×

Низомномаи терминалҳои наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ аз 2 ноябри соли 2007, № 540

Санаи амалкуни: 02.10.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистои

аз 2 ноябри соли 2007 № 540

Низомномаи терминалҳои наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ

(қарор Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 527)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Терминалҳои наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007 № 212 "Дар бораи убури транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии байналмилалӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди терминалҳои наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ" ташкил карда мешаванд.

2. Терминалҳои наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ (минбаъд "Терминалҳои наздисарҳадӣ") объектҳои махсусгардонидашуда оид ба танзим ва хизматрасониҳо вобаста ба фаъолияти воситаҳои байналмилалии автомобилӣ (минбаъд "воситаҳои нақлиёт") мебошанд (қарор Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 527).

3. Мақсади бунёд, ташкили фаъолият ва истифода намудани терминалҳои наздисарҳадӣ:

- иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд;

- танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти давлатҳои хориҷӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва бо ин восита пешгирӣ намудани будубоши ғайримақсадноки онҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишин;

- истифодаи самараноки роҳҳои автомобилгард, нақбу кӯпрукҳо, нигоҳ доштани воситаҳои алоқа, шабакаҳои барқӣ ва коммуникатсияҳои ба онҳо вобаста;

- ташкили намудҳои гуногуни хизматрасониҳо ба интиқолдиҳандагони ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва васоити нақлиёти онҳо;

- барасмиятдарории борҳои воридотӣ ва содиротӣ аз/ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳимояи бозори дохилии хизматрасонии нақлиётӣ мебошанд.

II. Бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ

4. Терминалҳои наздисарҳадӣ бевосита дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.

5. Сохтмон ва ташкили терминалҳои наздисарҳадӣ дар асоси лоиҳаҳое, ки ҷавобгӯи меъёрҳо ва қоидаҳои байналмилалии сохтмон ва меъморӣ мебошанд, анҷом дода мешаванд.

6. Терминалҳои наздисарҳадӣ аз ҳисоби маблағҳои сармоягузории ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, карзҳои бонкӣ, грантҳо ва дигар манбаъҳои маблағгузориҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардаасг, бунёд карда мешаванд (қарор Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 527).

III. Вазифаҳои асосии терминалҳои наздисарҳадӣ

7. Вазифаҳои асосии терминалҳои наздисарҳадӣ инҳо мебошанд:

- қабули воситаҳои нақлиёти хориҷӣ ва ватанӣ ба ҳудуди терминали наздисарҳадӣ;

- бақайдгирии воридоту содироти воситаҳои нақлиёт;

- таъмини истгоҳҳои муваққатӣ барои нигоҳдории воситаҳои нақлиёт;

- гузаронидани тамоми намудҳои амалиётҳои гумрукӣ ва декларатсиякунонии молҳо;

- ташкили муоинаи тиббии ронандагон ва таъмини хизматрасонии тиббӣ;

- ташкили санҷиши ҳолати техникӣ ва санитарии воситаҳои нақлиёт;

- ташкили раванди борфурорӣ ва боркунӣ;

- ташкили анборҳои гумрукӣ, анборҳои муваққатӣ, яхдоеҳо ва механизмҳои боркунию борфурорӣ ва шохаҳои роҳи оҳан;

- барасмиятдарории борҳои воридотӣ ва содиротт аз/ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкили кашонидани борҳо ба ҷойҳои таъинотӣ тавассути воситаҳои нақлиёти боркаши дохилӣ;

- таъмини бехатарӣ ва муҳофизати шабонарузии воситаҳои нақлиёт, борҳо, таҷҳизотҳо ва ғайра;

- пешниҳоди намудҳои гуногуни хизматрасониҳои моддӣ ва маишӣ (меҳмонхона, тарабхона, бунгоҳи тиббӣ, гармхонаю ҳаммом, толорҳои варзишӣ, китобхона, масҷид, дорухона, нуқтаи мубодилаи арз, нуқтаҳои воситаи алоқаи дохилӣ ва байналмилалӣ, маркази Интернет ва ғайра;

- ташкили хизматрасонии нақлиётӣ-экспедитсионӣ;

- ташкили бори бозгашт;

- таҳияи ҳисоботҳои оморӣ оид ба нишондиҳандаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;

- ташкили санҷишҳои лабораторӣ бо мақсади муайян намудани сифати борҳои ворид ва содиршаванда аз тарафи мақомоти дахлдор мутобиқи низомномаи дохилии терминалҳо.

