Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2001, № 75 "Масъалаҳои Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 03.05.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 582 беэътибор донста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Масъалаҳои Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2006с. № 205)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақиан идораи он тасдиқ карда шаванд (замима шудаанд).

2. Теъдоди кормандони Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он ба миқдори 77 нафар (ба ғайр аз ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи маркази 45 нафар ва кормандони мақомоти минтакавӣ ба миқдори 32 нафар муқаррар карда шавад.

Ба Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини директор ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад.

Ба Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити мошинҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад.

Аз 1 апрели соли 2006 шумораи кормандони ҳайати хизматрасонии маъмурию хоҷагии Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 9 воҳид ихтисор карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2006с. № 205).

3. Маблағгузории дастгоҳи марказии Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

4. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе дар мӯҳлати як моҳ масъалаи ҷойгиркунонии Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намоянд.

5. Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати 3 моҳ пешниҳодотро оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", "Дар бораи дастгирии давлатии соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" ва Барномаи дастгирии соҳибкории хурд дар солҳон 2001-2002 манзур намояд

6. Карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 маи соли 1998 № 153 "Дар боран мақомоти давлатии ҷумҳуриявии танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Э.Раҳмонов

аз 14 феврали соли 2001 №75

ш. Душанбе