×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2007 № 320 "Дар бораи имзои электронии рақамӣ"

Санаи амалкуни: 25.03.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1965 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи имзои электронии рақамӣ

(Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 628, аз 25.03.2011 № 699)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро ҳангоми созмон додан ва истифодаи имзои электронии рақамӣ дар ҷараёни ташаккул ва истифодаи ҳуҷҷатҳо дар шакли инъикоси электронӣ тавассути системаи иттилоотии автоматикунонидашуда ва телекоммуникатсионӣ, воситаҳои барномавию техникӣ ба танзим медарорад.

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба ҳуҷҷатҳои электронии тавассути имзои электронии рақамии ҳаммонандшавандаи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои ҳуҷҷатҳои фаъолияти контрразведка, разведка, оперативию ҷустуҷӯӣ ва истифодаи тадбирҳои криптографию оперативии ҳифзи сирри давлатӣ), инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми анҷом додани аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.

Мақсади Қонуни мазкур аз таъмини шароити ҳуқуқии истифодаи имзои электронии рақамӣ дар ҳуҷҷатҳои электронӣ иборат аст, ки ҳангоми риояи он имзои электронии рақамӣ дар ҳуҷҷати электронӣ ба имзои дастии дар ҳуҷҷатҳои ҳомили коғазӣ мавҷудбуда баробар эътироф карда мешавад.

Амали Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳое, ки ҳангоми истифодаи дигар имзоҳои бо ҳам монанди дастӣ ба миён меоянд, паҳн намегардад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

- ҳуҷҷати электронӣ - ҳуҷҷате, ки дар он иттилоот дар шакли электронии рақамӣ пешниҳод гардидааст;

- хомили мошинӣ - диски магнитӣ, лентаи магнитӣ, диски лазерӣ ва дигар ҳомилони моддие, ки барои сабт ва нигоҳдошти иттилоот бо кӯмаки техникаи электронии ҳисоббарор истифода бурда мешаванд;

- имзои электронии рақамӣ - реквизити ҳуҷҷати электронӣ, ки барои аз сохтакори ҳифз намудани ҳуҷҷати электронӣ пешбинӣ шуда, дар натиҷаи дигаргунсозии криптографии иттилоот бо истифодаи калиди пӯшидаи имзои электронии рақамӣ ба даст омадааст ва имконият медиҳад, ки имзои соҳиби сертификати калиди имзо ҳаммонанд карда шуда, мавҷуд набудани иттилооти таҳрифшуда дар ҳуҷҷати электронӣ муайян гардад;

- воситаҳои имзои электронии рақамӣ - воситаҳои дастгоҳӣ ва (ё) барномавӣ, ки татбиқи яке аз функсияҳои зайлро таъмин менамоядтаъсиси имзои электронии рақамӣ дар ҳуҷҷати электронӣ бо истифодаи калиди пӯшидаи имзои электронии рақамӣ, тасдиқи аслӣ будани имзои электронии рақамӣ дар ҳуҷҷати электронӣ бо истифодаи калиди кушодаи имзои электронии рақамӣ, таъсиси калидҳои пӯшида ва кушодаи имзоҳои электронии рақамӣ;

- калиди пӯшидаи (шахсӣ) имзои электронии рақамӣ - пайдарҳамии аломатҳо (рамзҳо), ки ба соҳиби сертификати калиди имзо маълум аст;

- калиди кушодаи имзои электронии рақамӣ - пайдарҳамии рамзҳои имзои электронии рақамӣ, ки ба ҳар шахс дастрас аст ва барои тасдиқ кардани айнияти имзои электронии рақамӣ дар ҳуҷҷати электронӣ таъин гардидааст;

- сертификати воситаҳои имзои электронии рақамӣ - ҳуҷҷат дар ҳомили қоғазӣ, ки мувофиқи қоидаҳои сертификатони ҷиҳати ба талаботи муқарраргардида мутобиқ будани воситаҳои имзои электронии рақамӣ дода шудааст;

- сертификати калиди имзо - ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ ё ҳуҷҷати электронӣ бо имзои электронии рақамии пушидаи шахси ваколатдори маркази тасдиқкунанда, ки дар таркиби худ дорои калиди кушодаи имзои электронии рақамӣ мебошад ва он аз ҷониби маркази тасдиқкунанда ба иштирокчии системаи иттилоотӣ ҷиҳати тасдиқи аслӣ будани имзои электронии рақамӣ ва ҳаммонандсозии сертификати калиди имзо дода мешавад;

- сертификати калиди кушода - ҳуҷҷате, ки тасдиқи ҳаққонияти ин калиди кушодаро ба калиди пӯшида нишон дода, аз тарафи маркази бақайдгирии калиди кушода ба соҳиби имзои электронии рақамӣ ё ин ки намояндаи ваколатдори ӯ дода шудааст;

