ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси агентии татбиқи лоиҳаи ҳалли масъалаҳои кӯли Сарез
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии корҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои кӯли Сарез ва истифодаи маблағҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқӣ ва кишварҳои донор ба ин мақсадҳо ҷудо мешаванд, инчунин татбиқи лоиҳаи миссияи Бонки умумиҷаҳонӣ доир ба паст кардани хатари кӯли Сарез (ПСРСО), Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар заминаи мудирияти муттаҳидаи ҳалли масъалаҳои кӯли Сарези назди Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии татбиқи лоиҳаи ҳалли масъалаҳои кӯли Сарез таъсис ва Низомномаи замимагардидаи Агентии татбиқи лоиҳаи ҳалли масъалаҳои кӯли Сарез тасдиқ карда шавад.
2. Пешниҳоди Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Директори Агентии татбиқи лоиҳаи ҳалли масъалаҳои кӯли Сарез таъин намудани Абдуллоев А. С. маъқул дониста шавад.
3. Ба инобат гирифта шавад, ки хароҷоти таъминоти Агентии татбиқи лоиҳаи ҳалли масъалаҳои кӯли Сарез аз соли 2000 сар карда, аз ҳисоби маблағҳои аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқӣ, кишварҳои донор ҷудошаванда ва маблағҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби ҳиссаи ҷумҳурӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи ба ҳолати бехатар овардани кӯли Сарез ҷудо мегарданд, пардохта мешавад.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2000 ва солҳои минбаъда ҷиҳати таъмини Агентии зикршуда ва анҷом додани фаъолияти он аз ҳисоби ҳиссаи ҷумҳурӣ барои татбиқи лоиҳаи ба ҳолати бехатар овардани кӯли Сарез маблағҳои дахлдорро пешбинӣ намояд;
лимити шумораи кормандон ва маблағҳо барои таъминоти онҳоро аз ихтиёри Мудирияти муттаҳидаи кӯли Сарези назди Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри Агентии татбиқи лоиҳаи ҳалли масъалаҳои кӯли Сарез супорад;
барои Агентии мазкур лимити нигоҳ доштани як автомашинаи хизматиро ҷудо намояд.
5. Муқаррар карда шавад, ки:
маблағҳои ба Агентии татбиқи лоиҳаи ҳалли масъалаҳои кӯли Сарез барои татбиқи вазифаҳояш воридшаванда, ба истиснои андоз аз даромади музди меҳнати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин Агентӣ кор мекунанд, андозбандӣ намешаванд;
таҷҳизот ва молҳое, ки ҷиҳати амалӣ намудани вазифаҳои Агентии татбиқи лоиҳаи ҳалли масъалаҳои кӯли Сарез ворид карда мешаванд ва аз ҳисоби маблағҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ ва кишварҳои донор маблағгузорӣ мегарданд, аз пардохтҳои гумрукӣ озод мебошанд;
мутобиқи созишномаҳои кредитӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ маблағҳое, ки барои пардохти музди меҳнати кормандони Агентӣ равона мегарданд, аз пулҷудокунӣ ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд. Масъалаи кушодани ҳисобномаҳои захиравиро барои суғуртаи иҷтимоӣ кормандони Агентӣ тибқи тартиби инфиродӣ ҳаллу фасл мекунанд.
6. Назорати истифодаи мақсадноки маблағҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналхалқӣ, кишварҳои донор ҷудо карда мешаванд, ба зиммаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда гузошта шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 15 октябри соли 1999 № 419
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 октябри соли 1999 № 419
тасдиқ шудааст
Низомномаи агентии татбиқи лоиҳаи ҳалли масъалаҳои кӯли Сарез
1. Агентии татбиқи лоиҳаи ҳалли масъалаҳои кӯли Сарез (минбаъд Агентӣ) сохтори ташкилӣ мебошад, ки маблағҳои барои ҳалли масъалаҳои кӯли Сарез ҷудошавандаро ҳамоҳангсозӣ ва идора намуда, тамоми қувваи худро барои дастгирии стратегияи Ҳукумат ҷиҳати паст кардани хавфи кандашавии кӯли Сарез бо роҳи интихоб ва кирои мушовирон, харидани мол ва хизматрасонӣ, робита бо ташкилотҳои минтақавӣ бо роҳи маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию тарроҳӣ, таъсиси маркази иттилооӣи, ҷамъ намудани маълумот ва натиҷаи корҳои илмию тадқиқоӣи, таъсиси маъхазҳои иттилоотӣ оид ба масъалаҳои кӯли Сарез, эълони Озмуни байналхалқӣ ҷиҳати таҳияи роҳи хуби ба эътидол овардани ҳолати кӯли Сарез, дар асоси тендер муайян кардани иҷрокунандаи татбиқи лоиҳа, ки дар озмун ғолиб омадааст, ташкили хатти сайру саёхат ва дигар корҳое, ки дар ин самт амалӣ мешаванд, равона мекунад.
2. Агентӣ фаъолияти худро мутобиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди байналхалқию ҳуқуқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома амалӣ мекунад.
3. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, тибқи қонунгузории ҷорӣ дорои амволи алоҳида, баланси мустақил, суратҳисоб, ҳисобномаҳои асъорӣ, дигар ҳисобномаҳо дар муассисаҳои бонкӣ буда, бо номи худ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, мӯҳр, штамп ва бланкҳо дорад.
