Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 аз 3 декабри соли 2004, № 469

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2004 № 469

тасдиқ шудааст

Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015

Мундариҷа

Муқаддима

1. Зарурати ҳалли консептуалии масъалаҳои соҳибкорӣ.

2. Мақсад ва вазифаҳои Консепсия.

3. Амали намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ.

4. Таъсиси инфраструктураи дастгирии соҳибкорӣ ва низоми таъмини иттилоотии соҳибкории хурду миёна ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи онҳо.

5. Ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма дар соҳаи таблиғоти фаъолияти соҳибкорӣ.

6. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи соҳибкорӣ.

Хулоса.

Муқаддима

Консепсияи рушди соҳибкорӣ, яке аз воситаҳои асосии дастгирии давлатии соҳибкори мебошад.

Самти стратегии рушди соҳибкорӣ дар асри ҶҶI, ки ба ҷори кардани технологияҳои инноватсионӣ, аз лиҳози экологи пок ва бепартов, инчунин ҳифзи захираҳо нигаронида шудааст, ба паст фаровардани хароҷоти истеҳсолот, баҳисобгирии талаботи бозори ҷаҳонӣ, таъмини рақобатнокии миллӣ, мусоидат менамояд. Дар ин мафҳум на танҳо инноватсияҳои дорои хосияти техноген, балки технологияҳои менеҷмент, маркетинг ва таълими соҳибкорӣ низ ба назар гирифта мешавад.

Стратегияи рушди соҳибкорӣ, ҳамчунин интихоби усулҳои расидан ба мақсад, яъне рушди рӯзафзун, мунтазам ва вусъатноки истеҳсоли молҳо ва хизматрасонӣ аз тарафи субъектҳои хоҷагидор, беҳбуди мувозинати пардохтӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро низ пешбини менамояд.

Лозим ба тазаккур аст, ки шароити кунунии пешбарии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба мавҷудияти мушкилиҳои амиқи марбут ба дастёбии субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба бозор ифода ёфтааст, ба монанди қобилияти пасти пардохти аҳолӣ, болоравии хароҷоти нақлиётӣ ва дигар пардохтҳо, душвории дастраси ба сарчашмаҳои ашёи хом, технологияҳои нав, сармояи қарзӣ.

Дар бисёр маврид соҳибкор на ин ки дар андешаи рушди бизнеси худ, балки дар фикри барҷомони мебошад. Таҳлили вазъ ва рушди кунунии соҳибкори нишон медиҳад, ки маҷмӯи мамониатҳои иқтисод6 ва маъмуриву ҳуқуқӣ аз тарафи мақомоти идораи давлат6 ва инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вуҷуд доранд.

Маҳз, пардохтҳои ғайрирасмии субъектҳои хоҷагидор аллакай аз давраи бақайдгири, шурӯъ мешаванд. Маҳдудияти рақобат дар фазои бонки соҳибкорро маҷбур месозад, ки бо сабаби фоизҳои баланди қарз ва пардохтҳои ғайрирасмӣ дар шароити барояш ногувор фаъолият намояд. Хизматрасонии бонки гаронарзиш буда, на аз лиҳози муддат ва на аз лиҳози сифат ба талаботи стандартҳои ҷаҳони ҷавобгӯ нестанд.

Дар мавриди ба фурӯш расонидани маҳсулот бо сабаби рақобатнопазир будани молашон нисбати молҳои воридшаванда истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ба мушкилиҳои зиёде дучор мегарданд.

Ҳарчанд оиди ҳимояи истеҳсолкунандагони маҳаллӣ дар ҳамаи сатҳҳо ҳарф мезананд, вале дар асл бошад, тадбирҳои дар ин самт андешидашуда нокифоя мебошанд. Дар натиҷа, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи маҳсулоти воридоти маҳдуд шудааст.

Дар тамоми дунё маълум аст, ки соҳибкории хурд таъминкунандаи асосии ҷори намудани технологияҳои нав, инноватсияҳо ва ноу-хау дар таҷрибаи истеҳсоли мебошанд, яъне онҳо қисми муҳими пешбарандаи тараққиёти илмию техникӣ ва илмию иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд.

Нисбати андозсупорандагони азим бошад, новобаста аз шакли моликият, механизми иқтисодию ҳуқуқи боз ҳам беадолатона ҳаст, яъне дар асл, он тавре сохта шудааст, ки бештар сармоягузори хориҷиро ташвиқ карда, сармоягузор ва соҳибкор - истеҳсолкунандаи мол ва хизматрасонии маҳаллиро ноумед месозад. Аз ин сабаб, бахши зиёди соҳибкорӣ дар қисмати ғайрирасмии иқтисодиёт ҷойгир шудааст.

Андозҳое, ки аз ҷониби субъектҳои соҳибкории хурд аз рӯи низоми содда пардохт мешаванд, нисбат ба андозбандии корхонаҳои вобаста ба соҳибкории миёна ва калон, бештар воқеъбинона асоснок шудаанд. Чунин вазъият ба болоравии дараҷаи фаъолият ва ташвиқи соҳибкорон оид ба паст кардани нархҳо мусоидат нанамуда, билохира ҷуброни онро истеъмолкунанда медиҳад.