- тасдиқи аслӣ будани имзои электронии рақамӣ дар ҳуҷҷати электронӣ - натиҷаи мусбии санҷиш бо воситаи дахлдори сертификатсияшудаи имзои электронии рақамӣ, бо истифодаи сертификати калиди имзо оид ба тааллуқ доштани имзои электронии рақамӣ дар ҳуҷҷати электронӣ ба соҳиби сертификати калиди имзо ва мавҷуд набудани таҳриф дар ҳамин ҳуҷҷати электронии бо имзои электронии рақамӣ имзошуда;

- соҳиби сертификати калиди имзо - шахси воқеие, ки ба номи ӯ аз тарафи маркази тасдиқкунанда сертификати калиди имзо дода шуда, он дорои калиди пӯшидаи имзои электронии рақамӣ буда, имконият медиҳад, ки бо воситаҳои имзои электронии рақамӣ имзои электронии рақамии пушидаи худро дар ҳуҷҷатҳои электронӣ созмон диҳад;

- истифодабарандаи сертификати калиди имзо - шахси воқеие, ки маълумоти аз маркази тасдиқкунанда дар мавриди сертификати калиди имзо гирифтаашро барои санҷиш оид ба тааллуқ доштани имзои электронии рақамӣ ба соҳиби сертификати калиди имзо истифода мебарад;

- системаи иттилоотии истифодаи умум - системаи иттилоотие, ки барои ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати истифода кушода мебошад ва хизматрасонии он барои шахсони зикргардида рад карда намешавад;

- системаи иттилоотии корпоративӣ - системаи иттилоотии доираи маҳдуди шахсон буда, онҳоро соҳиби система муайян мекунад ё тибқи созишномаи иштирокчиёни системаи иттилоотӣ муайян карда мешавад;

- маълумоти электронӣ (иттилооти электронӣ) - пешниҳоди электронии ҳама гуна иттилооте, ки мошинаи электронии ҳисоббарорӣ қабул мекунад;

- маркази сертификатонии калидҳои кушодаи имзои электронии рақамӣ (минбаъд - маркази тасдиқкунанда) - шахси ҳуқуқие, ки барои тасдиқи мутобиқати калиди кушодаи имзои электронии рақамӣ ба калиди пӯшидаи имзои электронии рақамии шахсе, ки ба номи ӯ гувоҳномаи бақайдгирӣ дода шудааст (соҳиби гувоҳнома), ваколатдор мебошад;

- мақоми ваколатдор - мақоми давлатие, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 628);

- шахси имзокунанда - шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дорои ҳуқуқи имзои электронии рақамӣ мебошад, инчунин ҳуқук дорад онро дар ҳуҷҷати электронӣ истифода барад;

- санҷиши аслӣ будани имзои электронии рақамӣ - амали муттасил, ки ҳангоми он шахсе, ки иттилооти электронии бо имзои электронии рақамӣ имзошуда ва калиди кушодаи шахси имзогузоштаро қабул кардааст, метавонад муайян намояд: оё ин иттилоот бо истифодаи калиди пӯшида имзо шуда, ба калиди дахлдори кушодаи шахси имзонамуда мувофиқ мебошад ва оё маълумоти ибтидоӣ баъди таъсиси имзои электронии рақамӣ тағйир дода нашудааст.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи имзои электронии рақамӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи имзои электронии рақамӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи имзои электронии рақамӣ

Давлат дар шахси мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар соҳаи имзои электронии рақамӣ ҳамчун субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ баромад мекунанд.

Муносибат байни субъектҳо дар соҳаи муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ тавассути шартномаҳо мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

Боби 2. Шартҳои истифодаи имзои электронии рақамӣ

Моддаи 5. Шартҳои эътирофи баробарии имзои электронии рақамӣ дар ҳуҷҷатҳои электронӣ ба имзои дастӣ дар ҳуҷҷатҳои ҳомили қоғазӣ

Имзои электронии рақамӣ дар ҳуҷҷати электронӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба имзои дастӣ дар ҳуҷҷати ҳомили қоғазӣ ҳангоми иҷро гардидани шартҳои зерин баробар дониста меашвад:

- сертификати калиди имзои электронии рақами марбут ба ҳамин имзои электронии рақамӣ эътибори худро гум накардааст;

- аслӣ будани имзои электронии рақамӣ дар ҳуҷҷати электронӣ тасдиқ карда шудааст;

- имзои электронии рақамӣ дар муносибатҳое истифода бурда мешавад, ки дар онҳо дорои аҳамияти ҳуқуқӣ мебошад.

Истифодабарандаи системаи иттилоотӣ метавонад соҳиби чандин сертификатҳои калиди имзои дорои аҳамияти ҳуқуқии баробар ё мухталиф бошад ва ин ба имкониятҳои ҳуқуқии соҳиби он дар муносибатҳое, ки истифода бурда мешаванд, вобаста аст. Маълумоти зарурӣ оид ба аҳамияти ҳуқуқии истифодаи ҳар як имзои электронии рақамӣ дар сертификатҳои дахлдори калиди имзо инъикос карда мешавад.

