Низомномаи Комиссияи байниидоравии дузинагӣ оид ба масъалаҳои дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо аз 30 ноябри соли 2007, № 583

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 ноябри с.2007 № 583

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 ноябри с.2007 № 583

Низомномаи Комиссияи байниидоравии дузинагӣ оид ба масъалаҳои дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо

1. Муқаррароти умумӣ

1.1 Комиссияи байниидоравии дузинагӣ оид ба масъалаҳои дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (минбаъд - Комиссия) мақоми ҳамоҳангсоз дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои таъмин намудани амалиёти мувофиқашудаи мақомоти марказии дахлдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои вазифаҳо оид ба дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ҳамчунин барои амалӣ гардонидани ҳамкориҳо ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти созмони мазкур таъсис дода шудааст.

1.2 Комиссия фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, инчунин Низомномаи мазкур анҷом медиҳад.

1.3 Комиссияи байниидоравии дузинагӣ оид ба масъалаҳои дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо аз Комиссияи байниидоравии зинаи якум оид ба масъалаҳои дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (минбаъд - Комиссияи зинаи якум) ва Комиссияи байниидоравии зинаи дуюм оид ба масъалаҳои дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷахонии Савдо (минбаъд - Комиссияи зинаи дуюм) иборат мебошад.

2. Вазифа ва ӯҳдадориҳои Комиссия

2.1 Комиссияи зинаи якум вазифа ва ӯҳдадориҳои зеринро иҷро менамояд:

- таъмини стратегияи ягонаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо;

- мусоидат намудан дар иҷрои сиёсати давлатӣ оид ба рушд ва такмили фаъолияти тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муайян ва таҳия намудани мавқеи мулоқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо кишварҳои узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба роҳёбӣ ба бозори мол ва хизматрасониҳо;

...

Приложение 1

 к постановлению Правительства

 Республики Таджикистан

 от 30 ноября 2007 г. № 583

Приложение 1

 к постановлению Правительства

 Республики Таджикистан

 от 30 ноября 2007 г. № 583

Положение о Межведомственной двухуровневой комиссии по вопросам вступления Республики Таджикистан во Всемирную Торговую Организацию

1. Общие положения

1.1 Межведомственная двухуровневая комиссия по вопросам вступления Республики Таджикистан во Всемирную Торговую Организацию (далее - Комиссия) является координационным органом при Правительстве Республики Таджикистан, образованным для обеспечения согласованных действии заинтересованных центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан при реализации задач по вступлению Республики Таджикистан во Всемирную Торговую Организацию (ВТО), а также для осуществления взаимодействия и участия Республики Таджикистан в деятельности данной организации.

1.2 Комиссия в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, актами Президента Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан, иными нормативно- правовыми актами, международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, а также настоящим Положением.

1.3 Межведомственная двухуровневая комиссия по вопросам вступления Республики Таджикистан во Всемирную Торговую Организацию состоит из Межведомственной комиссии первого уровня по вопросам вступления Республики Таджикистан во Всемирную Торговую Организацию (далее - Комиссия первого уровня) и Межведомственной комиссии второго уровня по вопросам вступления Республики Таджикистан во Всемирную Торговую Организацию (далее - Комиссия второго уровня).

2. Задачи и функции Комиссии

2.1 Комиссия первого уровня выполняет нижеследующие задачи и функции:

- обеспечение единой стратегии взаимодействия Республики Таджикистан с ВТО;

- содействие в реализации государственной политики по развитию и совершенствованию торговой деятельности в Республике Таджикистан;

- определение и выработка переговорной позиции Республики Таджикистан на переговорах со странами-членами ВТО по доступу на рынок товаров и услуг;

...