Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 585 "Дар бораи тасдиқи Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади такмили фаъолият дар самти пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 тасдиқ карда шавад.

2. Вазоратҳо, кумитаҳо ва идораҳои мутасаддии татбиқи Барномаи мазкур иҷрои бемайлони онро таъмин карда, ҳар сол натиҷаҳои иҷрои Барномаро дар ҷаласаҳои ҷамъбастии дахлдор баррасӣ ва ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти иҷрои Барнома ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 30 ноябри соли 2007 № 585

ш. Душанбе