Моддаи 6. Воситаҳои имзои электронии рақамӣ

Созмон додани калидҳои имзои электронии рақамӣ дар системаи иттилооти истифодаи умум аз ҷониби иштирокчии он ё ҳангоми муроҷиати ӯ аз ҷониби маркази тасдиқкунанда дар системаи корпоративии иттилоотӣ тибқи тартибе, ки ҳамин система муқаррар намудааст, амалӣ мегардад.

Ҳангоми созмон додани калидҳои имзои электронии рақамӣ барои истифода дар системаи иттилоотии истифодаи умум бояд танҳо воситаҳои сертификатсияшудаи имзои электронии рақамӣ истифода бурда шавад. Ҷуброни зарар, ки вобаста ба созмон додани калидҳои имзои электронии рақамӣ бо воситаҳои сертификатсиянашудаи имзои электронии рақамӣ расонида шудааст, бояд мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи созмондиҳанда ва паҳнкунандаи ин воситаҳо гузошта шавад.

Истифодаи воситаҳои сертификатсиянашудаи имзои электронии рақамӣ ва калидҳои имзои электронии рақамии созмондодаи онҳо дар системаи корпоративии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода намешавад.

Сертификатонии воситаҳои имзои электронии рақамӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Воситаҳои имзои электронии рақамӣ ҳамчун воситаҳои рамзгузории иттилоот ба ҳисоб намераванд ва бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман сертификатонида шаванд.

Воситаҳои имзои электронии рақамӣ бояд инҳоро таъмин кунанд:

- нодирии калидҳои созмондодаи пӯшида ва кушода;

- мураккабии дахлдори ҳисобкушоӣ ва муайян намудани калиди пӯшида ва имзои электронӣ;

- махфияти калиди имзои пӯшида;

- калиди кушодаи имзои электронии рақамӣ;

- номгӯи воситаҳои имзои электронии рақамӣ, ки бо онҳо ҳамин калиди кӯшодаи имзои электронии рақамӣ истифода бурда мешавад;

- ном ва маҳалли ҷойгиршавии маркази тасдиқкунанда, ки сертификати калиди имзоро додааст;

- маълумот дар бораи муносибатҳое, ки ҳангоми иҷрои онҳо ҳуҷҷати электронӣ бо имзои электронии рақамӣ дорои аҳамияти ҳуқуқӣ мебошад.

Ҳангоми зарурат дар сертификати калиди имзои электронии рақамӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда мансаб (бо зикри ном ва маҳалли ҷойгиршавии ташкилоте, ки дар он чунин мансаб муқаррар гардидааст) ва тахассуси соҳиби сертификати калиди имзо, инчунин дар асоси аризаи ӯ дар шакли хаттӣ дигар маълумоте, ки бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ карда мешаванд, зикр мегарданд.

Моддаи 7. Санҷиши аслӣ будани имзои электронии рақамӣ

Санҷиши аслӣ будани имзои электронии рақами тавассути воситаҳои сертификатсияшудаи имзои электронии рақамӣ бо истифодаи сертификати калиди кушодаи таҳиякунанда, ки ҳуҷҷати электрониро имзо намудааст, анҷом дода мешавад.

Моддаи 8. Калидҳои пӯшида ва кушодаи имзои электронии рақамӣ

Калидҳои пӯшида ва кушодаи имзои электронии рақамӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ таъсис дода мешавад.

Шахси воқеӣ калиди пӯшида ва кушодаро бо истифодаи воситаҳои имзои электронии рақамӣ мустақилона созмон медиҳад.

Созмон додани калиди пӯшида ва калиди кушодаи ба он марбут дар як вақт анҷом дода мешавад.

Шахси воқеӣ метавонад соҳиби ҳама гуна миқдори калидҳои пӯшида ё кушодаи имзои электронии рақамӣ бошад.

Калиди пӯшидаи имзои электронии рақамӣ танҳо аз ҷониби соҳиби он, тавре, ки дастрасии он ба дигар шахс истисно гардад, нигоҳ дошта ва истифода бурда мешавад.

Калиди кушодаи имзои электронии рақамӣ дар маркази тасдиқкунанда нигоҳ дошта мешавад ва барои ҳамаи субъектҳои муомилоти электронии ҳуҷҷат дастрас мебошад.

Боби 3. Маркази тасдиқкунанда ва хизматрасониҳои сертификатонии имзои электронии рақамӣ

Моддаи 9. Ҳолати ҳуқуқии маркази тасдиқкунанда

Маркази тасдиқкунанда шахси ҳукуқие мебошад, ки оид ба сертификатсияи калидҳои кушодаи имзои электронии рақамӣ ва дигар хизматрасониҳои вобаста ба имзои электронии рақамиро анҷом медиҳад.

Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои имзои электронии рақамӣ, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои электронии рақамӣ, хизматрасонӣ вобаста ба истифодаи имзоҳои электронии рақамӣ ва тасдиқ кардани ҳаққонияти имзоҳои электронии рақамӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудхои фаъолият" ба амал бароварда мешавад.

Фаъолияти марказҳои сертификатсияи калиди кушодаи электронии шахсони ҳуқуқӣ, ки бо мақсади корпоративӣ созмон дода шуданд ва ба шахсони сеюм хизмати сертификатсияи калиди электронии рақамӣ намерасонанд, беиҷозатнома анҷом дода мешавад.

Талаботе, ки ба имкониятҳои моддӣ ва молиявии марказҳои тасдиқкунанда муқаррар карда мешаванд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдор муайян карда мешавад.

Бақайдгирии давлатии марказҳои тасдиқкунанда тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 699).

Моддаи 10. Иҷрои фаъолияти маркази тасдиқкунанда

Маркази тасдиқкунанда фаъолияти худро ҳангоми мавҷудияти шартҳои зерин анҷом медиҳад:

- ҷиҳати таъмини амният, боэътимодӣ ва мутассилии хизматрасонӣ оид ба сертификатсияи калидҳои кушодаи имзои электронии рақамӣ,

- ҳамчунин барои пушондани ҷуброне, ки ҳангоми хизматрасонӣ ба вуҷуд омаданаш мумкин, дорои захираҳои дахлдори молиявӣ, моддӣ, техникӣ ва иҷтимоӣ бошад;

- калиди кушодаи шахси ваколатдори марказро, ки барои сертификатонии калидҳои кушода таъин гардидааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ сертификатсия намояд;

- бақайдгирии боэътимод ва фаврии иттилоотро дар феҳристи сертификатҳои калидҳои кушода, аз ҷумла хизматрасонии фавриро ҷиҳати боздоштани амал ва бозхондани сертификатҳои калидҳои кушода таъмин намояд;

- имконияти муайян кардани сана ва вақти додани сертификати калиди кушода, боздоштани амал ё бозхондани онро таъмин намояд;

- дорои кормандони касбие бошад, ки барои хизматрасонӣ оид ба сертификатсияи калидҳои кушода заруранд;

- риоя намудани талаботи қонунгузорӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ оид ба таъмини амният ва ҳифзи иттилоот;

- ҳангоми ба миён омадани баҳсҳо ҳамаи иттилоотро оид ба сертификати калидҳои кушода аз рӯзи бозхондани сертификат на камтар аз се сол нигоҳ дорад;

- ба дигар шартҳои махсуси муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор мувофиқ бошад.

Талаботи асосӣ оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ ва системаи телекоммуникатсионии марказҳои тасдиқкунанда, аз ҷониби онҳо истифода бурдани воситаҳои криптографӣ ва техникии ҳифзи иттилоотро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд.

Моддаи 11. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои маркази тасдиқкунанда

Маркази тасдиқкунанда ҳукуқ дорад:

- сертификатҳои калидҳои кушодаи имзои электронии рақамиро созмон диҳад ва супорад;

- амали сертификатҳои калидҳои кушодаро боздорад, аз нав барқарор созад, инчунин онҳоро бозхонад ва дар мӯҳлатҳои мӯқарраргардида ба фехристи сертификатҳои калидҳои кушода тағйирот ворид намояд;

- дар асоси шартнома вобаста ба имзои электронӣ дигар хизматрасониро анҷом диҳад;

- ба иштирокчиёни системаи иттилоотонӣ вобаста ба истифодаи имзои электронии рақамӣ метавонад дигар хизматрасониро анҷом диҳад.

Маркази тасдиқкунанда ӯҳдадор аст:

- ба ҳаққонӣ будани маълумоти дар ариза оид ба сертификатонии калиди кушода зикргардида дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин маълумот итминон ҳосил кунад;

- мутобиқати иттилооти дар сертификати калиди кушода мавҷударо бо иттилооте, ки соҳиби сертификати калиди кушода пешниҳод намудааст, таъмин кунад;

- феҳристи сертификатҳои калидҳои кушодаи имзои электронии рақамиро пеш бурда, актуалӣ будан ва дастрасии онро таъмин намояд, сертификати калиди кушодаро дар мӯҳлати на дертар аз як рӯзи то мавриди амали сертификат ба феҳристи сертификатҳои калидҳои кушода дохил намояд;

- нодирии калидҳои кушодаи имзои электронии рақамиро дар феҳристи сертификатҳои калиди имзо ва бойгонии маркази тасдиқкунанда санҷад;

- ба феҳристи сертификатҳои калидҳои кушода дастрасии озодро таъмин намояд;

- соҳиби сертификати калиди кушодаро дар хусуси далелҳое, ки барои маркази сертификатсия маълум гардидаанд ва амали минбаъдаи истифодаи калиди пӯшидаро имконнопазир мегардонанд, инчунин дар мавриди бозхонди сертификати калиди пӯшида огоҳ намояд;

- иттилооти мавҷудаеро, ки барои тасдиқи аслӣ будани имзои электронӣ заруранд, фароҳам орад;

- инчунин дигар ӯҳдадориҳоро, ки мутобиқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тибқи созишномаи тарафҳо пешбинӣ шудааст, анҷом диҳад.

