Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2007 № 529
тасдиқ шудааст
Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
1. Мазмуни Барнома
Номи Барнома
Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015.
Зарурати таҳияи Барнома
Барномаи мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси машваратӣ бо кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2005, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2007, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006 № 484 "Дар бораи Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия шудааст.
Мақсади Барнома
Дар асоси масъалаҳои афзалиятноки нақшаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, навсозии низоми миллии таҳсилоти касбии бисёрзинагӣ, инчунин вусъат бахшидан ба сифати тайёр намудани нерӯи инсонӣ, барои қонеъ гардонидани талаботи давлат, шахс ва ҷомеа.
Вазифаҳои Барнома
Таъмини дастрас будани таҳсилоти босифат барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ;
-дар асоси демократикунонии минбаъдаи идоракунии маориф такмил додани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии низоми миллии таҳсилоти касбӣ;
-тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, сабру таҳаммул (толерантност), фарҳанги баланд, эътирофи ҳуқуқҳо ва озодии шахс дар ҷомеа;
-рушди афзалиятноки забони давлатӣ;
-дар асоси анъанаву арзишҳои ватанӣ ва ба инобат гирифтани таҷрибаи ҷаҳонии принсипҳои рушди мунтазам, навсозии мазмун ва сохтори таҳсилоти касбӣ;
-барқарор, ташкил ва инкишоф додани сохти сезинагии тайёр кардани кадрҳо (бакалавриат-магистратура-докторантура), ки асоси онро низоми кредитии таҳсилот ташкил медиҳад;
-баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва дар бозори меҳнат рақобатпазир барои ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ;
-пайвастан ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилоти касбӣ;
-ташкил намудани низоми миллии баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилоти касбӣ;
-ташкил намудани муҳити ягонаи иттилоотии таҳсилоти касбӣ;
-такмил додани корҳои таълимӣ, илмӣ-методии соҳаи таҳсилоти касбӣ;
-таҳкими заминаи моддӣ-техникии низоми таҳсилоти касбӣ;
-ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот;
-ташкил ва дарёфти механизми нави ҷалб кардани захираҳои и иқтисодӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ;
-таъмини тавозуни манфиати давлат, ҷамъият ва шахс дар низоми таҳсилоти бисёрзинагӣ.
Манбаъҳои молиявии Барнома:
Манбаъҳои ососии маблағгузории Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва дигар сарчашмаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба даст оварда мешавад.
Ҳаҷми маблағҳои молиявии Барнома барои солҳои 2008 - 2015 ҳамасола дар вақти банақшагирии буҷети ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ мувофиқ ба солҳои молиявӣ муайян карда мешавад.
Натиҷаи ниҳоии Барнома
Дар натиҷаи татбиқи амалии Барнома:
- низоми самараноки идораи соҳаи таҳсилоти касбӣ ба вуҷуд оварда мешавад, ки ҳадаф аз он тарбияи шахси комилҳуқуқ, мутахассиси варзида, дар бозори меҳнат рақобатпазир, ки қобилияти мустақилона ва эҷодкорона ҳал кардани вазифаҳои касбии хешро дошта бошад, манфиатҳои шахсӣ ва ҷамъиятии фаъолияти касбиро дарк намояд, барои натиҷаи он масъулият дошта бошад;
- принсипи таҳсилот барои ҳама дар тӯли ҳаёт таъмин мегардад;
- шароити мусоид барои гирифтани таҳсилоти босифат, дар бозори меҳнат рақобатпазир, ба мақсад ва натиҷаи муайян нигаронидашуда ташкил карда мешавад;
- дастраси ва пайдарпайии ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин карда мешавад;
- рушди афзалиятноки соҳаи таҳсилоти касбӣ нисбат ба дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба даст оварда мешавад;
- гузариш ба модели сезинагии тайёр намудани мутахассисон: бакалавриат-магистратура-докторантура амалӣ карда мешавад; - низоми самараноки таъмини таълимӣ, илмӣ ва методии ҳамаи зинаҳои таҳсилот барқарор ва ташкил карда мешавад;
- муҳити ягонаи иттилоотии таҳсилот дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ба вуҷуд оварда мешавад;
- низоми нишондиҳандаҳои омории таҳсилот, ки ба стандартҳои байналмилалии оморӣ мувофиқ бошад, ташкил карда мешавад;
- низоми мониторинг ва дурнамои инкишофи соҳаи таҳсилоти касбӣ ташкил карда мешавад;
- бо дастгирии давлат такмили механизмҳои ҳавасмандгардонии меҳнати кормандони соҳаи таҳсилоти касбӣ ба роҳ монда мешавад;
- механизмҳои нави маблағгузорӣ ба соҳаи маориф, аз ҷумла ба соҳаи таҳсилоти касбӣ таҳия карда мешавад;
- дар бахши тайёр кардани кадрҳои соҳибкасб барои шарикии иҷтимоӣ шароит фароҳам оварда мешавад;
- фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ фаъол мегардад.
Мӯҳлати амалигардонии Барнома
Барнома дар ду марҳала татбиқ карда мешавад;
- марҳалаи якум: солҳои 2008-2012;
- марҳалаи дуюм: солҳои 2012-2015.
2. Муқаддима
Барнома самтҳои асосии афзалиятнок, вазифа ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи таҳсилоти касбӣ муайян намуда, барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" шароит муҳайё намуда, раванди идоракунӣ, масъалаи молиявӣ, сохтор ва низоми кадрии соҳаи таҳсилоти касбии маорифро ба танзим дароварда, мазмуну моҳияти онро ғанӣ мегардонад.
Таҳияи Барномаи мазкур аз зарурати навсозиҳои куллӣ вобаста буда, масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ ва ҳалли вазифаҳои стратегии дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон истода бармеояд .
3. Таҳлили вазъи низоми таҳсилоти касбӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ чун давлати дорои иқтисодиёти бозоргонӣ эътироф гаштааст. Дар давраи кӯтоҳи таърихии истиқлолият мамлакат дар раванди ҳамгироии он ба иттиҳоди ҷаҳонӣ ба дараҷаи рушди муайяни иқтисодиёт ноил гашт.
Дар ин раванд нақш ва нуфузи соҳаи маориф, захираҳои инсонӣ чун меъёри муайянкунандаи инкишофи ҷамъият, омили асосии иқтисодӣ ва бехатарии фарҳангии мамлакат назаррас мегардад. Дигаргуниҳои инқилобие, ки дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ба вуқӯъ мепайванданд, ба соҳаи маориф таъсир расонида, аз вай зудҳаракатӣ, ҷавоби мувофиқ гардонидан ба воқеияти марҳалаи нави таърихӣ ва мутобиқати онро баталаботи инкишофи иқтисодиёт тақозо менамояд.
Дар шароити муносибатҳои ҷамъиятии ҷаҳони зудтағйирёбанда ва инкишофи босуръати технологияи иттилоотӣ донишҳои фундаменталии фаннӣ ҳатмӣ мегарданд, аммо ин мақсад ба манфиатҳои ниҳоии соҳаи маориф кифоягӣ наменамояд. Ба муҳассилин дар қатори аз худ намудани маҷмӯи донишҳои касбӣ, қобилияти кордонӣ ва маҳорати касбӣ, ки таҳсилот дар мамлакат маҳз ба ҳамин нигаронида шудааст, инчунин маҳорати мустақилона фаъолият намудан, таҳлил кардан, таркибсозӣ ва самаранок истифода бурдани иттилоотро барои татбиқи аз ҳама зиёди имконияти худ ва иштироки муфид дар ҳаёти ҷомеа одат кунонидан хеле муҳим ва мушкил мебошад.
Системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити пояи кӯҳнаи методология, сохтор ва мазмун инкишоф ёфта истодааст, ки барои ишғоли ҷои муносиб дар фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ имконият намедиҳад. Мазмуни таҳсилот дар заминаи факталогӣ боқӣ монда, ба тайёр намудани мутахассисони босалоҳият ва эҷодкор, ки тавонанд дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолият намоянд, равона карда нашудааст. Мавҷуд набудани низоми ягонаи идоракунии маориф дар сатҳи минтақа, нокифоя будани теъдоди штатии мутахассисон дар шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, паст будани музди маоши кормандони соҳаи маориф ба самаранокии идоракунии низоми маориф таъсири манфӣ мерасонад.
Таҳлили вазъи тахсилоти касбӣ дар мамлакатҳои мутараққӣ оид ба ҷой доштани механизмҳои ҳавасмандгардонии кордиҳандагон барои иштирок дар раванди тайёр намудани кадрҳо, инчунин асосҳои институтсионалии танзими сифати таҳсилоти касбӣ аз зудҳаракатӣ ва хамгироии барномаҳои касбӣ шаҳодат медиҳад.
Низоми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 119 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 71 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 48 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ иборат аст, ки дар онҳо теъдоди умумии 55,9 ҳазор хонандагон ва донишҷӯён таҳсил мекунанд.
Контингенти (теъдоди умумии) хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз соли 2000 то 2007 ба андозаи 0,9 ҳазор нафар кам шудааст (Ҷадвали 1).
+-------------+-------------------+-------------+--------------------ҷ
|Соли таҳсил | Миқдори | Теъдоди | Теъдоди |
| | муассисаҳои таҳ- | муҳассилин | муҳассилин аз |
| | силоти ибтидоии | | ҳисоби маблағҳои |
| | касбӣ | | буҷети давлатӣ |
| | | | |
+-------------+-------------------+-------------+--------------------+
| 2000-2001 | 72 | 24,4 | 24,4 |

| 2001-2002 | 73 | 25,5 | 25,3 |

| 2002-2003 | 75 | 25,5 | 25,3 |

| 2003-2004 | 73 | 23,9 | 23,9 |

| 2004-2005 | 72 | 24,2 | 24,2 |

| 2005-2006 | 71 | 25,0 | 25,0 |

| 2006-2007 | 71 | 23,5 | 23,5 |

Нисбати соли 2000 миқдори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 5 адад кам гаштааст. Теъдоди донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ то 7,6 ҳазор нафар зиёд шуд (Ҷадвали 2).
+-------------+-------------------+-----------+----------------------ҷ
| Соли таҳсил | Миқдори | Теъдоди |Теъдоди |
| | муассисаҳои | донишҷӯён |донишҷӯёне, ки аз |
| | таҳсилоти миёнаи | Жҳисоби маблағҳои |
| | касбӣ | |буҷетӣ таҳсил мекунанд|
| | | | |
+-------------+-------------------+-----------+----------------------+
| 2000-2001 | 53 | 25.3 | 20833 |

