ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тасдиқи Конвенсияи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба пешгирӣ намудани андозбандии дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Конвенсияи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба пешгирӣ намудани андозбандии дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя, ки 7 ноябри соли 2006 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Чехияро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Конвенсияи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе аз 1 октябри соли 2007 № 753
ш. Душанбе аз 1 октябри соли 2007 № 753
...