Моддаи 12. Муносибатҳо байни маркази тасдиқкунанда ва мақоми ваколатдор

Маркази тасдиқкунанда то оғози истифодаи имзои электронии рақамии шахси ваколатдори маркази тасдиқкунанда ҷиҳати аз номи маркази тасдиқкунанда тасдиқ намудани сертификатҳои калидҳои имзо ӯҳдадор аст ба мақоми ваколатдори таъсиснамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сертификати калиди имзои мақоми ваколатдори маркази тасдиқкунандаро дар шакли ҳуҷҷати электронӣ, инчунин ҳамин сертификатро ба шакли ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ бо имзои дастии шахси ваколатдори зикргардида, ки бо имзои роҳбар ва мӯҳри маркази тасдиқкунанда тасдиқ гардидааст, пешниҳод намояд.

Мақоми ваколатдор феҳристи ягонаи давлатии сертификати калиди имзоҳоро пеш мебарад, ки марказҳои тасдиқкунанда бо иштирокчиёни системаи иттилоотии истифодаи умум кор мекунанд сертификати калиди имзоҳои месупурдаашонро мутобиқи он тасдиқ карда, имконияти дастрасии озодро ба ин феҳрист таъмин менамоянд ва сертификати калидҳои имзои шахсони ваколатдори дахлдори марказҳои тасдиқкунандаро медиҳад.

Имзоҳои электронии рақамии шахсони ваколатдори марказҳои тасдиқкунанда метавонанд танҳо баъди дохил намудани онҳо ба феҳристи ягонаи давлатии сертификати калидҳои имзо истифода бурда шаванд. Истифодаи имзоҳои электронии рақамӣ барои мақсадҳое, ки ҷиҳати тасдиқи сертификати калидҳои имзоҳо ё маълумот дар бораи амали онҳо алоқаманд намебошад, иҷозат дода намешавад.

Мақоми ваколатдор:

- вобаста ба муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ аслӣ будани имзоҳои электронии рақамии шахсони ваколатдори марказҳои тасдиқкунандаро дар сертификатҳои калиди имзои супоридаашон тасдиқ менамояд;

- мутобиқи Низомномаи мақоми ваколатдор оид ба таъмини Қонуни мазкур дигар ваколатҳоро амалӣ менамояд.

Моддаи 13. Қатъи фаъолияти маркази тасдиқкунанда

Фаъолияти маркази тасдиқкунанда, ки барои истифода дар системаи иттилоотии истифодаи умум сертификати калидҳои имзо медиҳад, дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мегарад.

Дар сурати қатъ гардидани фаъолият ба сифати маркази тасдиқкунанда шахси ҳуқуқӣ ӯҳдадор аст дар муддати на камтар аз ду моҳ то рӯзи қатъ гардидани фаъолияти худ дар ин хусус ҳамаи иштирокчиёнеро, ки дар системаи мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо хизмат мерасонанд, инчунин мақоми ваколатдорро огоҳ намояд.

Маълумот дар бораи калидҳои кушода, ки ба иштирокчиёни муомилоти электронии ҳуҷҷатҳо тааллук дорад, инчунин дигар иттилооти маркази тасдиқкунанда бояд тибқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдорӣ карда шавад.

Боби 4. Сертификати калиди имзои электронии рақамӣ

Моддаи 14. Сертификати калиди имзои электронии рақамӣ

Сертификати калиди имзои электронии рақамӣ бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

- рақами нодири бақайдгирии сертификати калиди имзо, сана ва оғозу анҷоми мӯҳлати амали сертификати калиди имзо, ки дар феҳристи маркази тасдиқкунанда мавҷуд аст;

- фамилия, ном, номи падар ва ё номи соҳиби сертификати калиди имзо ё тахаллуси молик. Ҳангоми истифодаи тахаллус маркази тасдиқкунанда дар ин бора дар сертификати калиди имзо сабт мегузорад;

- номи воситаи имзои электронии рақамӣ, ки бо он ҳамин калиди кушодаи имзои электронии рақамӣ истифода бурда мешавад;

- ном ва маҳали ҷойгиршавии маркази тасдиқкунанда, ки сертификати калиди кушодаи имзоро додааст;

- маълумот оид ба муносибатҳое, ки ҳангоми иҷрои онҳо ҳуҷҷати электронӣ бо имзои электронии рақамӣ дорои аҳамияти ҳуқуқӣ мебошад.

