Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 612
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", инчунин бо мақсади ташкили назорати самараноки гумрукӣ, такмили сохтор ва басти кории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 612 "Дар бораи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад.
- дар банди 2 рақамҳои "1090" ва "150" мутобиқан ба рақамҳои "1164" ва "156" иваз карда шаванд.
2. Ба Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 612 "Дар бораи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдик, шудааст, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
сархати ҳаштум дар таҳрири зайл навишта шавад:
"Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ"
сархати даҳум дар таҳрири зайл навишта шавад:
"Раёсати таъмини ҳуқуқӣ"
сархати ёздаҳум дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит".
3. Муқаррар карда шавад, ки хароҷотҳо барои нигоҳдории шумораи воҳидҳои иловагӣ аз 1 январи соли 2008 аз ҳисоби маблағҳои хироҷи гумрукӣ, ки ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд ва аз 1 январи соли 2009 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад.
4. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2008 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 ноябри соли 2007 № 557
ш. Душанбе