Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Тартиби додани иҷозатнома барои дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта
Мутобиқи моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот" ва бо мақсади танзими дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби додани иҷозатнома барои дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба додани иҷозатнома барои дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта аз рӯи вазифа тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ назоратро аз болои шикори ғайриқонунии намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта пурзӯр намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июли соли 2003 № 301
ш. Душанбе
ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Порядка выдачи разрешений на добывание мигрирующих, редких и находящихся под угрозой исчезновения видов животных
В соответствии со статьей 49 Закона Республики Таджикистан "Об охране и использования животного мира" и в целях регулирования пользования мигрирующих, редких и находящихся под угрозой исчезновения видов животных Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Порядок выдачи разрешений на добывание мигрирующих, редких и находящихся под угрозой исчезновения видов животных (прилагается).
2. Утвердить состав Республиканской комиссии по выдаче разрешений на добывание мигрирующих, редких и находящихся под угрозой исчезновения видов животных по должностям (прилагается).
3. Министерству охраны природы Республики Таджикистан совместно с правоохранительными органами усилить надзор за незаконной охотой мигрирующих, редких и находящихся под угрозой исчезновения видов животных.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 3 июля 2003 года № 301
г.Душанбе