8. Вазифаҳои дар банди 7 зикршуда аз тарафи мақомоти дахлдор мустақилона мувофиқи реҷаи муайянкардашудаи терминалҳои наздисарҳадӣ ба сомон расонида мешавад.

Барои иҷрои вазифа ва хизматрасониҳои алоҳида роҳбариятн терминалҳои наздисарҳадӣ метавонанд мутахассисон ва корхонахоро дар асоси шартномаҳои тарафайн ҷалб намоянд.

9. Тамоми намуди борҳое, ки тавассути воситаҳои нақлиёт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, дар терминалҳои наздисарҳадӣ кабул ва ба танзим дароварда мешаванд.

10. Бурда расонидани минбаъдаи борҳо ба ҷойҳои таъиншуда аз терминалҳои наздисарҳадӣ тавассути воситаҳои нақлиёти дохилии автомобилӣ ва роҳи оҳан анҷом дода мешавад.

11. Вобаста ба масофаи миёни терминалҳои наздисарҳадӣ, воситаҳои нақлиёт ҳангоми интиқоли борҳое, ки ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъин гаштаанд (тибқи хатсайрҳои тасдиқгардида) ба терминалҳои фосилавӣ, ки дар он минтақаҳо амал менамоянд, ворид мешаванд (мувофиқи банди 25).

12. Самти ҳаракати воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла убури транзитӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикисгон, аз ҷониби намояндагони Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаргоҳҳо тибқи Харитаҳои технологӣ муайян карда шуда, ҳаракати минбаъдаи онҳо мувофиқи хатсайрҳо амалӣ карда мешаванд (қарор Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 527).

IV. Хориҷ карда шуд

(қарор Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 527)

V. Тартиби бақайдгирии ронандагони хориҷӣ ва воситаҳои нақлиёти онҳо

15. Ронандагони воситаҳои нақлиёт баъд аз воридшавӣ ба ҳудуди терминалҳои наздисарҳадӣ барои истиқомати муваққатӣ дар меҳмонхонаи гсрминалхо ҷойгир карда мепгавалд иа ба оиҳо иарақаҳои зисги муваққатии бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ тибқи тартиботи муайянгардида дода мешаванд.

Воситаҳои нақлиёт дар китоби алоҳида аз ҷониби шӯъбаи танзимгарӣ ба қайд гирифта мешаванд. Вақт ва ҷойи воридшавии воситаҳои нақлиёт дар варақаҳои махсус, ки аз ҷониби роҳбарияти терминал тасдиқ шудааст, сабт карда мешаванд.

16. Воситаҳои нақлиёти транзитӣ бо мақсади таъмир, қабули борҳои бозгашт (ҳангоми холӣ будани воситаи нақлиёт), инчунин истироҳати ронандагон ва дигар ҳолатҳои зарурӣ метавонанд ба худуди терминалҳои наздисараҳадӣ ва фосилавӣ ворид гашта, аз намудҳои гуногуни хизматрасониҳо истифода баранд.

17. Дар ҳолати содир намудани қонунвайронкуниҳо аз тарафи баъзе боркашонҳои байналмилалӣ, роҳбарони терминалҳо вазифадоранд, ки ба мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ тибқи тартиботи муайяигардида ахборот диҳанд.

18. Масъалаҳои вобаста ба воридоту содироти воситаҳои нақлиёт, мӯҳлати будубош, гузариши транзитӣ, истифодабарии варақаҳои "Рухсатнома" ва дигар варақаҳои иҷозатӣ дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешаванд.

VI. Тартиби ҷойгиршавӣ ва фаъолияти мақомоти дар терминалҳои наздисарҳадӣ амалкунанда

19. Дар терминалҳои наздисарҳадӣ кормандони мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумачи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, системаи ягонаи коргузории терминалҳои наздисарҳадиро мувофиқи Низомномаи терминалҳо риоя менамоянд (қарор Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 527).

Барои мақомоти зикршуда аз ҷониби терминалҳои наздисарҳадӣ вобаста ба фаъолияти онҳо шароитҳои зарурӣ пешбинӣ карда мешаванд.

Тартиб ва ҷойгиркунонии мақомоти дахлдор дар терминалҳои наздисарҳадӣ вобаста ба фаъолият ва талаботи хоси соҳавӣ дар асоси шартномаҳои дуҷониба бо роҳбарияти терминалҳо мутобиқи санадҳои қонунгузории амалкунанда, амалӣ карда мешаванд.

