Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои буҷети давлатии ҳамасола пешбинишаванда барои соҳаи маориф ҷихати амалӣ намудани чорабиниҳои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 тадбирҳои зарурӣ андешанд .
3. Вазорату кумитаҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ доранд, доир ба ҷалб намудани захираҳои моддию техникӣ ва молиявии давлатӣ, ғайрибуҷетӣ, корхонаҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳо, институтҳои молиявии байналмилалӣ (бонкҳо, фондҳо), ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони алоҳида ва дигар сарпарастон барои татбиқи амалии масъалаҳои Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии лоиҳаҳои инвеститсионии хориҷӣ бо афзалияти ҷалби маблағҳои сарпарастон дар шакли грантҳо, ёриҳои беғаразона, инчунин карзҳои дарозмуддати бефоиз талаботи маблағгузории Барномаи мазкурро ба инобат гиранд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 ноябри соли 2007 № 529
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015
Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои буҷети давлатии ҳамасола пешбинишаванда барои соҳаи маориф ҷихати амалӣ намудани чорабиниҳои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Вазорату кумитаҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ доранд, доир ба ҷалб намудани захираҳои моддию техникӣ ва молиявии давлатӣ, ғайрибуҷетӣ, корхонаҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳо, институтҳои молиявии байналмилалӣ (бонкҳо, фондҳо), ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони алоҳида ва дигар сарпарастон барои татбиқи амалии масъалаҳои Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии лоиҳаҳои инвеститсионии хориҷӣ бо афзалияти ҷалби маблағҳои сарпарастон дар шакли грантҳо, ёриҳои беғаразона, инчунин карзҳои дарозмуддати бефоиз талаботи маблағгузории Барномаи мазкурро ба инобат гиранд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 ноябри соли 2007 № 529
ш. Душанбе