Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007, № 433 "Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 06.03.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175)

Мувофиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175):

1. Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 1995 № 627 "Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи муассисаҳои томактабӣ";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999 № 478 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Низомномаи муассисаи томактабӣ".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 31 августи соли 2007 № 433

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 августи соли 2007 № 433

тасдиқ шудааст

Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Қоидаҳои умумӣ

1. Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолияти муассисаҳои томактабии давлатӣ ва ғайридавлатиро ба танзим медарорад.

2. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии мазкур, оиннома, шартномаи байни муассиса ва падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани ёрӣ ба оилаҳо, муҳайё намудани шароити мусоиди тарбияи фарзандон дар даврони кӯдакӣ ва синни томактабӣ бо назардошти майлу хоҳиш ва ниёзи падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ширхоргоҳу кӯдакистонҳо, хонаҳои кӯдакон (барои кӯдакони ятиму бепарастор) ва дигар муассисаҳои томактабии кӯтоҳмуддат, рӯзона, шабонарӯзӣ, оилавӣ ва муассисаҳои ба инҳо баробари давлатию ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ ташкил карда мешаванд.

4. Падару модарон (шахсоне, ки онхоро иваз мекунанд) ҳуқуқ доранд, ки намуди муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва забони таълимро интихоб намоянд.

5. Вазифаҳои асосии муассисаи таҳсилоти томактабӣ аз инҳо иборат аст:

- ҳифз ва таҳкими саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдак;

- таъмини инкишофи маънавӣ ва ташаккули шахсияти кӯдак;

- ғамхорӣ дар бораи офияти эҳсосоти мусбии ҳар як кӯдак;

- омода намудани кӯдакони 5- 6 сола ба мактаб;

- таъмини инкишофи ҳаматарафаи кӯдак дар ҳамкорӣ бо оила.

Вазифаҳо ва фаъолияти муассисаи таҳсилоти томактабӣ вобаста ба намуди он муайян карда мешаванд.

6. Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз рӯи таъинот ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:

- ширхоргоҳ;

- ширхоргоҳ - кӯдакистон;

- кӯдакистон;

- кӯдакистон - мактаб;

- кӯдакистони оилавӣ;

- кӯдакистони хусусӣ.

Муассисаи таҳсилоти томактабии махсус

- кӯдакистон ва гурӯҳҳо барои кӯдаконе, ки дар нуткашон ноқисӣ доранд;

- кӯдакистон ва гурӯҳҳо барои кӯдаконе, ки узвҳои шунавоиашон иллат доранд;

- кӯдакистон ва гурӯҳҳо барои кӯдаконе, ки дар узвҳои биноиашон иллат доранд;

- кӯдакистон ва гурӯҳҳо барои кӯдаконе, ки дар узвҳои такягоҳию ҳаракат иллат доранд;

- кӯдакистон ва гурӯҳҳо барои кудакони рӯҳан инкишофнаёфта;

- кӯдакистон ва гурӯҳҳо барои кӯдакони ноқисулақл;

- кӯдакистони намуди санаторӣ барои кӯдаконе, ки аз ибтидо шаклҳои гуногуни бемории силро аз сар гузаронидаанд ва дар онҳо оқибатҳои ғайри фаъоли сил боқӣ мондааст;

- кӯдакистони намуди санаторӣ барои кӯдаконе, ки зуд-зуд касал мешаванд.

2. Тартиби ташкил, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таҳсилоти томактабӣ

7. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё қарори корхонаву муассисаҳои давлатӣ таъсис меебанд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузарад.

Муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлатӣ (хусусӣ) бо қарори Шӯрои муассисон (сарпарастон), бо ташаббуси шахси (шахсони) алоҳида ё дигар шахсони ҳуқуқӣ таъсис дода шуда, бо тартиби муқарраргардида аз қайди давлатӣ мегузаранд.

Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таҳсилоти томактабӣ мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Точикистон амалӣ мегардад.

Ба муассисаи таҳсилоти томактабии комплексӣ (кӯдакистон-мактаб), оилавӣ ва ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома (литсензия) дода мешавад.

Муассисаи таҳсилоти давлатии томактабӣ дар шаҳраку деҳот танҳо бо ризоияти ҷамъомади шаҳрвандони мавзехои аҳолинишин, ки ба онҳо муассисаҳои мазкур хизмат мерасонад, барҳам дода мешавад.

Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар асоси Оиннома амал мекунад, ки онро соҳибмулк ё мақоми ваколатдор тасдиқ менамояд.

8. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар биное, ки ба талаботи санитарӣ - гигиенӣ, зиддиэпидемӣ ва қоидаҳои зиддисӯхтор ҷавоб дода метавонад, ташкил карда мешавад.

9. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ ҳуқуқ дорад маблағҳои пулӣ ва дигар маводи қиматбаҳо, аз ҷумла бино, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва ғайраро аз фондхои хайрия ва ҷамъиятӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳои давлатӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандон ва сарпарастони алоҳида ба таври ройгон қабул намояд.

10. Тартиби кори муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо пешниҳодоти шӯъбаи маориф бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё ин ки корхона, муассисаю ташкилоте, ки кӯдакистон тобеи он мебошад, муқаррар карда мешавад. Бо хоҳиши падару модарон дар муассисаи томактабӣ пагоҳӣ ва бегоҳӣ, ҳамчунин дар рӯзҳои шанбе, якшанбе, рӯзҳои ид гурӯҳҳои навбатдор ташкил карда мешавад.

Оғоз ва анҷоми кори муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва гурӯҳҳои алоҳидаи он бо назардошти эҳтиёҷоти падару модарон, вале на барвақттар аз соати 6.30 ва на дертар аз соати 20.30 муқаррар карда мешавад.

Дар муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо аризаи падару модарон дар асоси ҳисоби хоҷагӣ ва шартнома гурӯҳҳои кӯдакони лаёқатманд, гурӯҳҳои кӯтоҳмуддат, саёҳатӣ, варзишию тандурустӣ, тарбияи мусиқӣ, эстетикӣ ва бадеӣ, гурӯҳҳо барои тарбия ва таълими кӯдакони аз ҷиҳати ақлӣ ва ҷисмонӣ инкишофнаёфта ва ғайраҳоро ташкил кардан мумкин аст.

Падару модарон ҳуқуқ доранд, ки пешакӣ мураббиёнро огоҳ намуда, кӯдаконро дар вакти дилхоҳашон ба кӯдакистон биёранд ва ё аз он ҷо бигиранд.

11. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ эҳтиёҷоти худро ба захираи моддӣ ва маводи хӯрока мустақилона муайян намуда, онро ба таври мутамарказонидашуда ва ё тариқи шартнома дастрас карда метавонад.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муассисаи таҳсилоти томактабиеро, ки дар маҳаллашон фаъолият доранд, ба таври мутамарказонидашуда таъмин менамояд.

Муассисаи таҳсилоти томактабӣ хӯроки кӯдаконро бо назардошти тартиби кори худ таъмин менамояд. Масрафи пулӣ барои хӯрок аз меъёри муайяннамудаи давлатӣ кам буда наметавонад.

12. Хизмати тиббии кӯдакон мувофиқи ҳуҷҷатҳои амалкунандаи меъёрӣ ва ҳуҷҷатҳои фармоишии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст, сурат мегирад.

Хизматрасонии тиббӣ барои кудакони ҳамаи намуди муассисаи таҳсилоти давлатии томактабӣ ройгон аст.

13. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои амалӣ намудани вазифаҳои худ ҳамчун муассисаи мустақил метавонад дар асоси шартнома ба иттиҳодияҳои мухталиф дохил шавад.

14. Муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон штамп ва лавҳа бо забонҳои тоҷикию русӣ мебошад.

3. Қабули кӯдакон ба муассисаи таҳсилоти томактабӣ

15. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ кӯдаконро бо роҳхати шӯъбаҳои маориф ё корхонаву муассисаҳо, ки кӯдакистон тобеи онҳо мебошад, қабул мекунад. Тартиби бақайдгирии аризаҳо, ба низом овардан ва додани роҳхатҳо аз тарафи шӯъбаи маориф ё корхонаю муассисаҳои дахлдор муайян карда мешавад.

