Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи "Номгӯи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда истифода мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мегарданд"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 531, аз 13.07.2011 № 345, аз 3.09.2011 № 442, аз 1.03.2012 № 113)
Бо мақсади иҷрои моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номгӯи замимагардидаи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда истифода мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мегарданд, тасдиқ карда шавад.
2. Кумитаи андоз ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ бо мақсади таъмин намудани назорати истифодаи мақсадноки таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳлили самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшуда дар як сол як маротиба дар бораи истифодабарии онҳо ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баъдан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ахбор, маълумот ирсол намоянд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 288 аз 1 августи соли 2005 "Дар бораи Тартиби додани имтиёзоти озод намудан аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ ҳангоми воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ па маҳсулоти такмилии (комплектии) онхо (ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, яъне бе онҳо кори таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ имконопазир аст) барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё аз азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда" аз рӯзи қабули қарори мазкур беэътибор дониста шавад.
4. Қарори мазкур аз аз рӯзи қабули он мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 ноябри соли 2007 № 591
ш. Душанбе
Ниг. ба Замима.