| 2001-2002 | 50 | 23,8 | 19360 |

| 2002-2003 | 50 | 25,1 | 20341 |

| 2003-2004 | 56 | 29,0 | 23 375 |

| 2004-2005 | 56 | 29,6 | 23 643 |

| 2005-2006 | 54 | 31,6 | 25 338 |

| 2006-2007 | 48 | 32,9 | 25 927 |

Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ 2275 нафар омӯзгорон (якҷоя бо устоҳои таълими истеҳсолӣ) ва дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳамагӣ 2985 нафар омӯзгорон фаъолият мекунанд.
Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ вуҷуд надоштани шарики иҷтимоӣ байни корфармо ва низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ боиси номутаносибии тайёр кардани кадрҳои баландихтисос гардидааст. Миқдори мутахассисони тайёршудаи ихтисосҳои техникӣ ва хизматрасонӣ ба ҳисоби 10 ҳазор нафар аҳолӣ назар ба сохаи таҳсилоти олии касбӣ хеле паст фаромадааст. Ин нишондод дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 66 нафар хонанда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 46,2 нафар донишҷӯй ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 208 нафар донишҷӯйро ташкил медиҳад. Афзоиши бемақсади тайёр намудани кадрҳо барои соҳаи хизматрасонӣ ва бахши ғайриистеҳсолӣ ба назар мерасад ва дар баробари ин талаботи ҷомеа ба мутахассисони техникӣ, сохтмон ва хоҷагии қишлоқ рӯз то рӯз афзуда, қариб ки қонеъ гардонида намешавад.
Корфармоён ва дигар шарикони иҷтимоӣ дар ташкили фармоиш барои тайёр кардани мутахассисони техникӣ ва соҳаи хизматрасонӣ нопурра ҷалб карда мешаванд. Механизми ҷалб намудани маблағҳои сектори иқтисодиёти хусусӣ ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва тайёр кардани кадрҳо вуҷуд надорад. Ҳамчунин, таъмири пурраи ҳамаи биноҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зарур аст. Барои ташкили ҷараёни таълим, харидории маводҳои таълимӣ, таҷҳизот ва лавозимот, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо маблағҳои молиявии кам ҷудо карда мешавад.
Маблағҳои молиявии ҷудогардида асосан барои пардохти музди меҳнат ва андози иҷтимоӣ (44,7%), хӯрок, сару либос ва идрор (20,6 %), хизматҳои коммуналӣ, нигаҳдорӣ ва тармими биноҳо (20,2 %) сарф карда мешавад.
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба 334 нафар омӯзгорони фанҳои махсус ва устоҳои баландихтисоси касбӣ ниёз доранд. Ғайр аз ин, тамоюли пиршавии таркиби кадрии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ба доираи бизнеси хурд ва миёна гузаштани омӯзгорони баландихтисос ҷой дорад. Мутахассисони ҷавон бо сабаби сатҳи пасти музди меҳнат ва мақоми пасти иҷтимоии омӯзгор барои кор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳавасманд нестанд.
Сохтори идоракунӣ ва таъмини таълимию методии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тайёр намудани кадрҳо дар сатҳи вилоятҳо аз лаҳзаи вогузории вазифаи идоракунӣ ва маблағгузории ин муассисаҳои таълимӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (аз соли 1996) таҳким дода нашудаанд.
Сохтор ва барномаҳои таълимии таҳсилоти касбй, тайёр намудани кадрҳои техникӣ ва хизматрасонӣ аз рӯи сатҳи касб ба "Пешниҳодҳо оид ба таҳсилоти техникӣ ва касбӣ" (Юнеско, соли 2001). меъёрҳои барномаи "Таснифоти стандартии байналмилалии таҳсилот (соли 1997)" мувофиқат намекунад, садди роҳи зудҳаракатии низоми таҳсилоти касбӣ мегардад ва эҳтимолияти эътироф намудани онро дар фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ коста мегардонад.
Таҳлили рушди низоми таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии мамлакатҳои тараққикарда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сохти пешқадами маьмул ва эътмрофгардида дар ҷаҳони муосир сохти сезинагии тайёр кардани кадрҳо: бакалавриат, магистратура ва докторантура мебошад, ки ба низоми кредитии таҳсилот асос меёбад. Ин сохт дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ИМА ва аксари давлатҳои Европа васеъ истифода мешавад. Он хеле зудҳаракат ва самаранок буда, талаботи хатмкунандагонро дар шароити тағйирёбандаи бозор таъмин менамояд.
Низоми таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 5 филиалу як шӯъба ва як комплексро дар бар мегирад. Аз 28 муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ 13-то мақоми донишгоҳ 12-то мақоми донишкада ва 3 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ мақоми академияро доранд. 5 филиалу 1 шӯъба ва 1 комплекси таълимӣ дар ҳайати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ амал мекунад. Як донишгоҳ - Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дорои мақоми махсус мебошад.
Барои қонеъ гардонидани талаботи ҷумҳурӣ бо мутахассисони баландихтисос дар соли 2006 ду муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ: Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Миқдори муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, теъдоди донишҷӯён ва фармоиши давлатии мутахассисон зиёд шуда истодааст (Ҷадвали 3).
+-------------+----------------+---------------+---------------------ҷ
| Соли таҳсил | Миқдори |Теъдоди | Теъдоди |
| | муассисаҳои |донишҷӯён | донишҷӯёне, ки |
| | таълимии | | аз ҳисоби буҷети |
| | таҳсилоти олии | | давлат таҳсил |
| | касбӣ бо филиал| | мекунанд |
| | ва шӯъбаҳо | | |
| | | | |
+-------------+----------------+---------------+---------------------+
| 2000-2001 | 30 | 77,701 | 45,339 |

| 2001-2002 | 31 | 84,360 | 47,644 |

| 2002-2003 | 33 | 96.583 | 54,409 |

| 2003-2004 | 35 | 107,570 | 54,481 |

| 2004-2005 | 35 | 118,431 | 55.517 |

| 2005-2006 | 36 | 132,405 | 58 753 |

| 2006-2007 | 35 | 146,219 | 59.920 |

Аз 9087 ҳазор нафар теъдоди умумии профессорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ 432 нафар доктор ва 1803 нафарашон номзади илм мебошанд. Теъдоди донишҷӯен ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ дар соли таҳсили 2000-2001 ба 124 нафар ва дар соли таҳсили 2006 - 2007 ба 208 нафар расид.
Таснифоти равия ва ихтисосҳои таҳсилоти олии касбӣ такмил дода шуд. Стандартҳои давлатии умумиҳатмии таҳсилоти олии касбӣ таҳия гардида, бо барномаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мувофиқ гардонида шуданд, ки технологияи ягонаи раванди таълимро таъмин месозад. Фанҳои ихтисосӣ ва самтҳои тайёркунии таҳсилоти олии касбӣ бо барномаҳои намунавии таълимӣ таъмин карда шудаанд.
Бо мақсади таъмини ҳуҳуқи баробар барои гирифтани таҳсилоти олии касбӣ ва интихоби ҷавонони бештар омода ба таҳсил модели нави ташаккули контингенти донишҷӯён ба воситаи гузаронидани имтиҳони ягонаи миллӣ ҷорӣ карда мешавад. Додани грантҳои давлатии таҳсилот ва кредитҳои давлатии таҳсилот дар асоси озмун пешбинӣ мешавад.
Барои гузаштан ба низоми ягонаи тайёр намудани кадрҳо мувофиқ ба сохти дар ҷаҳон маъмул- бакалаврӣ ва магистрӣ замина гузошта шуд. Ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар раванди таълим мустақилияти зиёд дода мешавад. Тадқикоти илмие, ки дар таълим истифода мешаванд, хеле фаъол гардидаанд.
Норасоии китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ оид ба ихтисосҳои техникӣ, тиббӣ, аграрӣ, технологӣ, байторӣ ба забони давлатӣ ба назар мерасад. Зиёда аз 50 фоизи адабиёти таълимӣ, дарсӣ, таълимию методӣ ва илмии дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойдошта, зарурати аз нав навиштан ва чоп карданро доранд.
Мутахассисони ҷавон бо сабаби паст будани музди меҳнат ва мақоми нокифояи омӯзгор барои кор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҳавасманд нестанд. Бинобар ин, сатҳи миёнаи синнусоли устодони унвони илмидошта аз 50 сол зиёд аст.
Магистратура. Мақсади он таъмини сохаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла соҳаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои мухталиф магистр тайёр мекунанд.
Дар ҷумҳурӣ аспирантура дар заминаи маблағгузории буҷавӣ дар 12 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, дар заминаи худмаблағгузорӣ дар 6 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ҳамагӣ дар 18 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амал мекунад. Аммо докторон бошанд, дар 5 муассисаи тақсилоти олии касбӣ аз тариқи маблағгузории буҷетӣ тайёр карда мешаванд.
Дар солҳои охир танҳо 10,5 фоизи аспирантон аспирантураро бо гирифтани дараҷаи илмӣ хатм мекунанд, ки ифодагари сатҳи пасти самаранокии низоми ҷойдоштаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ мебошад.
Барномаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ имконияти танзими сифати тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогиро надоранд. Масъулияти роҳбарон (мушовирон)-и корҳои илмӣ оид ба натиҷаи кори аспирантон ва докторантҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ паст шудааст.
Нарасидани кадрҳои илмӣ аз рӯи самтҳои мухталиф, аз ҷумла ихтисосҳои тиббӣ (пайвандсозӣ ва узвҳои сунъӣ, нейроҷарроҳӣ, гемотология, тарбияи ҷисмонии муолиҷавӣ, тибби варзишӣ ва дигарҳо) ҷой дорад, ки сабаби он мавҷуд набудани мактабҳои илмии мувофиқ дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ пиршавии кадрҳои унвони илмидошта ба назар мерасад. Агар даҳ сол муқаддам синну соли миёнаи докторҳои илм 56 солро ташкил карда бошад, дар шароити кунунӣ ба 62 сол баробар шудааст, синну соли миёнаи номзадҳои илм мувофиқан 52 ва 54 солро ташкил медиҳад.
Саҳми муассисаҳои илмӣ дар тайёр намудани мутахассисони касбӣ кам ба чашм мерасад. Тафовути байни таҳсилот ва вазъи муосири илм ба гузариши мукаммал ҷиҳати аз тайёр намудани мутахассис ба тайёр намудани мутахассису тадқиқотчӣ, ки дорои қобилияти эҷодкорона қабул намудани ғояҳои нави илмиро дошта бошад ва роҳбалади технологияи навтарин буда, раванди технологияи муосирро идора карда тавонад, имконият намедиҳад.
Тадқиқоти сершумор оид ба илмҳои педагогӣ натиҷа ва сифату аҳамияти пасти амалӣ доранд. Новобаста ба он ки дар соли 2006 оид ба илмҳои педагогӣ 7 рисолаи докторӣ ва 27 рисолаи номзадӣ ҳимоя шудааст, усул ва шаклҳои таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бетағйир боқӣ монда истодааст. Фаҳмиши кӯҳнашуда оид ба таъиноти омӯзгор чун манбаи донишҳои тайёр дар муассисаҳои касбӣ ва илми боқӣ мондааст.
Тайёр намудани мутахассисони варзида оид ба ихтисосҳои омӯзгорӣ ба ӯҳдаи 12 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ гузошта шудааст. Дар ин муассисаҳои таълимӣ аз рӯи 36 ихтисоси омӯзгорӣ кадр тайёр мекунанд. Ҳоло дар риштаи омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зиёда аз 35 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Ҳар сол аз ин миқдор зиёда аз 7000 нафар донишҷӯён бо ихтисосҳои омӯзгорӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм менамоянд, аммо бо сабаби сатҳи пасти музди маош ва нокифоя будани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа 45-50% онҳо ба ҷои кор ҳозир намешаванд.
Ҷараёни иттилоотикунонии соҳаи таҳсилоти касбӣ ва бо техникаи компютерӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба 50 хонанда як компютер, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба 120 донишҷӯй як компютер ва дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба 45 донишҷӯй як компютер рост меояд. Дар ҷумҳурӣ ба шабакаи интернет як муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 6 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 35 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ пайваст мебошанд.
Самтҳои асосии амалигардонии риштаи иттилоотикунонии таҳсилоти касбӣ аз масъалаҳои зерин иборат аст:
- такмил додани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияи иттилоотии компютерӣ дар раванди таълим;
- таҳия ва ҷори кардани технологияи таҳсили фосилавӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ;
- ташкил кардани марказҳои таълимӣ-иттилоотӣ дар вилоятҳо барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ;
- таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо таҷҳизот ва воситаҳои электронии таълимӣ;
- мониторинги иттилоотӣ-компютерии ҷараёни таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ.
Устувор гардидани вазъи иқтисодии мамлакат имконияти зиёд кардани хароҷоти маблағҳои буҷаи давлатиро ба соҳаи таҳсилоти касбӣ фароҳам овард (Ҷадвали 4).
Хароҷоти буҷети давлатии соҳаи маориф барои солҳои 2001-2007 (Ҷадвали 4)
+----------------+------+-------+------+------+-------+------+-------ҷ
| |2001 | 2002 | 2003 |2004 | 2005 |2006 | 2007 |
+-Т--------------+------+-------+------+------+-------+------+-------+
| Ҳамагӣ харочоти|59356 | 7887 | 1009 |161334| 250070|336070| 428442|
| сохаи маориф | | 2 | 84 | | | | |
+----------------+------+-------+------+------+-------+------+-------+
| % аз ММД | 2,37 | 2,57 | 2,35 | 2,66 | 3.51 | 3,39 | 4,48 |

