Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи "Номгӯи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда истифода мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукй озод мегарданд"
Бо мақсади иҷрои моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номгӯи замимагардидаи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда истифода мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мегарданд, тасдиқ карда шавад.
2. Кумитаи андоз ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ бо мақсади таъмин намудани назорати истифодаи мақсадноки таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳлили самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшуда дар як сол як маротиба дар бораи истифодабарии онҳо ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баъдан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ахбор, маълумот ирсол намоянд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 288 аз 1 августи соли 2005 "Дар бораи Тартиби додани имтиёзоти озод намудан аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ ҳангоми воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ па маҳсулоти такмилии (комплектии) онхо (ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, яъне бе онҳо кори таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ имконопазир аст) барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё аз азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда" аз рӯзи қабули қарори мазкур беэътибор дониста шавад.
4. Қарори мазкур аз аз рӯзи қабули он мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 ноябри соли 2007 № 591
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикнстон
аз 30 ноябри с.2007 № 591
тасдиқ шудааст
Номгӯи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда истифода мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мегарданд
+--+---------+-------------------------------------------------------ҷ
| №| Код НМ| Рӯйхат |
|н/| ФИХ | |
+--+---------+-------------------------------------------------------+
|1.| 8402 |Дегҳои буғӣ ва навъҳои дигари дегҳои буғистеҳсолкунанда|
| | |(ба ғайр аз дегҳои обии гармидиҳии марказӣ, ки қодиранд|
| | |буғи фишори паст истеҳсол кунанд); дегҳои обӣ бо |
| | |буғгармкунакҳо |
+--+---------+--Р----------------------------------------------------+
| | | |
|2.| 8403 |Дегҳои гармидиҳӣ, ба ғайр аз дегҳои мавқеи молии 8402 |
+--+---------+---------------Р-----Р---------------------------------+
| | | |
|3.| 8404 |Таҷҳизоти ёрирасон барои истифодаи дегҳои дар мавқеи |
| | |молии 8402 нишондодашуда (масалан, экономайзерҳо, |
| | |буғгармкунакҳо, дудтозакунакҳо, рекуператорҳои газӣ), |
| | |конденсаторҳо барои дастгоҳҳои буғи обӣ ва дигар |
| | |дастгоҳҳои пурқудрати буғӣ |
+--+---------+------------------------РР-----------------------------+
| | | |
|4.| 8405 |Генераторҳои газӣ ё генераторҳои гази обӣ бо дастгоҳҳои|
| | |тозакунанда ва ё бе онҳо; генераторҳои газии |
| | |атсетелленӣ ё генераторҳои газӣ ба ҳамин монанд бо |
| | |дастгоҳҳои тозакунӣ ва ё бе онҳо |
+--+---------+------------------Р------------------------------------+
| | | |
|5.| 8406 |Турбинаҳои буғи обӣ ва дигар турбинаҳои буғӣ |
| | | |
+--+---------+------------Т-------Т-----------------------Т-----Т----+
|6.| 8410 |Гидротурбинаҳо, чархҳои обӣ ва танзимкунандаҳои онҳо - |
| | |турбинаҳои гидравликӣ ва чархҳои обӣ |
| | | |
+--+---------+--Т-----Т---------------------------------------Т------+