Ҳангоми реструктуризатсияи соҳаҳо имконият ва тавоноии бахши соҳибкории хурд ба қадри кофи истифода намешавад. Соҳибкории хурд дар ҷараёни ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ бо истеҳсолоти калонҳаҷм ба василаи механизмҳои кооперативӣ, истеҳсолоти муштарак ва иҷрои дархостҳои давлатӣ ба миқдори ночиз ҷалб карда мешавад. Ҳанӯз, на ҳамаи корхонаҳои калонҳаҷм механизми реструктуризатсияро, ки ба имкониятҳои корхонаҳои хурд такя дошта бошад, истифода мебаранд. Дар маҷмӯъ, иштироки корхонаҳои хурд низ дар таъминоти эҳтиёҷоти давлатӣ ночиз аст.

Қобили қайд аст, ки соҳибкории инфироди дар марҳалаи ҳозираи рушди иқтисодиёт яке аз ҷойҳои намоёнро дар байни сарчашмаҳое, ки буҷети давлатӣ ва Фонди ҳифзи иҷтимоиро ғани мегардонанд, ишғол менамояд. Ҳамзамон, бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" соҳибкорони инфиродӣ, махсусан занони соҳибкор, кафолатҳои иҷтимоӣ ва суғуртаи муайянро соҳиб гаштанд. Дар ҳолати беморӣ, баромадан ба нафақа, маъюби ё давраи тарбияи кӯдаки навзод онҳо метавонанд кӯмакпулии зарури дошта бошанд, чунки тартиби муайяне баҳисобгирӣ ва бақайдгирии онҳо муқаррар карда шудааст.

Вале боз ҳам расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо барои муайян сохтани имтиёзҳои иҷтимои тавре мушкил карда шудааст ва маблағи пардохт ба қадре ночиз аст, ки соҳибкорон аз он даст мекашанд.

Суботи сиёсӣ, молиявиву иқтисодӣ ва таҳкими асъори миллӣ дар солҳои охир ва ҳамчун ҳимояи ҳуқуқи ва суғурта аз хатарҳои эҳтимоли дар маблағгузории лоиҳаҳо, заминаи мусоидро барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба ҷумҳурӣ гузоштаанд. Ба таври муназзам, мониторинг ва таҳлили амиқи вазъи соҳибкории хурду миёна дар самтҳои афзалиятнок барои имкони сармоягузории хориҷӣ гузаронида мешавад.

Таҳлили вазъи соҳибкори дар панҷ соли охир нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон иқтисодиёти гуногуншакл таъсис дода шудааст, вале бо сабаби набудани қишри васеи соҳибмулкон, самаранокии пасти фаъолияти корхонаҳои хусуси гардонидашуда, таъхирҳо дар болоравии иқтисодиёти миллӣ ба мақсаду вазифаҳои гузошташуда, натавонистем пурра ноил гардем. Аз ин сабаб, зарурати қабули Консепсияи рушди соҳибкори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин танзими давлатии муносибатҳои бозори, ҳамзамон бо дарназардошти хусусиятҳои иқтисодиёти мамлакат ва тафаккури мавҷуда, ба миён омадааст.

Сатҳи имрӯзаи бастомадаи рушди субъектҳои соҳибкори барои таъсиси таъҷилии ҷойҳои нави кори, ҷоннок намудани назми "талабот -пешниҳодот" дар бозорҳои моли маҳалли, пайдоиши сарчашмаҳои даромад аз ҳисоби ташабусси хусусии соҳибкори аз ҷониби қисми аз лиҳози иқтисоди фаъоли аҳоли, кам кардани моддаи қисми хароҷоти иҷтимоии буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо, кофи намебошад.

Пардохтҳои ғайрирасми ҳангоми тафтишу санҷишҳои мақомоти гуногуни назорати ва қудрати хеле боло рафтааст. Низоми андозбандии имтиёзноки соҳибкорони навкор, вуҷуд надорад. Ғайр аз ин, механизми имрӯзаи иқтисоди ва ҳуқуқи соҳибкории хурд, миёна ва калонро, сарфи назар аз шакли моликият, на танҳо ташвиқ наменамояд, балки садди роҳи он мегардад.

Азнавбақайдгирии шахсони ҳуқуқи ва воқеи, ки мақомоти давлати мегузаронанд ба муназзамии муҳити берунаи бизнес ва эътимоди соҳибкор ба оянда мусоидат наменамояд. Тафриқаи коэффитсиенти андоз дар воҳидҳои маъмури (дар шаҳру ноҳияҳо) мавҷуд аст. Ҳамзамон, мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри андоз аз фурӯш то 3% муқаррар гардидааст, ки барои соҳибкорони инфироди пардохти тамоми маҷмӯи андоз мушкилот ба миён овардааст.

Низоми кунунии андозбанди, корхонаҳоро маҷбур месозад, ки афзоиши фонди музди меҳнат сарфи назар аз шакли моликият маҳдуд созанд. Сатҳи миёнаи музди меҳнати миёнаи моҳона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мамлакатҳои Осиёи Маркази пасттарин буда, мутобиқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон 18 доллари ШМА-ро ташкил медиҳад. Барои соҳибкорон, шахсони ҳуқуқи ва воқеи, пардохти музди меҳнати бештар барои баланд бардоштани маҳсулноки, сифати кор ва мол, фоидаовар нест. Барои онҳо авлотар аст, ки ба иқтисодиёти ғайрирасми рӯ оваранд ва аз андозсупори канораҷӯи намоянд, ё ки умуман фаъолият нанамоянд. Дар айни ҳол, корхонаҳои бо инвеститсияҳои хориҷи истисно мебошанд, чунки барои онҳо имтиёзоти алоҳидаи андозбанди муқаррар гардидааст.