| % аз бучети | | | | | | | |
| давлати | 16,6 | 16,55 | 15,4 | 15,97| 19,19 | 19,43| 22,04 |

| аз он ҷумла: | | | | | | | |
+---Т---Р--------+------+-------+------+------+-------+------+-------+
| Таҳсилоти | | | | | | | |
| ибтидои касбӣ | 2006 | 2947 | 3791 | 5267 | 7083 | 8970| 10631 |
+---Т---------Р--+------+-------+------+------+-------+------+-------+
| Таҳсилоти | | | | | | | |
| миёнаи касбӣ | 1666 | 2350 | 3182 | 4463 | 6543 | 9458| 11705 |
+---Т--------Р---+------+-------+------+------+-------+------+-------+
| Таҳсилоти олии |2945 | 4471 | 5789 | 9149 | 13732| 19684| 27393 |
| касбӣ | | | | | | | |
+-----Р----------+------+-------+------+------+-------+------+-------+
4. Баҳодиҳии сифати таҳсилоти касбӣ
Дар соҳаи таҳсилоти касбӣ низоми мустақили муайян намудани сифати таълим ҷорӣ шуда истодааст. Таъсиси маркази миллии тестӣ дар ҷумҳурӣ амри зарурӣ мебошад.
Вале, механизми амалкунандаи назорат ва муайян намудани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ ба таври пурра вазъи воқеии таҳсилотро ифода карда наметавонад, бинобар ин воситаи воқеӣ баҳо додан ба сифати таҳсилоти касбӣ буда наметавонад.
Нишондиҳандаҳо ва меъёрҳои баҳодиҳии сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ номукаммал мебошанд ва мониторинги воқеии баҳо додани сифати таълим вуҷуд надорад.
Мазмун, мақсад ва вазифаҳои муайян намудани комёбиҳои донишҷӯён ба талаботи муосир оид ба муайян намудани сифати дониши донишҷуй ҷавобгӯ нест.
Низоми амалкунандаи омори бахши таҳсилоти касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи муосир, ҳам аз назари мазмун ва ҳам аз назари технологӣ мувофиқат намекунад .
Муаммоҳои мавҷудаи таҳсилоти касбӣ бо сабабҳои зерин ба вуҷуд омадааст:
- дар баҳодиҳии сифати таҳсилот мавҷуд будани амалиёте, ки воқеиятро таъмин карда наметавонанд;
- нокифоя будани татбиқи навовариҳо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ;
- сатҳи пасти тайёр намудани кадрҳои педагогӣ, аз кор рафтани кадрҳои баландихтисос;
- ҳавасмандгардонии сусти моддии меҳнати омӯзгорӣ;
- маблағгузории нокифоя барои таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ;
- мувофиқат накардани таҷҳизоти таълимию лабораторӣ, варзишӣ, адабиёти таълимӣ ва методӣ ба талаботи муосир;
- вуҷуд надоштани дурнамои илман асоснокшудаи пешниҳодҳо ва талабот дар бозори хизматрасониҳои таълимӣ;
- истифода нашудани механизми ҷалби корфармоён ва шарикони иҷтимоии дигари онҳо дар раванди тайёр намудани мутахассисон;
- рушди номукаммали низоми бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ;
- вуҷуд надоштани инфраструктураи ягонаи иттилоотии маориф, аз ҷумла системаи идораи тахсилоти касбӣ.
Беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ барои татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ шароити нисбатан хуб ба вуҷуд овард. Вале ин барои бартараф намудани номувофиқии низоми таҳсилоти касбӣ ва ба талаботи иқтисоди бозоргонӣ ва ҷомеаи кушоди шаҳрвандӣ нокифоя мебошад.
Аз ин рӯ, андешидани тадбирҳо барои бартараф намудани ҳодисаҳои номатлуб, азнавсозии ташкилию сохторӣ, нав кардани мазмуни таҳсилоти касбӣ, тайёр кардани мутахассисони мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат зарур аст.
5. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
Мақсади Барнома дар асоси вазифаҳои афзалиятдоштаи нақшаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015, модернизатсия намудани низоми миллии таҳсилоти касбии бисёрзинагӣ, баланд бардоштани сифати тайёр намудани нерӯи одамӣ, қонеъ гардонидани талаботи шахс ва ҷомеа мебошад.
Вазифаҳои асосии Барнома аз инҳо иборат аст:
-таъмин ва дастрас намудани таҳсилоти босифат барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ;
-дар асоси демократикунонии минбаъдаи идоракунии маориф такмил додани асосҳои меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти низоми миллии таҳсилоти касбӣ;
-тарбияи ватандӯстӣ, сабру таҳаммул, фарҳанги баланд, эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон;
-инкишофи афзалиятноки забони давлатӣ;
-азнавсозии мазмун ва сохтори таҳсилоти касбӣ дар асоси анъанаҳои ватанӣ, таҷрибаи ҷахонӣ ва принсипҳои рушди устувор;
-дар асоси низоми мукамали кредитии таҳсилот ташкил кардани сохти пурраи сезинагии тайёр намудами кадрҳо (бакалавриат-магистратура-докторантура);
-баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир барои ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт;
-ҳамгироӣ бо фазои ҷаҳонии таҳсилоти касбӣ;
-ташкил кардани низоми миллии баҳодиҳии сифати таҳсилот;
-фароҳам овардани муҳити ягонаи иттилоотии таҳсилот;
-такмил додани таъмини таълимию методӣ ва илмии раванди таълими таҳсилоти касбӣ;
-таҳкими заминаи моддию техникии соҳаи таҳсилоти касбӣ;
-хамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот;
-ҷалби самараноки захираҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ;
-таъмини тавозуни манфиатҳои давлат, ҷамъият ва шахс дар низоми таҳсилоти касбӣ.
6. Самтҳои асосӣ ва механизми татбиқи амалии Барнома
Барои татбиқи вазифаҳои Барнома зарур аст:
- тағйир додани мазмуни таҳсилот ва дар робита аз марказонидан ба масъулиятнокӣ ва ӯҳдадорӣ гузаронидани он;
- пояи моддию техникӣ, таъмини таълимию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба шароити муосири иҷтимоию иқтисодӣ бо талаботи раванди таълимию тарбиявӣ мувофиқ карда шавад;
- ба тайёрии забондонӣ, иттилоотӣ, экологӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии муҳассилин таҳким бахшида шавад;
- такмил бахшидани сохтор ва мазмуни барномаҳои таҳсилоти касбӣ, тайёрӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ;
- таъмини пай дар пайи зинаҳои таҳсилоти касбӣ аз рӯи мазмун ва давомнокии таҳсилот.
7. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Таҳсилоти ибтидоии касбӣ қисми таркибии низоми таҳсилоти касбӣ буда, аз рӯи ихтисосҳои мухталифи талаботи бозори меҳнат ба роҳ монда мешавад.
Таҳсилоти ибтидоии касбӣ зинаи заминавии низоми таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ буда, тайёр намудани кадрҳои коргарӣ, мутахассисони техникию ёрирасон доир ба ҳамаи самтҳои иқтисодиёти миллиро ба ӯҳда дорад.
Таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи мураккабӣ ва татбиқи барномаҳои касбии таҳсилот ба ду зина тақсим мешавад:
1) таҳсилоти техникӣ ва касбии зинаи якум, ки мушкилоти аз худ намудани маҳорат ва ҳунари иҷро намудани корҳоро оид ба касбҳои оммавии номураккаби техникӣ ва хизматрасонӣ, ки тайёрии ҳаматарафаи назариявӣ ва касбиро талаб намекунад, пешбинӣ месозад.
Мазмуни барномаҳои таҳсилоти зинаи якум аз омӯзиши курсҳои хамгироӣ оид ба фанҳои таҳсилоти умумӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва бомуваффаққият аз худ намудани фанҳои умумикасбӣ ва гирифтани ҳунару малакаҳои касбӣ иборат мебошад. Бо итмомёбии таҳсил сатҳи тахассуси касбӣ (дараҷа, класс, гурӯҳ) аз рӯи касби муайян дода мешавад. Давомнокии таҳсил дар заминаи таҳсилоти техникӣ ва касбии зинаи якум на камтар аз ду сол мебошад;
2) таҳсилоти техникӣ ва касбии зинаи дуюм азхудкунии ихтисосҳои нисбатан мураккаб, бо ҳам наздик ва ҳунару малакаи амалии иҷрои корҳои техникӣ ва хизматрасониро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт пешбинӣ мекунад, ки аз технологияҳои муосир ва ба фаъолияти касбӣ вобаста мебошад.
Мазмуни барномаҳои таълимии ин зина омӯзиши фанҳои гуманитарӣ, иқтисодӣ, умумикасбӣ, махсус ва иҷро камудани корҳои таҷрибавиро оид ба азхудкунӣ ва таҳкимдиҳии хунару малакаи касбӣ дарбар мегирад. Баъди анҷомёбии таҳсил сатҳи баланди тахассуси касбӣ аз рӯи ихтисоси муайян (техник-механик, техник-сохтмончӣ ва ғ.) дода мешавад. Давомнокии таҳсил дар заминаи таҳсилоти асосии умумӣ на камтар аз се сол аст.
Барномаҳои таълимии ин зинаи таҳсилот бо барномаҳои зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ҳамоҳанг сохта шудааст.
Барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ барномаҳои таълимии фанҳои умумикасбӣ, иқтисодӣ ва махсусро пешбинӣ мекунад, ки онҳо фаъолияти касбиро дар оянда аз рӯи ихтисоси интихобкардашуда муайян мекунанд. Давомнокии таҳсил аз мураккабии барномаҳо ва сатҳи касбӣ интихобшаванда вобаста аст.
8. Таҳсилоти миёнаи касбӣ
Таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳамчун қисми таркибии низоми тақсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манбаи асосии тайёр карданн кадрҳои баландихтисос барои татбиқи барномаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр кардани мутахассисони зинаи миёна, ки касби хизматрасонии техникӣ ва мутахассисони хурди низоми идоракуниро бештар дар соҳаҳои иқтисодиёт, ҳуқуқ, экология, тиб, омӯзгорӣ, технологияи иттилоотӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дарбар мегирад. фақат дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ карда метавонад. Номгӯй ва мазмуни барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз ҷониби ташкилоти давлатии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи талаботи бозори меҳнат муайян карда мешавад. Давомнокии омӯзиш на камтар аз ду сол, вале дар заминаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ на камтар аз як сол мебошад .
Мазмуни барномаҳои таълимии ин зина омӯзиши фанҳои иҷтимоию гуманитарӣ ва таббию илмиро дар бар гирифта, ба маҷмӯи якум ва дуюми барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҳамоҳанг ва мувофиқ кунонида шудааст.
Баробари ба анҷом расонидани таҳсилоти касбӣ ба хатмкунандагон тахассуси мутахассиси хурди хизматрасон дар соҳаи иқтисодиёт, ҳуқуқ, сотсиология, психология, тиб, омӯзгорӣ ва технологияи иттилоотӣ ва дигар ихтисосҳо дода мешавад.
Рушди минбаъдаи таҳсилоти миёнаи касбӣ амалӣ гардонидани чораҳои зеринро дар назар дорад:
-зиёд намудани маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои бахши хусусӣ, васеъ намудан ва инкишоф додани шабакаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи сохтмон ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо;
-аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва маблағҳои буҷети маҳаллӣ тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси меҳнати техникӣ ва хизматрасонӣ аз рӯи касбҳо ва ихтисосҳои дорои аҳамияти стратегӣ;
-аз ҳисоби истифодаи низоми имтиёзноки андозбандӣ ташкил кардани механизми ҳавасмандгардонии маблағгузориҳои бахши хусусӣ ба соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
-такмили заминаҳои меъёрии ҳукуқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ;
-таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ ва маҷмӯаи таълимию методии фанҳои мухталифи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
-иттилоотикунонии низоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ;
-ҷорӣ намудани низоми кредитии таҳсилот ва минбаъд хамоҳанг сохтани барномаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо барномаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонанд барномаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро дар мавриди мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва иҷозатномаи пешбурди фаъолият амалӣ намоянд.
9. Таҳсилоти олии касбӣ
Барои рушди таҳсилоти олии касбӣ инҳо пешбинӣ мешаванд:
-такмил додани таснифоти равия ва ихтисосҳои таҳсилоти олии касбӣ;
-таҳия ва мавриди истифода қарор додани система ва технологияҳои пешқадами таълим, аз ҷумла низоми кредитии таҳсилот ва таълими фосилавӣ;
-табдилдиҳии таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ бо модели сезинагӣ: бакалавриат, магистратура, докторантура;
-таҳияи барномаҳои таълимии таҳсилоти бакалавриат, ки ба сохтор ва мазмуни барномаҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг гардонида шуда бошанд;
-баланд бардоштан ва дастраси тамоми табақаҳои аҳолӣ гардонидани таҳсилоти олии касбӣ ва зиёд намудани миқдори грантҳои давлатӣ ва ташкил намудани модели нави кредитӣ (қарздиҳӣ) ба донишҷӯён;
-ҷорӣ намудани механизми тақсими фармоиши давлатӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар байни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ;
-инкишофи шарикии иҷтимоӣ, ҷалби кордиҳандагон барои ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии касбӣ, бозомӯзии донишҷӯён ва бо кор таъмин кардани хатмкунандагон;
-таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва механизмҳои ташкилию иктисодии ҷалби мутахассисони унвони илмидоштаи муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ;
-таъмими шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
-таҳким ва азнавсозии заминаи моддию техникӣ ва таълимию лаборатории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
-пурзӯр намудани талабот нисбати муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва филиалҳои онҳо ҷиҳати таъмин бо кадр ва заминаи моддию техникӣ;
-ташкил кардани принсипҳои нави идоракунии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ки аз банақшагирии стратегӣ, системаи менеҷменти сифат ва зиёдшавии худмухторӣ асос ёфтаанд;
-афзоиши ҳайати профессорону омӯзгорони дараҷадори муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;
-ба тартиб даровардани мазмун ва сохтори таҳсилоти касбии ғоибона, шабона ва иловагӣ.
Дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ ба ҷои системаи анъанавии раванди таълим низоми кредитии таҳсилот ҷорӣ карда мешавад, ки вай барои корҳои фаъолонаю мустақилона донишҷӯёнро ҳавасманд гардонида, зудҳаракатӣ, сатҳи баланди озодии раванди таҳсили бакалаврҳо, магистрантҳо ва докторантҳоро таъмин мекунад, эътирофи ҳуҷҷатҳоро дар фазои ҷаҳонии таҳсилот имконпазир мегардонад.
Мазмуни таҳсилот дар ду курси аввали бакалавриат дар сатҳи максималӣ айниятдор гардонида мешавад, аммо дар курсҳои баъдинаи бакалавриат тайёрӣ аз рӯи фанҳои тахассусӣ (заминавӣ) ба амал бароварда мешавад.
Мӯҳлати таҳсил дар бакалавриат аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва ихтисосҳои иқтисодӣ на зиёда аз чор сол муайяи карда мешавад. Азхудкунии барномаҳои таҳсилоти бакалавриат бо аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ бо додани дараҷаи академии тахассуси бакалавр оид ба ин ё он соҳа анҷом меёбад.
Минбаъд бакалавр имконияти давом додани таҳсилро дар магистратура дорад.
10. Таҳсилоти касбнн баъдидипломӣ
Дар магистратура таҳсил дар ду самт гузаронида мешавад:
- тахсилоти амиқи касбӣ;
- таҳсилоти илмии педагогӣ.
Барномаи таълимии магистратура тайёрии таҳсилоти бунёдӣ, методологӣ, тадқиқотӣ ва омӯзиши фанҳои мухталиф, риштаҳои мушаххаси илмиро тақозо менамояд.
Бояд хаҷми маблағҳо барои тайёр кардани мутахассисон дар магистратура хеле афзоиш ёфта, истифодаи самараноки онҳо таъмии карда шавад.
Ба хатмкунандагони магистратура дараҷаи академии "магистр" дода мешавад. Магистрҳо ҳуқуқи давом додани таҳсил дар аспирантура, ё ки ба кори илмию педагогӣ машғул шудан ва ё дигар намуди фаъолияти меҳнатиро доранд.
Аспирантура вақти муайян ҳамчун зинаи алоҳидаи таҳсилот дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ боқӣ мемонад.
Мӯҳлати таҳсил аз рӯи барномаҳои аспирантура на камтар аз се сол дар шӯъбаи рӯзона ва на камтар аз чор сол дар шӯъбаи ғоибона мебошад.
Ба шахсоне, ки барномаи аспирантураро аз худ намуда, рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд, унвони академии номзади илм аз рӯи касб (тиб, мусиқӣ, омӯзгорӣ, ҳуқуқ ва ғ.) дода мешавад.
Ба шахсоне, ки барномаи докторантураро аз худ намуда, рисолаи докторӣ ҳимоя карданд, унвони академии доктори илм вобаста ба касб (фалсафа, математика, химия, иқтисод ва ғ.) дода мешавад.
Барномаҳои магистрӣ ва докторӣ ягонагии таҳсилот ва тадқиқот, тайёрии васеи илмӣ, тадқиқотӣ ва методологӣ, зудҳаракатии академии омӯзгорон ва кормандони илмро таъмин менамояд.
Ҳамгироии таҳсилоти касбӣ ва илм дар самтҳои зерин идома меёбад:
- мутамарказонии захираҳо дар самтҳои афзалиятноки илмӣ;
- дар заминаи қисми илмию тадқиқотии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ташкил намудани муассисаҳои илмӣ ва лабораторияҳои илмӣ.
11. Тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои омӯзгорӣ
Дар тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои омӯзгорӣ талаботи зерин пешбинӣ мешавад:
- барқарор ва рушди минбаъдаи системаи тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ дар заминаи донишгоҳҳои пешқадам;
- азнавсозии мазмуни барномаҳои таълимии ихтисосҳои омӯзгорӣ;
- ҳангоми тарҳрезии барномаҳои тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ мунтазам барои тамоми давраи таҳсил ворид сохтани таҷрибаомӯзии пай дар пайи омӯзгорӣ ва психологию омӯзгорӣ;
- бозомӯзии омӯзгорони фаннӣ аз рӯи барномаҳои кӯтоҳмуддати таҳсилоти касбии ихтисоси дуюм, аз ҷумла аз рӯи забонҳои давлатӣ, хориҷӣ, информатика, психология;
- барои омӯзгорони оянда ҷорӣ кардани таҷрибаомӯзии педагогӣ аз се моҳ то як сол дар заминаи баҳодиҳии мустақилонаи сатҳи омодагии онҳо;
- зиёд кардани фармоиши давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои педагогӣ барои кор дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, миёна, муассисаҳои тахсилоти миёна ва на олии касбӣ;
- таҳияи системаи нави аттестатсия ва азнаваттестатсиякунонии омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо назардошти мазмуни нави таҳсилот, тағйири технологияи омӯзиш ва методикаи таълим;
- такмил додани механизми ҳавасмандгардонии меҳнат ва ҷобаҷогузории кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ;
- бозомӯзии роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ тибқи барномаҳои менеҷмент дар маориф;
- такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси шартномаҳо ва барномаҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва банналмилалӣ,
Барномаҳои таълимӣ ба тайёр намудани омӯзгорони донандаи забонҳои зиёд, ки аз технологияҳои инноватсионии педагогӣ, малакаи ҷустуҷӯӣ, тадқиқотӣ, фаъолияти эҷодӣ ва технологияҳои таълими иттилоотию фосилавӣ бархӯрдоранд, нигаронида мешаванд.
12. Низоми миллии муайян намудани сифати таҳсилоти касбӣ
Барои татбиқи вазифаҳои системаи миллии муайян намудани сифати таҳсилоти касбӣ бояд чорабиниҳои зерин иҷро карда шаванд:
- муайян намудани сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ;
- татбиқи нишондодҳои дохилӣ ва берунии баҳодиҳии сифати таҳсилоти касбӣ, дастовардҳои таълимии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ;
- таҳия намудани маҷмӯи индикаторҳои муайянкунандаи сифати таҳсилоти касбӣ;
- муқаррар ва такмил додани воситаҳо ва таҷҳизоти стандартии баҳодиҳии сатҳи дониши хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои тахсилоти касбӣ;
- ташкил намудами Маркази миллии тестӣ барои муайяи намудани сифати таҳсилоти касбӣ;
- баланд бардоштани талаботи касбӣ, масъулият ва ҷавобгарии кадрҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ.
Барои баҳодиҳии берунии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, тартиботи литсензиядиҳӣ (иҷозатномадиҳӣ), аттестатсия, аккредитатсия, санҷиши тестии марказонидашуда ва тадқиқоти мустақили мониторингӣ пешбинӣ карда мешавад.
Назорати давлатии дастовардҳои таҳсилотии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар шакли имтиҳонгирии марказонидашуда ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва дар вақти ба охир расонидани ҳар як зинаи таҳсилоти касбӣ гузаронида мешавад.
13. Натиҷаи ниҳоӣ аз амалигардонии Барнома
Бармома марҳила ба мирҳала амалӣ гардонида мешавад.
Мархилаи якум (солҳои 2008-2012)
Системаи ягонаи идоракунии таҳсилоти касбӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва минтақавӣ ташкил карда мешавад. Дар соҳаи таҳсилоти касбӣ:
- заминаи меъёрии ҳуқуқии ҷалби бахши воқеии иқтисодиот барои тайёр намудани кадрҳои баландиихтисос таъсис дода мешавад;
- таҳсилоти касбӣ дастраси аҳолӣ гардида, мақому манзалати он барои қонеъ гардонидани талаботи бозори меҳнат ва талаботи ҷомеа афзун мешавад (ҳиссаи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ идома медиҳанд, на камтар аз 60% мегардад);