20. Лоиҳа ва банақшагирии терминалҳои наздисарҳадӣ дар бобати ҷойгиркунии ҳар як иншооти корӣ ва ёрирасон, инчунин объектҳои дигари хизматрасон аз ҷониби соҳибмулк бо мақомоти дахлдори дар банди 19 зикршуда ба мувофиқа расонида мешавад (қарор Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 527).

21. Шумораи кормандон ва реҷаи коргузории мақомоти дар терминалҳои наздисарҳадӣ амалкунанда, аз ҷониби роҳбарияти онҳо дар алоҳидагӣ тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда мешаванд.

22. Роҳбарияти терминалҳои наздисарҳадӣ ва мақомоти дар ҳудули терминал амалкунанда ба фаъолияти дохилии якдигар дахолат намекунанд.

Мақомоти дар ҳудуди терминал амалкунанда дар якҷоягӣ бо роҳбарияти терминалҳои наздисарҳадӣ барои иҷрои корҳои хоҷагидори, ободонӣ ва хизматрасониҳои моддию маишии терминалҳои наздисарҳадӣ саҳмгузор мебошанд.

VII. Тартиби истифодабарии анборҳои гумрукӣ, анборҳои муваққатӣ ва дигар иншоотҳои терминалҳои наздисарҳадӣ

23. Бо мақсади саривақт ва бо шароитҳои зарурӣ таъмин намудани боркашонҳои байналмилалӣ ва мизоҷон дар терминалҳои наздисарҳадӣ анборҳои гумрукӣ ва анборҳои муваққатии ҷавобгӯи меъёрҳои замонавӣ мутобиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.

VIII. Тартиби ҷорӣ намудани тарифҳои хизматрасонӣ

24. Тарифҳои хизматрасонӣ дар терминалҳои наздисарҳадӣ барои истифодабарандагон аз ҷониби мақомоти ваколатдори сиёсати зиддиинхисорй тибки тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

IX. Ҳамкориҳо миёни терминалҳои наздисарҳадӣ ва терминалҳои фосилавӣ

25. Терминалҳои фосилавӣ дар чорроҳаҳое, ки шаҳру ноҳияҳоро мепайванданд ва дар наздикии шаҳрҳои калони саноатӣ ё маркази вилоятҳо таъсис дода мешаванд.

Фаъолияти онҳо бо терминалҳои наздисарҳадӣ дар асоси шартномаи тарафайн оид ба ҳамкориҳои судманд баҳри пешгирии тамоми ҳолатҳои ғайричашмдошт ва ҳалли масоили бавуҷудомада бо роҳи қонуни ба роҳ монда мешавад.

26. Аз терминалҳои фосилавӣ баъд аз барасмият даровардани амалиётҳои гумрукӣ ва дигар чорабиниҳои пешбинишуда, борҳо тавассути нақлиёти дохилӣ ба маҳали таъинот расонида мешавад.

27. Дар ҳолати рух додани ягон ҳодисаи ғайричашмдошт ва ё фавқулодда (садамаи нақлиётӣ, бемории ронандагон, корношоямии воситаи нақлиёт, ҳодисаҳои табиӣ ва ғайра), ки ба гузаштани мӯҳлати муқарраргардидаи будубоши воситаҳои нақлиёт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабгор мешаванд, пас аз муроҷиати онҳо ба терминалҳои фосилавӣ, аз ҷониби комиссияҳои ҳолатҳои ғайричашмдошт боркашонҳои байналмилалӣ автомобилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон аз 4.08.2003 № 342 "Дар бораи тасдиқи Тартиби танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ карда мешаванд.

28. Воситаҳои нақлиёти байиалмилалии автомобилӣ дар самти ҳаракати муайянгардида аз истгоҳҳои муваққатӣ, кемпингҳо ва дигар иншоотҳои нақлиётии ҷавобгӯи меъёрҳои замонавӣ, метавонанд истифода баранд. Тартиби ворид ва қарордоди воситаҳои нақлиёт ба истгоҳҳо ва кемпингҳо тавассути Харитаҳои технологӣ муайян карда мешаванд.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2007 № 540

Харитаҳои технологӣ оид ба муайян намудани самтҳои ҳаракати транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии байналмилалӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

Харитаҳои технологӣ мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007 № 212 "Дар бораи убури транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии байналмилалӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди терминалҳои наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ" таҳия карда шудаанд.

Харитаҳои технологӣ масъалаҳои воридоту содирот ва убури транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии байналмилалиро (минбаъд "воситаҳои нақлиёт") ба танзим медарорад.

