазорату идораҳое, ки намояндагони онҳо дар кори ин комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ ширкат мекунанд, инчунин Котиботи Шуро ба роҳ мемонанд.

21. Дар фаъолияти худ комиссияҳои байниидоравӣ ва гурӯҳҳои корӣ бо Котиботи Шӯро ҳамкорӣ менамоянд. Маводҳое, ки аз ҷониби ин комиссияҳо ва гурӯҳҳо ҷиҳати баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯро таҳия мешаванд, ба Котиботи Шӯро пешниҳод мегарданд.