Барои реструктуризатсияи сохторҳои калони истеҳсоли имконияти зиёд мавҷуд аст ва ҳамзамон бо ин роҳ рақобат пайдо мешавад, ки танҳо ба фоидаи кор аст. Дар маҷмӯъ, саноат дар худ аз 55 то 80 фоизи имконияти содиротии мамлакатро доро мебошад, вале дар ҳоли ҳозир ин имконият пурра истифода бурда намешавад.

Сохтмончиёни кишвар дар дигар мамлакатҳо биноҳое месозанд, ки ба талаботи ҷаҳони ва сифати баланд ҷавоб медиҳад. Дар дохили мамлакат бошад, сохтмончиён дар ҷустуҷӯи кор мебошанд.

Соҳибкор ҷиҳати пешравии кори худ ва рақобатпазирии ширкаташ сифати истеҳсолотро таъмин месозад. Дар Тоҷикистон бисёр имконоте ҳаст, ки бо истифодаи онҳо бояд сохтмончиёни ватаниро бо кор таъмин намояд. Аммо, аз ҷониби мақомоти дахлдор ин имконот қариб, ки амалан истифода бурда намешавад.

Барои соҳибкор алоқаи боэътимод асоси муваффақият мебошад. Дар кишвар ягон маҳалли зисте нест, ки алоқа дар он ҷо ба талаботи байналмилали ҷавобгӯ бошад. Сатҳи ҳозираи рушди соҳибкори дар соҳаи хизматрасонии алоқа ва Интернет танҳо ба маҳдудияти муҳити ракобати вобаста аст.

Аз соли 1996 то инҷониб дар соҳаи кишоварзи нишондиҳандаҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтаанд. Тақсими бештар аз 75 ҳазор гектар заминҳои корами обёришаванда ба онҳое, ки дар асл бо замин сарукор доранд, натиҷаҳои ғайричамдошти мусбат дод. Вале, такони сахт ба соҳаи кишоварзи аз замони дар ҳама ҷо таъсис додани хоҷагиҳои деҳқони (фермери) дар деҳот ба вуҷуд омад. Дар ин самт низ, яке аз муҳимтарин мамониатҳо, ин мамониатҳои идориву маъмури мебошанд. Роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ба фаъолияти хоҷагидории хоҷагиҳои деҳқони (фермери) дахолати беасос менамоянд.

Мушкилоти калоне, ки ба таври таъҷили бояд ҳал шавад, таъминоти моддию техникии хоҷагиҳои деҳқони мебошад. Ҳоло дар мамлакат низоми мушаххаси таъминоти хоҷагиҳои деҳқони бо нуриҳои минералию заҳрхимикатҳо, қисмҳои эҳтиётии техникаи кишоварзи, тухми ва равғанҳои молиданиву сӯзишвори мавҷуд нест.

Сол ба сол шаклҳои нави хоҷагидори васеъ ҷори карда мешавад, аммо инфраструктураи дастгирии онҳо давлати боқи мемонад.

Дастгирии молиявии соҳибкорони кишоварзи яке аз воситаҳои пурқудрати рушди соҳа ба ҳисоб меравад. Дар тамоми марҳилаҳои кор, аз шудгор сар карда, то ғунучини ҳосил фермер ба маблағ эҳтиёҷ дорад. Меъёрҳои баланди фоизҳои маблағҳои кредитию молияви ва худи расмиёти дарёфти онҳо ба ҳеҷ як меъёре мутобиқат наменамоянд. Шартномаҳои фючерси истеҳсолкунандагони кишоварзиро, инчунин хоҷагиҳои деҳқони (фермери)-ро ба қарздории калон ё муфлисшави оварда расониданд. Ҳамзамон дар ҳамаи мамлакатҳои мутараққи фермерҳо бо ширкатҳои фючерси кор мекунанд ва рӯ ба инкишофанд.

Соҳибкорон дар соҳаи нақлиёт бештар аз 20 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро истеҳсол мекунанд. Зиёда аз 95 фоизи воситаҳои нақлиёти хусуси гардонида шудаанд. Ҳамзамон, дар ин соҳа низ мушкилоту масъалаҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳаллу фасли онҳо таъхирнопазир аст.

Корхонаҳои соҳибкории хурд фаъолиятро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт амали менамоянд, вале бештар афзалият ба тиҷорат ва хизматрасони дода шудааст ва тақрибан ҳар як сеюм корхона дар ин соҳаҳо фаъолият дорад.

Дар солҳои охир, тамоюли инкишофи соҳибкории хусуси дар соҳаҳои тандурусти, маориф ва дар хӯроки умуми мушоҳида мешавад.

Иқтидори содиротии ҷумҳури бемаҳдуд аст. Дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти кишвар имконот ва захираҳо барои истеҳсол ва коркарди навъҳои гуногуни маҳсулот мавҷуд аст, ки дар бозори ҷаҳони талабот доранд. Дар мамлакат захираҳои энергетики ва илмию ақлонии зиёд вуҷуд доранд. Бо истифодаи бартарияҳои мавҷуда дар ҷумҳури даҳҳо корхонаҳо бо инвеститсияҳои хориҷи таъсис ёфта, амал мекунанд.

Маблағҳои молиявиро сармоягузор баъд аз омӯзиши дақиқи бозор ва ҳамкорони ояндаи худ, инчунин дигар шароити вобаста хоҳад гузошт. Вале пас аз он ки бо шарикон ошно мегарданд таваҷҷӯҳи аксари хориҷиён нисбати идомаи кори якҷоя баъди мулоқоти аввалин коста мегардад. Надонистани хусусиятҳои бизнес, бесалоҳияти ва соддалавҳии соҳибкорони мо, базаи қонунгузори ва андозбандии номукаммал шароити номусоидро барои ҳамкори бо сармоягузорони эҳтимолиро ба миён меоварад.

