ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи меъморӣ ва шаҳрсозӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 "Дар бораи меъморӣ ва шаҳрсозӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, № 10, мод.137) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Сархати ҳаштуми моддаи 2 хориҷ карда шавад.
2. Аз сархати сеюми моддаи 12 калимаҳои "литсензиякунонии давлатӣ дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ," хориҷ карда шаванд.
3. Дар моддаи 19 сархатҳои панҷум ва ҳафтум хориҷ карда шаванд.
4. Қисми чоруми моддаи 38 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ҳуҷҷатҳои меъморӣ ва шаҳрсозии объекту комплексҳое, ки бе пардохти давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, бояд ҳатман аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ экспертиза карда шаванд.".
5. Моддаи 39 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 39. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ
Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
30 июли соли 2007 № 313
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи меъморӣ ва шаҳрсозӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи меъморӣ ва шаҳрсозӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
20 июни соли 2007 № 681
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи меъморӣ ва шаҳрсозӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи меъморӣ ва шаҳрсозӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи меъморӣ ва шаҳрсозӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе
19 июли соли 2007 № 384
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об архитектуре и градостроительстве"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 15 мая 1997 года "Об архитектуре и градостроительстве" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1997 г., № 10 ст. 137) следующие изменения:
1. Абзац восьмой статьи 2 исключить;
2. Из абзаца третьего статьи 12 слова "государственного лицензирования в сфере архитектурно - градостроительной деятельности," исключить.
3. В статье 19 абзацы пятый и седьмой исключить;
4. Часть четвертую статьи 38 изложить в следующей редакции:
"Архитектурная и градостроительная документация на объекты и комплексы, которые финансируются без участия государственных средств, подлежат обязательной экспертизе физическими и юридическими лицами.".
5. Статью 39 изложить в следующей редакции:
"Статья 39. Лицензирование деятельности в области архитектуры и градостроительства
Лицензирование деятельности по осуществлению проектно - изыскательных работ, строительству зданий и сооружений, в том числе расширению, реконструкции, ремонту и восстановлению существующих объектов осуществляется в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Э.Рахмонов
г.Душанбе 30 июля 2007 года № 313
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об архитектуре и градостроительстве"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об архитектуре и градостроительстве".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С.Хайруллоев
г.Душанбе, 20 июня 2007 года №681
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об архитектуре и градостроительстве"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об архитектуре и градостроительстве",
Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об архитектуре и градостроительстве".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 19 июля 2007 года № 384