Ҳангоми зарурат дар сертификати калиди имзо тибқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда вазифа (бо зикри ном ва маҳали ҷойгиршавии ташкилоте, ки дар он чунин вазифа муқаррар гардидааст), тахассуси соҳиби сертификати калиди имзо ва мутобиқи аризаи ӯ дар шакли хаттӣ дигар маълумоте, ки бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ шудаанд, зикр мегардад.

Маркази тасдиқкунанда сертификати калиди имзоро бояд дар мӯҳлати на дертар аз як рӯзи то мавриди амали сертификати калиди имзо ба феҳристи сертификатҳои калидҳои имзо дохил намояд.

Барои санҷиши тааллуқ доштани имзои электронии рақамӣ ба соҳиби дахлдор сертификати калиди имзо ба истифодабаранда бо зикри сана ва вақти додани он, маълумот оид ба амали сертификати калиди имзо (амал мекунад, амалаш боздошта шудааст, мӯҳлати боздоштани амали он бекор карда шудааст, сана ва вақти бекор кардани сертификати калиди имзо), инчунин маълумот дар бораи феҳристи сертификатҳои калидҳои имзо дода мешавад. Дар сурати додани сертификати калиди имзо ба шакли ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ он дар бланкаи маркази тасдиқкунанда расмӣ кунонида шуда, бо имзои дастии шахси ваколатдор ва мӯҳри маркази тасдиқкунанда тасдиқ карда мешавад.

Ҳангоми додани сертификати қалиди имзо, инчунин маълумоти иловагии зикргардида дар шакли ҳуҷҷати электронӣ ба сертификат бояд шахси ваколатдори маркази тасдиқкунанда имзои электронии рақами гузорад.

Моддаи 15. Мӯҳлат ва тартиби нигоҳдории сертификати калиди имзо дар маркази тасдиқкунанда

Мӯҳлати нигоҳдории сертификати калиди имзо дар шакли ҳуҷҷати электронӣ ё ҳомили қоғазӣ дар маркази тасдиқкунанда тибқи шартнома байни маркази тасдиқкунанда ва соҳиби сертификати калиди имзо муайян карда мешавад. Ҳамзамон дастрасии иштирокчиёни системаи иттилоотӣ ба маркази тасдиқкунанда барои гирифтани сертификати калиди имзо таъмин карда мешавад.

Мӯҳлати нигоҳдории сертификати калиди имзо дар шакли калиди электронӣ ё ҳомили қоғазӣ дар маркази тасдиқкунанда баъди бекор кардани сертификати калиди имзо то се сол муқаррар карда мешавад.

Баъди гузаштани мӯҳлати нигоҳдории калиди имзо он аз феҳристи сертификатҳои калиди имзо хориҷ карда шуда, ба низоми нигоҳдории бойгонӣ гузаронида мешавад. Мӯҳлати нигоҳдории бойгонӣ се сол мебошад. Тартиби додани нусхаи сертификатҳои калиди имзо дар ин давра мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Сертификати калиди имзо дар шакли ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.

Моддаи 16. Тайёр намудани сертификати калиди имзо

Тайёр намудани сертификати калиди имзо дар асоси аризаи иштирокчии системаи иттилоотӣ амалӣ гардонидашуда, дорои маълумоте мебошад, ки дар моддаи 14 Қонуни мазкур зикр гардида, барои ҳаммонандкунии соҳиби калиди имзо ва ба ӯ додани маълумот заруранд. Ариза аз ҷониби соҳиби сертификати калиди имзо дастӣ имзо карда мешавад. Маълумоте, ки дар ариза нишон дода шудаанд, бо ҳуҷҷатҳои муқарраргардида тасдиқ карда мешаванд.

Моддаи 17. Сертификати калиди кушода

Ҳангоми созмон додани сертификати калиди кушодаи имзои электронии рақамӣ маркази тасдиқкунанда вазифадор аст нодирии калиди кушодаи имзои электронии рақамиро санҷад.

Сертификати калиди кушода бояд маълумоти зайлро низ дар бар гирад:

- рақами алоҳида ва нодири бақайдгирии ссртификати калиди кушода;

- маълумоти ҳаммонандкунандаи маркази тасдиқкунандае, ки сертификати калиди кушодаро додааст;

- ному насаби соҳиби сертификати калиди кушода;

- дигар маълумоти ҳаммонандкунандаи соҳиби сертификати калиди кушода вобаста ба мақсадҳое, ки барои онҳо сертификат дода мешавад, инчунин иттилооте, ки барои ба ӯ додани маълумот заруранд;

- калиди кушода;

- санаи оғоз ва анҷоми мӯҳлати амали сертификати калиди кушода;

- маълумот дар бораи алгоритми криптографии имзои электронӣ;

- ҳангоми зарурат - маҳдудиятҳо оид ба истифодаи сертификати калиди кушода ё маҳдуд сохтани арзиши аҳдҳое, ки метавонанд дар онҳо истифода бурда шаванд;

- дигар маълумоти муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор.

