ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи боби 8 Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 ва бо мақсади таъмини ҳамкорӣ дар масъалаҳои рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои шарикии созандаи ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фармон медиҳам:
1. Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Низомномаи замимагардидаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 19 декабри соли 2007 № 355
ш. Душанбе
аз 19 декабри соли 2007 № 355
ш. Душанбе
...