Дар солҳои охир сохтори соҳавии соҳибкори, махсусан соҳибкории хурд амалан тағйир намеёбад. Чунин соҳаҳои фаъолият, қабл аз ҳама, тиҷорат ва хӯроки умуми нисбат ба дигар соҳаҳо ҷолибтар менамоянд. Аз ин сабаб, бештари субъектҳои соҳибкории хурд амалан фаъолияти худро қатъ намудаанд. Субъектҳои боқимонда бошанд, ба ҳифзи ҳаҷми кунунии бизнеси худ аз ҳисоби кам кардани шумораи коргарон ва пардохти музди меҳнат кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Фаъолияти субъектҳои соҳибкори аз бисёр ҷиҳат аз амалҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати вобастаги дорад. Бе андешидани чораҳои махсус рушди соҳибкори имконнопазир мебошад.

Усулҳои консептуалие, ки дар Консепсияи мазкур ифода гардидаанд, қабл аз ҳама, барои ҳаллу фасли проблемаҳои зерине, ки рушди соҳибкориро бозмедоранд, равона шудаанд:

- номукаммалии низоми андозбанди;

- номуназзамии маблағгузории буҷети ва ғайрибуҷетии барномаҳои давлати ва маҳалли оид ба дастгирии соҳибкори;

- номукаммалии механизмҳои дастгирии молиявию қарзи ва суғуртаи хатари эҳтимолии марбут ба соҳибкории хурд;

- набудани механизмҳои худмаблағгузори (иттиҳодияҳои қарздиҳанда, ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила ва ғайра);

- дастрасии маҳдуди субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба иқтидорҳои истеҳсоли ва амволи корхонаҳои реструктуризатсияшаванда;

- набудани ҳимояи боэъмитоди иҷтимои ва бехатарии соҳибкорон;

- мушкилоти ташкилии ҳамкории мутақобилаи бизнеси хурд бо бозор ва сохторҳои давлати;

- мамониатҳои маъмури дар роҳи соҳибкори;

- номукаммалии базаи бонки;

- сатҳи баланди таварруми пул;

- набудани бозорҳои рақобатнок ва механизмҳои бозори дар иқтисодиёт, шаффофият ва баробарии низом, афзалияти сохторҳои монополи дар бозор;

- норасоии маблағҳои молияви;

- фаҳмиши маҳдуди принсипҳои корчаллони, ки дар худ принсипҳои менеҷменти муосир, таҳлили молияви ва маркетингиро дар бар мегиранд;

- сатҳи пасти маҳоратноки ва таҷрибаи ночизи кормандон дар соҳаҳои гуногуни бизнеси муосир;

- надоштани таҷриба ва дониш дар мавриди пайдо намудани шарикони соҳибкор чи дар кишвари худ ва чи хориҷ аз он;

- корҳои нокифояи ташвиқоти андозбанди;

- шароити номусоиди қарздиҳи аз сабаби баланд будани меъёрҳои фоизи;

- дастрас набудани иттилоот оид ба сарчашмаҳои қарздиҳии ватани ва хориҷи;

- номукаммал будани инфраструктура, аз ҷумла инфраструктураи низоми суғуртави;

- маҳдудияти ширкат дар намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо ва ё форумҳои сармоягузорон, ки дар натиҷа муомила бо истеҳсолкунандагони хориҷи маҳдуд мегардад;

- норасоии воситаҳои арзон ва самараноки алоқа, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар;

- масъалаҳои мураккаби иҷтимои ва сиёси;

- надоштани малака ва таҷриба дар бахши таҳияи бизнес-нақшаи асоснокшудае, ки ба талаботи байналмилали ҷавобгу мебошад;

- мушкилоти вобаста ба арзёбии маълумот дар бораи шарикони хориҷи муқарар намудани алоқа бо онҳо ва ғайра.

2. Мақсад ва вазифаҳои Консепсия.

Мақсади асосии Консепсияи рушди соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи давлати фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқи, иҷтимоию иқтисоди, молияви ва ташкили барои ташаккули бахши хусусии иқтисодиёти кишвар, инфраструктураи мутараққии дастгирии соҳибкорие, ки асосҳои соҳибкории самаранокро дар мамлакат таъмин менамояд ва ҳамчунин муайян намудани воситаҳои асосии макроиқтисоди ва дигар фишангҳои дастгирии давлати ва ҷамъияти дар асоси моликияти хусуси ва корпоративи мебошад.

Амали намудани ин мақсад бояд ба тағйироти кулли дар сохтори иқтисодиёти мамлакат, баланд бардоштани низоми рақобат, афзоиши даромадҳо ба буҷети давлати, болоравии истеҳсоли молҳо ва хизматрасони, пешгирии баландшавии сатҳи нархҳо ва афзудани дараҷаи шуғли аҳоли оварда расонад.

Ҳар кадоме аз ин вазифаҳо алоқаи мутақобиларо бо дигар вазифаҳо доранд, ки вобаста ба функсияҳои дастгирии давлатии соҳибкори дар самтҳои зерин муайян карда мешаванд:

- таъмини меъёрии ҳуқуқии соҳибкори;

- амалисозии дастгирии молиявии соҳибкори дар самтҳои афзалиятнок;

- таъсиси инфраструктураи дастгири ва таъмини шабакаи иттилоотии соҳибкори ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи он;

- таъмини илмию методи ва кадрҳо барои субъектҳои соҳибкори;

- ҳамкории байналмилали дар соҳаи соҳибкори.