Сертификати калиди кушода бо имзои электронии шахси ваколатдори маркази тасдиқкунанда, имзо карда мешавад.

Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ё созишномаи тарафҳо маркази тасдиқкунанда сертификати калиди кушодаро метавонад ба шакли ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ дар ду нусха таҳия намояд. Дар ин ҳолат ба сертификати калиди кушода дар шакли ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ соҳиби сертификати калиди кушода ва шахси ваколатдори маркази тасдиқкунанда дастӣ имзо гузошта, он бо мӯҳри марказ тасдиқ карда мешавад. Як нусхаи сертификати калиди кушода ба соҳиби сертификат супорида шуда, нусхаи дигар дар маркази тасдиқкунанда нигоҳ дошта мешавад.

Маркази тасдиқкунанда дар мувофиқа бо соҳиби сертификати калиди кушода метавонад дар сертификати калиди кушода оид ба маҳдудияти истифодаи ҳамин сертификат, инчунин ҳолатҳое, ки он метавонад истифода бурда шавад, таъин намояд.

Маркази тасдиқкунанда метавонад тибқи муроҷиати соҳиби сертификати калиди кушода дар сертификати калиди кушода инчунин дигар маълумоти пешбининакардаи қисми дуюми ҳамин моддаро зикр намояд, ба шарте агар он хилофи қонунгузорӣ набошад, ба амният ё тартиботи ҷамъиятӣ таҳдид накунад ва саҳеҳии ин маълумот пешакӣ санҷида шуда бошад.

Маркази тасдиқкунанда сертификатро ба феҳрист на дертар аз санаи оғози амали сертификати калиди имзо ворид менамояд.

Феҳристи сертификатҳои калидҳои кушода инҳоро дар бар мегирад:

- сертификатҳои ҳақиқии калидҳои кушода;

- сертификатҳои бозхондашудаи калидҳои кушода;

- сана ва вақти додани сертификатҳои калидҳои кушода;

- сана ва вақти бозхонди сертификатҳои калидҳои кушода;

- дигар иттилооти зарурӣ.

Бо мақсади санҷиши саҳеҳ будани имзои электронӣ маркази тасдиқкунандаи калидҳои кушода вазифадор аст дастрасии озодро ба феҳристи сертификатҳои калидҳои кушода, аз ҷумла бо низоми вақти воқеӣ таъмин намояд.

Моддаи 18. Мӯҳлати амал ва нигоҳдории сертификати калиди кушода

Мӯҳлати амали сертификати калиди кушодаро маркази тасдиқкунанда муқаррар менамояд ва он наметавонад беш аз панҷ сол бошад.

Мӯҳлати нигаҳдории сертификати калиди кушода дар шакли ҳуҷҷати электронӣ дар маркази тасдиқкунанда мутобиқи шартнома байни маркази тасдиқкунанда ва соҳиби сертификати калиди кушода муайян карда мешавад.

Моддаи 19. Боздошт ва бекор кардани сертификати калиди кушода

Маркази тасдиқкунанда ҳуқуқ дорад амали сертификати калиди кушодаро бо супориши соҳиби сертификат ва ё намояндаи ваколатдори ӯ ба мӯҳлати на бештар аз ду рӯзи корӣ боздорад, агар мувофиқи созиши байни маркази тасдиқкунанда ва соҳиби калиди кушода дигар ҳолате вуҷуд надошта бошад.

Маркази тасдиқкунанда вазифадор аст сертификати калиди кушодаро дар ҳолатҳои зайл бекор кунад:

- бо гузашти мӯҳлати амали сертификати калиди кушода;

- дар асоси талаби соҳиби сертификати калиди кушода;

- ҳангоми ошкор намудани маълумоти носаҳеҳ, ки дар ариза оид ба сертификатсияи калиди кушода ё дар сертификати калиди кушода зикр гардидааст;

- бо қарори мақоми ваколатдор;

- бо гузашти мӯҳлате, ки амали сертификати калиди кушода боздошта шуда буд;

- ҳангоми ворид намудани тағйирот дар сертификати калиди кушода;

- дар сурати фавти соҳиби сертификати калиди кушода ё ғайри қобили амал эътироф намудани ӯ;

- дар дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор мутобиқи қоидаҳои таъмини амният ва сертификатсияи калидҳои кушода.

Ҳангоми бекор кардани сертификати калиди кушода маркази тасдиқкунанд истифодабарандагони сертификати калидҳои имзоро бо роҳи ба феҳристи сертификатҳои калидҳои имзо ворид намудани иттилооти дахлдор, бо зикри сана ва вақти бекор кардани сертификати калиди кушода, ба истиснои ҳолатҳои бекор кардани сертификати калиди кушода бо гузашти мӯҳлати он, огоҳ менамояд, инчунин соҳиби сертификати калиди кушода (мақоми) ваколатдорро, ки аз ӯ дар хусуси бекор кардани сертификати калиди кушода супориш гирифтааст, хабардор месозад.

