Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои буҷети давлатии ҳамасола пешбинишаванда барои соҳаи маориф ҷихати амалӣ намудани чорабиниҳои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 тадбирҳои зарурӣ андешанд .
3. Вазорату кумитаҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ доранд, доир ба ҷалб намудани захираҳои моддию техникӣ ва молиявии давлатӣ, ғайрибуҷетӣ, корхонаҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳо, институтҳои молиявии байналмилалӣ (бонкҳо, фондҳо), ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони алоҳида ва дигар сарпарастон барои татбиқи амалии масъалаҳои Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии лоиҳаҳои инвеститсионии хориҷӣ бо афзалияти ҷалби маблағҳои сарпарастон дар шакли грантҳо, ёриҳои беғаразона, инчунин карзҳои дарозмуддати бефоиз талаботи маблағгузории Барномаи мазкурро ба инобат гиранд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 ноябри соли 2007 № 529
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2014 № 485)
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи қутоспарварӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи замимагардидаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдот Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Буҷети давлатӣ дар давраи солҳои 2008-2015 ба Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидорӣ намудани қутосҳои хушзот, ҷиҳати таъмини зхтиёҷоти хоҷагиҳои қутоспарварӣ, новобаста аз шакли хоҷагидорӣ ҳар сол 200 ҳазор сомомӣ пешбинӣ намояд .
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 бо мақсади таъмини рушди соҳаи қутоспарварӣ ҷиҳати ҷудо намудани қарзҳои бонкӣ ва ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ чораҳои мушаххас андешанд.
4. Вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ноҳияҳои Ҷиргатол ва Тоҷикобод барои татбиқи Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 20 январ аз ҷараёни иҷрои корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 ноябри соли 2007 № 542
ш. Душанбе