Барои амалисозии мақсади асосии Консепсия ҳалли вазифаҳои зерини асоси дар сатҳи давлати дар назар дошта шудаанд:

- соддасозии расмиёти бақайдгири, литсензиядиҳи, низоми андозбанди, баҳисобгири ва ҳисоботдиҳи барои субъектҳои соҳибкори;

- таъсиси низоми мутараққии маблағгузории молияви, қарздиҳи ва суғуртаи фаъолияти соҳибкори;

- ташаккули инфраструктураи бозори, ки ҷиҳати рушди алоқаҳои уфуқии хоҷагидори дар асоси ташкили биржаҳо, ярмаркаҳо, намоишгоҳҳои замонави, ҷиҳати васеъ намудани хизматрасонии лизинги ва иҷорави фароҳам овардани шароити зарури дар назар аст;

- рушди системаи таъминоти илмию иттилоотии фаъолияти соҳибкори дар асоси таъсиси базаи шабакадори илмию иттилооти, пешниҳоди маълумот бо тартиби муқараргардида, таъсиси маҳзани маълумот барои кӯмак ба соҳибкорон;

- рушди системаи тарбия, бозомӯзи ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳибкори дар асоси истифодаи якҷояи усулҳои гуногуни таълим аз лиҳози муддат, шакл ва таъмиқ;

- кӯмаки методи дар мавриди таҳияи барномаҳои минтақавиву соҳавии дастгири ва рушди соҳибкори;

- таъсиси маҳзанҳои маълумоти лоиҳаҳои соҳавии инвеститсиони дар сатҳи вилоятҳои ҷумҳури.

Низоми дастгирии давлатии соҳибкори, дар навбати аввал, ба заминаи қонунгузори ва меъёрии ҳуқуқие, ки барои ташаккул ва рушди мунтазами соҳибкории хурду миёна дар кишвар шароит муҳайё месозад, такя менамояд.

Бо ин мақсад, пешниҳодҳо оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои танзими фаъолияти соҳибкори дахл доранд, бояд таҳия шаванд, аз ҷумла:

- бо иштироки сохторҳои соҳибкори ва коршиносони мустақил (аз ҷумла байналмилали) таҳияи лоиҳаҳои нави қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди рушди соҳибкори, ҷиҳати таъсиси маҳзани маълумоти собит, ки ба талаботи байналмилали ҷавобгӯ бошад;

- таҳияи санади меъёрии ҳуқуқи барои муқаррар намудани тартиби соддаи додани иҷозатномаҳо (литсензия) ба субъектҳои соҳибкори;

3. Амали намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ

3.1 Дар бахши молияви, мутобиқи самтҳои афзалиятнок:

Яке аз шартҳои муҳими рушди соҳибкори мавҷудияти маблағи аввалия барои пардохт ба бизнес ва васеъ намудани истеҳсолот мебошад. Давлат мақсад дорад ба субъектҳои соҳибкори аз ҳисоби фондҳои буҷети ва ғайрибуҷети дастгирии молияви намояд.

Ба мақсади амали намудани Консепсия самтҳои мушаххаси дастгирии молиявию қарздиҳии субъектҳои соҳибкори зарур мебошанд, аз ҷумла, бо роҳи амали намудани тадбирҳои паст кардани меъёри фоизҳо аз рӯи кредитҳои бонки, дар асоси қарздиҳи, қарздиҳии хурд ва лизинг бо кӯмаки донорҳои байналмилали.

Мутобиқи ин Консепсия такмили механизми дастгирии молияви ва қарздиҳии соҳибкориро бо роҳҳои зерин пешбини менамояд:

- таъмини дастрасии соҳибкорон ба захираҳои молияви ва қарзи тавассути мақомоти давлатии дастгирии соҳибкори;

- муқаррарсозии системаи имтиёзҳо ҳангоми додани қарзҳои бонки ба субъектҳои соҳибкорие, ки фаъолияти худро аз рӯи номгӯи самтҳои афзалиятнок, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали менамоянд;

- муайянсозии квотаҳои захираҳои қарзии дохили ва хориҷи бо мақсади равона намудани онҳо барои рушди соҳибкори;

- суғуртакунии барномаҳои самаранок дар соҳаи рушди соҳибкори бо роҳи таъсиси фондҳои кафолати ва суғуртави;

- таъсиси механизмҳои иқтисодие, ки сармоягузории маблағҳои шахсии соҳибкориро, ҳамзамон бо андозбандии дифференсиатсияшудаи пасандозҳо, вобаста ба самтҳои истифодаи он, ба фаъолияти соҳибкори ташвиқ менамояд;

- ташаккули системаи кафолатҳо барои ҷалби сармояҳо.

Яке аз самтҳои муҳими дигари ташаккули муҳити мусоид барои рушди соҳибкори, дастгирии амволии субъектҳои соҳибкории хурд мебошад.

