Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 июли соли 2007 № 384
тасдиқ шудааст
Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Рушди деҳот"
I. Муқаррароти умумӣ
1. Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Рушди деҳот" (минбаъд Марказ) сохтори ягонаи мустақили махсусгардонидашуда буда, дар асоси созишмомаи маблағгузории қарз ва грант байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд аз 9 ноябри соли 2006 таъмини истифодаи самараноки қарз ва гранти пешниҳоднамудаи Бонки Осиёгии Рушдро бо мақсади рушди деҳот дар ноҳияҳои таҷрибавӣ (Варзоб, Ваҳдат, Роғун, Рӯдакӣ, Файзобод) амалӣ мегардонад.
2. Марказ фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалис, ки Ҷумҳурии Тоҷикистои эътироф намудааст, тавсияҳои Бонки Осиёгии Рушд ва ҳамин Оиннома амалӣ менамояд.
3. Марказ шахси ҳуқуқй буда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амволи ҷудогона, тавозуни мустақил, дар муассисаҳои бонкӣ суратҳисоб бо асъори миллӣ ва хориҷӣ, инчунин мӯҳр, штамп ва варақаҳо бо сабти номи худ дорад.
4. Номи Марказ:
бо забони тоҷикӣ: Муассисаи давлатии "Маркази идоракунии лоиҳаи "Рушди деҳот";
бо забони русӣ: Государственное учреждение Центр управления проекта "Развития сельской местности".
5. Марказ фаъолияти худро дар давраи татбиқи лоиҳа оид ба рушди деҳот дар ноҳияҳои таҷрибавӣ (Варзоб, Ваҳдат, Роғун, Рӯдакӣ, Файзобод) анҷом медиҳад. Мӯҳлати фаъолияти Маркази мазкур 7 сол мебошад.
6. Суроғаи хуқуқии Марказ: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе. хиёбони Рӯдакӣ 44.
II. Мақсад ва мӯтавои фаъолияти Марказ
7. Мақсадҳои асосии фаъолияти Марказ аз инҳо иборатанд:
- татбиқи саривақтӣ ва сифатноки лоиҳа оид ба рушди деҳот, ки якҷоя бо Бонки Осиёгии Рушд амалӣ карда мешаванд:
- таъмини истифодаи мақсаднок ва самараноки қарз ва гранти Бонки Осиёгин Рушд, ки барои татбиқи Лоиҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд;
8. Фаъолияти Марказ инҳо мебошанд:
- ташкили фаъолияти Марказ бо роҳбарии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчоя бо вазорату идорахо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои дахлдор;
- ба роҳ мондани ҳамоҳангсозӣ ва таъмини шароити кор барои машваратчиёни байналмилалӣ, маҳаллӣ ва мутахассисон оид ба татбиқи лоиҳа;
- гузаронидани интихоби пешазихтисосӣ бо ташкилотҳои манфиатдор, гузаронидани тендерҳо, арзёбии пешниҳодҳои манзургардида ва бастани қарордодҳо;
- таъмини маблағгузории саривақтии лоиҳа ва пардохти хизматрасонии машваратчиёни байналмилалӣ ва маҳаллӣ;
- анҷом додани хариди амвол, кор ва хизматрасонӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмияти Бонки Осиёгии Рушд;
- мониторинг ва назорати сифати корҳои иҷрошуда оид ба татбиқи кисматҳои Лоиҳа аз ҷониби ташкилотҳо ва агентиҳои иҷроия;
- анҷом додани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва робитаҳои байналмиллалӣ, ки барои ҳалли вазифаҳои татбиқи Лоиҳа равона гардидаанд;
- иштирок дар қабули корҳои иҷрошуда ва дар оянда ба ташкилоти истифодабаранда супоридани онҳо.
III. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Марказ
9. Марказ ҳуқуқ дорад:
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амволи таҳти ҳуқуқи идоракунии оперативӣ ба он таалуқдоштаро соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдорӣ кунад;
- шартномаҳо (қарордодҳо) бандад, ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайри амволиро ба даст орад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар иштирок намояд;
- фаъолияти ҷорӣ ва ояндаро мустақилона ба роҳ монад;
- дар муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобҳои пардохт ва асъорӣ кушояд;
- мониторинг ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои корҳоро таъмин намояд;
- амалҳои дигареро, ки ба қонунгузорӣ ва мақсадҳои Марказ мухолифат намекунад, иҷро намояд.
10. Марказ ӯҳдадор аст:
- истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои қарз ва грантҳоро таъмин намояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони худ риояи кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандонро, ки давлат муқаррар намудааст, таъмин намояд ва тибқи тартиби муқарраргардида барои зарари ба саломатӣ ва қобилияти меҳнатии онҳо расонидашуда масъулият дошта бошад;
- ҳисоботи фаврӣ ва муҳосибавии фаъолияти молиявию хоҷагиро ба амал барорад ва инчунин ҳуҷҷатҳои оморбӣ ва муҳосибавиро пеш барад;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба воридшавӣ ва азхудкуниӣ маблағҳо ва ҷараёни татбиқи лоиҳа ҳисоботи семоҳа, нимсола ва сололаро пешниҳод намояд.
IV. Манбаъҳои ташаккули маблағ ва амвол
11. Марказ дар ихтиёри худ бино, иншоот, асбобу олот ва дигар амволе, ки барои таъмини фаъолияти дар ҳамин Оиннома пешбинишуда заруранд, таҳти ҳуқуқи идоракунии оперативӣ дорад.
12. Маблағҳои Марказ аз ҳисоби зерин ташаккул меёбанд:
- қарзҳо ва грантҳои Бонки Осиёгии Рушд, ки барои татбиқи Лоиҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст;
- маблағҷудокуниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- грантҳое, ки давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои татбиқи Лоиҳа ҷудо менамоянд;
- манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намекунад.
13. Маблағҳои молиявии Марказ бояд мутобиқи шартҳое, ки дар созишномаҳои кредитӣ ва грантӣ пешбинӣ гардидаанд, истифода шаванд.
V. Идоракунии фаъолияти Марказ
14. Роҳбари Марказ Директор мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Бонки Осиёгии Рушд ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.
15. Директори Марказ дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:
- ташкили роҳбарии умумии тамоми фаъолияти Марказ;
- намояндагии манфиатҳои Марказ дар ташкилотхои давлатӣ, ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ;
- тасдиқ намудани сохтор, шакл, низом, ҷадвали штатӣ, сметаи хароҷоти Марказ ва филиалҳои он, андозаи музди меҳнати кормандон бо мувофиқаи Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд;
- аз номи Марказ бастани шартномаҳо (карордодҳо) ва аНҷом додани амалҳои дигар дар доираи лоиҳа;
- пешниҳоди ҳисоботҳои Марказ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзн табиат;
- дар доираи салоҳияти худ интишор намудани фармону амрҳое, ки мухолифи қонунгузорӣ набошанд ва иҷрон онҳо барои ҳамаи кормандони Марказ ҳатмӣ мебошанд;
- ихтиёрдории амвол ва воситаҳои Марказ, додани ваколатномаҳо, имзои ҳуҷҷатҳои молиявию хочагӣ ва ғайра дар доираи лоиҳа, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Бонки Осиёгии Рушд мебошанд;
- бастани шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида таъин ва аз вазифа озод намудани кормандони Марказ ва филиалҳои он;
- анҷом додани ваколатҳои дигар мутобиқи ҳамин Оиннома ва қонунгузорӣ.
16. Директори Марказ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад, ваколат ва дараҷаи масъулияти кормандони Марказро мувофиқи ҳамин Оиннома ва ӯҳдадориҳои вазифавии ҳар як корманд муқаррар менамояд.
VI. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ
17. Баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳии Марказ мувофиқи талаботи қонунгузбрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони ҳуқуқӣ, инчунин мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи Бонки Осиёгии Рушд анҷом дода мешавад.
18. Натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар ҳисоботҳои ҳармоҳа, ҳар семоҳа, нимсола ва солонаи Марказ, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Осиёгии Рушд пешниҳод мсгарданд, инъикос меёбанд.
