ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таҳсили рӯзона
(Фармони Президенти ҶТ аз 29.07.05с. № 1579, аз 01.12.2020 № 103)
Бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд гардонидани фаъолияти илмии олимони ҷавони нисбатан боистеъдод ва ояндадор фармон медиҳам:
1. Аз якуми марти соли 1996 стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таҳсили рӯзона таъсис дода шавад
2. Барои аспирантҳои таҳсили рӯзона 50 (панҷоҳ) стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда шавад, ки аз он 15 (понздаҳ) стипендия барои аспирантҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. аз ҷумла 9 (нуҳ) стипендия барои таҳқиқи илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, 10 (даҳ) стипендия барои аспирантҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла 7 (ҳафт) стипендия барои таҳқиқи илмҳои табиӣ ва 25 (бисту панҷ) стипендия барои аспирантҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 19 (нуздаҳ) стипендия барои таҳқиқи илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзи равона мегардад
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ахдофи дар боло зикр шуда, маблағи лозими пайдо намояд.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳ "Низомномаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таҳсили рӯзона"-ро тасдиқ намояд
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
аз 24 феврали соли 1996 № 423