Ба муассисаи таҳсилоти томактабии комплексӣ (кӯдакистон-мактаб) кӯдакон аз синни 6 сола ва ба гурӯҳҳои кӯдакони лаёқатманд аз синни 5-сола дар асоси озмун қабул карда мешаванд. Барои қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои кӯдакони лаёқатманд шӯъбаи маориф дар якҷоягӣ бо шӯъбаи тандурустӣ дар ҳайати мудири кӯдакистон, намояндагони шӯъбаи маориф ва муассисаи тандурустӣ комиссия созмон медиҳанд.

Ба муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар навбати аввал фарзандони падару модари танҳо, ки кор мекунанд, модароне, ки таҳсил мекунанд, маҷрӯҳони гурӯҳи 1 ва 2, кӯдакони оилаҳои серфарзанд, кӯдаконе, ки таҳти сарпарастӣ қарор доранд, кӯдаконе, ки падару модарони онҳо (яке аз онҳо) дар сафи Артиши миллӣ хизмат менамоянд ё дар табобати дарозмуддат мебошанд, қабул карда мешаванд.

16. Хориҷ кардани кӯдакон аз муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар асоси хулосаи тиббӣ дар бораи саломатии кӯдак, ки ба муассисаи томактабӣ рафтани ӯро манъ мекунад, ҳангоми бештар аз як моҳ бесабаб наомадани кӯдак ба муассисаи томактабӣ сурат мегирад.

Падару модарон хафт рӯз пеш аз хориҷ намудани кудак хабардор карда мешаванд. Бо сабаби тағйирёбии ҷои кори падару модарон хориҷ кардани кӯдак аз муассисаи таҳсилоти томактабӣ катъиян манъ карда мешавад. Дар ҳолатҳои касалӣ, гирифтани табобат дар санаторияву истироҳатгохҳо (курортҳо), ҳангоми касалӣ ё рухсатии падару модар, инчунин дар фасли тобистон новобаста ба рухсатии падару модар ҷои кӯдак дар муассисаи таҳсилоти томактабӣ то 75 рӯз нигоҳ дошта мешавад.

17. Ба ширхоргоҳ кӯдакони аз 2-моҳа то 3-сола, ба кӯдакистонҳо кӯдакони аз 3-сола то 7-сола, ба ширхоргоҳ-кӯдакистон аз 1-сола то 7-сола ва ба муассисаи комплексии кӯдакистон-мактаб аз 3-сола то 10-сола қабул карда мешаванд.

18. Гурӯҳҳоро аз рӯи принсипи синну солӣ ё кӯдакони синну солашон гуногун пурра кардан мумкин аст.

Шумораи кудакон дар гуруҳҳо чунин аст:

Дар муассисаи томактабии умумӣ:

то 1-сола - 10 кӯдак;

аз 1- сола то 3- сола - 15 кӯдак;

аз 3- сола боло - 20 кӯдак.

Дар муассисаҳои томактабии оилавӣ, гурӯҳҳои кӯдакони синну солашон гуногун:

аз 1- сола то 3- сола - 6-8 нафар;

аз 3- сола то 7- сола - 8-10 нафар;

Дар муассисаи ғайридавлатӣ (хусусӣ)

аз 1- сола то 3- сола -10 нафар;

аз 3- сола то 7- сола -15 нафар;

Гурӯҳҳои кӯдакони лаёқатманд:

аз 5- сола то 7- сола -12-15 нафар;

Гурӯҳи пулакӣ: 12-15 нафар;

Дар муассисаҳои томактабии махсусгардонидашуда:

 Миқдор:                    то 3-сола      аз 3-сола то 7-сола
кӯдаконе, ки дар нутқашон
лакнат, нуқсонҳои вазнин
доранд                                  6                  10
кӯдаконе, ки тарзи талаффузи
фонетикӣ ва фонематиашон 
вайрон аст                                                 12
кӯдакони кар                            6                   6
кӯдакони камшунаво                      6                   8
кӯдакони хирачашм ва олус               6                  10
кӯдаконе, ки дар узви такягоҳию
ҳаракат иллат доранд                    6                   8
кӯдакони ноқисулақл                     -              10 (аз 5 сола)
кӯдакони рӯҳан инкишофнаёфта            6                  10
кӯдаконе, ки касалии сил доранд
(гурӯҳи санаторӣ)                     10-15                20
кӯдаконе, ки зуд-зуд бемор
мешаванд (гурӯҳи санаторӣ)              15                 20

Эзоҳ: ба гурӯҳи кӯдакони синну солашон гуногуни кӯдакистонҳои оилавӣ қабули кӯдакон аз як оила тавсия дода мешавад.