Моддаи 20. ӯҳдадории соҳиби сертификати калиди кушода

Соҳиби сертификати калиди кушода ӯҳдадор аст:

а) барои пешгирӣ намудани дастрасии дигар шахс ба калиди пӯшидаи худ шароити дахлдорро таъмин намояд;

б) ҳангоми мавҷуд будани асосҳо агар эҳтимол равад, ки пинҳонии калиди пӯшида вайрон карда шудааст, барои таъсиси имзои рақамӣ аз калиди шахсӣ истифода набарад;

в) фавран боздоштани амал ё бозхондани сертификати калиди кушодаро дар ҳолатҳои зайл талаб намояд:

- гум кардани калиди пӯшида;

- эҳтимоли вайрон карда шудани пинҳонии калиди пӯшида;

- ба ҳақиқат мутобиқ набудани иттилооте, ки дар сертификати калиди кушода мавҷуданд;

- сари вақт огоҳ намудани маркази сертификатонии калидҳои кушода дар хусуси тағйирёбии ин ё он иттилооте, ки дар сертификати калиди кушода мавҷуданд;

г) иҷрои дигар ӯҳдадориҳое, ки Қонуни мазкур ва шартнома бо маркази тасдиқкунанда муқаррар намудаанд.

Боби 5. Хусусиятҳои истифодаи имзои электронии рақамӣ

Моддаи 21. Истифодаи имзои электронии рақамӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкилотҳое, ки бо мақомоти дахлдор дар мубодилаи ҳуҷҷат иштирок менамоянд, барои имзои ҳуҷҷатҳои электронии худ имзои электронии рақамии шахсони ваколатдори мақомоту ташкилотҳои зикргардидаро истифода мебаранд.

Сертификатҳои калидҳои имзои электронии рақамии шахсони ваколатдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба феҳристи сертификатҳои калидҳои имзои электронии рақамӣ дохил карда мешаванд, ки онро мақоми ваколатдор пеш мебарад ва тибқи тартибе, ки Қонуни мазкур барои марказҳои тасдиқкунанда муқаррар намудааст, аз ҳамин феҳрист ба истифодабарандагони сертификатҳои калидҳои имзои электронии рақамӣ дода мешавад.

Тартиби ташкил ва додани сертификатҳои калидҳои имзои электронии рақамии шахсони ваколатдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ мутобики санадҳои меъёрии ҳуқуқии макомоти дахлдор муқаррар карда мешавад.

Моддаи 22. Истифодаи имзои электронии рақамӣ дар системаи иттилоотии корпоративӣ

Системаи иттилоотии корпоративӣ, ки ба иштирокчиёни системаи иттилоотии истифодаи умум хизматрасонии маркази тасдиқкунандаи системаи иттилоотии корпоративиро анҷом медиҳад, бояд ба талаботи Қонуни мазкур, ки барои системаҳои иттилоотии истифодаи умум муқаррар намудааст, мутобиқ бошад.

Тартиби истифодаи имзои электронии рақамӣ дар системаи иттилоотии корпоративӣ, бо қарори соҳиби системаи иттилоотии корпоративӣ ё созишномаи иштирокчиёни ин система муайян карда мешавад.

Мӯҳтавои иттилоот дар сертификатҳои калидҳои имзо, тартиби пешбурди феҳристи сертификатҳои калиди имзо, тартиби нигоҳдории сертификатҳои бекоркардашудаи калидҳои имзо ҳангоми гум кардани эътибори ҳуқуқии ин сертификатҳо дар системаҳои иттилоотии корпоративӣ бо қарори соҳиби ин система ё созишномаи иштирокчиёни системаи иттилоотии корпоративӣ танзим мегардад.

Моддаи 23. Эътирофи сертификати хориҷии калиди имзо

Эътирофи сертификати хориҷии қалидҳои имзои электронии рақамӣ мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, сурат мегирад.

Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муносибатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида мустақиман татбиқ мегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар дар шартномаи байналмилалӣ пешбинӣ шуда бошад, ки барои татбиқи он бояд санади дохилидавлатӣ қабул карда шавад.

Агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қонуни мазкур қоидаҳои дигаре пешбинӣ шуда бошанд, пас қоидаҳои шартномаҳои байналмилалӣ татбиқ мегарданд.

Боби 6. Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 30 июли соли 2007 № 320

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи имзои электронии рақамӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи имзои электронии рақамӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе 

 28 июни соли 2007 № 708

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи имзои электронии рақамӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи имзои электронии рақамӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи имзои электронии рақамӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе 

 19 июли соли 2007 № 391