19. Аудитҳои молиявӣ ва техникии Марказ аз ҷониби аудиторони мустақил, ки дар асоси расмиёти муқаррарнамудаи Бонки Осиёгии Рушд интихоб шудаанд, гузаронида мешаванд.
VII. Тартиби ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оиннномаи Марказ
20. Ба Оинномаи Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда мешаванд.
VIII. Қатъи фаъолияти Марказ
21. Азнавташкилдиҳӣ (якҷояшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, табдилдиҳӣ, ҷудошавӣ) ва барҳам додани Марказ тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Устав Государственного учреждения "Центр управления проекта "Развития сельской местности
I. Общие положения
1. Государственное учреждение "Центр управления проекта "Развития сельской местности" (далее Центр) является единой самостоятельной специализированной организационной структурой, на основе соглашения о финансировании кредита и гранта между Правительством Республики Таджикистан и Азиатским Банком Развития от 9 ноября 2006 г. обеспечивающей эффективное использование кредита и гранта, предоставленных Азиатским Банком Развития, с целью развития сельской местности и пилотных районах (Варзобский, Вахдатский, Рогунский, Рудаки, Файзободский).
2. Центр осуществляет свою деятельность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, другими нормативными правовыми актами, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, рекомендациями Азиатскою Банка Развития и настоящим Уставом.
3. Центр является юридическим лицом и в соответствии с законодательством Республики Таджикистан обладает отдельным имуществом, самостоятельным балансом, расчетными счетами в национальной и иностранной валюте в банковских учреждениях, печатью, штампами и бланками со своим наименованием.
4. Названия Центра:
на таджикском языке: Муассисаи давлатии "Маркази идоракунии лоихаи "Рушди дехот";
на русском языке: Государственное учреждение "Центр управления проекта "Развитие сельской местности";
Центр осуществляет свою деятельность в период реализации проекта развития сельской местности в пилотных районах (Варзобский, Вахдатский, Рогунский, Рудаки, Файзободский). Продолжительность деятельности Центра 7 лет.
6. Адрес Центра: 734025, Республика Таджикистан, г.Душанбе, проспект Рудаки 44.
II. Цели и предмет деятельности Центра
7. Основными целями деятельности Центра являются: -своевременная и качественная реализация проекта развития сельской местности,осуществляемой совместно с Азиатским Банком Развития; -обеспечение целевого и эффективного использования кредита и гранта Азиатского Банка Развития, предоставленного для реализации проекта Правительству Республики Таджикистан.
8. Предметом деятельности Центра являются:
- организация деятельности Центра под руководством Министерства сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан и совместно с министерствами и ведомствами, местными исполнительными органами государственной власти и организациями;
- осуществление координации и обеспечение условий работы для международных, местных консультантов и специалистов по реализации проекта,
- проведение предквалификационного отбора с заинтересованными, организациями, проведение тендеров, оценка представленных предложений и подписание контрактов;
- обеспечение своевременного финансирования проекта и оплаты услуг международных и местных консультантов;
- осуществление закупок товаров, работ и услуг в соответствии е законодательством Республики Таджикистан и процедурами Азиатского Банка Развития;
- мониторинг и контроль качества выполненных работ по реализации компонентов Проекта организациями и исполнительными агентствами.
- ведение внешнеэкономической деятельности и внешнеэкономических связей, которые направлены па решение задач по реализации проекта.
- участие в приемке выполненных работ и сдаче их в будущем организациям пользователям.
III. Права и обязанности Центра
9. Центр имеет право:
- в установленном законом порядке осуществлять владение, пользование и распоряжение закрепленным за ним имуществом па правах оперативного управления имуществом;
- заключать договора (контракты), приобретать имущественные и неимущественные права, участвовать в суде в качестве истца и ответчика;
- самостоятельно организовывать текущую и перспективную деятельность;
- открывать расчетные и валютные счета в банках Республики Таджикистан;
- обеспечивать мониторинг и оценку хода выполнения работ;
- совершать иные действия, не противоречащие законодательству Республики Таджикистан и целям Центра.