- робитаи мутақобилаи таҳсилоти касбӣ бо кордиҳандагон ва субъектҳои тиҷорати хурд ва миёна густариш ёфта, самаранокии ҳамкориҳои шарикии иҷтимоӣ баланд мегардад;
- адабиёти навини дарсӣ, таълимию методӣ, воситаҳои таълим мувофиқ ба талаботи муосири кордиҳандагон ва стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия ва аз чоп бароварда мешавад;
- системаи кредитии таҳсилот ҷорӣ мегардад, ҳамоҳангсозии барномаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо барномаҳои тахсилоти миёнаи касбӣ ва барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ таъмин карда мешавад;
- истифодаи технологияи иттилоотию компютерӣ дар раванди таҳсилот васеъ истифода мегардад;
- миқдори компютерҳо дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ то таносуби як компютер барои 15 хонанда ва донишҷӯй расонида мешавад;
- системаи одилонаи ба кор ҷалб намудани мутахассисони ҷавон, бозомузӣ ва такмили ихтисоси онҳо ташкил мешавад, инчунин барои худмуайянкунии касбӣ, аз ҷумла барои кушодани тиҷорати хусусӣ шароит фароҳам мегардад;
- низоми озод ва одилонаи баҳодиҳӣ ба омодагии касбии мутахассисон, додани касб ва тахассус ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба вуҷуд оварда мешавад;
- заминаи модию техникии муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии таҳсилоти касбӣ таҳким дода мешавад.
Дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ шароити мӯътадил барои ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба раванди Болон ба вуҷуд оварда мешавад.
Дар натиҷаи баланд бардоштани талаботи касбӣ бо кадрҳои баландихтисос ва таъмини заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шабакаи муассисаҳои олии таълимии шаҳрвандӣ ва филиалҳои онҳо таъсис дода мешавад.
Ҳамасола то 50 номгӯи китобҳои дарсӣ, васоити таълимию методӣ ва маҷмӯаҳои таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (наздик ба 90 фоизи онҳо бо забонӣ давлатӣ) таҳия карда хоҳанд шуд. Зиёда аз 300 номгӯи адабиёти дарсии хориҷӣ, аз ҷумла, аз рӯи фанҳои барномаҳои нави таҳсилотии бакалавриат, магистратура ва мутахассис харидорӣ мешаванд.
Давра ба давра гузариш аз аспирантура ва докторантураи анъанавӣ ба низоми сезинагии тайёркунии кадрҳо (бакалавриат, магистратура ва докторантура) таъмин карда мешавад. Қабули ҳарсола аз рӯи барномаҳои нав мувофиқи супориши давлатӣ ба магистратура то 20 % хатмкунандагони бакалавриатро ташкил медиҳад.
Ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии беҳтарини кишварҳои хориҷии дуру наздик садҳо шаҳрвандон барои таҳсил аз рӯи барномаҳои таҳсилоти олии касбӣ равон карда мешавад.
Зарур аст, ки:
- барномаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ нав карда шаванд, донишҳои бунёдӣ, қобилияти эҷодии донишҷӯён, сатҳи баланди донишандӯзи ва истифодаи донишҳои фаннии муҳассилин таъмин карда шавад;
- шароити мусоид барои иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯён, интихоби инфиродии самт ва равияи таҳсилот, зудҳаракатии академии таҳсилкунандагон ва омӯзгорон таъмин карда шавад;
- системаи менеҷменти сифат ворид гардида, шароит барои аккредитатсияи барномаҳои таҳсилоти касбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил карда шавад;
- иштироки кордиҳандагон ва дигар шарикони иҷтимоии онҳо дар ҳалли проблемаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла дар таҳияи стандартҳои таҳсилоти касбӣ, дар омода намудани супориш барои тайёр кардани мутахассисон, ташкили таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва коромӯзии донишҷӯён таъмин карда шавад;
- механизми ташкил (қабули) контингенти донишҷӯён бо мақсади интихоб кардани ҷавонони бештар омодабуда такмил дода шавад;
- сатҳи дастрас будани таҳсилоти олӣ ба воситаи зиёд кардани миқдори грантҳои таҳсилотӣ ва ташкил кардани модели нави кредитдиҳӣ барои таҳсили донишҷӯён баланд бардошта шавад;
- ба талаботи литсензионӣ (иҷозатномадиҳӣ), аттестатсия, аккредитатсия, ки ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла ба теъдоди хатмии кадрҳои унвони илмӣ дошта тағйиру иловаҳо ворид карда шавад;
- ба маълумотномаи дараҷаи тахассуси вазифаҳои роҳбарон, мутахассисон ва дигар хизматчиён, инчунин ба тавсифномаи квалификатсионии вазифаҳои кормандони муассисаҳои илмӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд;
- шароити мӯътадил барои инкишофи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии бонуфуз ба вуҷудоварда шавад.
Дар пояи донишгоҳҳои заминавӣ марказҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ фаъолият хоҳанд намуд.
Дар натиҷаи иҷрои Барномаи мазкур заминаҳо барои рушди муҳити ягонаи иттилоотии таҳсилоти касбӣ ба вуҷуд меояд, ки дар навбати худ имконият медиҳад:
- асосҳои системаи ягонаи иттилоотӣ ва таъмини илмию методии рушди таҳсилоти касбӣ ташкил карда шавад;
- дар ҷараёни таҳсил китобҳои таълимии муосири электронӣ, таҳия ва ҷорӣ карда шавад;
- марказҳои иттилоотии захиравии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ташкил карда шавад;
- низоми муайяни дастгирии методии омӯзгорони ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, бозомӯзию такмилии ихтисоси кадрҳои омӯзгорӣ, маъмурӣ, муҳандисӣ ва техникӣ дар соҳаи технологияи муосири иттилоотию компютерӣ ташкил карда шавад;
Такмил додани омори таҳсилоти касбӣ барои ташкил кардани системаи муосири мониторинги таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меоварад, ки он сифати таҳсилотро таъмин менамояд.
Системаи миллии муайян намудани сифати таҳсилот имконият медиҳад, ки сифати дониш ба воситаи имтиҳони комплексӣ баҳо дода шуда, системаи миллии мониторинги сифати таҳсилот таҳия карда шавад.
14. Марҳалаи дуюми татбиқи Барнома (солҳои 2012-2015)
Дар марҳалаи дуюм татбиқи пурраи Барнома оғоз мегардад ва дар ҷараёни татбиқи амалии он зарурати ворид сохтани тағйиру иловаҳо бо назардошти таҷрибаи андӯхта, талаботи бозори меҳнат ва шароити иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат ба миён меояд.
Иқтидор ва захираҳои системаи тарбия ва таълим дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ аз ҳисоби корҳои зерин афзун мегардад:
- тағйир додани сохтор ва мазмуни барномаҳои таҳсилоти касбӣ;
- шабакаи ислоҳот ва такмили модели муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ташкил карда мешавад.
Дар системаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ гузариши пурра ба низоми кредитии таҳсилот амалӣ мегардад.
Миқдори грантҳои давлатӣ барои тайёр кардани кадрҳо аз рӯи ихтисосҳои афзалиятдошта зиёд карда мешавад.
Нишондиҳандаҳои миёнаи профессорону устодони дорои дараҷаи илмӣ то 40%-ро ташкил мекунад.
Механизми навӣ маблағгузорӣ ба соҳаи маориф таҳия карда мешавад.
Дар натиҷаи амалигардонии Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ то соли 2015 системаи милии самаранок амалкунандаи таҳсилоти касбӣ ба вуҷуд оварда шуда, сатҳи баланди тайёр кардани мутахассисон ба даст оварда мешавад, ки дар натиҷа Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид шуда, дар он соҳиби ҷои сазовор мегардад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2007 № 529
тасдиқ шудааст
Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015
1. Мазмуни Барнома
Номи Барнома
Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015.
Зарурати таҳияи Барнома
Барномаи мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси машваратӣ бо кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2005, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2007, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006 № 484 "Дар бораи Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия шудааст.
Мақсади Барнома
Дар асоси масъалаҳои афзалиятноки нақшаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, навсозии низоми миллии таҳсилоти касбии бисёрзинагӣ, инчунин вусъат бахшидан ба сифати тайёр намудани нерӯи инсонӣ, барои қонеъ гардонидани талаботи давлат, шахс ва ҷомеа.
Вазифаҳои Барнома
Таъмини дастрас будани таҳсилоти босифат барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ;
-дар асоси демократикунонии минбаъдаи идоракунии маориф такмил додани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии низоми миллии таҳсилоти касбӣ;
-тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, сабру таҳаммул (толерантност), фарҳанги баланд, эътирофи ҳуқуқҳо ва озодии шахс дар ҷомеа;
-рушди афзалиятноки забони давлатӣ;
-дар асоси анъанаву арзишҳои ватанӣ ва ба инобат гирифтани таҷрибаи ҷаҳонии принсипҳои рушди мунтазам, навсозии мазмун ва сохтори таҳсилоти касбӣ;
-барқарор, ташкил ва инкишоф додани сохти сезинагии тайёр кардани кадрҳо (бакалавриат-магистратура-докторантура), ки асоси онро низоми кредитии таҳсилот ташкил медиҳад;
-баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва дар бозори меҳнат рақобатпазир барои ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ;
-пайвастан ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилоти касбӣ;
-ташкил намудани низоми миллии баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилоти касбӣ;
-ташкил намудани муҳити ягонаи иттилоотии таҳсилоти касбӣ;
-такмил додани корҳои таълимӣ, илмӣ-методии соҳаи таҳсилоти касбӣ;
-таҳкими заминаи моддӣ-техникии низоми таҳсилоти касбӣ;
-ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот;
-ташкил ва дарёфти механизми нави ҷалб кардани захираҳои и иқтисодӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ;
-таъмини тавозуни манфиати давлат, ҷамъият ва шахс дар низоми таҳсилоти бисёрзинагӣ.
Манбаъҳои молиявии Барнома:
Манбаъҳои ососии маблағгузории Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва дигар сарчашмаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба даст оварда мешавад.
Ҳаҷми маблағҳои молиявии Барнома барои солҳои 2008 - 2015 ҳамасола дар вақти банақшагирии буҷети ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ мувофиқ ба солҳои молиявӣ муайян карда мешавад.
Натиҷаи ниҳоии Барнома
Дар натиҷаи татбиқи амалии Барнома:
- низоми самараноки идораи соҳаи таҳсилоти касбӣ ба вуҷуд оварда мешавад, ки ҳадаф аз он тарбияи шахси комилҳуқуқ, мутахассиси варзида, дар бозори меҳнат рақобатпазир, ки қобилияти мустақилона ва эҷодкорона ҳал кардани вазифаҳои касбии хешро дошта бошад, манфиатҳои шахсӣ ва ҷамъиятии фаъолияти касбиро дарк намояд, барои натиҷаи он масъулият дошта бошад;
- принсипи таҳсилот барои ҳама дар тӯли ҳаёт таъмин мегардад;
- шароити мусоид барои гирифтани таҳсилоти босифат, дар бозори меҳнат рақобатпазир, ба мақсад ва натиҷаи муайян нигаронидашуда ташкил карда мешавад;
- дастраси ва пайдарпайии ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин карда мешавад;
- рушди афзалиятноки соҳаи таҳсилоти касбӣ нисбат ба дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба даст оварда мешавад;
- гузариш ба модели сезинагии тайёр намудани мутахассисон: бакалавриат-магистратура-докторантура амалӣ карда мешавад; - низоми самараноки таъмини таълимӣ, илмӣ ва методии ҳамаи зинаҳои таҳсилот барқарор ва ташкил карда мешавад;
- муҳити ягонаи иттилоотии таҳсилот дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ба вуҷуд оварда мешавад;
- низоми нишондиҳандаҳои омории таҳсилот, ки ба стандартҳои байналмилалии оморӣ мувофиқ бошад, ташкил карда мешавад;
- низоми мониторинг ва дурнамои инкишофи соҳаи таҳсилоти касбӣ ташкил карда мешавад;
- бо дастгирии давлат такмили механизмҳои ҳавасмандгардонии меҳнати кормандони соҳаи таҳсилоти касбӣ ба роҳ монда мешавад;
- механизмҳои нави маблағгузорӣ ба соҳаи маориф, аз ҷумла ба соҳаи таҳсилоти касбӣ таҳия карда мешавад;
- дар бахши тайёр кардани кадрҳои соҳибкасб барои шарикии иҷтимоӣ шароит фароҳам оварда мешавад;
- фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ фаъол мегардад.
Мӯҳлати амалигардонии Барнома
Барнома дар ду марҳала татбиқ карда мешавад;
- марҳалаи якум: солҳои 2008-2012;
- марҳалаи дуюм: солҳои 2012-2015.
2. Муқаддима
Барнома самтҳои асосии афзалиятнок, вазифа ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи таҳсилоти касбӣ муайян намуда, барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" шароит муҳайё намуда, раванди идоракунӣ, масъалаи молиявӣ, сохтор ва низоми кадрии соҳаи таҳсилоти касбии маорифро ба танзим дароварда, мазмуну моҳияти онро ғанӣ мегардонад.
Таҳияи Барномаи мазкур аз зарурати навсозиҳои куллӣ вобаста буда, масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ ва ҳалли вазифаҳои стратегии дар назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон истода бармеояд.
3. Таҳлили вазъи низоми таҳсилоти касбӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ чун давлати дорои иқтисодиёти бозоргонӣ эътироф гаштааст. Дар давраи кӯтоҳи таърихии истиқлолият мамлакат дар раванди ҳамгироии он ба иттиҳоди ҷаҳонӣ ба дараҷаи рушди муайяни иқтисодиёт ноил гашт.
Дар ин раванд нақш ва нуфузи соҳаи маориф, захираҳои инсонӣ чун меъёри муайянкунандаи инкишофи ҷамъият, омили асосии иқтисодӣ ва бехатарии фарҳангии мамлакат назаррас мегардад. Дигаргуниҳои инқилобие, ки дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ба вуқӯъ мепайванданд, ба соҳаи маориф таъсир расонида, аз вай зудҳаракатӣ, ҷавоби мувофиқ гардонидан ба воқеияти марҳалаи нави таърихӣ ва мутобиқати онро баталаботи инкишофи иқтисодиёт тақозо менамояд.
Дар шароити муносибатҳои ҷамъиятии ҷаҳони зудтағйирёбанда ва инкишофи босуръати технологияи иттилоотӣ донишҳои фундаменталии фаннӣ ҳатмӣ мегарданд, аммо ин мақсад ба манфиатҳои ниҳоии соҳаи маориф кифоягӣ наменамояд. Ба муҳассилин дар қатори аз худ намудани маҷмӯи донишҳои касбӣ, қобилияти кордонӣ ва маҳорати касбӣ, ки таҳсилот дар мамлакат маҳз ба ҳамин нигаронида шудааст, инчунин маҳорати мустақилона фаъолият намудан, таҳлил кардан, таркибсозӣ ва самаранок истифода бурдани иттилоотро барои татбиқи аз ҳама зиёди имконияти худ ва иштироки муфид дар ҳаёти ҷомеа одат кунонидан хеле муҳим ва мушкил мебошад.
Системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити пояи кӯҳнаи методология, сохтор ва мазмун инкишоф ёфта истодааст, ки барои ишғоли ҷои муносиб дар фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ имконият намедиҳад. Мазмуни таҳсилот дар заминаи факталогӣ боқӣ монда, ба тайёр намудани мутахассисони босалоҳият ва эҷодкор, ки тавонанд дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолият намоянд, равона карда нашудааст. Мавҷуд набудани низоми ягонаи идоракунии маориф дар сатҳи минтақа, нокифоя будани теъдоди штатии мутахассисон дар шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, паст будани музди маоши кормандони соҳаи маориф ба самаранокии идоракунии низоми маориф таъсири манфӣ мерасонад.
Таҳлили вазъи тахсилоти касбӣ дар мамлакатҳои мутараққӣ оид ба ҷой доштани механизмҳои ҳавасмандгардонии кордиҳандагон барои иштирок дар раванди тайёр намудани кадрҳо, инчунин асосҳои институтсионалии танзими сифати таҳсилоти касбӣ аз зудҳаракатӣ ва хамгироии барномаҳои касбӣ шаҳодат медиҳад.
Низоми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 119 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 71 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 48 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ иборат аст, ки дар онҳо теъдоди умумии 55,9 ҳазор хонандагон ва донишҷӯён таҳсил мекунанд.
Контингенти (теъдоди умумии) хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз соли 2000 то 2007 ба андозаи 0,9 ҳазор нафар кам шудааст (Ҷадвали 1).
+-------------+-------------------+-------------+--------------------ҷ
|Соли таҳсил | Миқдори | Теъдоди | Теъдоди |
| | муассисаҳои таҳ- | муҳассилин | муҳассилин аз |
| | силоти ибтидоии | | ҳисоби маблағҳои |
| | касбӣ | | буҷети давлатӣ |
| | | | |
+-------------+-------------------+-------------+--------------------+
| 2000-2001 | 72 | 24,4 | 24,4 |
+-------------+-------------------+-------------+--------------------+
| 2001-2002 | 73 | 25,5 | 25,3 |
+-------------+-------------------+-------------+--------------------+
| 2002-2003 | 75 | 25,5 | 25,3 |
+-------------+-------------------+-------------+--------------------+
| 2003-2004 | 73 | 23,9 | 23,9 |
+-------------+-------------------+-------------+--------------------+
| 2004-2005 | 72 | 24,2 | 24,2 |
+-------------+-------------------+-------------+--------------------+
| 2005-2006 | 71 | 25,0 | 25,0 |
+-------------+-------------------+-------------+--------------------+
| 2006-2007 | 71 | 23,5 | 23,5 |
+-------------+-------------------+-------------+--------------------+
Нисбати соли 2000 миқдори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 5 адад кам гаштааст. Теъдоди донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ то 7,6 ҳазор нафар зиёд шуд (Ҷадвали 2).
+-------------+-------------------+-----------+----------------------ҷ
| Соли таҳсил | Миқдори | Теъдоди |Теъдоди |
| | муассисаҳои | донишҷӯён |донишҷӯёне, ки аз |
| | таҳсилоти миёнаи | Жҳисоби маблағҳои |
| | касбӣ | |буҷетӣ таҳсил мекунанд|
| | | | |
+-------------+-------------------+-----------+----------------------+
| 2000-2001 | 53 | 25.3 | 20833 |
+-------------+-------------------+-----------+----------------------+
| 2001-2002 | 50 | 23,8 | 19360 |
+-------------+-------------------+-----------+----------------------+
| 2002-2003 | 50 | 25,1 | 20341 |
+-------------+-------------------+-----------+----------------------+
| 2003-2004 | 56 | 29,0 | 23 375 |
+-------------+-------------------+-----------+----------------------+
| 2004-2005 | 56 | 29,6 | 23 643 |
+-------------+-------------------+-----------+----------------------+
| 2005-2006 | 54 | 31,6 | 25 338 |
+-------------+-------------------+-----------+----------------------+
| 2006-2007 | 48 | 32,9 | 25 927 |
+-------------+-------------------+-----------+----------------------+
Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ 2275 нафар омӯзгорон (якҷоя бо устоҳои таълими истеҳсолӣ) ва дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳамагӣ 2985 нафар омӯзгорон фаъолият мекунанд.
Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ вуҷуд надоштани шарики иҷтимоӣ байни корфармо ва низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ боиси номутаносибии тайёр кардани кадрҳои баландихтисос гардидааст. Миқдори мутахассисони тайёршудаи ихтисосҳои техникӣ ва хизматрасонӣ ба ҳисоби 10 ҳазор нафар аҳолӣ назар ба сохаи таҳсилоти олии касбӣ хеле паст фаромадааст. Ин нишондод дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 66 нафар хонанда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 46,2 нафар донишҷӯй ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 208 нафар донишҷӯйро ташкил медиҳад. Афзоиши бемақсади тайёр намудани кадрҳо барои соҳаи хизматрасонӣ ва бахши ғайриистеҳсолӣ ба назар мерасад ва дар баробари ин талаботи ҷомеа ба мутахассисони техникӣ, сохтмон ва хоҷагии қишлоқ рӯз то рӯз афзуда, қариб ки қонеъ гардонида намешавад.
Корфармоён ва дигар шарикони иҷтимоӣ дар ташкили фармоиш барои тайёр кардани мутахассисони техникӣ ва соҳаи хизматрасонӣ нопурра ҷалб карда мешаванд. Механизми ҷалб намудани маблағҳои сектори иқтисодиёти хусусӣ ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва тайёр кардани кадрҳо вуҷуд надорад. Ҳамчунин, таъмири пурраи ҳамаи биноҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зарур аст. Барои ташкили ҷараёни таълим, харидории маводҳои таълимӣ, таҷҳизот ва лавозимот, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо маблағҳои молиявии кам ҷудо карда мешавад.
Маблағҳои молиявии ҷудогардида асосан барои пардохти музди меҳнат ва андози иҷтимоӣ (44,7%), хӯрок, сару либос ва идрор (20,6 %), хизматҳои коммуналӣ, нигаҳдорӣ ва тармими биноҳо (20,2 %) сарф карда мешавад.
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба 334 нафар омӯзгорони фанҳои махсус ва устоҳои баландихтисоси касбӣ ниёз доранд. Ғайр аз ин, тамоюли пиршавии таркиби кадрии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ба доираи бизнеси хурд ва миёна гузаштани омӯзгорони баландихтисос ҷой дорад. Мутахассисони ҷавон бо сабаби сатҳи пасти музди меҳнат ва мақоми пасти иҷтимоии омӯзгор барои кор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳавасманд нестанд.