|7.| 8411 |Муҳаррикҳои турбореактивӣ ва турбовинтӣ, турбинаҳои |
| | |газӣ ва ғайра |
| | | |
+--+---------+--Т-----Т---------ТТ----------------Т------------------+
|8.| 8412 |Муҳаррикҳо, дасггоҳҳои пурқудрат ва ғайра |
+--+---------+------------------------------------Р------------------+
| | | |
|9.| 8419 |Мошинҳо, таҷҳизоти саноатӣ ё лабораторӣ бо тафсиши |
| | ба ғайр |барқӣ ва ғайрибарқӣ (бо истиснои печкаҳо, камераҳо ва |
| | з 841981|таҷҳизоти дигари мавқеи моли 8514) барои коркарди |
| | 41989) |мавод дар ҷараёни тағйирёбии ҳарорат ба мисли |
| | |тафсонидан, ҷӯшондан, зирбондан, софкорӣ, |
| | |безараргардонӣ, пастеризатсия, буғдиҳӣ, хушккунӣ, |
| | Жҳаводиҳӣ ё хунуккунӣ |
| | | |
+--+---------+----------Т----------------------Т---------------------+
|10| 8421 |Сентрафугаҳо, бо шумули хушккунакҳои марказгурез, |
| | |таҷҳизоту асбобҳо барои поккорӣ (филтркунӣ) ва |
| | |тозакунии моеъ ва газ |
+--+---------+-----Т---------------Т---------------------------------+
|11| 8422 |Мошинҳои зарфшӯӣ, таҷҳизот барои шустан ва |
| |(ба ғайр |хушкондани шишаҳо ва дигар зарфҳо; таҷҳизот барои |
| |аз 842211|пуркунӣ ва маҳкамкунии шишаҳо, бонкаҳо, маҳкамкумнӣ |
| |842219, |қуттиҳо, халтаҳо ё зарфҳои дигар, барои мӯҳркунӣ ё |
| |842290) |тамғазании онҳо; таҷҳизот барои ба таври ҳавоногузар |
| | |маҳкам кардани сарпӯш ё даҳанаки шиша, қуттӣ, халтаҳо |
| | |ё дигар зарфҳои ба он монанд: таҷҳизот барои ҷобаҷокунӣ|
| | |ва печондан (бо шумули таҷҳизоги печонандаи мол бо |
| | |тарзи термоусозандаи маводи борҷома) ва ғайра, таҷҳизоҷµ
| | |барои газноккунии нӯшокиҳо |
+--+---------+------------Т------Р-----------------------------------+
|12| 8428 |Мошину асбобҳо барои бардоштан, ҷойивазкунӣ, бор |
| | |кардан, борфурорӣ (масалан лифтҳо, эксколаторҳо, |
| | |конвейрҳо, таноброҳҳо) ва ғайра |
+--+---------+--------------------------Р----------------------------+
| | | |
|13| 8430 |Мошинҳо ва дигар механизмҳо барои ҷойивазкунӣ,тарҳкашӣ,|
| | |ба шакли муайян даровардан, коркард, шибакунӣ, зичкунӣ,|
| | |кофтан ва ё парма кардани қабати хок, маъданҳо ва |
| | |канданиҳои фоиданок; таҷҳизот барои задан ва |
| | |баровардани поя; барфтозакунакҳои илугӣ ва роторӣ |
| | | |
+--+---------+------ТТ----------Т---------------Т--------------------+
|14| 8434 |Дастгоҳҳо ва асбобҳои ширҷӯшӣ, таҷҳизот барои коркард |
| | |ва азнавкоркардбарории шир |
+--+---------+-------------------------------------------------------+
| | | |
|15| 8436 |Таҷҳизот барои соҳаи кишоварзӣ, боғдорӣ, хоҷагии |
| | |ҷангал, паррандапарварӣ ва занбури асалпарварӣ, бо |
| | |шумули таҷҳизот барои сабзондани тухмӣ бо дастгоҳи |
| | |механикӣ ё гармкунанда ва ғайра, инкубаторҳо барои |
| | |паррандапарварӣ ва брудерҳо |
+--+---------+--------------Р----------------------------------------+
| | | |
|16| 8437 |Мошинҳо барои тозакунӣ, ба навъҳо ҷудо кардан ва муайян|
| | |намудани андозаи тухмӣ |
+--+---------+---------------------Р---------------------------------+
| | | |
|17| 8439 |Таҷҳизот барои истеҳсоли хамира аз маводи нахдор |
| | |селюлоза |
+--+---------+-------------------------------------------------------+
| | | |
|18| 8440 |Таҷҳизоти муқовабандӣ, бо шумули мошинҳои ҷузъбандӣ |
| | | |
+--+---------+---Т----------------------Т--------------------Т----Т--+
|19| 8441 |Таҷҳизоти дигар барои истеҳсоли маснуот аз анбӯҳи қоғаз|
| | | |
+--+---------+-----Т---------ТТ--------Т---------Т---------ТТ--------+