10. Центр обязан:
- обеспечить целевое и эффективное использование средств кредита и гранта:
- в соответствии с законодательством Республики Таджикистан обеспечить своим работникам соблюдение установленных государством гарантий прав граждан и нести в установленном порядке ответственность за ущерб, нанесённый их здоровью и трудоспособности;
- осуществлять оперативный и бухгалтерский учет финансово-хозяйственной деятельности, а также вести статистическую и бухгалтерскую документацию;
- представлять в Правительство Республики Таджикистан, Министерство финансов Республики Таджикистан и Министерству сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан ежеквартальные, полугодовые и ежегодные отчёты поступления и освоений средств в ходе реализации проекта.
IV. Образование средств и имущества
11. Центр в своем распоряжении имеет помещения, сооружение, оборудования, инвентарь и другое имущество, для обеспечения своей деятельности предусмотренный данным уставом по праву оперативного управления.
12. Средства Центра образуются за счет:
- кредита и гранта Азиатского Банка Развития предоставляемых Правительству Республики Таджикистан для реализации проекта;
- выделяемых финансовых средств Правительством Республики Таджикистан;
- грантов выделяемых иностранными государствами и международными организациями для реализации проекта;
- других источников не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.
13. Финансовые средства Центра должны использоваться в соответствии с условиями, предусмотренными в кредитных и грантовых соглашениях.
V. Управление деятельностью Центра.
14. Руководителем Центра является Директор, который назначается на должность и освобождается от должности Правительством Республики Таджикистан по согласованию с Азиатским Банком Развития.
15. К компетенции Директора Центра относятся:
- организация общего руководства всей деятельностью Центра;
- представление интересов Центра в государственных, неправительственных и международных организациях;
- утверждение структуры, формы, системы, штатного расписания, сметы расходов Центра и ето филиалов и размера оплаты труда работников по согласованию с Министерством сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан,Министерством финансов Республики Таджикистан, Министерством юстиции Республики Таджикистан и Азиатским Банком Развития;
- заключение договоров (контрактов) и совершение иных действий от имени Центра в рамках проектов:
- представление отчетов Центра в Правительство Республики Таджикистан, Министерство сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, Азиатский Банк Развития;
- в пределах своей компетенции издание приказов и распорежений, обязательных для исполнения всеми работниками Центра и не противоречивающих законодательству.
- распоряжение имуществом и средствами Центра, выдача доверенностей, подписание финансово-хозяйственных документов и совершение других действий в рамках проекта, не противоречащих законодательству Республики Таджикистан и процедурам Азиатского Банка Развития;
- заключение трудовых контрактов и соглашений;
- назначение и освобождение сотрудников Центра и его филиалов от занимаемых должностей в соответствии с установленным порядком;
- выполнение иных полномочии в соответствии с настоящим Уставом и законодательством.
16. Директор Центра неси персональную ответственность за выполнение возложенных задач на Центр и устанавливает полномочия и ответственность работников Центра в соответствии с настоящим Уставом и функциональными обязанностями каждого работника.
VI. Учет и отчетность
17. Бухгалтерский учет и отчетность Центра осуществляется в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан для юридических лиц, а также согласно с международными стандартами и требованиями Азиатского Банка Развития.
18. Итоги деятельности Центра отражаются в ежемесячных, ежеквартальных, полугодовых и годовых отчетах, представляемых Правительству Республики Таджикистан, Министерству сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан и Азиатскому Банку Развития.
19. Финансовый и технический аудит Центра осуществляется независимыми аудиторами, отобранными в соответствии с процедурами отбора, установленными Азиатским Банком Развития.
VII. Порядок утверждение, внесения изменений и дополнений в Устав Центра
20. Изменения и дополнения в Устав Центра вносятся в установленном законодательством порядке Правительством Республики Таджикистан.
VIII. Ликвидация Центра
21. Реорганизация (слияние, присоединение, разделение, преобразование, выделение) и ликвидация Центра осуществляется Правительством Республики Таджикистан в соответствии с установленным законодательством порядке.