Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2007 № 314 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 964 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №21, мод.251; соли 1997, №23-24, мод.333, фасли XXVIII; соли 1998, №10, мод.119, фасли VII; соли 1999, №9, мод. 230; соли 2002, №4, қ.1, мод.284; соли 2004, №12, қ.1, мод.691) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар банди 12 моддаи 1 калимаҳои "барои ҳуқуқи иҷрои муомилот бо асъори хориҷӣ литсензияи Бонки миллии Тоҷикистонро гирифтанд" ба калимаҳои "амалиёт бо асъори хориҷиро дар асоси иҷозатнома анҷом медиҳанд" иваз карда шаванд.

2. Банди "е" моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"е) тартиби махсуси иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷиро муайян менамояд;".

3. Аз банди "а" қисми 2 моддаи 12 калимаҳои ", шартҳои литсензияҳо" хориҷ карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 30 июли соли 2007 № 314

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе 

 20 июни соли 2007 № 683

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе 

 19 июли соли 2007 № 385