Гузариши воситаҳои нақлиёти як давлат тавассути каламрави давлати дигар ба давлати сеюм убури транзитӣ ба ҳисоб меравад.

Хатсайрҳои ҳаракат ва убури транзитии воситаҳои нақлиёт тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007 № 212 "Дар бораи убури транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии байлалмилалӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди термималҳои наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ" муайян карда шуда, бо Харитаҳои технологии мазкур ба танзим дароварда мешаванд.

Харитаҳои технологӣ ҳамчун воситаи танзими равандҳои пешбинишудаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва убури транзитии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешаванд.

Самти убури транзитӣ ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳҳои сарҳадии таъинотӣ муайян карда мешаванд.

Дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ амалиётҳои назорати ҳифзи сарҳадот, расмиятҳои гумрукӣ, назорати эпидемиологӣ, фитосанитарӣ, инчунин назорати воситаҳои нақлиёт дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад.

Ҳар як раванди зикршуда аз тарафи хадамоти дахлдор мустақилона гузаронида шуда, ҳамкориҳои ҳамаи хадамотҳо аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ то нуқтаи охирини убури транзитӣ дар асоси қонунгузориҳои дохилӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад.

2. Тартиби ҳаракат ва убури транзитии воситаҳои нақлиёт тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳаракат ва убури транзитии нақлиёти байналмилалӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаргоҳи воридшавӣ то гузаргоҳи хориҷшавӣ дар асоси хатсайрҳо амалӣ мегардад. Маҳали расонидани борҳои таъинотӣ аз тарафи хадамоти гумрук муайян карда шуда, варақаҳои хатсайрҳо аз тарафи намояндагони мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дода мешаванд (қарор Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 527).

Харитаҳои хатсайрҳо бо нишондоди ҳар як самти ҳаракати воситаҳои нақлиёти транзитӣ тавассути қаламрви Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Харитаҳои технологии мазкур замима мегарданд.

Ронандагони воситаҳои нақлиёт ҳангоми убури транзитӣ бояд талаботҳои Конвенсияи байналмилалиро "Оид ба ҳаракати роҳ" (ш. Вена, аз 8 ноябри соли 1968 бо иловаҳояш аз 1 майи соли 1971), Конвсисияи "Оид ба аломатҳои роҳ" (ш.Вена, аз 8 ноябри соли 1968) ва инчунин Қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, риоя намоянд.

Дар ҳолатҳои пешбинишуда убури транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии байналмилалӣ таҳти ҳамроҳикунии кормандони гумрук ё дигар хадамот амалӣ мегардад. Худсарона аз ҷониби ронандагон (операторон) вайрон намудани хатсайр ё қисме аз хатсайр дар убури транзитӣ манъ аст.

Воситаҳои нақлиёти байналмилалӣ дар самти ҳаракат аз истгоҳҳои муваққатӣ, кемпингҳо ё дигар иншоотҳои нақлиётӣ метавонанд истифода баранд ва дар ҳолати рух додани ягон ҳодисаи ғайричашмдошт бояд ҳатман ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд.

Дар ҳолатҳои аз тарафи боркашонҳои байналмилалӣ вайрон шудани қоидаҳои убури транзитӣ, воситаҳои нақлиётии онҳо аз тарафи кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба терминалҳои фосилавии наздиктарин ва майдончаҳои ҷаримавӣ барои муайян намудани сабаби он оварда мешаванд ва нисбати онҳо чораҳои маъмурӣ пешбинӣ карда мешаванд.

3. Тартиби убури транзитии воситаҳои нақлиёт ҳангоми интиқоли борҳои калонҳаҷм (ғайригабаритӣ), вазнин, хавфнок ва зудвайроншаванда тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Убури транзитии воситаҳои нақлиёт бо борҳои калонҳаҷм (ғайригабаритӣ), вазнин, хавфнок ва зудвайроншаванда тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ анҷом дода мешаванд.

Бо мақсади саривақт расонидани борҳои зудвайроншаванда аз ҷониби хадамотҳои дахлдор чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Боркашонҳои байналмилалии автомобилие, ки истифодабарандагони китобчаҳои TIR-Carnet мебошанд, дар воридшавӣ ба ҷумҳурӣ ва убури транзитӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маблағҳои пардохт барои ҳамроҳикунӣ озод карда мешаванд.

Барасмиятдарории варақаҳои назоратӣ, аз ҷумла рухсатномаҳо оид ба воридшавӣ, хориҷшавӣ ва транзити воситаҳои нақлиёт аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ба сомон расонида мешаванд (қарор Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 527).