Сохтори идоракунӣ ва таъмини таълимию методии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тайёр намудани кадрҳо дар сатҳи вилоятҳо аз лаҳзаи вогузории вазифаи идоракунӣ ва маблағгузории ин муассисаҳои таълимӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (аз соли 1996) таҳким дода нашудаанд.
Сохтор ва барномаҳои таълимии таҳсилоти касбй, тайёр намудани кадрҳои техникӣ ва хизматрасонӣ аз рӯи сатҳи касб ба "Пешниҳодҳо оид ба таҳсилоти техникӣ ва касбӣ" (Юнеско, соли 2001). меъёрҳои барномаи "Таснифоти стандартии байналмилалии таҳсилот (соли 1997)" мувофиқат намекунад, садди роҳи зудҳаракатии низоми таҳсилоти касбӣ мегардад ва эҳтимолияти эътироф намудани онро дар фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ коста мегардонад.
Таҳлили рушди низоми таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии мамлакатҳои тараққикарда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сохти пешқадами маьмул ва эътмрофгардида дар ҷаҳони муосир сохти сезинагии тайёр кардани кадрҳо: бакалавриат, магистратура ва докторантура мебошад, ки ба низоми кредитии таҳсилот асос меёбад. Ин сохт дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ИМА ва аксари давлатҳои Европа васеъ истифода мешавад. Он хеле зудҳаракат ва самаранок буда, талаботи хатмкунандагонро дар шароити тағйирёбандаи бозор таъмин менамояд.
Низоми таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 5 филиалу як шӯъба ва як комплексро дар бар мегирад. Аз 28 муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ 13-то мақоми донишгоҳ 12-то мақоми донишкада ва 3 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ мақоми академияро доранд. 5 филиалу 1 шӯъба ва 1 комплекси таълимӣ дар ҳайати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ амал мекунад. Як донишгоҳ - Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дорои мақоми махсус мебошад.
Барои қонеъ гардонидани талаботи ҷумҳурӣ бо мутахассисони баландихтисос дар соли 2006 ду муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ: Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Миқдори муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, теъдоди донишҷӯён ва фармоиши давлатии мутахассисон зиёд шуда истодааст (Ҷадвали 3).
+-------------+----------------+---------------+---------------------ҷ
| Соли таҳсил | Миқдори |Теъдоди | Теъдоди |
| | муассисаҳои |донишҷӯён | донишҷӯёне, ки |
| | таълимии | | аз ҳисоби буҷети |
| | таҳсилоти олии | | давлат таҳсил |
| | касбӣ бо филиал| | мекунанд |
| | ва шӯъбаҳо | | |
| | | | |
+-------------+----------------+---------------+---------------------+
| 2000-2001 | 30 | 77,701 | 45,339 |
+-------------+----------------+---------------+---------------------+
| 2001-2002 | 31 | 84,360 | 47,644 |
+-------------+----------------+---------------+---------------------+
| 2002-2003 | 33 | 96.583 | 54,409 |
+-------------+----------------+---------------+---------------------+
| 2003-2004 | 35 | 107,570 | 54,481 |
+-------------+----------------+---------------+---------------------+
| 2004-2005 | 35 | 118,431 | 55.517 |
+-------------+----------------+---------------+---------------------+
| 2005-2006 | 36 | 132,405 | 58 753 |
+-------------+----------------+---------------+---------------------+
| 2006-2007 | 35 | 146,219 | 59.920 |
+-------------+----------------+---------------+---------------------+
Аз 9087 ҳазор нафар теъдоди умумии профессорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ 432 нафар доктор ва 1803 нафарашон номзади илм мебошанд. Теъдоди донишҷӯен ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ дар соли таҳсили 2000-2001 ба 124 нафар ва дар соли таҳсили 2006 - 2007 ба 208 нафар расид.
Таснифоти равия ва ихтисосҳои таҳсилоти олии касбӣ такмил дода шуд. Стандартҳои давлатии умумиҳатмии таҳсилоти олии касбӣ таҳия гардида, бо барномаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мувофиқ гардонида шуданд, ки технологияи ягонаи раванди таълимро таъмин месозад. Фанҳои ихтисосӣ ва самтҳои тайёркунии таҳсилоти олии касбӣ бо барномаҳои намунавии таълимӣ таъмин карда шудаанд.
Бо мақсади таъмини ҳуҳуқи баробар барои гирифтани таҳсилоти олии касбӣ ва интихоби ҷавонони бештар омода ба таҳсил модели нави ташаккули контингенти донишҷӯён ба воситаи гузаронидани имтиҳони ягонаи миллӣ ҷорӣ карда мешавад. Додани грантҳои давлатии таҳсилот ва кредитҳои давлатии таҳсилот дар асоси озмун пешбинӣ мешавад.
Барои гузаштан ба низоми ягонаи тайёр намудани кадрҳо мувофиқ ба сохти дар ҷаҳон маъмул- бакалаврӣ ва магистрӣ замина гузошта шуд. Ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар раванди таълим мустақилияти зиёд дода мешавад. Тадқикоти илмие, ки дар таълим истифода мешаванд, хеле фаъол гардидаанд.
Норасоии китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ оид ба ихтисосҳои техникӣ, тиббӣ, аграрӣ, технологӣ, байторӣ ба забони давлатӣ ба назар мерасад. Зиёда аз 50 фоизи адабиёти таълимӣ, дарсӣ, таълимию методӣ ва илмии дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойдошта, зарурати аз нав навиштан ва чоп карданро доранд.
Мутахассисони ҷавон бо сабаби паст будани музди меҳнат ва мақоми нокифояи омӯзгор барои кор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҳавасманд нестанд. Бинобар ин, сатҳи миёнаи синнусоли устодони унвони илмидошта аз 50 сол зиёд аст.
Магистратура. Мақсади он таъмини сохаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла соҳаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои мухталиф магистр тайёр мекунанд.
Дар ҷумҳурӣ аспирантура дар заминаи маблағгузории буҷавӣ дар 12 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, дар заминаи худмаблағгузорӣ дар 6 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ҳамагӣ дар 18 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амал мекунад. Аммо докторон бошанд, дар 5 муассисаи тақсилоти олии касбӣ аз тариқи маблағгузории буҷетӣ тайёр карда мешаванд.
Дар солҳои охир танҳо 10,5 фоизи аспирантон аспирантураро бо гирифтани дараҷаи илмӣ хатм мекунанд, ки ифодагари сатҳи пасти самаранокии низоми ҷойдоштаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ мебошад.
Барномаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ имконияти танзими сифати тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогиро надоранд. Масъулияти роҳбарон (мушовирон)-и корҳои илмӣ оид ба натиҷаи кори аспирантон ва докторантҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ паст шудааст.
Нарасидани кадрҳои илмӣ аз рӯи самтҳои мухталиф, аз ҷумла ихтисосҳои тиббӣ (пайвандсозӣ ва узвҳои сунъӣ, нейроҷарроҳӣ, гемотология, тарбияи ҷисмонии муолиҷавӣ, тибби варзишӣ ва дигарҳо) ҷой дорад, ки сабаби он мавҷуд набудани мактабҳои илмии мувофиқ дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ пиршавии кадрҳои унвони илмидошта ба назар мерасад. Агар даҳ сол муқаддам синну соли миёнаи докторҳои илм 56 солро ташкил карда бошад, дар шароити кунунӣ ба 62 сол баробар шудааст, синну соли миёнаи номзадҳои илм мувофиқан 52 ва 54 солро ташкил медиҳад.
Саҳми муассисаҳои илмӣ дар тайёр намудани мутахассисони касбӣ кам ба чашм мерасад. Тафовути байни таҳсилот ва вазъи муосири илм ба гузариши мукаммал ҷиҳати аз тайёр намудани мутахассис ба тайёр намудани мутахассису тадқиқотчӣ, ки дорои қобилияти эҷодкорона қабул намудани ғояҳои нави илмиро дошта бошад ва роҳбалади технологияи навтарин буда, раванди технологияи муосирро идора карда тавонад, имконият намедиҳад.
Тадқиқоти сершумор оид ба илмҳои педагогӣ натиҷа ва сифату аҳамияти пасти амалӣ доранд. Новобаста ба он ки дар соли 2006 оид ба илмҳои педагогӣ 7 рисолаи докторӣ ва 27 рисолаи номзадӣ ҳимоя шудааст, усул ва шаклҳои таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бетағйир боқӣ монда истодааст. Фаҳмиши кӯҳнашуда оид ба таъиноти омӯзгор чун манбаи донишҳои тайёр дар муассисаҳои касбӣ ва илми боқӣ мондааст.
Тайёр намудани мутахассисони варзида оид ба ихтисосҳои омӯзгорӣ ба ӯҳдаи 12 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ гузошта шудааст. Дар ин муассисаҳои таълимӣ аз рӯи 36 ихтисоси омӯзгорӣ кадр тайёр мекунанд. Ҳоло дар риштаи омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зиёда аз 35 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Ҳар сол аз ин миқдор зиёда аз 7000 нафар донишҷӯён бо ихтисосҳои омӯзгорӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм менамоянд, аммо бо сабаби сатҳи пасти музди маош ва нокифоя будани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа 45-50% онҳо ба ҷои кор ҳозир намешаванд.
Ҷараёни иттилоотикунонии соҳаи таҳсилоти касбӣ ва бо техникаи компютерӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба 50 хонанда як компютер, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба 120 донишҷӯй як компютер ва дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба 45 донишҷӯй як компютер рост меояд. Дар ҷумҳурӣ ба шабакаи интернет як муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 6 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 35 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ пайваст мебошанд.
Самтҳои асосии амалигардонии риштаи иттилоотикунонии таҳсилоти касбӣ аз масъалаҳои зерин иборат аст:
- такмил додани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияи иттилоотии компютерӣ дар раванди таълим;
- таҳия ва ҷори кардани технологияи таҳсили фосилавӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ;
- ташкил кардани марказҳои таълимӣ-иттилоотӣ дар вилоятҳо барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ;
- таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо таҷҳизот ва воситаҳои электронии таълимӣ;
- мониторинги иттилоотӣ-компютерии ҷараёни таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ.
