Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2007 № 315 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №1, мод. 1; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №2, мод. 35) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар муқаддима ва моддаҳои: 1, 2, 3, 8, 9 ва 12 калимаҳои "байналхалқӣ", "байналхалқиро", "байналхалқии" мутаносибан ба калимаҳои "байналмилалӣ", "байналмилалиро", "байналмилалии" иваз карда шаванд.

2. Дар сархати сеюми моддаи 8 калимаҳои "барои ҳуқуқи амалигардонии намудҳои алоҳидаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, литсензия" ба калимаҳои "барои амалигардонии намудҳои алоҳидаи фаъолият, ки номгӯи онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" муқаррар намудааст, иҷозатнома" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 9:

- аз қисми якум калимаҳои "Шӯрои Олӣ ва" хориҷ карда шаванд;

- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Муомилоти ҳисобрасию кредитӣ, кассавӣ ва муомилоти дигари адои хизмати субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар бонкҳо, инчунин муасиссаҳои бонкие, ки ба кушодани суратҳисобҳо бо арзи миллӣ ва хориҷӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дохиливу хориҷӣ ҳуқуқ доранд, тибқи иҷозатномаҳое, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ, ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешаванд, анҷом медиҳанд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 30 июли соли 2007 № 315

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе 

 20 июни соли 2007 № 685

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе 

 19 июли соли 2007 № 386