ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсис ва фаъолияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобилии боркашонҳои байналхалқии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо Мақсади татбиқи аснои ҳуқуқии байналхақии эътирофнамуда, оид ба ҳаракати байналхалқии автомобили, ҳамоҳанг сохтани фаъолият дар рушди соҳаи зикргардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Системаи ягонаи ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобилии боркашонҳои байналхалқии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобилии, боркашонҳои байналхалқии автомобили, сарфи назар аз мақоми ҳуқуқии онҳо, ҳангоми иштироки баробарҳуқуқи боркашонҳои нақлиёти автомобили, ки бор ва мусофиркашонии байналхалқии автомобилиро анҷом медиҳанд, ташаккул дода мешаванд.
2. Низомномаи замимагардида "Дар бораи ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобилии брркашонҳои байналхалқии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шавад.
3. Вазорати нақлиёт ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷойгиронии ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автбмобилиро дар заминаи муассисаҳои нақлиёти автомобилии ғайридаромаднок ҳал намояд.
4. Ба Ассотсиатсияи байналхалқии боркашонҳои автомобилии Тоҷикистон "АВВАТ" оид ба таъсис ва роҳбарии фаъолияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили дар Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳият дода шавад.
5. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ассотсиатсияи байналхалқии боркашонҳои автомобилии Тоҷикистон "АВВАТ" нақшаи дарпешистодаи боркашониҳоро таҳия намуда, вобаста ба минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми муомилоти мунтазираро муайян кунад.
6. Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати ҳаракати воситаҳои нақлиётеро, ки боркашониҳои байналхалқиро мутобиқи меъёрҳои байналхалқии ҳуқуқи ва асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, тақвият бахшад.
7. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои бузурги ҷумҳури ҷойгирони ва нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти марбути ашхоси ҳуқуқи ва ба иҷора супоридашударо дар маҳалли истиқоматашон манъ намояд;
якҷоя бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати тавзеи фаъолият ва Низомномаи "Дар бораи ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобилии боркашонҳои байналхалқии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва огоҳони дар мавриди таъсиси истгоҳи иҷозатдоданашудаи нақлиёти автомобили тадбирҳо андешида, маҳали ба таври доими ҷойгиркунонии воситаҳои нақлиёти автомобилиро дар ширкатҳои таъсисшавандаи экспедитсионии нақлиёти автомобили муайян намояд.
8. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ба намояндагиҳо (сафоратҳо), корхонаҳои муштарак, намояндагони тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ иттилоъ диҳад.
9. Вазорату идораҳое, ки дар соҳаи боркашониҳои байналхалқии автомобили салоҳият доранд, ба таҳкими ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобилӣ ҳамчун шакли нави хоҷагидорӣ, мусоидат намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 12 сентябри соли 1998 № 364
ш. Душанбе