ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи мақоми давлатии ҷумҳуриявии танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ
Ҷиҳати иҷрои моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои вазифаи мақмоти давлатии ҷумҳуриявии танзим ва назорати фаъолияти субъектҳои монополияи табиӣ ваколатдор карда шавад.
Қарорҳои зерин беэътибор дониста шаванд:
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996 № 282 "Дар бораи танзими нарху тарифҳои маҳсулот ва хизматрасонии монополистҳои воқеӣ";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 1997 № 343 "Дар хусуси ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996 № 282 "Дар бораи танзими нарху тарифҳои маҳсулот ва хизматрасонии монополистҳои воқеӣ"
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 майи соли 1998 № 153
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О государственном республиканском органе регулирования деятельности субъектов естественных монополий
Во исполнение статьи 4 Закона Республики Таджикистан "О естественных монополиях" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Уполномочить Министерство экономики и внешних экономических связей Республики Таджикистан осуществлять функции государственного республиканского органа регулирования и контроля деятельности субъектов естественных монополий.
2. Признать утратившими силу:
постановление Правительства Республики Таджикистан от 25 июня 1996 года № 282 "О регулировании цен и тарифов на продукцию и услуги естественных монополистов";
постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 августа 1997 года № 343 "О внесении дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 25 июня 1996 года № 282 "О регулировании цен и тарифов на продукцию и услуги естественных монополистов".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 4 мая 1998 года № 153
г. Душанбе