4. Мақсади асосии Агентӣ аз ҳалли масъалаҳои кӯли Сарез ва дар асоси онҳо ба ҳолати бехатар овардани он иборат мебошад.
5. Мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш вогузоргардида Агенӣ тадбирҳои зайлро амалӣ мекунад:
ҳамоҳангсозӣ ва идораи самараноки корҳои илмию таҳқиқотӣ ва гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба ҳолати бехатар овардани кӯли Сарез;
ташкили Маркази иттилоотӣ ва ба хотираи машинаҳо ворид кардани хулосаю натиҷаҳои тамоми корҳои илмию техникие, ки дар давраи мавҷудияти кӯли Сарез ба сомон расонида шуданд;
таъсиси шабакаи огоҳикунонии пешакии аҳолӣ дар сурати рӯй додани ҳолатҳои фавқулодда;
ташкили мушоҳидаҳои зилзилавӣ, деформатсионӣ ва обӯҳавосанҷӣ;
эълон намудани озмуни байналхалқӣ оид ба роҳи беҳтарини ба эътидол овардани ҳолати кӯли Сарез;
ташкили пайроҳаҳои саёҳатӣ ба кӯли Сарез;
маблағгузории саривақтии лоиҳаҳо ва назорати сифати корҳои иҷро кардашаванда;
роҳбарӣ ва таъмини маблағгузории сохтмони пайроҳаи автомобилгард ба сӯи кӯли Сарез;
иҷро намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва робитаҳои байналхалқие, ки ба иҷрои Вазифаҳои ба ӯҳдаи он вогузоргардида равона карда шудаанд;
фаъолияти дигаре, ки аз рӯи қонун манъ нашудааст ва барои иҷрои вазифаҳои вогузошташуда зарур мебошад.
6. Агентӣ ҳуқуқ дорад:
дар ихтиёр доштан, истифода намудан ва тибқи қонуни муқарраршуда идора намудани молу мулки дар асоси соҳибияти пурраи хоҷагии ба он вобаста карда шуда;
бастани шартномаҳо (қарордодҳо), харидани таҷҳизоту воситаҳои барои иҷроиӣ ва шахсии ғайриамволӣ, метавонад дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад;
ташкили мустақилонаи фаъолияти ҷорӣ ва оянда;
таъсиси суратҳисобҳо, ҳисобномаҳои асъорӣ ва ғайра дар муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа;
маблағгузории лоиҳаҳо, таъмин намудани мониторинг ва арзёбии рафти иҷрои корҳо;
бо мувофиқаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани сохтори Агентӣ ва муқаррар кардани шакл, тартиб ва андозаи пардохти музди меҳнати кормандони дастгоҳи Агентӣ;
гузаронидани ҷаласа, семинар, конфронс ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ;
нашр намудани китобчаҳо, баромадҳо, маводи конфронсҳо, симпозиумҳо ва семинарҳо;
даъват намудани олимон ва мутахассисони намоёни соҳаҳои гуногуни илму техника ҳам аз ҳудуди ҷумҳурӣ ва ҳам аз хориҷи он;
пешбурди корҳои ташвиқотию тарғибоӣи оид ба масъалаҳои кӯли Сарез;
иҷрои дигар амалҳое, ки хилофи мақсадҳои он ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд.
7. Агентӣ дар ихтиёри худ бино, иншоот, таҷҳизот, лавозимот ва дигар амвол дорад, ки барои таъмини фаъолияти он зарур мебошанд.
8. Маблағҳои Агентӣ аз ин ҳисоб ташкил мешаванд:
маблағҳои ташкилотҳои байналхалқӣ, кишварҳои донор ва инчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мекунад;
воридоти молиявӣ ва моддие, ки тибқи барномаҳои бисёрҷониба ва дуҷониба ҷудо карда мешаванд;
маблағҳои хайрия, тӯҳфаҳои шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқӣ;
дигар манбаъҳое, ки қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
9. Агентиро Директор, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа сабукдӯш менамояд, роҳбарӣ мекунад.
10. Директори Агентӣ барои иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳои ба зиммаи Агентӣ вогузоргардида шахсан масъул буда, дараҷаи масъулияти кормандони Агентиро муайян мекунад;
дар доираи ваколатҳои худ ҳисоботи Агентиро ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
дар муассисаҳои бонкӣ суратҳисобҳо ва дигар ҳисобномаҳои Агентиро таъсис медиҳад;
интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои Агентиро амалӣ карда, қарордоду созишномаҳои меҳнатӣ мебандад;
бо мувофиқаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони дастгоҳи Агентиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ва ҳамин Низомнома ӯҳдадориҳои хидматии ҳар як коргари Агентиро муқаррар ва масъулияти онҳоро барои иҷро кардан ё ба таври бояду шояд иҷро накардани ӯҳдадориҳои ба зиммаашон вогузоршуда муайян мекунад.
11. Директори Агентӣ:
роҳбарияти умумии тамоми фаъолияти Агентиро анҷом медиҳад;
манфиатҳои Агентиро дар тамоми ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо, инчунин дар ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ ва байналхалқӣ ифода мекунад.
12. Баҳисобгирии муҳосиботӣ ва ҳисоботии Агентӣ мутобиқи талаботи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ашхоси ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад.
Натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар ҳисоботҳои семоҳа ва солона, ки ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодда пешниҳод мешаванд, инъикос карда мешаванд. аз ҷониби аудиторони мустақил сурат мегирад.