ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 24, мод. 368; с. 1998, № 10, мод. 79; с. 2006, № 11, мод. 469) моддаи 2 (2) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 2 (2). Муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба воситаи почтаи электронӣ ё шабакаи интернет ворид мешаванд
Муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба воситаи почтаи электронӣ ё шабакаи интернет ворид мешаванд, дар сурате ба қайд гирифта, баррасӣ карда мешаванд, ки агар дар онҳо ном, номи падар, фамилия ва суроғаи шахси муроҷиаткунанда нишон дода шуда, имзои электронии рақамӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифта шуда бошад.
Муроҷиатҳои щаҳрвандон, ки дар онҳо ном, номи падар, фамилия, суроғаи шаҳрванди муроҷиатнамуда ва имзои электронии рақамӣ нишон дода нашудааст ё ин ки ба воқеият мувофиқ нестанд, муроҷиатҳои беном ҳисобида шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.
Муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба воситаи почтаи электронӣ ё шабакаи интернет ворид мешаванд, аз рӯзи ворид шуданашон ба қайд гирифта, аз натиҷаи баррасии онҳо шахсони манфиатдор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур хабардор карда мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
30 июли соли 2007 № 302
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
28 июни соли 2007 № 724
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қрнуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе
19 июли соли 2007 № 372