19. Гурӯҳҳо аз ҳисоби кӯдакони навомада ва кӯдакони аз дигар гурӯҳҳои синну солашон гуногун гузаронидашаванда дар охири соли хониш (моҳи май) пурра карда шуда, қабули кӯдакон ҳангоми мавҷуд будани ҷойи холӣ сурат мегирад.

20. Мутобиқшавии кӯдакони навомада ва кӯдакони хурди синну соли барвақт ва томактабӣ ба гурӯҳҳои синнусолии мазкур дар давоми як моҳ сурат мегирад.

21. Соли таҳсил дар муассисаи таҳсилоти томактабӣ аз 1-уми сентябр оғоз меебад.

4. Фаъолияти молиявию хоҷагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ

22. Манбаи маблағгузории тамоми фаъолияти тарбиявию таълимӣ, хоҷагиву молиявии муассисаи томактабиро маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла маблағи худи муассисон ва дигар сарчашмаҳо ташкил медиҳанд.

Муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлатӣ (хусусӣ) бошад, аз ҳисоби маблағҳои муассисон фаъолият мекунад.

23. Супоридани маблағ аз тарафи падару модарон ба мақсади пардохти хароҷот барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаи таҳсилоти томактабӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" сурат мегирад.

Барои маблағгузории муассисаи таҳсилоти томактабӣ ҳамчун воҳиди ҳисоби солона ба ҳисоби миёна як кӯдак гирифта мешавад,

24. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ метавонад мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои иловагӣ, аз ҷумла асъориро, ки оинномааш пешбинӣ кардааст, инчунин аз ҳисоби эҳсонкорӣ ва пардохтҳои мақсадноки шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, ва хориҷӣ истифода барад.

Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаи таҳсилоти томактабӣ инҳо мебошанд:

- даромад аз ҳисоби хизматрасонии моддӣ, ки дар асоси шартнома бо корхонаҳо, муассисаҳою ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ мувофиқи дархости падару модар ба даст оварда мешавад;

- пардохтҳои ихтиёрии эҳсонкорӣ ва дигар маблағҳое, ки аз ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида ворид мешаванд;

25. Маблағи муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ мутобиқи Оинномаи он истифода бурда мешавад.

26. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ хизматрасонии иловагӣ, ба монанди омӯзиши забонҳои хориҷӣ, гузаронидани машғулиятҳо оид ба хореография, варзиши мавзун (ритмика), инчунин дигар намудҳои хизматрасониро, ки иҷро кардани онҳо тибқи қонунгузорӣ муқаррар гардидааст, ташкил менамояд.

Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ ба муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлатӣ (хусусӣ) низ тааллуқ доранд.

27. Раванд ва тартиби истифодаи маблағҳои муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, ки аз манбаъҳои манънашудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил меёбанд, мутобиқи Оиннома ва дигар ҳуҷҷатҳои таъсисии муассисаи дахлдор муайян карда мешаванд.

Меъёрҳои маблағгузории муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, аз меъёрҳои маблағгузории муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ дар қаламрави дахлдор кам буда наметавонанд.

28. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ ҳисоботи муҳосибӣ ва оморӣ тартиб дода, онро дар мӯҳлатҳои муайяншуда ба мақомоти дахлдор пешниҳод мекунад. Шаклҳои ҳисобот, нишона ва мӯҳлати пешниҳоди онҳо тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

29. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонад муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлатиро, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштааст, дар доираи хароҷоти тарбияю таълими тарбиягирандагони муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ аз нигоҳи молиявӣ дастгирӣ намоянд.

5. Идора ва роҳбарии муассисаи таҳсилоти томактабӣ

30. Идоракунии муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисии он амалӣ гардонида мешавад. Роҳбарии умумии муассисаи таҳсилоти томактабии давлатиро шӯрои педогогӣ ва роҳбарии бевоситаро мудир амалӣ мегардонад.

31. Муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлатӣ (хусусӣ) ҳамчун қисми таркибии системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ салоҳият ва аҳамият дорад.

32. Роҳбарони муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти ваколатдор ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Назорати фаъолияти педагогии ҳамаи намудҳои муассисаҳои томактабӣ новобаста ба мансубияташон аз тарафи шӯъбаҳои маорифи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба роҳ монда мешавад.

33. Муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлатӣ (хусусӣ) мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисии он идора карда мешавад.

Идоракунии бевоситаи муассисаи таҳсилоти томактабии ғайридавлатиро муассиси он ё бо супориши он шӯрои сарпарастон, ки муассис ташкил медиҳад, амалӣ менамояд.

Мудирони (директорони) муассисаи таҳсилоти томактабии давлатию ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар бораи фаъолияти худ дар назди мақоме, ки онҳоро таъсис додааст, масъул мебошанд.

34. Мақомоти худидоракунии муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ (шӯрои педагогӣ, кумитаҳои сарпарастон ва падару модарон) тадбирҳои зеринро амалӣ мегардонанд:

- манфиатҳои субъектҳои раванди таълиму тарбияро ташаккул ва инъикос намуда, ҳифзи онҳоро таъмин менамоянд;

- нақшаи молиявию хоҷагии муассисаи таҳсилоти томактабиро муайян менамоянд;

- вазъи молиявию хоҷагии муассисаи таҳсилоти томактабиро назорат мекунанд;

Ба ҳайати Шӯрои педагогӣ мудири кӯдакистон, мушовир, мураббиён, Раиси кумитаи падару модарон, ҳамшираи тиббӣ дохил мешаванд.

6. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳои раванди тарбия ва таълим

35.  Субъектҳои раванди тарбия ва таълим инҳоянд:

- тарбиягирандагон, мураббиён, дигар кормандони омӯзгорӣ, падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) тарбиягирандагон, намояндагони ташкилоту муассисаҳои базавӣ, дигар ташкилоту муассисаҳо, ассотсиатсияҳо, фондҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин шаҳрвандони алоҳида, ки дар фаъолияти муассисаи таҳсилоти томактабӣ иштирок мекунанд;

36. Тарбиятгирандагони муассисаи таҳсилоти томактабӣ ҳуқуқ доранд, аз амали (беамалии) ғайриқонунии маъмурият, омӯзгорон ва дигар кормандон, ки ҳуқуқ, шаъну шараф ё қадру эътиборашонро паст мезананд, мутобиқи қонун худро ҳимоя кунанд;

- тарбиятгирандагони муассисаи таҳсилоти томактабиро муассис бо ёрии тиббӣ, солимгардонӣ ва дигар ёрии моддӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, таъмин менамояд;

- дар сурати қатъ гардидани фаъолияти муассисаи таҳсилоти томактабӣ, мақомоти идоракунии маориф ва муассис ба муассисаҳои томактабии дигар гузаронидани тарбиягирандагонро таъмин менамоянд.

37. Ба фаъолияти педагогӣ шахсоне машғул шуда метавонанд, ки дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ, олии касбӣ буда, малакаи зарурии касбӣ ва сифатҳои баланди ахлоқӣ мебошанд.

38. Кормандони омӯзгории муассисаи таҳсилоти томактабӣ давра ба давра аз аттестатсия мегузаранд. Мувофиқи натиҷаи аттестатсия ба вазифаи ишғолкарда сазовор будани корманд дараҷаи тахассусӣ ва сатҳи он муайян карда мешавад.

39. Роҳбарони муассисаи таҳсилоти томактабие, ки зимни фаъолият ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, тибқи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Кормандони соҳаи омӯзгорие, ки кирдори содирнамудаашон ба минбаъд давом додани фаъолияти педагогӣ мухолиф аст, ба вазифаашон номуносиб дониста мешаванд, ё худ омӯзгороне, ки вазъи саломатиашон садди иҷрои вазифаҳои омӯзгорӣ мегардад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кори педагогӣ озод карда мешаванд.

40. Шахсоне, ки мувофиқи ҳукми суд ё нишондодҳои тиббии тасдиқшуда ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шуданашон манъ карда шудааст, ба кори муассисаи таҳсилоти томактабӣ иҷозат дода намешаванд.

