Тартиби додани иҷозатнома барои дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошт аз 3 июли соли 2003, № 301

Санаи амалкуни: 02.12.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

з 3 июли соли 2003 № 301

тасдиқ шудааст

Тартиби додани иҷозатнома барои дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.12.2008с. № 613)

1. Тартиби мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот" таҳия шуда, барои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ иҷро гардидани он ҳатмӣ мебошад.

2. Дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта ва ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикисгон воридгардида, манъ аст. Ба таври истисно дошта гирифтани намудҳои мазкур барои корҳои илмию тадқиқотӣ, инчунин бо мақсади нигоҳ доштан ва зиёд намудани ин ҳайвонот дар муҳити сунъӣ, ба даст даровардани маҳсулот ва хусусиятҳои фоидаовари ҳаёти онҳо, ҳифзи саломатии инсон, бартараф намудани таҳдид ба ҳаёти инсон, пешгирии ҳайвоноти кишоварзӣ ва хонагӣ аз касалиҳои оммавӣ роҳ дода мешавад.

3. Дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта, дар асоси иҷозатномаҳои махсусе (минбаъд - иҷозатнома), ки аз тарафи Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонун дода мешаванд, амалӣ карда мешавад.

4. Иҷозатнома дар асоси хулосаи мусбии Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба додани иҷозатнома барои дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта дода мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ ба кори Комиссия намояндагони вазорату идораҳои манфиатдор ва мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳал (Ҳукуматҳо) низ ҷалб шуда метавонанд.

5. Комиссияи мазкур квотаи ҳарсолаи дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта, андоза ва тартиби истифодаи воситаҳои аз доштани ин намудҳои ҳайвонот ба даст даровардашударо муқаррар менамояд.

6. Варақаи иҷозатнома дорои дараҷаи дахлдори муҳофизатӣ, силсила ва рақами баҳисобгирӣ буда, ҳуҷҷати ҳисоботи қатъӣ мебошад.

7. Баррасии ариза оид ба додани иҷозатнома ва додани иҷозатнома ба таври пулакӣ анҷом дода мешавад.

Пардохти баррасии ариза оид ба гирифтани иҷозатнома ба андозаи панҷкаратаи музди меҳнати ҳадди ақал ва барои додани иҷозатнома ба андозаи даҳкаратаи музди меҳнати ҳадди ақал муайян карда мешавад. Маблағҳои аз пардохт ба даст овардашуда мутобиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида, истифода карда мешаванд.

8. Иҷозатнома барои дошта гирифтани навъҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта, танҳо ба муассисаҳои илмӣ ё бо тавсияи онҳо ба шахсони дигари ҳуқуқӣ дода мешавад.

9. Барои гирифтани иҷозатнома шахсонӣ ҳуқуқӣ ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба додани иҷозатнома барои дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта пешниҳод мекунанд:

а) ариза оид ба додани иҷозатнома бо нишондоди:

ном ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, суроғаи ҳуқуқӣ;

мақсад ва асоснокии дошта гирифтан;

намуди ҳайвони дошташаванда;

маълумот дар бораи шароити нигоҳдории ҳайвоноти аз муҳити табиӣ

гирифташаванда;

б) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохт барои баррасии ариза;

в) маълумот дар бораи таъминоти меъёрию методӣ, имкониятҳои ташкилию техникӣ ва муҷаҳҳазии моддию техникӣ барои иҷрои фаъолияти арзшаванда, маълумот дар бораи фаъолияти собиқа ва таҷрибаи корӣ;

г) хулосаи мақомоти салоҳиятдори илмӣ дар хусуси имконияти дошта гирифтани навъи ҳайвоноти арзшаванда.

Тамоми ҳуҷҷатҳои барои гирифтани иҷозатнома пешниҳодшаванда бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта мешаванд.

10. Комиссияи ҷумҳуриявӣ ҳуқуқ дорад ба таркиби ҳуҷҷатҳои аз тарафи аризадиҳанда барои гирифтани иҷозатнома пешниҳодшаванда талаботи дигарро муқаррар намояд.

11. Дар иҷозатнома метавонад шартҳои дар ҳолати ғайритабиӣ нигоҳ доштан, тартиби ба муҳити табиӣ сар додан ва дигар шартҳои вобаста ба талаботи ҳифзи ин намуди ҳайвонот муайян карда шаванд.

12. Иҷозатнома дар мақомоти ҳифзи табиати маҳали истифода ба қайд гирифта мешавад. Дошта гирифтани ҳайвонот зери назорати қатъии корманди мақомоти ҳифзи табиат ва дар ҳузури мутахассис - олими дахлдор сурат мегирад.

13. Дар мавриди ба даст даровардани ҳайвонот санад тартиб дода шуда, дар он вақт, ҷой, воситаҳои истифодабарӣ, насаби шахси масъул ва ҷалбшуда қайд карда мешаванд.

14. Қарор дар бораи додани иҷозатнома ва ё рад намудани додани он дар муддати 30 рӯз баъд аз қабули ариза бо тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ қабул карда мешавад.

15. Ҳисобот оид ба натиҷаҳои истифодаи иҷозатнома дар мӯҳлати як моҳ баъд аз тамом шудани мӯҳлати амали иҷозатнома ба мақомоти ҳифзи табиат пешниҳод карда мешавад.

16. Иҷозатномаҳои истифоданашуда баъд аз ба охир расидани мӯҳлати амали онҳо ба мақомоти ҳифзи табиат бо қайди мақомоти ҳифзи табиати маҳал бо шарҳи сабаби истифода набурдани онҳо баргардонида мешаванд.

17. Барои рад кардан ба додани иҷозатнома инҳо сабаб шуда метавонанд:

маълумоти нопурра дар ариза ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;

ғайриқаноатбахш асоснок намудани мақсаднокии дошта гирифтан;

хулосаи манфии Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба додани иҷозатнома барои дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта;

мавҷуд будани маълумотҳои нодуруст ва таҳрифёфта дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида.

18. Огоҳонӣ оид ба рад намудани додани иҷозатнома дар мӯҳлати 3 рӯз бо таври хаттӣ бо нишон додани сабаби рад намудан ба аризадиҳанда фиристонида мешавад.

19. Қарори рад намудани додани иҷозатномаро бо тартиби муқарраргардида ба суд шикоят кардан мумкин аст.

20. Мӯҳлат ва навъҳои дошта гирифтани намуди ҳайвонот мувофиқи мақсадҳои истифодабарӣ муайян карда шуда, бояд ба афзоиши табиии ин намуди ҳайвонот ва макони зисти онҳо зарар нарасонад.

21. Восита ва тарзи дошта гирифтани ҳайвонот бояд амалиёти интихобиро таъмин намуда, таъсири зарбаҳои ҷисмониро ба дигар ҳайвонот паст намояд ва ба андозаи камтарин оромии онҳоро халалдор созад.

22. Барои вайрон намудани Тартиби мазкур шахсон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

23. Назорати иҷрои Тартиби мазкур ва шартҳои дар иҷозатнома пешбинигардидаро мақомоти ҳифзи табиат анҷом медиҳанд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июли соли 2003 № 301

тасдиқ шудааст

Тартиби додани иҷозатнома барои дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта

1. Тартиби мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот" таҳия шуда, барои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ инро гардидани он ҳатмӣ мебошад.

2. Дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта ва ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикисгон воридгардида, манъ аст. Ба таври истисно дошта гирифтани намудҳои мазкур барои корҳои илмию тадқиқотӣ, инчунин бо мақсади нигоҳ доштан ва зиёд намудани ин ҳайвонот дар муҳити сунъӣ, ба даст даровардани маҳсулот ва хусусиятҳои фоидаовари ҳаёти онҳо, ҳифзи саломатии инсон, бартараф намудани таҳдид ба ҳаёти инсон, пешгирии ҳайвоноти кишоварзӣ ва хонагӣ аз касалиҳои оммавӣ роҳ дода мешавад.

3. Дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта, дар асоси иҷозатномаҳои махсусе (минбаъд - иҷозатнома), ки аз тарафи Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонун дода мешаванд, амалӣ карда мешавад.