Устувор гардидани вазъи иқтисодии мамлакат имконияти зиёд кардани хароҷоти маблағҳои буҷаи давлатиро ба соҳаи таҳсилоти касбӣ фароҳам овард (Ҷадвали 4).
Хароҷоти буҷети давлатии соҳаи маориф барои солҳои 2001-2007 (Ҷадвали 4)
+----------------+------+-------+------+------+-------+------+-------ҷ
| |2001 | 2002 | 2003 |2004 | 2005 |2006 | 2007 |
+-Т--------------+------+-------+------+------+-------+------+-------+
| Ҳамагӣ харочоти|59356 | 7887 | 1009 |161334| 250070|336070| 428442|
| сохаи маориф | | 2 | 84 | | | | |
+----------------+------+-------+------+------+-------+------+-------+
| % аз ММД | 2,37 | 2,57 | 2,35 | 2,66 | 3.51 | 3,39 | 4,48 |
+----------------+------+-------+------+------+-------+------+-------+
| % аз бучети | | | | | | | |
| давлати | 16,6 | 16,55 | 15,4 | 15,97| 19,19 | 19,43| 22,04 |
+----------------+------+-------+------+------+-------+------+-------+
| аз он ҷумла: | | | | | | | |
+---Т---Р--------+------+-------+------+------+-------+------+-------+
| Таҳсилоти | | | | | | | |
| ибтидои касбӣ | 2006 | 2947 | 3791 | 5267 | 7083 | 8970| 10631 |
+---Т---------Р--+------+-------+------+------+-------+------+-------+
| Таҳсилоти | | | | | | | |
| миёнаи касбӣ | 1666 | 2350 | 3182 | 4463 | 6543 | 9458| 11705 |
+---Т--------Р---+------+-------+------+------+-------+------+-------+
| Таҳсилоти олии |2945 | 4471 | 5789 | 9149 | 13732| 19684| 27393 |
| касбӣ | | | | | | | |
+-----Р----------+------+-------+------+------+-------+------+-------+
4. Баҳодиҳии сифати таҳсилоти касбӣ
Дар соҳаи таҳсилоти касбӣ низоми мустақили муайян намудани сифати таълим ҷорӣ шуда истодааст. Таъсиси маркази миллии тестӣ дар ҷумҳурӣ амри зарурӣ мебошад.
Вале, механизми амалкунандаи назорат ва муайян намудани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ ба таври пурра вазъи воқеии таҳсилотро ифода карда наметавонад, бинобар ин воситаи воқеӣ баҳо додан ба сифати таҳсилоти касбӣ буда наметавонад.
Нишондиҳандаҳо ва меъёрҳои баҳодиҳии сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ номукаммал мебошанд ва мониторинги воқеии баҳо додани сифати таълим вуҷуд надорад.
Мазмун, мақсад ва вазифаҳои муайян намудани комёбиҳои донишҷӯён ба талаботи муосир оид ба муайян намудани сифати дониши донишҷуй ҷавобгӯ нест.
Низоми амалкунандаи омори бахши таҳсилоти касбии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи муосир, ҳам аз назари мазмун ва ҳам аз назари технологӣ мувофиқат намекунад.
Муаммоҳои мавҷудаи таҳсилоти касбӣ бо сабабҳои зерин ба вуҷуд омадааст:
- дар баҳодиҳии сифати таҳсилот мавҷуд будани амалиёте, ки воқеиятро таъмин карда наметавонанд;
- нокифоя будани татбиқи навовариҳо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ;
- сатҳи пасти тайёр намудани кадрҳои педагогӣ, аз кор рафтани кадрҳои баландихтисос;
- ҳавасмандгардонии сусти моддии меҳнати омӯзгорӣ;
- маблағгузории нокифоя барои таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ;
- мувофиқат накардани таҷҳизоти таълимию лабораторӣ, варзишӣ, адабиёти таълимӣ ва методӣ ба талаботи муосир;
- вуҷуд надоштани дурнамои илман асоснокшудаи пешниҳодҳо ва талабот дар бозори хизматрасониҳои таълимӣ;
- истифода нашудани механизми ҷалби корфармоён ва шарикони иҷтимоии дигари онҳо дар раванди тайёр намудани мутахассисон;
- рушди номукаммали низоми бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ;
- вуҷуд надоштани инфраструктураи ягонаи иттилоотии маориф, аз ҷумла системаи идораи тахсилоти касбӣ.
Беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ барои татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ шароити нисбатан хуб ба вуҷуд овард. Вале ин барои бартараф намудани номувофиқии низоми таҳсилоти касбӣ ва ба талаботи иқтисоди бозоргонӣ ва ҷомеаи кушоди шаҳрвандӣ нокифоя мебошад.
Аз ин рӯ, андешидани тадбирҳо барои бартараф намудани ҳодисаҳои номатлуб, азнавсозии ташкилию сохторӣ, нав кардани мазмуни таҳсилоти касбӣ, тайёр кардани мутахассисони мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат зарур аст.
5. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
Мақсади Барнома дар асоси вазифаҳои афзалиятдоштаи нақшаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015, модернизатсия намудани низоми миллии таҳсилоти касбии бисёрзинагӣ, баланд бардоштани сифати тайёр намудани нерӯи одамӣ, қонеъ гардонидани талаботи шахс ва ҷомеа мебошад.
Вазифаҳои асосии Барнома аз инҳо иборат аст:
-таъмин ва дастрас намудани таҳсилоти босифат барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ;
-дар асоси демократикунонии минбаъдаи идоракунии маориф такмил додани асосҳои меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти низоми миллии таҳсилоти касбӣ;
-тарбияи ватандӯстӣ, сабру таҳаммул, фарҳанги баланд, эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон;
-инкишофи афзалиятноки забони давлатӣ;
-азнавсозии мазмун ва сохтори таҳсилоти касбӣ дар асоси анъанаҳои ватанӣ, таҷрибаи ҷахонӣ ва принсипҳои рушди устувор;
-дар асоси низоми мукамали кредитии таҳсилот ташкил кардани сохти пурраи сезинагии тайёр намудами кадрҳо (бакалавриат-магистратура-докторантура);
-баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир барои ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт;
-ҳамгироӣ бо фазои ҷаҳонии таҳсилоти касбӣ;
-ташкил кардани низоми миллии баҳодиҳии сифати таҳсилот;
-фароҳам овардани муҳити ягонаи иттилоотии таҳсилот;
-такмил додани таъмини таълимию методӣ ва илмии раванди таълими таҳсилоти касбӣ;
-таҳкими заминаи моддию техникии соҳаи таҳсилоти касбӣ;
-хамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот;
-ҷалби самараноки захираҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ;
-таъмини тавозуни манфиатҳои давлат, ҷамъият ва шахс дар низоми таҳсилоти касбӣ.
6. Самтҳои асосӣ ва механизми татбиқи амалии Барнома
Барои татбиқи вазифаҳои Барнома зарур аст:
- тағйир додани мазмуни таҳсилот ва дар робита аз марказонидан ба масъулиятнокӣ ва ӯҳдадорӣ гузаронидани он;
- пояи моддию техникӣ, таъмини таълимию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба шароити муосири иҷтимоию иқтисодӣ бо талаботи раванди таълимию тарбиявӣ мувофиқ карда шавад;
- ба тайёрии забондонӣ, иттилоотӣ, экологӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии муҳассилин таҳким бахшида шавад;
- такмил бахшидани сохтор ва мазмуни барномаҳои таҳсилоти касбӣ, тайёрӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ;
- таъмини пай дар пайи зинаҳои таҳсилоти касбӣ аз рӯи мазмун ва давомнокии таҳсилот.
7. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Таҳсилоти ибтидоии касбӣ қисми таркибии низоми таҳсилоти касбӣ буда, аз рӯи ихтисосҳои мухталифи талаботи бозори меҳнат ба роҳ монда мешавад.
Таҳсилоти ибтидоии касбӣ зинаи заминавии низоми таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ буда, тайёр намудани кадрҳои коргарӣ, мутахассисони техникию ёрирасон доир ба ҳамаи самтҳои иқтисодиёти миллиро ба ӯҳда дорад.
Таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи мураккабӣ ва татбиқи барномаҳои касбии таҳсилот ба ду зина тақсим мешавад:
1) таҳсилоти техникӣ ва касбии зинаи якум, ки мушкилоти аз худ намудани маҳорат ва ҳунари иҷро намудани корҳоро оид ба касбҳои оммавии номураккаби техникӣ ва хизматрасонӣ, ки тайёрии ҳаматарафаи назариявӣ ва касбиро талаб намекунад, пешбинӣ месозад.
Мазмуни барномаҳои таҳсилоти зинаи якум аз омӯзиши курсҳои хамгироӣ оид ба фанҳои таҳсилоти умумӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва бомуваффаққият аз худ намудани фанҳои умумикасбӣ ва гирифтани ҳунару малакаҳои касбӣ иборат мебошад. Бо итмомёбии таҳсил сатҳи тахассуси касбӣ (дараҷа, класс, гурӯҳ) аз рӯи касби муайян дода мешавад. Давомнокии таҳсил дар заминаи таҳсилоти техникӣ ва касбии зинаи якум на камтар аз ду сол мебошад;
2) таҳсилоти техникӣ ва касбии зинаи дуюм азхудкунии ихтисосҳои нисбатан мураккаб, бо ҳам наздик ва ҳунару малакаи амалии иҷрои корҳои техникӣ ва хизматрасониро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт пешбинӣ мекунад, ки аз технологияҳои муосир ва ба фаъолияти касбӣ вобаста мебошад.
Мазмуни барномаҳои таълимии ин зина омӯзиши фанҳои гуманитарӣ, иқтисодӣ, умумикасбӣ, махсус ва иҷро камудани корҳои таҷрибавиро оид ба азхудкунӣ ва таҳкимдиҳии хунару малакаи касбӣ дарбар мегирад. Баъди анҷомёбии таҳсил сатҳи баланди тахассуси касбӣ аз рӯи ихтисоси муайян (техник-механик, техник-сохтмончӣ ва ғ.) дода мешавад. Давомнокии таҳсил дар заминаи таҳсилоти асосии умумӣ на камтар аз се сол аст.
Барномаҳои таълимии ин зинаи таҳсилот бо барномаҳои зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ҳамоҳанг сохта шудааст.
Барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ барномаҳои таълимии фанҳои умумикасбӣ, иқтисодӣ ва махсусро пешбинӣ мекунад, ки онҳо фаъолияти касбиро дар оянда аз рӯи ихтисоси интихобкардашуда муайян мекунанд. Давомнокии таҳсил аз мураккабии барномаҳо ва сатҳи касбӣ интихобшаванда вобаста аст.
8. Таҳсилоти миёнаи касбӣ
Таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳамчун қисми таркибии низоми тақсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манбаи асосии тайёр карданн кадрҳои баландихтисос барои татбиқи барномаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр кардани мутахассисони зинаи миёна, ки касби хизматрасонии техникӣ ва мутахассисони хурди низоми идоракуниро бештар дар соҳаҳои иқтисодиёт, ҳуқуқ, экология, тиб, омӯзгорӣ, технологияи иттилоотӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дарбар мегирад. фақат дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ карда метавонад. Номгӯй ва мазмуни барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз ҷониби ташкилоти давлатии таҳсилоти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи талаботи бозори меҳнат муайян карда мешавад. Давомнокии омӯзиш на камтар аз ду сол, вале дар заминаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ на камтар аз як сол мебошад.