ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 "Дар бораи нақлиёт" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000, № 11, мод. 507; соли 2004, № 7, мод. 466) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои "муассисаи", "муассисаҳои", "Корхонаҳои", "корхонаҳои" ва "Муассисаҳои" мутобиқан ба калимаҳои "ташкилоти", "ташкилотҳои" ва "Ташкилотҳои" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 6:
- дар қисми якум калимаи "иҷозатнома" ба калимаи "иҷозатномадиҳӣ" иваз карда шавад.
- қисми сеюм хориҷ карда шавад.
3. Моддаи 9 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 9. Мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт
Мақоми вақолатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт (минбаъд - мақоми ваколатдор) барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи наклиёт масъул мебошад ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Фаъолият ва салоҳияти мақоми ваколатдор тибқи Низомнома муайян карда мешавад, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.".
4. Дар моддаи 10:
- номи модда ва қисми якуми он дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Моддаи 10. Салоҳияти мақоми ваколатдор
Салоҳияти мақоми ваколатдор аз инҳо иборат аст:";
- сархати якум ва сеюми қисми якум хориҷ карда шаванд;
- дар сархати ҳаштум ва дар тамоми матни Қонун калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ" иваз карда шавад;
- ба модда сархати нав дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"- дигар салоҳиятҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд.";
- қисми дуюм хориҷ карда шавад.
5. Дар моддаи 11:
- дар қисми якум калимаҳои "Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "роҳбари мақоми ваколатдор" иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои "мақомоти иҷроияи ҳукуматҳои маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
6. Дар қисми якуми моддаи 14, қисми дуюми моддаи 16, қисми якуми моддаи 20 ва қисми якуми моддаи 29 калимаҳои "Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Вазорати нақлиёт" ба калимаҳои "мақоми ваколатдор" иваз карда шаванд.
7. Дар қисми якуми моддаи 25 калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
8. Қисми дуюми моддаи 30 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Дар сурати ба меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ эътирофшуда мутобиқат накардани меъёрҳои Қонуни мазкур, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал менамоянд.".
Моддаи.2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
30 июли соли 2007 № 312
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
13 июни соли 2007 № 656
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе
19 июли соли 2007 № 383
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О транспорте"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 29 ноября 2000 года "О транспорте" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2000 год, № 11, ст. 507; 2004год, № 7, ст. 466) следующие изменения и дополнения:
1. Во всем тексте Закона слова "предприятие", "предприятия", "предприятий", "предприятиями" и "предприятиям" соответственно заменить словами "организация", "организаций", "организациями" и "организациям".
2. В части первой статьи 4 слова "нормативно - правовые акты" заменить словами "нормативные правовые акты";
3. Часть третью статьи 6 исключить.
4. Статью 9 изложить в следующей редакции:
"Статья 9. Уполномоченный государственный орган Республики Таджикистан в сфере транспорта
Уполномоченный государственный орган Республики Таджикистан в сфере транспорта (далее - уполномоченный орган) является ответственным в реализации государственной политики в сфере транспорта и определяется Правительством Республики Таджикистан.
Деятельность и полномочия уполномоченного органа определяются Положением, утверждаемым Правительством Республики Таджикистан."
5. В статье 10:
- название статьи и части первой изложить в следующей редакции:
"Статья 10. Полномочия государственного органа
В полномочия уполномоченного органа входят:";
- абзацы первый и третий части первой исключить;
- статью дополнить новым абзацем следующего содержания:
"- другие полномочия, предусмотренные нормативными правовыми актами.";
- часть вторую исключить.
6. В статье 11:
- в части первой слова "Министра транспорта Республики Таджикистан" заменить словами "руководителя уполномоченного органа";
- в части второй слова "исполнительных органов власти на местах" заменить словами "местных исполнительных органов государственной власти".
7. В части первой статьи 14, части второй статьи 16, части первой статьи 20 и части первой статьи 29 слова "Министерством транспорта Республики Таджикистан" заменить словами "уполномоченным органом".
8. В статье 25 слова "местных исполнительных органов" заменить словами "местных исполнительных органов государственной власти".
9. Часть вторую статьи 30 изложить в следующей редакции:
"В случае несоответствия норм настоящего Закона нормам признанных международных правовых актов, действуют нормы международных актов".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Э.Рахмонов
г.Душанбе
от 30 июля 2007 года №312
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О транспорте"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О транспорте".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С.Хайруллоев
г.Душанбе, 13 июня 2007 года № 656
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О транспорте"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О транспорте",Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О транспорте".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 19 июля 2007 года №383