Низомномаи Комиссияи хамоҳангсоз оид ба қонунигардонии молу мулк дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007, № 506

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2007 № 506

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2007 № 506

тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи хамоҳангсоз оид ба қонунигардонии молу мулк дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Низомномаи мазкури Комиссияи ҳамоҳангсоз оид ба қонунигардонии молу мулк дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд -"Низомнома") тибқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 2007 № 271 "Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк (минбаъд-"Қонун") таҳия шудааст.

2. Комиссияи ҳамоҳангсоз оид ба қонунигардонии молу мулк дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - "Комиссияи ҳамоҳангсоз") барои танзими фаъолияти Комиссияҳо оид ба қонунигардонии молу мулк, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе (минбаъд - "Комиссия") ташкил карда шудааст, созмон дода мешавад.

3. Комиссияи ҳамоҳангсоз аз 9 нафар, аз ҷумла Раис, муовини Раис, котиб ва аъзои Комиссияи ҳамоҳангсоз иборат аст. Ҳайати Комиссияи ҳамоҳангсозро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

4. Комиссияи ҳамоҳангсоз фаъолияти худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома амалӣ месозад.

5. Вазифаҳои асосии Комиссияи ҳамоҳангсоз ба ҳисоб мераванд:

а) танзими фаъолияти Комиссияҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе;

б) сари вақт тайёр намудани мӯҳрҳо, штампҳо, китобҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо барои ташкили фаъолияти комиссия ва таъмини он бо маводи номбаршуда;

в) назорати фаъолияти Комиссияҳо дар бобати таъмини қабули сифатнок ва саривақтӣ ва баррасии аризаҳои субъектҳои қонунигардонӣ оид ба қонунигардонии молу мулк ва додани ҳуҷҷатҳои дахлдор вобаста ба натиҷаҳои баррасии аризаҳо, ҷамъоварии саривақтии натиҷаҳои қонунигардонии молу мулк, ҳифзи маводи қонунигардонии молу мулк ва тибқи тартиби муқарраршуда супоридани онҳо ба мақомоти бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) назорати мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳо дар қисми созмондиҳии шароитҳои ташкилии зарурӣ ва дигар шароитҳо барои фаъолияти пурсамари Комиссияҳо ва тибқи тартиби муқарраршуда барасмиятдарории минбаъдаи молу мулки қонунигардонидашуда ба субъектҳои қонунигардонӣ;

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 октября 2007 года №506

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 октября 2007 года №506

Положение о Координационной комиссии по легализации имущества при Правительстве Республики Таджикистан

1. Настоящее Положение о Координационной комиссии по легализации имущества при Правительстве Республики Таджикистан (далее -"Положение") разработано в соответствии со статьей 6 Закона Республики Таджикистан от 16 мая 2007 года №271 "Об амнистии граждан и юридических лиц Республики Таджикистан в связи с легализацией имущества" (далее - "Закон").

2. Координационная комиссия по легализации имущества при Правительстве Республики Таджикистан (далее - "Координационная комиссия") создана для регулирования деятельности комиссий по легализации имущества, создаваемых местными исполнительными органами государственной власти городов, районов, районов города Душанбе (далее - "Комиссии").

3. Координационная комиссия состоит из 9 человек и включает Председателя, заместителя Председателя, секретаря и членов Координационной комиссии. Персональный состав Координационной комиссии утверждается Правительством Республики Таджикистан.

4. Координационная комиссия осуществляет свою деятельность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и настоящим Положением.

5. Основными задачами Координационной комиссии являются:

а) регулирование деятельности Комиссий по городам, районам, районам города Душанбе;

б) своевременное изготовление печатей, штампов, книг, иной документации для организации деятельности Комиссий и обеспечение их вышеуказанными материалами;

в) контроль за деятельностью Комиссий в части качественного и своевременного приема и рассмотрения заявлений субъектов легализации на легализацию имущества и выдачи соответствующих документов по результатам рассмотрения заявлений, своевременного обобщения результатов легализации имущества, сохранности материалов легализации имущества и их сдачи в установленном порядке в архивные органы Республики Таджикистан;

г) контроль за местными исполнительными органами государственной власти, другими уполномоченными государственными органами и организациями в части создания всех необходимых организационных и других условий для эффективной деятельности Комиссий и последующего оформления в установленном порядке легализованного имущества на субъектов легализации;

...