Чораҳои мушаххаси дастгирии амволи дар самтҳои зерин амали мегарданд:

- таъминоти меъёриву методи;

- баҳисобгири ва назорати самаранокии истифодаи амволии давлатие, ки ба субъектҳои соҳибкории хурд дода шудаанд;

3.2. Дар саноат ва сохтмон:

- таъсиси корхонаҳои хурди коркард ва бастабандии маҳсулот кишоварзи ва дигар маҳсулот;

- таъсиси корхонаҳои сохтмони ва таъмири хонаҳои истикомати, муассисаҳои кӯдакона, иншооти варзиши, роҳсози, беҳдошти муҳити беруна;

- истеҳсоли масолеҳи сохтмони аз ашёи маҳалли;

- таъсиси корхонаҳои оиди ҷамъоварии асбобҳо, механизмҳо, мошинҳо ва техникаи маиши аз ҷузъҳо ва блокҳои мукаммалкунандаи ба Ҷумҳури воридшаванда;

- истеҳсоли либос, пойафзол ва маҳсулоти ҷавоҳирот;

- инкишофи энергетикаи хурд ва сарчашмаҳои нерӯи ғайримаъмули;

- коркарди ашёи хоми дубора.

Қобили тазаккур аст, ки дар саноат барои рушди соҳаи соҳибкори захираҳо ва имконоти зиёд мавҷуд аст. Мавқеи ҷуғрофи ва захираҳои табиии ҷумҳури ва боигариҳои ғании зеризамини имконият медиҳанд, ки ба самтҳои нерӯталаби истеҳсолот, аз ҷумла, нерӯи барқ, нафт, газ, коркарди маводи нафти, ангиштсанг, канданиҳои фоиданок афзалият дода, саноати кӯҳи, металлургия, махсусан металлургияи ранга инкишоф ёбанд.

3.3. Дар соҳаи кишоварзи:

- инкишофи ҳамаи соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзи, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти хӯроквори;

- коркарди аввалия ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзи;

- хизматрасонии техникии кишоварзи;

- инкишофи инфраструктураи нақлиёти ва тиҷорати, ки ба истеҳсолкунандаи кишоварзи хизмат мерасонад;

- ташаккул ва инкишофи қитъаҳои таҷрибави дар шароити гуногуни табиию иқлимии ҷумҳури ба мақсади расонидани кӯмаки илмию методи ба хоҷагиҳои деҳқони;

- таҳияи барномаҳои махсус бо мақсадҳои ноилсозии фермерҳо ба талаботи бозор, васеъ намудани содироти маҳсулоти кишоварзи ва ҳифзи захираҳои табий;

- таъмини саривақтии хоҷагиҳо бо тухмии хушсифат, об ва нуриҳои минерали, заҳрхимикатҳо, сӯзишвори, техникаю олотҳои кишоварзи.

3.4. Дар соҳаи хизматрасони:

- инкишофи соҳибкории хурд ва миёнаи тиҷорати ва хӯроки умуми;

- ташвиқи таъсиси корхонаҳои нақлиётии ҳамлу нақл ва стансияҳои хизматрасонии техникии автомобилҳо;

- инкишофи хизматрасонии иҷтимои ва маиши (расонидани кӯмак дар хона, парастории кӯдакон, таъмири мебел, техникаи маиши ва ғайра);

- инкишофи ҳунарҳо ва косибии мардуми;

- ташкили туризм ва кӯҳнаварди.

3.5. Дар соҳаи фаъолияти илмию техники:

- таъсиси корхонаҳои ба таҳия, лоиҳакаши ва татбиқи технологияҳои муосир машғулбуда;

- таъсиси марказҳои таълими, бизнес - марказҳо, паркҳои таҳқиқоти ва технологи;

- ташкили корҳои илмию тадқиқоти ва таҷрибавию конструктори дар якҷоя бо истеҳсоли маҳсулоти эҳтиёҷоти илми.

4. Таъсиси инфраструктураи дастгирии соҳибкорӣ ва низоми таъмини иттилоотии соҳибкории хурду миёна ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи онҳо

Низоми дастгирии давлатии соҳибкори бояд ҳамчун инфраструктураи сертаркиба созмон дода шуда, аз унсурҳои заминавии зерин иборат бошад:

- мақомоти идоракунанда - мақоми давлатие мебошад, ки дар соҳаи рушди соҳибкори сиёсати давлатиро амали менамояд. Мақоми мазкур ваколатдор мегардад, ки таҳқиқоти доими ва мунтазамро дар соҳаи фаъолияти соҳибкори ба шакли кулл ба роҳ монда, оиди он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот манзур намояд ва барои амали намудани сиёсати давлатии дастгири ва рушди соҳибкори пешниҳодҳо таҳия карда иҷрои қонунҳои марбут ба соҳибкоронро назорат намуда, бо ташкилотҳои ҷамъиятии соҳибкорон барои ҳимояи манфиатҳои қонунии соҳибкорон, баҳисобгири ва ҷамъбасти афкори субъектҳои соҳибкори алоқаи зич ва ҳамарӯза барқарор намояд;

- мақомоти молияви - Фондҳои дастгирии молиявии соҳибкори. Вазифаи асосии низоми таъсисшаванда, васеъ намудани дастрасии корхонаҳои хусуси ба захираҳои молияви, ҷалби захираҳои сармояви ва қарзии хориҷи барои рушди соҳибкори, инчунин, афзоиши самаранокии истифодаи захираҳои молиявие мебошад, ки барои дастгирии соҳибкори равона карда мешаванд;

- сохторҳои ҷамъияти-ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии соҳибкорон, шӯроҳои ҷамъияти ва ташкилотҳои ғайридавлатии оид ба дастгири ва рушди соҳибкории хурд ва бозомӯзонии кадрҳо барои соҳибкори;

- муассисаҳои милли, минтақави ва байнидавлати - ташкилотҳое, ки дастгирии машварати, итттилооти ва технологии субъектҳои соҳибкориро таъмин намуда, ба онҳо хизматрасонии васеъро дар мавриди маркетинг, менеҷмент, таҳияи банақшагии бизнесу лоиҳаҳои сармояви, пешниҳоди маълумоти гуногун, реклама ва ғайраро мерасонад.

Ташаккул ва инкишофи инфраструктураи дастгири ва рушди соҳибкори нисбати ҳамоҳангсозии ҳамаи зинаҳояш, аз ҷумла мақомоти давлати, институтҳои молияви, ташкилотҳои иттилооти, лизинги, маркетинги, машваратдиҳи, ҳуқуқи ва сохторҳои оид ба тарбия ва бозомӯзии кадрҳо дар заминаи инфраструктураи мавҷуда ё аз нав таъсисшаванда, иқдомоти лозимаро талаб менамояд. Бо ин мақсад таҳияи татбиқи Барномаи рушди минбаъдаи дастгирии молиявии марказҳои дастгирии соҳибкори (МДС) ва Бизнес инкубаторҳои соҳибкории хурд (БИ), Марказҳои машваратдиҳию консалтинги, технопаркҳо, шабакаҳои инфраструктураи минтақавии рушди соҳибкори аз ҳисоби маблағҳои буҷети ва ғайрибуҷети пешбини мегардад.

5. Ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма дар соҳаи таблиғоти фаъолияти соҳибкорӣ

Дастгирии иттилооти муҳимтарин унсури инфраструктураи соҳибкории хурд мебошад. Ба ин мақсад васеъ намудани шабакаи ИНТЕРНЕТ ва номгӯи маҳзанҳои маълумот пешбини гардидааст.

Корҳо оид ба пахши васеъи иттилоот дар бораи дастгири ва рушди соҳибкори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо воситаҳои ахбори омма (ВАО), аз ҷумла бо кӯмаки воситаҳои барномаҳои телевизион ва радиоии махсусгардонидашуда ва инчунин ташкил ва гузаронидани озмунҳои марбут ба таблиға ҳаракати соҳибкори "Беҳтарин соҳибкори сол" дар ВАО идома дода мешавад.

6. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи соҳибкорӣ

Дар ҳоли ҳозир, соҳибкории хурду миёна бахши фаъоли инкишофёбандаи иқтисодиёти давлатҳои хориҷи, махсусан ИДМ мебошад. Таҳлили ташаккули бахши соҳибкори нишон медиҳад, ки дар бештари мамлакатҳо гузариш аз марҳалаи аввал ба марҳалаи рушд ва тараққиёт ба амал омада истодааст. Дар марҳалаи ҳозира, фаъолнокии ҳамгироии сармояви, истеҳсоли ва инноватсионии субъектҳои соҳибкори, ки ба баланд бардоштани самараноки ва рақобатпазири равона шудааст, аҳамияти асоси дорад.

Дар бахши ҳамкории байналмилали дар соҳаи соҳибкори мавридҳои зерин пешбини мегарданд:

- баҳамназдиксозии заминаи меъёрии ҳуқуқии милли бо заминаи меъёрии ҳуқуқии давлатҳо - иштирокчиёни ИДМ, ки соҳаи соҳибкориро танзим мекунанд;

- фароҳам овардани шароит барои фаъолияти самарабахши системаҳои муштараки милли ва байналмилалии таъмини иттилооти ва машваратии субъектҳои соҳибкори;

- мусоидат ба барқарорсози ва алоқаҳои кори байни субъектҳои соҳибкори;

- фароҳам овардани шароит барои боз ҳам ҷоннок шудани фаъолияти иқтисоди хориҷии субъектҳои соҳибкори;

Пешбини мегардад, ки инфраструктураи мазкур ташкили шабакаи марказҳои ҳамкории байналмилалии субъектҳои соҳибкориро дар бар гирифта дар асоси марказҳои миллии мавҷудбуда ва бомуваффақият амалкунандаи дастгирии субъектҳои соҳибкори таъсис дода мешавад. Фаъолияти марказҳо бояд ба васеъ кардани робитаҳои кории субъектҳои соҳибкори, ҳалли масъалаҳои амали кардани барнома ва лоиҳаҳои дуҷониба ва пешниҳоди хизматрасонии машварати равона карда шавад. Дар доираи фаъолияти марказҳои мазкур рушди намоишгоҳҳову ярмаркаҳо пешбини мегардад.

Хулоса

Дар маҷмӯъ, Консепсияи рушди соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 амали кардани, чорабиниҳои зеринро дар назар дорад:

1. Таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар ҳайати намояндагони вазоратҳо ва идораҳои манфиатдор, сохторҳои соҳибкори, коршиносони байналмилалӣ, ки он бояд тафсия ва пешниҳодҳоро оид ба сиёсати дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ таҳия намоянд.

2. Ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ аз буҷети давлатӣ барои кӯмаки муваққатии молиявӣ, субсидияҳо ва қарзҳои имтиёзнок ба лоиҳаҳои авзалиятноки соҳибкорӣ.

3. Баҳисобгирӣ ва банақшагирии нишондиҳандаҳои асосии сифат, ки аз тарафи мақомоти давлати барои таъмини ташвиқ бо роҳи имтиёзҳои андозбандӣ, афзоиши субсидияҳои давлатӣ ва додани грантҳо ба корхонаҳое, ки сарфи назар аз шакли моликият баландшавии сифати маҳсулотро таъмин менамоянд, амалӣ мегардад.

4. Додани имтиёзҳои андозбандӣ, ки рушди соҳибкориро ҳавасманд мегардонад.