4. Иҷозатнома дар асоси хулосаи мусбии Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба додани иҷозатнома барои дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта дода мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ ба кори Комиссия намояндагони вазорату идораҳои манфиатдор ва мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳал (Ҳукуматҳо) низ ҷалб шуда метавонанд.

5. Комиссияи мазкур квотаи ҳарсолаи дошта гирифгани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта, андоза ва тартиби истифодаи воситаҳои аз доштани ин намудҳои ҳайвонот ба даст даровардашударо муқаррар менамояд.

6. Варақаи иҷозатнома дорои дараҷаи дахлдори_муҳофизатӣ, силсила ва рақами баҳисобгирӣ буда, ҳуҷҷати ҳисоботи қатъӣ мебошад.

7. Баррасии ариза оид ба додани иҷозатнома ва додани иҷозатнома ба таври пулакӣ анҷом дода мешавад.

Пардохти баррасии ариза оид ба гирифтани иҷозатнома ба андозаи панҷкаратаи музди меҳнати ҳадди ақал ва барои додани иҷозатнома ба андозаи даҳкаратаи музди меҳнати ҳадди ақал муайян карда мешавад. Маблағҳои аз пардохт ба даст овардашуда мутобиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида, истифода карда мешаванд.

8. Иҷозатнома барои дошта гирифтани навъҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта, танҳо ба муассисаҳои илмӣ ё бо тавсияи онҳо ба шахсони дигари ҳуқуқӣ дода мешавад.

9. Барои гирифтани иҷозатнома шахсонӣ ҳуқуқӣ ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба додани иҷозатнома барои дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта пешниҳод мекунанд:

а) ариза оид ба додани иҷозатнома бо нишондоди:

ном ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, суроғаи ҳуқуқӣ;

мақсад ва асоснокии дошта гирифтан;

намуди ҳайвони дошташаванда;

маълумот дар бораи шароити нигоҳдории ҳайвоноти аз муҳити табиӣ

гирифташаванда;

б) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохт барои баррасии ариза;

в) маълумот дар бораи таъминоти меъёрию методӣ, имкониятҳои ташкилию техникӣ ва муҷаҳҳазии моддию техникӣ барои иҷрои фаъолияти арзшаванда, маълумот дар бораи фаъолияти собиқа ва таҷрибаи корӣ;

г) хулосаи мақомоти салоҳиятдори илмӣ дар хусуси имконияти дошта гирифтани навъи ҳайвоноти арзшаванда.

Тамоми ҳуҷҷатҳои барои гирифтани иҷозатнома пешниҳодшаванда бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта мешаванд.

10. Комиссияи ҷумҳуриявӣ ҳуқуқ дорад ба таркиби ҳуҷҷатҳои аз тарафи аризадиҳанда барои гирифтани иҷозатнома пешниҳодшаванда талаботи дигарро муқаррар намояд.

11. Дар иҷозатнома метавонад шартҳои дар ҳолати ғайритабиӣ нигоҳ доштан, тартиби ба муҳити табиӣ сар додан ва дигар шартҳои вобаста ба талаботи ҳифзи ин намуди ҳайвонот муайян карда шаванд.

12. Иҷозатнома дар мақомоти ҳифзи табиати маҳали истифода ба қайд гирифта мешавад. Дошта гирифтани ҳайвонот зери назорати қатъии корманди мақомоти ҳифзи табиат ва дар ҳузури мутахассис - олими дахлдор сурат мегирад.

13. Дар мавриди ба даст даровардани ҳайвонот санад тартиб дода шуда, дар он вақт, ҷой, воситаҳои истифодабарӣ, насаби шахси масъул ва ҷалбшуда қайд карда мешаванд.

14. Қарор дар бораи додани иҷозатнома ва ё рад намудани додани он дар муддати 30 рӯз баъд аз қабули ариза бо тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ қабул карда мешавад. 15. Ҳисобот оид ба натиҷаҳои истифодаи иҷозатнома дар мӯҳлати як моҳ баъд аз тамом шудани мӯҳлати амали иҷозатнома ба мақомоти ҳифзи табиат пешниҳод карда мешавад.