ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 1996, №423
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 1996, № 423 "Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таълими рӯзона" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва банди 1 калимаи "таълими" ба калимаи "таҳсили" иваз карда шавад;
- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Барои аспирантҳои таҳсили рӯзона 50 (панҷоҳ) стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда шавад, ки аз он 15 (понздаҳ) стипендия барои аспирантҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. аз ҷумла 9 (нуҳ) стипендия барои таҳқиқи илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, 10 (даҳ) стипендия барои аспирантҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла 7 (ҳафт) стипендия барои таҳқиқи илмҳои табиӣ ва 25 (бисту панҷ) стипендия барои аспирантҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 19 (нуздаҳ) стипендия барои таҳқиқи илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзи равона мегардад.";
- дар банди 4 калимаҳои "Низомнома дар бораи" ва "таълими" мувофиқан ба калимаҳои "Низомномаи" ва "таҳсили" иваз карда шаванд.
2. Фармони мазкур аз 1 январи соли 2021 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
1 декабри соли 2020, № 103
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменения в указ Президента Республики Таджикистан от 24 февраля 1996 года, №423
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:
1. Пункт 2 указа Президента Республики Таджикистан от 24 февраля 1996 года, №423 "Об учреждении стипендии Президента Республики Таджикистан аспирантам очного обучения" изложить в следующей редакции:
"2. Выплачивать аспирантам очного обучения 50 (пятьдесят) стипендий Президента Республики Таджикистан, из которых 15 (пятнадцать) стипендий направляются для аспирантов Национальной академии наук Таджикистана, в том числе 9 (девять) стипендий на исследования естественных, точных и математических наук, 10 (десять) стипендий для аспирантов Таджикской академии сельскохозяйственных наук, в том числе 7, (семь) стипендий на исследования естественных наук и 25 (двадцать пять) стипендий для аспирантов учреждений высшего профессионального образования Республики Таджикистан, в том числе 19 (девятнадцать) стипендий на исследования естественных, точных и математических наук.".
2. Настоящий указ ввести в действие с 1 января 2021 года.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 1 декабря 2020 года, №103