|20| 8442 |Мошинҳо, дастгоҳҳо ва таҷҳизот (ба ғайр дасгоҳҳои |
| | |мавқеи молии 8456-8465) барои ҳуруфрезӣ ва хуруфчинӣ |
| | | |
+--+---------+--------------------------------------------------Т----+
|21| 8443 |Мошинахои чопкунӣ ба воситаи хуруфи нашриётӣ, блокҳо, |
| | |пластинаҳо, силиндра ва дигар унсурҳои нашриётии |
| | |мавқеи молии борномаи 8442; мошинҳои чопкунии |
| | |рангфаврак, ба ғайр аз мошинҳои ба мавқеи молии 8471 |
| | |дохилшаванда; мошинаҳои ёрирасони дар ҷараёни чоп |
| | |истифодашаванда |
+--+---------+-----Т--------------------------------------------Т----+
|22| 8444 00 |Мошинҳо барои кашидан, печонидан ва буридани маводҳои |
| | |сунъии нассоҷи |
+--+---------+------------Р------------------------------------------+
| | | |
|23| 8445 |Мошинҳо барои тайёр кардани нахҳои нассоҷӣ Калобаресӣ; |
| | |мошинҳои нассоҷӣ ва тобдиҳанда, мошинҳои нассоҷии |
| | |пилларесӣ ё риштаресӣ (бо шумули нуди ришта) ва |
| | |мошинҳои тайёркунандаи калобаҳои нассоҷӣ барои |
| | |истифодаи онҳо дар мошинҳои мавқеи молии 8447 |
+--+---------+-------------------------------------------------------+
| | | |
|24| 8446 |Дастгоҳҳои бофандагӣ |
| | | |
+--+---------+------Т------------------------------------------------+
|25| 8447 |Мошинаҳои нассоҷӣ, бофандагию дӯзандагӣ, барои |
| | |истеҳсоли риштаи калобатунсозӣ (зардӯзӣ), ҳошияи |
| | |дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, бофтани тасма ё ҷӯрҳо ва мошинҳои |
| | |тафтингӣ |
+--+---------+-------Р-----------------------------------------------+
| | | |
|26| 8448 |Таҷҳизоти фаръӣ ҷиҳати истифода бо мошинаҳои мавқеи |
| | |молии 8444, 8445, 8446 ва ё 8447 (масалан, аробачаи |
| | |борбардори ремизӣ, машинаҳои жаккардовӣ, механизмҳои |
| | |худкорӣ боздошт, механизмҳои ивазкунии мокуҳо); қисм |
| | |ва лавозимоте, ки фақат ва ё асосан барои мошинахои |
| | |мавқеи молии мазкур ва ё мавқеи молии 8444, 8445, 8446|
| | |ё 8447 таъин гардидааст (масалан, дук ва чангаки |
| | |душоха, гарнитураи сӯзандор, шонаҳо, филерҳо, мокуҳо, |
| | |ремизҳо ва рамаҳои ремизӣ, сӯзанҳои нассоҷӣ |
+--+---------+------------------------Р---Р------------РР------------+
| | | |
|27| 8449 00 |Таҷҳизот барои истеҳсол ё коркарди намад ё намади |
| | |тунуки нафис (фетра) ё маводҳои ғайриматоии пора ва |
| | |ё буридашаванда, бо шумули таҷҳизот барои истехсоли |
| | |кулоҳҳои намадӣ, қолабҳо барои дӯхтани кулоҳҳо |
+--+---------+--------------Р-----------------Р----------------------+
| | | |
|28| 8451 |Таҷҳизот (ба ғайр аз мошинаҳои мавқеи молии 845011 |
| | |барои шустан, тоза кардан, фишурдаи ҳушконнлни |
| | |дарзмолкунӣ, пресскунӣ (ба шумули прессҳо барои дар як |
| | Жҳарорати муайян нигоҳ доштани масолеҳ), сафедкунӣ, |
| | |рангуборкунӣ, пардоз, рӯпӯшсозӣ ё ба рангубор |
| | |ҷаббондани калоба, матоъ ё маснуоти тайёри нассоҷӣ ва |
| | |мошинҳо барои ворид сохтанн хамира ба рӯи матоъ ё дигар|
| | |зерматое, ки барои истеҳсоли маҳсулоти рӯйкашсозии |
| | |саҳфҳо ба мисли линолиум истифола мешаванд; мошинҳо |
| | |барои печонидан, кушодан, таҳ кардан, буридан ё сӯрох |
| | |кардани матоъҳои нассоҷӣ |
+--+---------+----------------------РР-------------------------------+
| | | |
|29|8452 |Мошинаҳои дӯзандагӣ, ба гайр аз мошинаҳо барои |
| |(ба ғайр |дӯхтанн бастаи китобҳои мавқеи молии 8440; мебел, асос |
| |аз 845210|ва гилофаки махсус, ки барои мошинаҳои дӯзандагӣ таъин |
| | |шудаанд: сӯзанҳо барои мошинҳои дӯзандагӣ |
| | | |
+--+---------+---Т---------------------------------------------------+
|30| 8453 |Таҷҳизот барои тайёр кардан, ош додан ва коркарди пӯст |
| | |ё чарм барои истеҳсол ё таъмири пойафзол ё маснуоти |
| | |дигаре, ки аз пӯст ё чарм мебошанд, ба ғайр аз мошинҳои|
| | |дӯзандагӣ |
+--+---------+-Р------Р----------------------------------------------+
| | | |
|31| 8454 |Интиқолдиҳандаҳо, белҳои рехтагарӣ, қолаби рехтагарӣ ва|
| | |мошинҳои рехтагарие, ки дар саноати металлургӣ ё |
| | |истеҳсолоти рехтагарӣ истифода мешаванд |
+--+---------+--------------------Р----------------------------------+
| | | |
|32| 8455 |Дастгоҳҳои прокати металл ва навардҳо барои онҳо |
+--+---------+-------------------------------------------------------+
| | | |
|33| 8456 |Дастгоҳҳо барои коркарди ҳама гуна мавод ба воситаи |
| | |нобуд кардани ин мавод ба ёрии нури лазерӣ ё дигар |
| | |нурҳои рӯшноию фатонӣ, ҷараёнҳои ултрасодоӣ, |
| | |электроразрядӣ, электрохимиявӣ, электронию нурӣ, ионию |
| | |нурӣ ва ё плазмению камонӣ |
+--+---------+---Р---------------------Р-----------------------------+
| | | |
|34| 8457 |Марказҳои коркард, дасгоҳҳои агрегатии якшакла ва |
| | |бисёршакла барои коркарди металл |
+--+---------+-------------------------------------------------------+
| | | |
|35| 8458 |Дастгоҳҳои харротӣ (бо шумули дастгоҳҳои харротии |
| | |бисёрҳадафа)-и металбурӣ |
+--+---------+------ТТ---------------Р---------------ТТ--------------+
|36| 8459 |Дастгоҳҳои металлбурӣ (бо шумули дастгоҳҳои агрегатии |
| | |шакли қаторадошта) барои парма кардан, тез кардан, |
| | |рандакунӣ, буридани рахапечи берунӣ ё дохилӣ бо роҳи |
| | |хориҷ кардани металл, ба ғайр аз дасгоҳҳои ҳарротӣ |
| | |(бо шумули дастгоҳҳои харротии бисёрҳадафа)-и мавқеи |
| | |молии 8458 |
+--+---------+-------------------------------------------------------+
| | | |
|37| 8460 |Дастгоҳҳои тарошида суфтакунӣ, тезкунӣ, пардоздиҳӣ, |
| | |хонинговалӣ, сойиш, сайқалкунӣ ва барои иҷрои дигар |
| | |амалиётҳои тозакунии металл ё металусафол ба воитаи |
| | |сангҳои суфтакунӣ, воситаҳои абразивӣ ва сайқалкунӣ, |
| | |ба ғайр аз дастгоҳҳои дандонасозӣ, суфтакории дандонаҳо|
| | |ё коркарди дандонаҳои борномаашон 8461 |
+--+---------+-------------------------------------------------------+
| | | |
|38| 8461 |Дастгоҳҳои рандакунии тӯлонӣ, рандакунии арзӣ, |
| | |дастгоҳҳои сӯрохкунӣ, дарозсозӣ, дандонабурӣ, |
| | |дандонасуфтакунӣ ва дандонапардозӣ буриш ва дигар |
| | |дастгоҳҳо барои коркарди металл, гудохтаҳои сахт ва |
| | |металусафолӣ дар дигар борномаҳо сабтнашуда ё дохил |
| | |нагардида |
+--+---------+-------------------------------------------------------+
| | | |
|39| 8462 |Дастгоҳҳо (аз ҷумла прессҳо) барои коркарди металҳои |
| | |қолабашон калонхаҷм, ба воситаи кӯфтан ё қолабрезӣ |
| | |кардан; дастгоҳҳо (ба шумули прессҳо), қаткунанда, |
| | |куфқаткунанда, мустақим, порчагӣ, сӯрохкунанда ё |
| | |бурранда: прессҳои мустаҳкаме, ки дар ҷои дигар номбар |
| | |нашудаанд |
+--+---------+------ТТ-----------------------------------------------+
|40| 8463 |Дастгоҳҳо барои коркарди металл ё маводи металусафолин |
| | |бе нобудсозии мавод |
+--+---------+-------------------------------------------------------+
| | | |
|41| 8464 |Дастгоҳҳо барои коркарди санг, сафол, бетон, асбосемент|
| | |ё маводи маъдании монанда ё барои коркарди сарди |
+--+---------+-------------------------------------------------------+