5. Андешидани татбирҳо ҷиҳати такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои зерин:

- муқаррар намудани тартиби соддаи бақайдгирӣ;

- ихтисори номгӯи мақомоти назораткунанда, маҳдуд сохтани салоҳияти онҳо;

- роҳ надодан ба ҳаммонанди ва такрорёбии ваколатҳои мақомоти давлатӣ, барои ташаккули муҳити рақобат, дар мавриди ҳалли масъалаҳои соҳибкори чиҳати паст намудани сатҳи пардохтҳои ғайрирасмӣ ё бартараф намудани онҳо;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо оид ба баррасии дубораи тамоми стандартҳои кӯҳнашуда ва мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои муосири байналмиллалӣ;

- таъмини назорати воқеии сифати молҳо;

- такмил ва содда кардани расмиёти андозбанди барои истеҳсолкунандагони ватанӣ ва воридкунандагони технологияҳои пешрафтаи ноу-хау ва таҷҳизот.

Вобаста ба зарурияти ташвиқи минбаъдаи рушди соҳибкорӣ ҳангоми амали сохтани сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар чорчӯбаи Консепсияи мазкур, вазифаҳои зерин афзалиятнок ҳисобида мешаванд:

- пешбинии ташвиқи самараноки тараққиёти илмию техникӣ, чун омили асосии рушди иқтисодию иҷтимоии муосир ва баланд бардоштани нақши давлат дар таъмини он;

- таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти ва такмили идоракунии соҳибкори;

- беҳбуди таъмини иттилооти соҳибкорӣ;

- таъмини шароити зарури барои ташаккули системаи институтҳои рушди иқтисодӣ, оиди тағйири самти низоми бонки ҷиҳати сармоягузорӣ дар истеҳсолот;

- таъмини танзими бозори фондҳо ва имкониятҳои худтанзимгардонии ситемаи бонкӣ барои ҳалли вазифаҳои афзоиши ҳадди аксари сатҳи фаъолияти сармоягузори дар бахши воқеии иқтисодиёт;

- таъмини ҳимояи ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ аз пайдо шудани "аҳромҳо"-и нави молиявӣ аз ҳисоби воридшавии сармояи ҳанотии хориҷӣ ва дохилӣ;

- таъмини ҷалби пасандозҳои аҳолӣ ба истеҳсолот;

- таъмини ҷалби мустақими сармояҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар;

- пешбинии чораҳо оид ба ташкили трансформатсияи пасандозҳо ба сармоягузориҳо ва пешгирии пинҳони баровардани сармоя аз кишвар;

- таъмини андешидани чораҳои воқеӣ барои баробар сохтани шароити рақобат;

- аз нав дида баромадан ва ба таври шадид ба роҳ мондани риояи меъёрҳои экологӣ барои иҷро аз тарафи субъектҳои хоҷагидорӣ;

- амали намудани вазифаи гузариш ба модели нави инноватсионии сафабаркунандаи иқтисодӣ, ки ба базаи илмии ватанӣ ва кишварҳои ИДМ нигаронида шудааст;

- таъмини манфиат ва дастгирии давлат ба рушди соҳибкории хурду миёнае, ки дар он саҳми бештари инноваторҳо мутамарказонидашуда, саъю кӯшишҳо ба инкишофи илми истеҳсолӣ, ташвиқи тадқиқоти илмӣ дар саноат, ки барои таҳия зарур аст, нигаронида бояд шавад;

- ҳалли масъалаҳои оид ба истифодаи қарздиҳии консорсиали -иттиҳодияи муваққатии бонкҳо ва корхонаҳо барои амали сохтани барнома ва лоиҳаҳои калонҳаҷми мақсаднок дар асоси умумияти манфиатҳои иқтисодӣ, баробарҳуқуқии иштирокчиён, озодии интихоби шакли ташкилии муттаҳидшавӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳо тибқи шартнома, ки имконият медиҳад камбудии асосии системаи бонкӣ - набудани сармояи маҷмӯи бартараф намояд;

- ташвиқ ва дастгирии ҷори ва рушди ҳисоббаробаркунӣ ба воситаи кортҳои пластикӣ, пулҳои электронӣ аз тариқи ИНТЕРНЕТ дар режими "on-linе" вобаста ба рушди ИНТЕРНЕТ дар иқтисодиёт.

Таҷрибаи ҷаҳони нишон медиҳад, ки фаъолияти самараноки иқтисодиёти бозорӣ ба қадри зиёд аз сиёсати иқтисодии пешгирифтаи давлат, аз истифодаи шакл ва методҳои таъсири давлат ба фаъолияти корхонаҳои хусуси вобастагӣ дорад.

Танзими давлатии иқтисодиёт ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ таъсири ҷидди мерасонад ва нақши он дар давраи гузариш, замоне ки сохторҳои бозори дар ҷараёни созмонёбӣ мебошанд ва қодир нестанд ба қадри кофи самаранок кор кунанд, махсусан муҳим мебошад.

Соҳибкории хурду миёна, бахши фаъоли иқтисодиёт буда, имрӯз ба дастгирӣ, танзим ва ташкил эҳтиёҷ дорад. Дар натиҷа ин бахш метавонад буҷети давлатро ғани гардонида, ҷойҳои нави кори таъсис намояд ва ба рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо, мусоидат намояд.

Принсипҳои Консепсия, ки бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар кишвар ифода гардидаанд, ҳангоми таҳияи Стратегияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҳуҷҷатҳои дахлдори барномавӣ оид ба рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, бояд ҳамчун асос ба эътибор гирифта шаванд.