Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 1996, № 423 "Дар бораи таҳсили стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таълими рӯзона"

Санаи амалкуни: 01.12.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таҳсили рӯзона

(Фармони Президенти ҶТ аз 29.07.05с. № 1579, аз 01.12.2020 № 103)

Бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд гардонидани фаъолияти илмии олимони ҷавони нисбатан боистеъдод ва ояндадор фармон медиҳам:

1. Аз якуми марти соли 1996 стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таҳсили рӯзона таъсис дода шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 01.12.2020 № 103).

2. Барои аспирантҳои таҳсили рӯзона 50 (панҷоҳ) стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда шавад, ки аз он 15 (понздаҳ) стипендия барои аспирантҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. аз ҷумла 9 (нуҳ) стипендия барои таҳқиқи илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, 10 (даҳ) стипендия барои аспирантҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла 7 (ҳафт) стипендия барои таҳқиқи илмҳои табиӣ ва 25 (бисту панҷ) стипендия барои аспирантҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 19 (нуздаҳ) стипендия барои таҳқиқи илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзи равона мегардад(Фармони Президенти ҶТ аз 01.12.2020 № 103).

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ахдофи дар боло зикр шуда, маблағи лозими пайдо намояд.

4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳ "Низомномаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таҳсили рӯзона"-ро тасдиқ намояд (Фармони Президенти ҶТ аз 01.12.2020 № 103) .

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

аз 24 феврали соли 1996 № 423

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таълими рӯзона

(Фармони Президенти ҶТ аз 29.07.05с. № 1579)

Бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд гардонидани фаъолияти илмии олимони ҷавони нисбатан боистеъдод ва ояндадор фармон медиҳам:

1. Аз якуми марти соли 1996 стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таълими рӯзона таъсис дода шавад.

2.Барои аспирантҳои таълими рӯзона, ки дар ҳалли проблемаҳои нисбатан мубрам ва ояндадор, дорои аҳамияти илмию технологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ саҳм мегиранд, ҳар сол 15 (понздаҳ) стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шавад.  

Квотаҳои зерин муқаррар карда шаванд: нӯҳ стипендия барои аспирантҳои Академияи илмҳо ва шаш стипендия барои аспирантҳои мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳаҷми ҳар як стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таълими рӯзона аз 1 ноябри соли 2005 ба андозаи 120 сомони муқаррар карда шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 29.07.05с. № 1579).

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ахдофи дар боло зикр шуда, маблағи лозими пайдо намояд.

4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳ "Низомнома дар бораи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таълими рӯзона"-ро тасдиқ намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

аз 24 феврали соли 1996 № 423