| | | |
|42| 8465 |Дастгоҳҳо (бо шумули мошинҳо барои васлкунӣ бо воситаи |
| | |мехҳо, часпаки оҳанин, ширеш ё роҳҳои дигар) барои |
| | |коркарди дарахт, пӯк (пробка), устухон, эбонити |
| | |пластмассаи сахт ё чунин маводи сахт |
+--+---------+-------------------------------------------------------+
| | | |
|43| 8468 |Таҷхизот ва дастгоҳҳо барои лаҳимкории пастҳарорат |
| | |баландҳарорат ё кафшеркорӣ, ки барои буриш мувофиқ ё |
| | |номувофиқанд, ғайр аз мошинҳо ва дастгоҳҳои мансуби |
| | |борномаи 8515; мошинҳо ва дастгоҳҳо ҷиҳати коркарди |
| | |гармии сатҳӣ, ки бо газ фаъолият менамоянд |
+--+---------+---Т-------Р-------------Т-----------------------------+
|44| 8474 |Таҷҳизот барои ҷудокунӣ, ғалберкунӣ, ноккорӣ, шустан, |
| | |резакунӣ, хокасозӣ, омехтан ё ҳамроҳкунии хок, санг, |
| | |маъдан ё дигар канданиҳои маъданӣ дар намуди сахт |
| | |(хока ё ҳамира); таҷҳизот барои агломератсия |
| | |(норакунӣ). ба қолабдарорӣ (шаклсозӣ) ё гудохтани |
| | |маводи сӯхти маъдании сахт, ҷузъҳои керамикӣ (кулолӣ), |
| | |сименти сахтнашуда, маводи гаҷӣ (гипсӣ) ё дигар |
| | |маҳсулоти маъданӣ дар шакли хока ё хамира; мошинҳои |
| | |қолабрезӣ (шаклсозӣ) барои сохтани қолабҳои гудохта |
| | |аз рег |
+--+---------+-------------------------------------------------------+
| | | |
|45| 8475 |Мошинҳо барои пайвастӣ лампаҳои барқӣ ё электрикӣ, |
| | |найчаҳо ё найчаҳои электронии шуодор ё лампаҳои газӣ |
| | |бо колбаҳои шишагин; мошинҳо барои тайёр кардан ё |
| | |коркарди хароратии шиша ё маснуоти шишагин |
+--+---------+-------------------------------------------------------+
| | | |
|46| 8477 |Таҷҳизот барои коркарди резина ё пластмасса ё барои |
| | |истеҳсоли маҳсулот аз ин маводе, ки дар ҷои дигари |
| | |гурӯҳи мазкур хотирнишон нашудааст дохил нагардидааст |
+--+---------+---Р---------------------------------------------------+
| | | |
|47| 8479 | Мошинҳо ва дастгоҳҳои механикӣ, ки вазифаҳои инфиродӣ |
| | гайр аз | доранд, дар дигар ҷойҳо ин гурӯҳҳо номбар нашудааст ё |
| | 8479 90 | дохил нагардидааст |
+--+---------+-------------------------------------------------------+
| | | |
|48| 8514 | Печҳо ва камераҳои саноатӣ |
+--+---------+--------------------------Р----------------------------+
| | | |
|49| 8515 | Мошинҳо ва дастгоҳҳо барои лаҳимкории электрикӣ, |
| | | он ҷумла бо гармкунии электрии газ), лазерӣ, ё |
| | | дигар лаҳимкориҳои равшан ё фотонӣ, ултраовоз, |
| | | электронии нурӣ, магнитӣ-импулсӣ ё плазмению қавсии |
| | | камҳарорати, лаҳимкорӣ бо ҳарорати баланд ё кафшер |
| | | новобаста, аз он, ки онҳо метавонанд амали буришро |
| | | иҷро кунанд ё не, мошинҳо ва дастгоҳҳои электрикӣ |
| | | барои чангаандозии гарми металлҳо ё металлокерамикҳо |
+--+---------+-------------------------------------------------------+
| | | |
|50| 852560 | Аппаратҳои интиқолдиҳанда барои радиошунавонӣ ё |
| | 0000 | телевизион, ки дар таркиби худ аппаратҳои |
| | | қабулкунанда, сабткунанда ё садобароварандаро дар бар |
| | | мегирад ё дар бар намегирад; камераҳои телевизионӣ, |
| | | камераҳои рақамӣ ва видеокамераҳои сабткунанда: |
| | | - аппаратҳои ингиқолдиҳанда, ки дар таркиби худ дорои |
| | | аппаратҳои қабулкунанда мебошанд |
+--+---------+-------------------------------------------------------+
Эзоҳ: Таснифоти молҳо мувофиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии ҷомеаи иқтисодии Евразия (НМ ФИХ ЕврАзЭС) дода шудааст.