Дар бораи танзими давлатӣ ва ташкили истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 261, аз 02.11.2018 № 536)
Мутобиқи моддаҳои 13, 15 Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муқаррар карда шавад, ки танзими давлатии истифодаи фазои ҳавоӣ аз тарафи инҳо амалӣ мегардад:
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раёсати Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон) танзими пурраи давлатии истифодаи фазои ҳавоӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 261);
Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими фаъолияти давлатии истифодаи ҳамон қисми фазои ҳавоӣ, ки бо тартиби муқарраршуда барои роҳҳои ҳавоӣ (дохилӣ ва байналмилалӣ), хатҳои ҳавоии маҳаллӣ, минтақаҳои корҳои авиатсионӣ, аэродрому фурудгоҳҳои гражданӣ муайян карда шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 261, аз 02.11.2018 № 536).
2. Низомномаи замимагардидаи Системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
3. Низомномаи зимимагардидаи Комиссияи байниидоравӣ доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати он тасдиқ карда шавад.
4. Мақомоти идораи давлатӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мутобиқ созанд.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000 № 31 "Низомномаи Сиcтемаи ягонаи идоракунии ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 5 сентябри соли 2002 № 358
ш. Душанбе
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раёсати Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ) танзими пурраи давлатии истифодаи фазои ҳавоӣ;
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Департаменти авиатсияи гражданӣ) танзими фаъолияти давлатии истифодаи ҳамон қисми фазои ҳавоӣ, ки бо тартиби муқарраршуда барои роҳҳои ҳавоӣ (дохилӣ ва байналмилалӣ), хатҳои ҳавоии маҳаллӣ, минтақаҳои корҳои авиатсионӣ, аэродрому аэропортҳои гражданӣ муайян карда шудааст.