Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, № 230 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ

Мутобики моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Бо мақсади ташкили гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи тахассусии аттестатсиякунонӣ ва иҷозатномадиҳӣ таъсис дода шуда, хайати онро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намояд.

3. Ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки оид ба таъмини гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани аудити бонкӣ чорабиниҳои ташкилии заруриро амалӣ намояд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2000 № 259 "Дар бораи тасдиқи Тартиби гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуки анҷом додани фаъолияти аудиторӣ" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 3 июни соли 2006 № 230

ш. Душанбе