41. Мудири (директори) муассисаи таҳсилоти томактабӣ истифодабарандаи маблағҳо ба ҳисоб рафта, аз номи муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо дигар муассисаю ташкилотҳо қарордод мебандад;

-дар доираи салоҳияти худ фармон бароварда, ҷазо медиҳад;

-масъалаи интихоб намудан ва ҷо ба ҷогузории кадрҳоро ҳал намуда, ҳуқуқи тибқи қонуни меҳнат ба кор қабул ва аз вазифа озод намуданро дорад, ҷадвали воҳидҳои кориро тартиб медиҳад;

-барои беҳтар намудани тарбияю таълими кӯдакон хизматрасонии иловагии таълимро ташкил менамояд;

-иҷрои талаботи санитарӣ-гигиенӣ, зидди сӯхтор ва дигар шартҳоро оид ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакон таъмин менамояд;

-мутобиқи тартиботи муқарраргардида аттестатсияи кормандонро ташкил карда, ҳангоми ҷобаҷогузории кадрҳо ва тартиб додани ҷадвали воҳидҳои корӣ натиҷаи аттестатсияро ба ҳисоб мегирад;

-дар асоси қарори Шӯрои педагогӣ барои ба амал баровардани ҷараёни тарбияю таълим дар муассисаи таҳсилоти томактабӣ шароит фароҳам меоварад.

Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои кормандони педагогии муассисаи таҳсилоти томактабӣ

Кормандон ҳуқуқ доранд:

-аз роҳбари муассиса барои амалӣ гардонидани ҷараёни тарбия ва таълим шароити мусоидро талаб намояд;

-барои комёбиҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас, аз ҷиҳати маънавӣ ҳавасманд гардонида шуда, бо ордену медалҳо мукофотонида шаванд, ва унвонҳои фахрӣ гиранд;

- шараф ва шаъну эътибори касбиашонро ҳимоя намуда, аз рӯи тартиби муқарраршуда аз такмили ихтисос гузаранд;

- барои густариши таҷрибаи пешқадами худ, интихоби озоди шакл, методҳои самарабахши тарбия ва таълим ташаббуси педагогӣ нишон диҳанд.

Кормандон ӯҳдадоранд:

-иҷрои барномаҳои тарбиявию таълимро аз тарафи тарбиягирандагон таъмин намояд;

-ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдаконро таъмин намуда, қоидаҳои санитариро риоя намоянд;

-ба рушду инкишофи қобилияти тарбиягирандагон мусоидат намуда, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба падару модар, ҳамсолон, калонсолон, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ, расму оинҳо, муҳити зист ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия намоянд;

-одобу ахлоқи педагогиро риоя намояд, ҳуқуқ ва қадру эътибори кӯдакро эҳтиром кунанд, кӯдаконро аз аъмоли зӯроварии ҷисмонию рӯҳӣ ҳимоя намоянд, дар бобати пешгирии бемориҳои сирояткунанда, истеъмоли машрубот ва моддаҳои нашъаовар кор баранд.

42. Падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) дар тарбияи фарзандони худ масъуланд ва дар таъмини инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнии давраи аввали кӯдакӣ ва минбаъд барои ба мактаб омода намудани онҳо вазифадоранд.

Падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд) ҳуқуқу вазифаҳои зерин доранд:

-барои кӯдакони ноболиғашон муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва шакли таълимро интихоб намоянд;

-дар кори мақомоти худидораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ иштирок намоянд;

-ба мақомоти давлатии идораи маориф ва худидораи муассисаҳои томактабӣ оид ба масъалаҳои тарбия ва таълими фарзандон муроҷиат намоянд;

-манфиатҳои қонунии фарзандони худро вобаста ба тарбияю таълим дар мақомоти давлатӣ ва суд ҳимоя кунанд;

-барои сиҳатии ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдак пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилиятҳои вай шароити зарурӣ муҳайё созанд;

-ҳуқуқ ва шаъну шарафи фарзандонро ҳимоя намоянд;

-фарзандонро дар рӯҳияи башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳисси накӯкорӣ, раҳмдилӣ, эҳтироми аҳли оила, забони модарӣ, адабиёту таърих ва анъанаҳои миллии фарҳангии халқи худ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва фарҳангии дигар халқҳо тарбия намоянд;

-ба фарзандон барои гирифтани тарбияю таълим дар муассисаи таҳсилоти томактабӣ мусоидат намуда, дар хона шароити мусоид мухайё созанд;

- фарзандонро дар рӯҳияи эҳтироми қонун, ҳуқуқ, озодии инсон, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд.