ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2015
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2011 № 380)
Ба мақсади татбиқи самараноки сиёсати давлати дар соҳаи соҳибкори, ташкили асосҳои илмию назариявии соҳибкори дар мамлакат, рушд ва инкишофи мунтазами соҳибкории хурд ва миёна, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Консепсияи рушди соҳибкори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Консепсияи рушди соҳибкори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 барномаҳои мушаххаси миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат таҳия намуда, барои татбиқи амалии онҳо шароити мусоид фароҳам оваранд.
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати иҷрои Консепсияи мазкурро таъмин карда, аз натиҷаи он ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбори ҷамъбастӣ пешниҳод намояд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 декабри соли 2004 № 469
ш. Душанбе